Иззату зиллат дар Қуръони карим(бахши чаҳорум)

0
104

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пешинаи баҳс

Яқинан  дар сояи Қуръони Карим будан ва пайравӣ аз дастуроти Худованди Мутаол ва паёмбарони илоҳӣ бисёр ифтихори бузурге аст, ки муҳимтарин омили иззату шарафи ҷомеаи исломӣ ба ҳисоб меояд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Дар суҳбати гузашта маъно ва мафҳуми ду сифати иззату зиллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва анвои иззату зиллат баён шуд. Дар идомаи баҳс бахше аз омилҳои иззату зиллат баррасӣ шуд ва баён гардид, ки имон ба Худованди Мутаол, худобоварӣ ва тақов аз омилҳои иззат ҳастанд. Дар идомаи баҳс омилҳои дигари иззат мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Омилҳои иззат

  1. Улгӯпазирӣ

Инсон дар тӯли ҳаёти худ барои расидан ба хостаҳо ва муваффақиятҳои рӯзафзун ба улгӯ ниёз дорад ва ин улгӯхоҳӣ ё улгӯпазирӣ аз ниёзҳои виҷдонӣ ва фитрии башарият аст, аммо ҳаркасу ҳарчизе наметавонад як улгӯи шойиста барои инсон қарор бигирад; инсон бояд аз улгӯҳои шойиста огоҳ бошад, зеро нақши улгӯҳо дар зиндагии инсон чунин аст, ки роҳи растагорӣ ва саодати ҳақиқиро ба инсон меомӯзонад, чароки онҳо динро ба таври дуруст дар зиндагии худ ба кор бастаанд ва дарку фаҳми дурусти дин ва ҷомеияти он дар андеша ва роҳу равиши онҳо намоён аст ва сармашқ қарор доданӣ онҳо кӯмаки фаровоне ба интихоби дурусти роҳи ҳақ менамояд ва дар натиҷа “иззат”-ро насиби инсонҳо мекунад.

Ҳадафи асосии улгӯпазирии шойиста аз дидгоҳи Қуръони Карим дастёбӣ ба ҳаққу ҳақиқат аст, вале гоҳе инсон дар ин раванд дучори хато ва иштибоҳ мешавад, зеро мумкин инсон дар ҳангоми интихоби як улгӯи муносиб дучори хато ва иштибоҳ шавад ва як улгӯи номуносибро барои худ интихоб кунад, ки албатта бо афзоиши маърифат ва баҳрагирӣ аз вижагиҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва отифӣ бо ин офатҳо метавон муқобила кард.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим, китоби ҳидоятгари башарият, Расули Акрам(с) ва ҳазрати Иброҳим(а)-ро ба унвони улгӯ муаррифӣ кардааст. Албатта ногуфта равшан аст, ки роҳу равиши тамоми паёмбарони илоҳӣ барои инсонҳои саодатталаб метавонад улгӯ бошад. Қуръони Карим мефармояд:

لَقَد كانَ لَكُم في رَسولِ اللَّهِ أُسوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَن كانَ يَرجُو اللَّهَ وَاليَومَ الآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثيرًا

“Ба таҳқиқ барои шумо дар Расули Худо улгӯи некӯст; барои касе, ки Худо ва рӯзи қиёматро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад”. (Сураи Аҳзоб, ояти 21)

Яқинан баёни улгӯҳо барои дастёбии иззат дар инсон аст, иззате, ки дар сояти тарбияти маънавӣ ва пок гардонидани рӯҳии мардум ба даст меояд ва зикри улӯҳо ва сармашқҳо як масъалаи зарурӣ аст, ки Қуръони Карим ҳам бар он таъкид кардааст. Равшан аст, ки ҳадафи асосии хитоб қарор гирифтани мӯъминон ин аст, ки дарси муқовимат, пойдорӣ ва эътиқоду амалро аз паёмбарони илоҳӣ таълим бигиранд ва ҳамон иззате, ки Худовнди Мутаол ба мӯъминон ваъда додааст, ҳосил гардад. Инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи он будааст, ки шахсони намунаро дар ҷаҳони атрофи худ мушоҳида кунад ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоии худро бо улгӯбардорӣ аз онҳо сомон бахшад, зеро пайравии огоҳона аз улгӯҳои динӣ заминаҳои парвариши истеъдодҳои инсону ҷомеаро шукуфо месозад ва роҳи пешрафтро осонтар мегардонад.

Худованди Мутаол, ки холиқи инсону молики ҷаҳон аст, бар тамоми ниёзҳои инсон огоҳӣ ва илми комил дорад ва инчунин бо барангехтани паёмбарони илоҳӣ аз байни мардум ва муаррифии онҳо ба ҳайси пешвоёни ростин ба ин ниёзи инсон таваҷҷӯҳи вижа кардааст ва бо муаррифии улгӯҳои зебо зиндагии инсонро ислоҳ кардааст, то ҷомеаи исломӣ дар роҳи росту дуруст қарор бигирад ва Расули Акрам(с) зеботарин улгӯ барои тамоми инсонҳо аст.

Қуръони карим дар бораи улгӯ будани ҳазрати Иброҳим(а) мефармояд:

قَد كانَت لَكُم أُسوَةٌ حَسَنَةٌ في إِبراهيمَ وَالَّذينَ مَعَهُ إِذ قالوا لِقَومِهِم إِنّا بُرَآءُ مِنكُم وَمِمّا تَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ كَفَرنا بِكُم وَبَدا بَينَنا وَبَينَكُمُ العَداوَةُ وَالبَغضاءُ أَبَدًا حَتّىٰ تُؤمِنوا بِاللَّهِ وَحدَهُ إِلّا قَولَ إِبراهيمَ لِأَبيهِ لَأَستَغفِرَنَّ لَكَ وَما أَملِكُ لَكَ مِنَ اللَّهِ مِن شَيءٍ رَبَّنا عَلَيكَ تَوَكَّلنا وَإِلَيكَ أَنَبنا وَإِلَيكَ المَصيرُ

“Ба таҳқиқ барои шумо дар Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, улгӯи некӯст, ҳангоме, ки ба қавми худ гуфтанд: “Ҳамоно мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Худо мепарастед, безорем; шуморо инкор кардем; ва байни мо ва байни шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ ошкор шудааст, то ин ки ба Худои ягона имон оваред; магар сухани Иброҳим ба падараш, ки қатъан барои ту омурзиш металабам ва барои ту аз ҷониби Худо молики чизе нестам. Парвардигори мо! Бар ту таваккул кардем ва ба сӯи ту бозгаштем; ва бозгашт ба сӯи туст”. (Сураи Мумтаҳана, ояти 4)

Дар Қуръони Карим ду марду ду зан ба унвони улгӯ муаррифӣ шудаанд: ҳазрати Марям (а), ҳазрати Осия (а), ҳазрати Иброҳим (а) ва Расули Акрам(с). Улгӯ будани ҳазрати Иброҳим(а) ҳамон бароат ва безории  он ҳазрат аз бутпарастиву мушрикон аст ва улгӯ будани Расули Акрам(с) ба сабаби истодагӣ ва муқовимати он ҳазрат дар муқобили душманон аст, ки сабру муқовимати эшон иззату сарбаландиро барои дини Ислом ба армағон овардааст.

Нақши Паёмбари Акрам(с) на фақат дар зиндагии шахсии он ҳазрат, балки дар тамоми умурии зиндагӣ аз ҷумла майдони набард ҳам улгӯи тамоми мардум ва ба вижа фармондеҳон аст; ҳидояти лашкар, умед бахшидан ба атрофиён, кандани хандақ бо дастони худаш дар ҷанги Аҳзоб, шиорҳои ҳамосӣ ва суҳбатҳои нерӯбахш бо атрофиён, истиқомату истодагӣ дар баробари душман ва ғайра, ки маълум мегардонад Паёмбари Акрам(с) ва дигар паёмбарони илоҳӣ дар тамоми арсаҳо беҳтарин улгӯҳо барои мӯъминон мебошанд ва пайравӣ аз онҳо заманаҳои иззатро барои мусалмонон фароҳам мегардонад.

Идома дорад…

Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши сеюм)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед