Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши шашум)

0
143

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Таърихи миллат дар ихтиёри касоне аст, ки озода зиндагӣ кардаанд ва иззату шарофати худро ба ҳар чизи дигаре тарҷеҳ додаанд; касоне, ки аз ҷону мол ва мақому хонадон гузаштанд, аммо тан ба зиллат надодаанд, ифтихори ҳар миллате ҳастанд ва ҷомеаи исломӣ ба инчунин озодмардоне ифтихор мекунад.

Адёни илоҳӣ, ки инсонро халифаи Худо дар рӯи замин медонанд, арзиши болое барои инсон ва ҷойгоҳи ӯ қоил ҳастанд, ба хусус дини муқаддаси Ислом, ки болотарин арҷу арзиш ва мақомро барои инсон дар назар гирифтааст. Бар асоси оятҳои Қуръони Карим, Худованди Мутаол иззат, каромат ва шарофатро барои инсон қарор додааст ва ин сифатҳои нек бахше аз вуҷуди инсон аст. Бар асоси ривоятҳо ҳам дини Ислом инсони мӯъминро азизтар аз ҳар мавҷуди дигаре медонад, ки ҳамаи инҳо нишондиҳандаи таъкид бар ҷойгоҳи болои инсон ва иззати инсонӣ аст.

Бетардид дар сояи Қуръони Карим будан ва пайравӣ аз дастуроти Худованди Мутаол ва паёмбарони илоҳӣ бисёр ифтихори бузурге аст, ки муҳимтарин омили иззату шарафи ҷомеаи исломӣ ба ҳисоб меояд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Пешинаи баҳс

Дар суҳбати гузашта маъно ва мафҳуми ду сифати иззату зиллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва анвои иззату зиллат баён шуд. Дар идомаи баҳс ҳам бахше аз омилҳои иззату зиллат баррасӣ шуд ва баён гардид, ки имон ба Худованди Мутаол, худобоварӣ ва тақов аз омилҳои иззат ҳастанд. Таъкид гардид, ваҳдат ва якпорчагӣ яке аз омилҳои ноумедии душманон мебошад ва сабаби иззату Ислому мусалмонон мегардад. Дар идомаи баҳс омилҳои дигари иззат мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Омилҳои иззат

  1. Рӯзии ҳалол

Иззати нафс аз муҳимтарин омилҳои рушду пешрафти инсон аст, ки шахсияти инсонро ба беҳтарин шакл месозад ва яке аз роҳҳои тақвияти пойдор сохтани иззати нафс, касби рӯзии ҳалол аст ва як супориши муҳими Худованди Мутаол барои тамоми паёмбарони илоҳӣ аст. Инсони мӯъмин талош мекунад супоришҳои диниро дар амалу рафтор нишон бидиҳад ва дар партави риояти ҳадду марзҳои шаръӣ рӯзии ҳалол касб кунад ва ин касби ҳалол ҳамон иззати нафсро шакл дедиҳад. Албатта дар ин байн порсоӣ, худобоварӣ дар касб ва ҳамчунин қаноату сабр метавонанд ҳамчун як чароғи равшан роҳи инсонро таъйин кунанд ва дар ҷиҳати тақвияти иззати нафси инсон мададкораш бошанд.

Дар нигоҳи Қуръони Карим яке аз роҳҳои тақвияти дин ва иззати нафси мусалмонон, касби рӯзии ҳалол мебошад ва бар асоси оятҳои ин китоби ҳидоятгар, амали неку шоиста дар гарави ғизои ҳалолу пок дониста шудааст. Худованди Мутаол дар сураи Мӯъминун мефармояд:

يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا ۖ إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ

“Эй Паёмбарон! Аз покизаҳо бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед; ҳамоно Ман ба он чи анҷом медиҳед, доно ҳастам”. (Сураи Мӯъминун, ояти 51)

Олусӣ дар тафсири Рӯҳулмаонии худ, дар тафсири ояти мазкур ҳадисе аз Муслим ва  Тирмизӣ бо ривояти Абуҳурайра(рз) оварда ва  менависад:

أخرجه مسلم والترمذي وغيرهما عن أبي هريرة قال: «قال رسول الله صلّى الله عليه وسلّم يا أيها الناس إن الله تعالى طيب لا يقبل إلا طيبا وإن الله تعالى أمر المؤمنين بما أمر به المسلمين فقال: يا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّباتِ وَاعْمَلُوا صالِحاً

Ривоят дар Муслим ва Тирмизӣ  аз Абуҳурайра (рз) аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Эй мардум! Худованди Мутаол поку покиза аст ва ғайр аз покиро қабул намекунад, Худованди Мутаол ба мӯъминон амрҳоеро додааст, ки ба мусалмонон додааст (ва сипас ояти мазкурро хонданд)”. (Олусӣ, тафсири Рӯҳулмаонӣ, ҷ 9, саҳ 241)

Ояти 51 сураи Мӯъминун чанд паём дорад, ки ба онҳо ишора мешавад:

  1. Тамоми адёни илоҳӣ ба тағзияи солиму пок таваҷҷӯҳ доранд ва Қуъони Карим, ин китоби ҳидоятгари мусалмонон ва тамоми башарият ҳам ба ин масъала таваҷҷӯҳ дошта ва нисбати он супориш кардааст.
  2. Паёмбарон ҳам ба монанди тамоми мардуми дигар аз неъматҳои илоҳӣ баҳраманд мебошанд ва дар ин байн онҳо ӯҳдадории ҳидояти мардумро доранд.
  3. Дар он чизе ки мехӯред, ду чиз фаромӯш нагардад; ҳалол будуан ва покиза будан.
  4. Инсон ғизо мехӯрад, то қударту тавони кофӣ барои амали неку шоиста дошта бошад, пас маълум мешавад, ки бар асоси дини Ислом, ғизо хӯрдан бояд ҳадафдор бошад ва на бар асоси ҳавас ва хостаҳои нафсонӣ
  5. Покдоманӣ дар шикам ва ҳамчунин тақво доштан дар амал ҳарду ҳамсӯ ва комилкунандаи якдигар мебошанд.
  6. Амали нек дар сояи тағзияи ҳалолу пок анҷом мепазирад.

Бояд таъкид намуд, ки бар асоси нигоҳи Қуръони Карим палиду пок бо якдигар ҷамъ намешаванд ва яксон намебошанд. Худованди Мутаол дар сураи Моида мефармояд:

قُلْ لَا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ ۚفَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Бигӯ: «Палиду пок баробар нест ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад. Пас, эй хирадмандон! Аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед. (Сураи Моида, ояти 100)

Олусӣ дар тафсири ин ояти шарифа нисбати шаъни нузули он ингуна менависад:

نزلت في رجل سأل رسول الله صلّى الله عليه وسلّم فقال: يا رسول الله إن الخمر كانت تجارتي وإني جمعت من بيعها مالا فهل ينفعني من ذلك إن عملت فيه بطاعة الله تعالى؟ فقال النبي صلّى الله عليه وسلّم: إن أنفقته في حج أو جهاد لم يعدل جناج بعوضة إن الله تعالى لا يقبل إلا الطيب.

Дар бораи шахсе нозил шудааст, ки аз Раслуи Худо (с) пурсид: Эй Раслуи худо! Тиҷорати ман хамру шароб аст ва дар ин роҳ моле касб кардаам, агар ин моламро дар роҳи итоати Худованди Мутаол истифода кунам, оё нафъе барои ман хоҳад дошт?Раслуи Худо (с) дар посух фармуд: “Агар он молро дар ҳаҷ ё ҷиҳод ҳам инфоқ кунӣ, ба андозаи боли паша ҳам арзиш нахоҳад дошт, зеро Худованд фақат поку покизаро қабул мекунад”. (Олусӣ, Рӯҳулмаонӣ, ҷ 4, саҳ 36)

Маълум мешавад, ки бар асоси оятҳои Қуръони Карим, мелоку меъёр дар арзишҳо ҳаққу ботил аст, на камию зиёдӣ; ин зиёдӣ на нишонаи ҳақ будан аст ва на аломати фазлу бартарӣ, балки нишони бетақвоӣ  ва бехирадӣ аст. Инсоне, ки мехоҳад ба содати илоҳӣ даст ёбад ва  аз иззати илоҳӣ баҳраманд гардад, бояд тақвои илоҳӣ дошта бошад ва ин тақвои илоҳӣ ҳам дар сояи риояти ҳадду марзҳои шаръӣ ҳосил мешавад.

Идома дорад…

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши аввал)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши дуюм)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши сеюм)

Иззату зиллат дар Қуръони карим(бахши чаҳорум)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши панҷум)

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед