Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши панҷум)

0
145

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бар асоси омӯзаҳои дини Ислом, шахсияти ҳар кас вобаста ба иззату шарафи ӯст, инсон ба иззат беш аз ҳама чиз, ҳатто обу ғизо эҳтиёҷ дорад, зеро ранҷи гуруснагӣ ва ташнагӣ рафъ мешавад, аммо таҳқире, ки аз сабаби зиллати хорӣ ба рӯҳу равони инсон осеб мезанад, ба содагӣ рафъ намегардад. Худованди Азиз иснонро ҳам азиз офаридааст ва ҳеҷ гоҳ ба ӯ иҷозати зиллату хорӣ ва аз даст додани иззатро надодааст ва бар асоси оятҳои Қуръони Карим иззат ба таври комил аз они Худованди Мутаол, Расули Акрам(с) ва мӯъминон аст ва ин зиллату хорӣ аст, ки мунофиқону бадхоҳони дини Ислом гирифтори он шудаанд. Қуръони Карим дар сураи Мунофиқун мефармояд:

يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Мегӯянд: «Агар ба сӯиМадинабаргардем, қатъан азизтар хортарро аз он берун мекунад», дар ҳоле ки иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд. (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Пешинаи баҳс

Дар бахшҳои гузашта маъно ва мафҳуми ду сифати иззату зиллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва анвои иззату зиллат баён шуд. Дар идома ҳам бархе омилҳои иззат баён шуд, ки аз ҷумла метавон тақов, Худобоварӣ ва такя ба Худованди Мутаол ишора намуд. Дар ин қисмат  омилҳои дигареро, ки сабаби иззат мешаванд, баррасӣ хоҳанд шуд.

  1. Ваҳдат ва якпорчагӣ

Яке дигар аз омилҳои бисёр муҳими иззату шарофати миллатҳо, ҳамдилӣ ҳамоҳангӣ ва ваҳдат байни мардуми ҷомеа мебошад. Равшан аст, ки ваҳдат замоне боарзиштар мешавад, ки инсонҳо барои расидан ба ҳадафҳои поку муқаддасашон аз он баҳра бигиранд ва дар ғайри ин сурат, душманони дин барои расидан ба ҳадафҳои шумашон аз дудастагии миллатҳо ва ҷомеаҳои мусалмон истифода  мебаранд. Агар рафотроҳо дар ҷомеаи исломӣ бар пояи ваҳдат бошад ва ин ваҳдат дар муқобили душмани муштарак бошад, сабаби иззати тамоми мусалмонон мешавад.

Қуръони Карим ба мардуми боимон тавсия мекунад, ки аз ихтилоф ва доман задан ба ихтилофҳо парҳез кунанд, зеро ихтилофҳо паёмадҳои шуму хатарнокеро дар пай хоҳад дошт. Худованди Мутаол дар сураи Оли Имрон мефармояд:

وَاعتَصِموا بِحَبلِ اللَّهِ جَميعًا وَلا تَفَرَّقوا وَاذكُروا نِعمَتَ اللَّهِ عَلَيكُم إِذ كُنتُم أَعداءً فَأَلَّفَ بَينَ قُلوبِكُم فَأَصبَحتُم بِنِعمَتِهِ إِخوانًا وَكُنتُم عَلىٰ شَفا حُفرَةٍ مِنَ النّارِ فَأَنقَذَكُم مِنها كَذٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُم آياتِهِ لَعَلَّكُم تَهتَدونَ

“Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро бар худатон, ба ёд оваред, он гоҳ ки душманон[-и ҳамдигар] будед ва [Ӯ] миёни дилҳои шумо улфат андохт ва ба [баракати] неъмати Ӯ бародарон[-и ҳамдигар] шудед. Дар ҳоле ки шумо дар лабаи чоҳе аз оташ будед ва [Ӯ] шуморо аз он наҷот дод. Инчунин Худо нишонаҳояшро барои шумо баён мекунад, бошад, ки шумо ҳидоят ёбед.” (Сураи Оли Имрон, ояти 103)

Бар асоси манобеъ ва китобҳои тафсири Қуръони Карим, ин ояти мазкур дар бораи ду тоифаи Авс ва Хазраҷ нозил шудааст, ки дар байни онҳо сад сол низоъ ва кашмакаш буд ва гӯё қариби 120 сол ин ихтилофи байни онҳо барқарор буд, то инки Худованди Мутаол Расули Акрам(с)-ро ба паёмбарӣ интихоб кард ва онҳо ба дини Ислом гаравиданд ва аз баракати ҳузури он ҳазарат, кина ва душманӣ байни онҳо поён ёфт ва бо ҳам бародар шуданд. Аммо Қуръони Карим, ки китоби ҳидоятгари башарият аст ва ҳамеша роҳнамоии инсонҳоро дорад, бо баёни ин ояти шарифа чанд паёмро барои мо баён мекунад:

  1. Ваҳдат ва парҳез аз тафриқа, як вазифаи илоҳӣ аст ва ҳамаи мусалмонон бояд нисбати он кӯшо бошанд, зеро иззати мусалмонон дар партави ваҳдату якпорчагӣ ҳосил мешавад.
  2. Меҳвари асосӣ дар ваҳдат, дини Ислом аст. Дар натиҷа бар ҳамаи мусалмонон лозим ва зарурӣ аст, ки аз рангу нажод ва ин навъ масъалаҳо, ки ба дастёбии ваҳдат осеби ҷиддӣ мерасонад, парҳез намоянд.
  3. Дини Ислом ҳамеша сабаби хайру баракат барои ҷомеаи исломӣ будааст, ки намунааш барчида шудани оташи кина ва хашм ва нишондани базри бародарӣ ва меҳрварзӣ аст ва ин баракатҳо дар сояи ваҳдат ба даст меояд.
  4. Ваҳдати омили муҳими бародарӣ ва баробарӣ аст ва ваҳдат заминасози неъматҳои илоҳӣ барои касоне хоҳад буд, ки дар талаби ваҳдат ва коштани базри он дар ҷомеаи исломӣ хоҳанд буд.
  5. Дудастагӣ ва парокандагӣ партгоҳ ва гӯдоли оташ аст, ки инсонҳо бо ваҳдат метавонанд, ин оташро хомӯш гардонанд ва аз расидани душманон ба аҳдофи шӯмашон ҳам пешгирӣ намоянад ва ин ҳамон иззату сарбаландии Ислом ва мусалмонон аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба паёмҳои фаҳмидашуда аз ояти мазкур, бетардид иззату сарбаландӣ ва рушди ҳар уммате дар ягонагӣ ва ваҳдат байни онҳо аст ва иттиҳоду якпорчагӣ дар байни мазоҳиби исломӣ ҳам бузургтарин омили иззату қудрат дар ҷомеа ва уммати исломӣ ва дар муқобили он, зиллату сарафкандагии ҳар уммат дар парокандагӣ аст.

Роҳи саҳеҳи зиндагӣ дар ҷомеа ва уммати исломӣ амал ба ин оятҳо ва тавсияҳои Қуръони Карим аст. Бешак замоне, ки ҷомеаи исломӣ ба ваҳдат рӯй меоваранд ва дастуроти илоҳиро анҷом медиҳанд, тақво ва сифатҳои нек ва фазилатҳои олӣ байни онҳо ривоҷ пайдо мекунад. Бо густариш ёфтани сифатҳои неки ахлоқӣ дар ҷомеа ва эҳёи барҷастагиҳои дини Ислом, бартариҷӯиҳои қавмӣ ва нажодӣ аз ҷомеаи исломӣ дур мешавад.

Ҷомеаи исломӣ агар Қуръони Карим ва паёмҳои роҳкушояшро сарлавҳаи арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва дигар арсаҳои муҳими дигар қарор бидиҳад, ҳеҷ қудрату душмане тавони муқобила бо ин ҷомеаи мустаҳкамро нахоҳад дошт. Уммати исломӣ бо иродаи Худованди Мутаол дар сояи парчами дини Ислом бар тамоми шайтонҳои ҷаҳон ва истикбори ҷаҳонӣ ғалаба хоҳад кард ва ин ҳамон иззати дини Ислом ва мусалмонон аст, ки Худованди Мутаол ваъдаи онро додааст.

Идома дорад…

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши аввал)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим(бахши дуюм)

Иззату зиллат дар Қуръони Карим (бахши сеюм)

Иззату зиллат дар Қуръони карим(бахши чаҳорум)

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед