Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши ҳафтум)

0
150

Бар асоси омӯзаҳои дини Ислом, шахсияти ҳар кас вобаста ба иззату шарафи ӯст, инсон ба иззат беш аз ҳама чиз, ҳатто обу ғизо эҳтиёҷ дорад, зеро ранҷи гуруснагӣ ва ташнагӣ рафъ мешавад, аммо таҳқире, ки аз сабаби зиллату хорӣ ба рӯҳу равони инсон осеб мезанад, ба соддагӣ рафъ намегардад. Худованди Азиз инсонро ҳам азиз офаридааст ва ҳеҷгоҳ ба ӯ иҷозати зиллату хорӣ ва аз даст додани иззатро надодааст ва бар асоси оятҳои Қуръони Карим иззат ба таври комил аз они Худованди Мутаол, Расули Акрам(с) ва мӯъминон аст ва ин зиллату хорӣ аст, ки мунофиқону бадхоҳони дини Ислом гирифтори он шудаанд. Қуръони Карим дар сураи Мунофиқун мефармояд:

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Пешинаи баҳс

Дар бахшҳои гузашта маъно ва мафҳуми ду сифати иззату зиллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва анвои иззату зиллат баён шуд. Дар идома ҳам бархе омилҳои иззат баён шуд, ки аз ҷумла метавон тақво, худобоварӣ ва такя ба Худованди Мутаол ишора намуд. Қисмати пешин ҳам дар бораи рӯзии ҳалол ва робитаи он бо иззати дини Ислом ва мусалмонон суҳбат шуд ва дар ин қисмат омилҳое, ки сабаби зиллату хорӣ мешаванд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Омилҳои зиллату хорӣ

Таври маълум ва бар асоси омилҳои баёншудаи иззат, ҳар омиле, ки бо он омилҳо созгорӣ надошта бошанд ва хилофи дастуроти илоҳӣ бошанд, сабаби зиллату хорӣ мешавад. Аммо барои тавзеҳи бештар бархе аз омилҳои зиллату хорӣ баррасӣ хоҳад шуд.

  1. Нифоқу дӯстӣ бо кофирон

Нифоқ рафторе аст, ки ба сабаби ангезаҳои моддӣ ва дунявӣ дар инсон ба вуҷуд меояд; дар инчунин ҳолате башар ба масъалае эътиқод надорад, балки аз рӯи ангезаҳои хосси шахсӣ вонамуд мекунад, ки ба чизе эътиқод дорад. Албатта рафтори мунофиқон ва нифоқи онҳо ангезаҳои мухталиф ва гуногуне дорад, ба сабаби таъсирҳои шуме, ки мунофиқон дар ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд меоваранд, мусалмонон бо шиносоии онҳо метавонанд, аз худ ва дини Ислом дифоъ кунанд ва натанҳо дар сояи дӯстӣ ва пайравӣ аз кофирону мунофиқон хору залил нагарданд, балки бо решакан кардани рафторҳои палиди онҳо, иззатро ҳосил кунанд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим таъкид кардааст, ки иззат танҳо аз они Худо ва Расулаш ва мӯъминон мебошад ва касоне, ки роҳи дигареро интихоб кунанд ва бо бадхоҳони дини Ислом ва мусалмонон дӯстӣ кунанд, оқибати баде дар интизорашон хоҳад буд. Қуръони Карим мефармояд:

بَشِّرِ الْمُنَافِقِينَ بِأَنَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا

الَّذِينَ يَتَّخِذُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ أَيَبْتَغُونَ عِنْدَهُمُ الْعِزَّةَ فَإِنَّ الْعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا

“Ба мунофиқон башорат деҳ, ки барояшон азоби дарднокест.”

“Касоне, ки кофиронро ба ҷои мӯъминон дӯстон [-и худ] мегиранд, оё иззатро назди онҳо меҷӯянд? Пас, қатъан иззат ҳама аз они Худост.” (Сураи Нисо, 138-139)

Оятҳои мазкур як интиқоди шадид аз эҷоди робита бо кофирону мунофиқон аст; дар замони садри Ислом мунофиқон бо яҳуди Мадина ва мушрикони Макка робита доштанд, то агар мусалмонон шикаст хӯрданд, худашон зарару осеб надида бошанд ва ҷойгоҳи худро аз даст надиҳанд.

Аммо  ин нукта лозим аст, ки иззат танҳо ба дасти Худованд аст; зеро сарчашмаи иззат ё илм аст ва ё қудрат ва дигарон аз илму қудрат бебаҳра ҳастанд. Он касоне ҳам, ки иззатро дар дӯстӣ ва вобастагӣ бо кофирон меҷӯяанд, нишонаи хислати мунофиқонаашон мебошад. Ин оятҳо ба ҳамаи мусалмонон ҳушдор медиҳад, ки иззати худро дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ, аз иқтисодӣ ва фарҳангӣ, то иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ғ. дар дӯстӣ бо душманони ислом наҷӯянд, зеро ҳар замоне, ки манфиати  бадхоҳон пеш ояд, онҳо  самимитарин муттаҳидону ҳампаймонони худро раҳо кард ва тавре амал мекунанд, ки гӯё ҳаргиз бо ҳам ошноӣ надоштаанд ва ҳақиқатҳои таърихӣ дар тӯли Ислом шоҳид бар ин сухан аст.

Худованди Мутаол дар ояти дигар мефармояд:

يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَ النَّصارى‌ أَوْلِياءَ بَعْضُهُمْ أَوْلِياءُ بَعْضٍ وَ مَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ إِنَّ اللَّهَ لا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Яҳуд ва Насороро дӯстон[-и хеш] нагиред; баъзе аз онон дӯстони баъзе [дигар]-анд ва ҳар кас аз шумо ононро дӯст гирад, пас, дар ҳақиқат, ӯ аз онҳост; ба яқин Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.” (Сураи Моида, ояти 55)

Равшан аст, ки зикр кардани яҳуд ва насоро барои намуна аст ва шакку тардиде вуҷуд надорад, ки дӯстӣ бо кофир ва ё кофиронро ба ҳайси сарпараст қабул кардан дар дини Ислом ҷойгоҳе надорад ва пазируфташуда нест. Худованди Мутаол аз бандагонаш интизорҳои хоссе дорад ва безорӣ аз душман, ки сабаби иззати мусалмонон мебошад яке аз шартҳои имон аст ва ин шарти имон сабаби зиллати беш аз пеши кофирон мегардад.

Шояд саволе эҷод шавад, ки чаро безорӣ аз душман аз шароити имон аст? Посухи ин савол бо диққат дар оятҳо ва шарҳҳои ироашуда равшан аст, аммо дар таъкид бояд гуфт, ки ин барои ҳимоят аз дини Ислом ва иззати мусалмонон аст ва нақди бисёр муҳим дар растгорӣ ва саодати мӯъминон дорад. Албатта бояд қайд кард, ки (таббарӣ) беззорӣ ҷустан аз бадхоҳони дини Ислом ба маънои некӣ накардан нест ва ин вижагии муҳим бо башардӯстӣ ҳам мувофиқи мебошад; бар асоси омӯзаҳои динӣ, некӣ кардан ба ғайри ҳаммаслакон ва афроди беимон мушкиле надорд; чароки агар гурӯҳе аз мардуми ғайри мусалмон дар як кишвари куфр ба навъе бемории хатарнок гирифтор шаванд, башардӯстӣ фармон медиҳад, ки барои наҷоти онҳо аз ин гирифторӣ талош шавад ва ба онҳо ёрӣ расонида шавад, аммо на башардӯстӣ ва на дини Ислом, фармон намедиҳанд, ки тамоми ақидаҳо ва боварҳои онҳо қабул карда шавад.

Ба ҳар ҳол дини Ислом мухолифи дӯстӣ ва сарпараст қарор додани кофирону мунофиқон аст, зеро ин вобастагиҳо ба иззати мусалмонон ва ҷомеаи исломӣ осебҳои ҷиддӣ мезанад, ки бояд бо шиносоии дурусту саҳеҳи мардум ва душманшиносӣ заминаҳои иззат дар ҷомеа тақвият гардад ва заминаҳои зиллату хорӣ барчида шавад.

Идома дорад…

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши аввал)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши дуюм)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши сеюм)

Иззату зиллат дар Қуръони карим(бахши чаҳорум)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши панҷум)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши шашум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед