Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши аввал)

0
116

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Бар асоси омӯзаҳои дини Ислом, шахсияти ҳар кас вобаста ба иззату шарафи ӯст, инсон бештар аз ҳама чиз, ҳатто обу ғизо ба иззат эҳтиёҷ дорад, зеро ранҷи гуруснагӣ ва ташнагӣ рафъ мешавад, аммо таҳқире, ки ба сабаби зиллату хорӣ ба рӯҳу равони инсон осеб мезанад, ба соддагӣ рафъ намешавад. Худованди Азиз иснонро  азиз офаридааст ва ҳеҷгоҳ ба ӯ иҷозати зиллату хорӣ ва аз даст додани иззатро надодааст ва бар асоси оятҳои Қуръони Карим иззат ба таври комил аз они Худованди Мутаол, Расули Акрам(с) ва мӯъминон аст ва ин зиллату хорӣ аст, ки мунофиқону бадхоҳони дини Ислом гирифтори он шудаанд. Қуръони Карим дар сураи Мунофиқун мефармояд:

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Таърифи иззат ва зиллат

Иззат аз назари иҷтимоӣ ва рафторӣ ҳолате аст, ки аз шикасти инсон ҷилавгирӣ мекунад ва монеи шикасти инсон дар муқобили душманон мегарадад. Дар муқобили иззат, зиллату хорӣ аст, ки ба маънои шикастпазирӣ аст.

Зиллат ва тан додан ба рафторҳо ва корҳои пасту нописанд аз разилатҳои ахлоқӣ аст, ки бо ин тавзеҳ, зиллат дар муқобили иззат қарор меигард ва ба ҳамон андозае, ки иззати инсон ба ӯ шахсият медиҳад, тан додан ба хорӣ ҳам як амри нописанд аст ва бо шарофату каромати инсонӣ носозгор мебошад.

Анвои иззат

Ба таври куллӣ ду навъ иззат дар Қуръони Карим баён шудааст; яке аз онҳо иззати шоистааст, ки махсуси Худованди Мутаол ва Расули Акрам(с) ва мӯъминон аст ва навъи дуввум иззати нораво аст, ки навъе ҳолати бартарихоҳӣ ва сарпечӣ аз қабули ҳақиқат мебошад ва ин навъ иззаталабӣ, дар ҳақиқат ҳамон зиллату хорӣ аст.

Агар иззат ҳақиқӣ бошад, инсон ба гуноҳ кашида намешавад ва дар муқобили васвасаҳои шайтонӣ шикаст намехӯрад ва гумроҳ намешавад. Зеро инсоне, ки таъми ширини иззатро чашида бошад, ҳеҷгоҳ ба нанги зиллату хорӣ тан намедиҳад.

Равшан аст, ки сабаби асосии иззати мӯъминон ифтихори бандагии Худованди Мутаол аст, зеро мӯъминон иззати худро аз сарчашмаи асосӣ –Худованди Азиз- гирифтаанд ва ин монеи зиллатпазирӣ аст.

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Аз ин ояти мазкур чанд паёми қуръонӣ фаҳмида мешавад:

  1. Мунофиқон талош доранд чароғи равшани ҳукумати исломиро хомӯш кунанд, то  сабаби гумроҳии мардум шаванд.
  2. Мунофиқон худро азиз ва Паёмабар (с) ва мӯъминонро хору залил медонанд.
  3. Худованд пирӯзӣ ва давоми иззати мӯъминонро ба шарти мӯъмин мондан замонат кардааст.
  4. Иззат махсуси Худованд, Паёмбар(с) ва мӯъминон аст.
  5. Ин ояти сураи Мунофиқун ба суханоҳои нодурусти душман посух медиҳад ва ба касоне, ки худро азизтарини мардум ва Паёмбар(с)-ро залилтарин мепиндоранд, посухи кӯбанда медиҳад.
  6. Мунофиқон аз шинохти ҳақиқатҳо нотавон ҳастанд, на қудрати дарку фаҳми ин матлабро доранд, ки Худованд дар баробари таҳримҳои иқтисодӣ, ризқу рӯзии мӯъминонро медиҳад ва на дарки ин ки иззати ҳақиқӣ барои мардуми боимон аст.

Аз як сӯ Худованди Мутаол сарчашмаи иззати ростину ҳақиқӣ аст, ҳар кас ба он сарчашма даст ёбад, иззати ҳақиқиро ҳосил кардааст ва аз сӯе робитаи бисёр муҳим байни имон ва амали неки бандааст, ки ин ду дар якдигар таъсиргузор ҳастанд ва инсони мӯъмин бо истифода аз имон ва амали нек аст, ки аз файзи иззати илоҳӣ баҳраманд мешавад. Худованди Мутаол мефармояд:

مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّهِ الْعِزَّةُ جَمِيعًا إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ وَالْعَمَلُ الصَّالِحُ يَرْفَعُهُ وَالَّذِينَ يَمْكُرُونَ السَّيِّئَاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَكْرُ أُولَٰئِكَ هُوَ يَبُورُ

Ҳар кас иззат бихоҳад, пас, ҳамаи иззат аз они Худост; суханони покиза ба сӯи Ӯ боло меравад ва кори шоиста онро баланд мегардонад; ва касоне, ки нақшаи бадиҳоро мекашанд, барояшон азоби сахтест; ва макри онҳо худ нобуд мегардад”. (Сураи Фотир, ояти 10)

Бар асоси ояти мазкур роҳи мӯъминон, ки иззатро аз тариқи имон ва амали нек меҷӯянд, як роҳи рушд аст ва роҳи дигарон, ки иззатро аз роҳи макру найранг талаб мекунанд, нобудӣ ва гумроҳӣ аст ва дар ин ояти шарифа таъкид шудааст, ки ҳеҷ кас бо найрангу гуноҳ ба иззат даст намеёбад. Дар ояти дигаре ҳам ин навъ иззат, ки ҳамон зиллату хорӣ аст, мазаммат шудааст. Худованди Мутаол мефармояд:

وَإِذَا قِيلَ لَهُ اتَّقِ اللَّهَ أَخَذَتْهُ الْعِزَّةُ بِالْإِثْمِ فَحَسْبُهُ جَهَنَّمُ وَلَبِئْسَ الْمِهَادُ

“Ва чун ба ӯ гуфта шавад: «Аз Худо битарс!» Худписандӣ ӯро ба гуноҳ мекашонад; пас, ҷаҳаннам ӯро басандааст; ва ба ростӣ, чӣ бад ҷойгоҳест!“(Сураи Бақара, ояти 206)

Дар тафсирҳои Қуръони Карим дар бораи шаъни нузули ояти мазкур ингуна навишта шудааст:

Кофирони Қурайш аз рӯи найранг  касеро ба шаҳри Мадина ба назди Расули Худо(с) фиристоданд, ки мо мусалмон шудаем, касонеро барои таълими ойини Ислом назди мо бифрист. Паёмбар (с) теъдодеро аз ҷумла Ҳабиб ибни Адӣ(рз) ба сарпарастии Осим ибни Собит(рз) назди онҳо фиристод. Ҳафтод нафар аз кофирони Қурайш аз Макка ба қасди куштани онҳо берун омаданд, вақте ба мусалмононе, ки барои таълими онҳо меомаданд, расиданд чеҳари воқеъии худро ошкор карда  ва бо онҳо ба ҷанг бархостанд.  Дар ин байн чанд нафар кушта шуданд ва Осим(рз) ҳам, ки ҳафт тир бо худ ба ҳамроҳ дошт, онҳоро ҳадаф гирифт ва бо ҳар тири худ бузурге аз кофирони ҳилагарро кушт ва худаш ҳам дар ин ҳодиса ба шаҳодат расид. Ҳабиб(рз) ҳам, ки асир шуда буд, тоифаи Банӣ Ҳорис ӯро хариданд ва аз он сабаб, ки худи Ҳорис дар ҷанги Уҳуд ба дасти Ҳабиб кушта шуда буд, тоифаи ӯ барои интиқом  Ҳабибро ба қасди ба дор овезон кардан ба берун аз Макка бурданд. Шахсе аз мушрикон найзае бар синаи Ҳабиб зад ва Ҳабиб ба ӯ гуфт اتَّقِ اللَّهَ (аз Худо битарс), аммо он шахси мушрик, ки ба Худованд эътиқод надошт, хашмгин шуд ва найзаро ба синаи ӯ дохил кард ва ин ояти сураи Бақара дар шаъни ин шаҳиди роҳи Ислом нозил шуд.

Бо диққат дар оятҳои зикршуда равшан мешавад  ин иззате, ки мушрикону мунофиқон ба он фахрфурӯшӣ мекунанд, ҳамон иззате аст, ки   мавриди мазамати  Қуръони Карим аст. Ин навъи иззат, ки як навъ фахрфурӯшӣ ҳам мебошад, дар ҳақиқат на иззат, балки зиллату хорӣ аст ва касоне, ки ба Худованди Мутаол имон надоранд, гирифтораш шудаанд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед