Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши сеюм)

0
114

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Дар суҳбатҳои гузашта маъно ва мафҳуми ду сифати иззату зиллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва анвои иззату зиллат баён шуд. Дар идомаи  баҳс  баррасии омилҳои иззату зиллат баён шуда ва  омилҳои иззат дар чанд маврид аз ҷумла талаби иззат аз Худованди Мутаол, худобоварӣ ва тақво баён шуд. Дар ин ҷо  омилҳои дигаре, ки сабаби иззат мешаванд баррасӣ хоҳанд шуд.

Омилҳои иззат

Баҳси мо дар мавриди омилҳои иззат аст, ки бахши дигаре аз омилҳо баён хоҳад шуд.

  1. Имон

Имон ба Худованди Мутаол ва эътиқоду бовар ба вуҷуди холиқ ва тадбиркунандаи доно ва тавонои ҷаҳон, болотарин иззат ва шарофату кароматро барои инсон ба армағон меоварад ва он  дар сарлавҳаи тамоми кароматҳои инсонӣ қарор  дорад. Худованди Мутаол мефармояд:

مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّهِ الْعِزَّةُ جَمِيعًا إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ وَالْعَمَلُ الصَّالِحُ يَرْفَعُهُ وَالَّذِينَ يَمْكُرُونَ السَّيِّئَاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَكْرُ أُولَٰئِكَ هُوَ يَبُورُ

Ҳар кас иззат бихоҳад, пас, ҳамаи иззат аз они Худост; суханони покиза ба сӯи Ӯ боло меравад ва кори шойиста онро баланд мегардонад; ва касоне, ки нақшаи бадиҳоро мекашанд, барояшон азоби сахтест; ва макри онҳо худ нобуд мегардад”. (Сураи Фотир, ояти 10)

Инсоне, ки Худованди Мутаолро сарчашмаи тамоми иззатҳо бидонад, ба Ӯ имон дорад ва ин имон саросари зиндагии ӯро иззатманд мегардонад ва мӯъмин ҳамеша шойистаи иззат аст.

Ҳасан ал-Бано дар китоби худ дар ин бора навиштааст:

وَمِن آثَارِ الإيمَانِ: عِزَّة تَجعَلُ المُؤمِنَ عَزيزاً بِرَبِّهِ، عَظيماً فِى نَفسِهِ، لا يَرى أَحداً أَعَزُّ مِنهُ، إِذ يَستَمِد عِزَّتُهُ مِنَ الله لا مِن أَحَدٍ مِن خَلقِهِ

“Аз асарҳои имон ин аст, ки шахси мӯъминро назди Парвардигораш азиз мекунад, шахсият ва нафси (шахси мӯъмин)-ро бузург мегардонад, ҳеҷкас азизтар аз ӯ нахоҳад буд, модоме, ки иззаташ аз ҷониби Худованди Мутаол бошад ва на аз ҷониби махлуқи дигаре”. (Назарот фи китобиллоҳ, Ҳасан ал-Бано, ҷ 1, саҳ 474)

Агар касе иззатро талаб дорад, танҳо роҳи даст ёфтан ба он, имон ба Худованд ва пайравӣ аз дастуроти илоҳӣ аст ва касби иззат ғайр аз ин роҳ сабаби зиллату хории инсон хоҳад шуд.

  1. Ҷиҳод

Ҷиҳод дар роҳи Худованди Мутаол сабаби саркӯбии душманони дин мешавад ва сарфарозии Исломро ба ҳамроҳ дорад. Дар ҳақиқат метавон ингуна гуфт, ки ҷиҳод танҳо василае аст, ки пайравони ҳақ барои наздикӣ ба Худованди Мутаол ба он чанг мезананд; зеро имон ба Худованд ва пайравӣ аз дини Ислом ва ҷиҳод дар роҳи ризояти Худованд болотарин дараҷаи иззат дар Ислом аст. Расули Худо(с) дар ривояте таъкид кардаанд, ки ҷиҳоде шойиста аст, ки иззату сарфарозии динро дар пай дошта бошад.

فِي حَدِيثِ أَبِي مُوسَى – رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ – أَنَّ النَّبِيَّ – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ – قَالَ: أَنَّ الْمَطْلُوبَ بِالْجِهَادِ إعْزَازُ الدِّينِ وَدَفْعُ فِتْنَةِ الْكُفْرِ

Абумӯсо (рз) ривоят кардааст, ки Расули Худо(с) фармуд: “Шойиста дар ҷиҳод ин аст, ки дин азиз гардад ва фитнаи куфр дафъ шавад”. (Мабсут, Сарахсӣ, ҷ 10, саҳ 70)

Дар тавзеҳи ин масъала бояд гуфт, ки ҷиҳод бар ду навъ аст; ҷиҳоде, ки мақсуд дар он ҷанг аст ва он ҷиҳод бо мушрикон аст, ки шахси муҷоҳид бо ҷисм, мол, қалбу забон ва тамоми доштаҳояш дар роҳи дин ба ҷиҳоди дар муқобили  мушрикону кофирон меравад. Навъи дигари ҷиҳод, ҷиҳоди нафс аст; дар ин ҷиҳод инсон бо пайравӣ аз фармудаҳои  Худованди Мутаол ба ҷиҳод ва мубориза бар алайҳи шайтону васвасаҳои шайтонӣ меравад.

Албатта бояд қайд кард, ки бар асоси омӯзаҳои дини Ислом ҳар амале, ки сабаби иззати дини Ислом бошад, ба он амал ҷиҳод гуфта мешавад. Бар ин асос илм ҷиҳод аст ва ҷиҳоди олимони динӣ ин аст, ки маорифу аҳкоми исломиро ба таври шойиста барои ҷаҳониён бозгӯ кунанд. Дар ҳақиқат ҳар амале, ки аз ҷониби шахси боимон дар роҳи ризояти Худованди Мутаол анҷом шавад ва ҳадаф аз он иззати Ислом бошад, саодати илоҳиро дар дунёву охират  ба бор меоварад.

Зикри ин нукта лозим аст, ки дар асри ҳозир дар зери номи “ҷиҳоди исломӣ” гурӯҳҳои ифротгарои фаровоне корҳои зишту нописандеро анҷом медиҳанд ва ҷиноятҳои онҳо сабаби бадномии мусалмонон шудааст. Ин дар ҳолест, ки номи ҷиҳоди исломиро сарлавҳаи ҷиноятҳои бешармонаи худ мегузоранд ва ҷомеаи исломӣ бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки ҳақиқати ҷиҳодро онгуна, ки ҳаст бояд бишносад, на ин ки хостаҳои нафсониро болотар аз дастуроти илоҳӣ бигузорад.

Ба таври куллӣ ҳама медонем, ки ҷиҳод аз заруриятҳои дини Ислом аст ва ҳеҷ шакку тардиде ҳам дар он вуҷуд надорад, аммо ончи аҳаммият дорад ин аст, ки ҷиҳод бояд бар асоси ҳикмат, ҳадаф ва фалсафаи ҷиҳод бошад. Ҳар кас ё гурӯҳе, ки хостаҳои нафсонии худро фаротар из ҳадафи дини Ислом қарор бидиҳад, маънои нодуруст аз ҷиҳод фаҳмидааст ва дар натиҷа маҳкум аст. Ин ҷиҳодҳое, ки сабаби бадномии мусалмонон мешавад, натанаҳо иззату шарофатро барои онҳо фароҳам намекунад, балки сабаби зиллату хории ин бадхоҳони дин мегардад.

То инҷо чанд омили дигар аз омилҳои иззат дар Қуръони Карим баён шуд, ки дар навиштори оянда идомаи омилҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Идома дорад…

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед