Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши дуюм)

0
216

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Таърихи миллатҳо дар ихтиёри касоне аст, ки озода зиндагӣ кардаанд ва иззату шарофати худро ба ҳар чизи дигаре тарҷеҳ додаанд; касоне, ки аз ҷону мол ва мақому хонадон гузаштанд, аммо тан ба зиллат надодаанд, ифтихори ҳар миллате ҳастанд ва ҷомеаи исломӣ ба инчунин озодмардоне ифтихор мекунад.

Адёни илоҳӣ, ки инсонро халифаи Худо дар рӯи замин медонанд, арзиши болое барои инсон ва ҷойгоҳи ӯ қоил ҳастанд, ба хусус дини муқаддаси Ислом, ки болотарин арҷу арзиш ва мақомро барои инсон дар назар гирифтааст. Бар асоси оятҳои Қуръони Карим, Худованди Мутаол каромату шарофатро барои инсон қарор додааст ва ин сифатҳои нек бахше аз вуҷуди инсон аст. Бар асоси ривоятҳо ҳам дини Ислом инсони мӯъминро азизтар аз ҳар мавҷуди дигаре медонад, ки ҳамаи инҳо нишондиҳадаи таъкид бар ҷойгоҳи болои инсон ва иззати инсонӣ аст.

Яқинан  дар сояи Қуръони Карим будан ва пайравӣ аз дастуроти Худованди Мутаол ва паёмбарони илоҳӣ бисёр ифтихори бузурге аст, ки муҳимтарин омили иззату шарафи ҷомеаи исломӣ ба ҳисоб меояд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Пешинаи баҳс

Дар суҳбати гузашта маъно ва мафҳуми ду сифати иззату зиллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва анвои иззату зиллат баён шуд. Дар идомаи баҳс омилҳои иззату зиллат баррасӣ хоҳад шуд, ки такя ба Худованди Мутаол, пайравӣ аз дастуротӣ илоҳӣ ва маҳкам кардани пояҳои тақво муҳимтирин омилҳои иззат ба ҳисоб меоянд, ки мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Омилҳои иззат

Дар бахши аввали ин баҳс омилҳои иззат баён хоҳад шуд ва дар бахши оянда омилҳои зиллат зикр хоҳад гардид.

Омилҳои иззат, омилҳое ҳастанд, ки дар партави онҳо метавон як шахсро дар чорчӯби омӯзаҳои динӣ тарбият кард. Омилҳое ки бо муҳайё намудани  онҳо, шахс азиз шуда  ва сабаби  устуворӣ дар ҳафдафаш ва ҳамчунин   шикастнопазир хоҳад буд, ки дар идома баён хоҳад шуд.

  1. Иззатхоҳӣ аз Худованди Мутаол

Худованди Мутаол сарчашмаи иззати воқеӣ аст ва тамоми офаридаҳо ва махлуқот дар баробари иззати илоҳӣ, фақиру ниёзманд ҳастанд. Далели инки тамоми ҳастӣ ва ҳамаи офариниш ба Худованд муҳтоҷ аст, ин аст, ки Худованди Азиз молику соҳиби ҳамаи онҳост ва дар Қуръони Карим ба ин тасреҳ шудааст, ки тамоми иззат барои Худованди Мутаол аст. Худованди Мутаол дар сураи Фотир мефармояд:

مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّهِ الْعِزَّةُ جَمِيعًا إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ وَالْعَمَلُ الصَّالِحُ يَرْفَعُهُ وَالَّذِينَ يَمْكُرُونَ السَّيِّئَاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَكْرُ أُولَٰئِكَ هُوَ يَبُورُ

Ҳар кас иззат бихоҳад, пас, ҳамаи иззат аз они Худост; суханони покиза ба сӯи Ӯ боло меравад ва кори шоиста онро баланд мегардонад; ва касоне, ки нақшаи бадиҳоро мекашанд, барояшон азоби сахтест; ва макри онҳо худ нобуд мегардад”. (Сураи Фотир, ояти 10)

Ин ояти мазкур ба равшанӣ тасреҳ кардааст, ки иззати ҳақиқӣ аз они Худованди Мутаол аст ва касоне, ки дар талаби иззат бошанд, бояд рафтору кирдорашон мавриди ризояти илоҳӣ қарор бигирад. Касоне ҳам, ки ба рафторҳои нописанди худ исрор доранд, нобуду табоҳ хоҳанд шуд. Аммо Худованде, ки тамоми иззатро дар худ дорад, бандагонашро ҳам барои иззат ёфтан даъват кардааст.

قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: إنَّ اللَّهَ تَعَالَى يَقُولُ فِي كُلِّ يَوْمٍ: «أَنَا الْعَزِيزُ فَمَنْ أَرَادَ عِزَّ الدَّارَيْنِ فَلْيُطِعِ الْعَزِيزَ»

Расули Худо(с) фармудааст, ки Худованди Мутаол ҳар рӯз нидо медиҳад: “Ман Парвардигори Азизи шумо ҳастам, ҳар касе, ки иззат дар ду ҷаҳонро мехоҳад, пас бояд Худои Азизро итоат кунад”. (Тафсири Рӯҳулмаонӣ, Шаҳобуддини Олусӣ, ҷ 11, саҳ 346)

Равшан аст, ки итоату пайравӣ аз Худованди Мутаол як мавҷуди ночизу пастро ба азизу қавӣ табдил мекунад ва аз ӯ мавҷуди сарафроз месозад.

Модоме, ки ин робита байни холиқу махлуқ вуҷуд дорад ва инсон дар доираи итоати Худованд аст, иззату шарофат ҳам вуҷуд дорад ва агар инсон аз чорчӯби дастуроти илоҳӣ хориҷ шавад, ғайр аз зиллат баҳрае насибаш нахоҳад шуд.

  1. Тақвои илоҳӣ

Тақвои илоҳӣ либосе аст, ки инсонро маҳкам ва устувор месозад ва ӯро аз ҳаргуна осебу сустиҳо ҳифз мекунад ва ин паём дар маънои тақво ҳам нуҳуфта аст, зеро тақво ба маънои ҳифзу нигаҳдории чизе аст, аз ҳар чизи дигаре, ки мумкин аст, ба он осебу зиён бирасонад.

Дар тафсири Саолибӣ омадааст, ки ҳазрати Алӣ(рз) пас аз онки дар масҷид дар ҳолати саҷда тавассути Ибни Мулҷам бо шамшер   ҳадаф қарор гирифт ва ба манзил оварда шуд, беҳӯш буд. Он ҳазрат пас аз ба ҳӯш омадан дар ҳаққи фарзандонаш дуо кард ва ба онҳо васияти тӯлонӣ намуд, ки дар бахше аз васияти он ҳазрат чунин омадааст:

يَا بَنِيَّ، لَا شَرَفَ أعَزُّ مِنَ الإِسلَام، وَ لاَ كَرَمَ أَعَزُّ مِنَ التَّقوَى

Эй фарзандони азизи  ман! Ҳеҷ шарофате азизтар аз Ислом нест ва ҳеҷ каромате ҳам азизтар аз тақво нест. (Ҷавоҳирулҳисон, Саолибӣ, ҷ 2, саҳ 311)

Бар ин асос, ҳар касе, ки мехоҳад азизтарин мардум бошад, бояд тақвои илоҳӣ пеша кунад ва ин тақвои илоҳӣ дар арҷмандии инсон бисёр нақшофарин хоҳад буд. Тақво сарфарозиро барои инсон ба армағон меоварад ва бар хилофи он, худхоҳӣ аст, ки инсонро ба бероҳа ва гумроҳӣ мекашонад, тақво сабаби озодагии инсон аст ва нофармонӣ инсонро асири шайтон мекунад. Тақво пояҳои эътиқодии инсонро маҳкам мекунад ва баҳраманд набудан аз ин сифати нек, инсонро ба табоҳӣ кашонда ва  аз саодати илоҳӣ маҳрум мегардонад.

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби баёншуда, равшан мешавад, ки иззати ҳақиқӣ аз они Худованди Матол аст ва касоне, ки мехоҳанд аз ин дарёи бекарони илоҳӣ баҳраманд шаванд, бояд тақво пеша кунанд, то хайру саодату иззати илоҳӣ насибашон гардад.

Идома дорад…

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед