Исмати анбиё

1
277

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исмати анбиёи илоҳӣ

Муқаддима
Аз ҷумла вежагиҳои паёмбарони илоҳӣ исмат аст. Исмат дар луғат ба маънои манъ ва ҳифз аст. Мақсад аз исмати анбиё он аст, ки паёмбарони илоҳӣ: Аввалан: Дар мақоми дарёфт, ҳифз ва иблоғи ваҳй аз ҳар гуна иштибоҳе масун ва маҳфузанд; сониян: Аз анҷоми ҳар гуна гуноҳе масун ва мубарро ҳастанд.
Барои равшантар шудани маънои исмат ҳар як аз ду матлаби ёдшударо ҷудогона тавзеҳ медиҳем.

Исмат дар дарёфт, ҳифз ва иблоғи ваҳй
Паёмбарони Илоҳӣ, ваҳйро, ки ба манзури ҳидоят ва саодати инсонҳост, то ба камоли шоистаи худ бирасанд, ба таври саҳеҳ ва дуруст дарёфт мекарданд ва онро саҳеҳ мефаҳмиданд ва бо камоли амонат ва бидуни ҳеҷ коҳиш ва афзоише ба башар мерасонданд. Бинобар ин, паёми Худо ҳамон гуна, ки нозил шудааст, аз тариқи паёмбарон ба дасти башар расида, ҳеҷ халале на ба амд ва на ба саҳв дар он роҳ наёфтааст.
Бар ин ҳақиқат ҷумҳури мутакаллимони ҷаҳони Ислом иттифоқи назар доранд ва ақлу нақл ҳар ду бар он сиҳҳа мегузоранд.

Далели ақлӣ. Дар воқеъ ҳамон далели ақлие, ки бар лузуми беъсати паёмбарон далолат дорад, ин матлабро низ ба исбот мерасонад. Зеро инсон ба ҳидояти хосси илоҳӣ аз роҳи ваҳй ва нубувват, танҳо дар сурате ба таври комил ва дуруст қонеъ мешавад, ки ҳеҷ хатое дар мароҳили дарёфт ва фаҳм ва иблоғи паёми Худо, аз сӯи гирандагони паём сар назанад.

Худои Мутаол:

  • Чун Ҳаким аст, ирода кардааст, ки ин паёмҳо бе каму кост ба мардум бирасад;
  • Чун Алим аст, медонад паёми худро аз чӣ роҳе ва ба василаи чӣ касоне бифиристад, то солим ба бандагонаш бирасад;
  • Чун Қадир аст, метавонад воситаҳои шоистаеро баргузинад ва онҳоро аз ҳар гуна лағзиш ва хатое дар адои рисолати худ, нигоҳ дорад.

Далели нақлӣ. Қуръони Карим дар оётҳои поёни сураи «Ҷин» ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад, ки Худованд маъмурон ва муроқибоне дорад, ки ваҳй Ӯро аз осеби ҳар газанде ҳифз мекунанд, то ба таври саҳеҳ дар ихтиёри мардум қарор бигирад:

عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَى غَيْبِهِ أَحَدًا لَّا مَنِ ارْتَضَى مِن رَّسُولٍ فَإِنَّهُ يَسْلُكُ مِن بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ رَصَدًا ِيَعْلَمَ أَن قَدْ أَبْلَغُوا رِسَالَاتِ رَبِّهِمْ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيْهِمْ وَأَحْصَى كُلَّ شَيْءٍ عَدَدًا
«Магар расулоне, ки ононро баргузида ва муроқибоне аз пеши рӯ [ байни Расул ва мардум] ва пушти сар [байни Худо ва Расул] барои онҳо қарор медиҳад, то бидонад паёмбаронаш рисолатҳои парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва Ӯ ба ончи назди онҳост, иҳота дорад ва шумори ҳар чизеро медонад.» (Сураи Ҷин, ояти 26-28)

Исмат аз гуноҳ
Миёни аҳли суннат дар ин бора ихтилоф аст. Баъзе аз мутакаллимони аҳли суннат, паёмбаронро ҳам аз гуноҳи кабира ва ҳам аз гуноҳи сағира чи қабл аз беъсат ва чи баъд аз беъсат маъсум медонанд, вале бар ин боваранд, ки анбиё алайҳимус саломро ҷоиз аст, ки қабл аз беъсат дар гуноҳони сағирае, ки пастӣ ва даноате дар он набошад, воқеъ шаванд, вале ин амр яқинан баъд аз беъсат мумтанеъ аст. (Ҳасан ибни Алии Сақоф, Шарҳ-ул-ақидат-ут-Таҳовия, саҳ.399)
Баъзе аз мутакаллимони аҳли суннат паёмбаронро танҳо аз гуноҳи кабира маъсум медонанд ва баъзе дигар гуфтаанд онҳо аз замони булуғ ба баъд маъсуманд ва дастаи дигар бар ин боваранд, ки аз ҳангоми мабъус шудан ба рисолат маъсум мебошанд. Ҳашвия ва бархе аз аҳли ҳадис низ асосан мункири исмати паёмбарон шуда, судури ҳар гуноҳеро  аз эшон ҳатто дар замони нубувват ва ба сурати амдӣ мумкин медонанд. (Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, саҳ.9)
Аммо ончи мухтор дар назди бузургони мутакаллимони аҳли суннат ва ҷамоат аст, намунаи онро аз китоб «Шарҳ-ул-мавоҳиб-уд-дания» айнан нақл мекунем:
«Ҳамоно Расули Худо(с) аз гуноҳон маъсум аст, ҳам баъд аз нубувват ва ҳам қабл аз он. Хоҳ гуноҳ кабира бошад ва хоҳ сағира, чӣ амдӣ бошад ва чӣ саҳвӣ бинобар қавли асаҳ, чӣ дар зоҳир бошад ва чӣ дар ботин, чӣ пинҳон ва чӣ ошкор, ҳам дар ҷид ва ҳам дар ҳазл, чӣ дар ҳоли ризоят ва чӣ дар ҳоли ғазаб. Чаро ин гуна ҳам набошад, дар ҳоле ки яқинан асҳоб бар пайравӣ ва табаият аз он ҳазрат дар ҳар кор ва феъле, ки Паёмбар(с) анҷом додаанд, иҷмоъ намудаанд. Ва ин амр барои тамоми анбиё(а) инчунин аст». (Зарқонӣ, Шарҳ-ул-мавоҳиб-уд-дания, ҷ.5, саҳ.314)
Ногуфта намонад, ки мақсад аз исмати паёмбарон танҳо адами иртикоби гуноҳ нест, балки бояд донист онон дорои малакаи нафсонии нерӯманде ҳастанд, ки дар ҳар шароите эшонро аз анҷоми гуноҳ боз медорад.
Бисёранд касоне, ки дар ҳамаи умри худ фаҳҳошӣ аз онон сар назадааст, аммо камтар касе метавонад иддио кунад, ки дар ҳар шароите қарор бигирад, муртакиби ин гуноҳ намешавад. Тафовут бисёр аст, миёни гуноҳ накардан ва ин ки инсон дорои малакае бошад, ки дар ҳар шароите ӯро аз гуноҳ боз дорад.
Далелҳои нақлӣ ва ақлии фаровоне барои маъсум будани паёмбарон аз гуноҳ вуҷуд дорад, ки инак барои ҳар кадом ба як намуна басанда мешавад:

Далели ақлӣ. Худованд анбиёро барои ҳидояти мардум ба роҳи рост, барангехта аст. Ҳол агар гуноҳе аз эшон сар занад, мардум рафтори ононро бо гуфторашон носозгор ёфта, эътимодашон аз онон салб мешавад. Дар натиҷаи ҳадаф аз беъсати паёмбарон ба таври комил таҳаққуқ нахоҳад ёфт.
Далели нақлӣ. Дар Қуръони Карим бисёре аз анбиёи Илоҳӣ ба унвони бандагони мухлас (Мухлас ба фатҳи лом, ба касе гуфта мешавад, ки Худованд ӯро холис кардааст, аммо мухлис, ба касри лом, ба касе гуфта мешавад, ки аъмолашро бо ихлос ва фақат барои Худо анҷом медиҳад. Мартабаи мухлас бисёр болотар аз мартабаи мухлис аст) муаррифӣ шудаанд:

وَاذْكُرْ عِبَادَنَا إبْرَاهِيمَ وَإِسْحَقَ وَيَعْقُوبَ أُوْلِي الْأَيْدِي وَالْأَبْصَار إِنّا أَخْلَصْنَاهُم بِخَالِصَةٍ ذِكْرَى الدَّار

“Ва бандагони мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, соҳибони дастҳо [киноя аз биниш ва басират дар дин ва ҳақиқат]-ро ёд кун. Мо эшонро бо хулуси вижжае холис кардем ва он ёдоварии сарои охират аст.” (Сураи Сод, ояти 45 ва 46; ҳамчунин ниг: Сураи Марям, ояти 51; Сураи Юсуф, ояти 24.)

Аз сӯи дигар, дар онҷо ки шайтон савганд ёд кардааст, ки ҳамаи фарзандони Одамро гумроҳ хоҳад кард, бандагони мухласро истисно кардааст:

قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِين ِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ

[Иблис] гуфт: пас ба иззати ту савганд, ки ҳамаи онҳо [фарзанди Одам]-ро гумроҳ мекунам, магар бандагони мухласи туро аз онон.” (Сураи Сод, ояти 82-83.)

Равшан аст, ки Иблис агар метавонист, бандагони мухласро низ гумроҳ месохт ва истиснои онҳо танҳо ба хотири аҷз ва нотавонии ӯ аз гумроҳ кардани эшон аст. Бинобарин, аз раҳгузари ин оёт метавон дарёфт, ки шайтон роҳе барои фиреб ва иғвои паёмбарон надорад.

Рози исмати паёмбарон аз гуноҳ
Барои он, ки рози исмати паёмбарон аз гуноҳ равшан шавад, баёни як муқаддима зарурӣ аст:
Инсон мавҷуди мухтор аст ва корҳои худро бар асоси ихтиёр ва интихоб анҷом  медиҳад. Ҳар кореро муфид ва судманд ташхис диҳад бармегузинад ва ҳар ончиро, ки зиёнбор бидонад раҳо мекунад, магар онон, ки ба иллати сустии ирода ва адами тасаллут бар нафси хеш, бар хилофи ҳукми ақли худ амал мекунанд. Бинобарин, ташхис- яъне илм ба судманд будан ва ё зиёнбор будани як амал- нақши бисёре дар анҷом ё тарки он дорад.
Ба ҳамин далел аст, ки инсони алоқаманд ба зиндагонии худ ҳаргиз худро дар оташ намеафканад ва ё заҳри кушандаро намехӯрад. Ӯ бо он ки бар анҷоми ин кор қодир аст ва метавонад онро муртакиб шавад, аммо ҳаргиз даст ба чунин коре намезанад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин муқаддима мегӯем: Анбиёи Илоҳӣ ду вежагӣ доранд, ки ононро аз иртикоби ҳар гуноҳе масун медорад:
Вежагии нахуст: Илм ва имони том ва комили онон ба осори бади гуноҳон аст, ба гунае ки ҳар гуноҳе назди онон, оташи сузон ва заҳри муҳлик аст.
Вежагии дуввум: Иродаи нерӯманд ва қаввӣ дар маҳори тамоюлот, шаҳватҳо ва ғазабҳои нафсонӣ аст. Паёмбарони Илоҳӣ инсонҳои воло ва баргузидае ҳастанд, ки ҳеҷ заъф ва сустие дар иродаи онон роҳ надорад.
Бар асоси ин ду вежагӣ, ҳеҷ як аз паёмбарон дар ҳеҷ шароите муртакиби гуноҳе намешаванд; ҳарчанд қудрат бар он доранд.

 Натиҷа
Исмат дар луғат ба маънои манъ ва ҳифз аст ва мурод аз исмати паёмбарон он аст, ки онҳо: а). Дар мақоми дарёфт, ҳифз ва иблоғи ваҳй аз ҳар иштибоҳе масунанд; б). Аз иртикоби ҳар гуна гуноҳе мубарро ва пок мебошанд.
Бар ин ҳақиқат, ки анбиё дар дарёфт, ҳифз ва иблоғи ваҳй маъсуманд ва ҳеҷ иштибоҳ ва хатое низ дар кор нест, ҳамаи мутакаллимони мусулмон иттифоқи назар доранд.
Ҳамон далели ақлӣ, ки бар лузуми беъсати паёмбарон далолат дорад, буъди нахусти исматро низ ба исбот мерасонад, зеро ҳидояти инсонҳо аз тариқи ваҳй танҳо дар сурате ба наҳви комил бароварда мешавад, ки ҳеҷ хатое дар мароҳили дарёфт ва фаҳм ва иблоғи паёми Худо сар назанад. Худои Ҳаким, Алим ва Қадир мехоҳад, медонад ва метавонад воситаҳои шоистаеро баргузинад ва онҳоро аз ҳар гуна лағзиш ва хатое дар адои рисолати худ, нигоҳ дорад. Қуръони Карим низ бар ин амр далолат дорад.
Дар мавриди исмати анбиё миёни мутакаллимони аҳли суннат ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале ончи мухтор дар назди акобир ва бузургони эшон аст, паёмбарони илоҳӣ аз ҳар гуноҳе чи қабл ва чи баъд аз нубувват маъсум ва мубарро ҳастанд ва бинобар қавли асаҳ ҳатто аз рӯи саҳв ва нисён ҳам гуноҳе аз эшон сар намезанад.
Исмати паёмбарон ба ин маъност, ки онон дорои малакаи нафсонии нерӯманде ҳастанд, ки дар ҳар шароите эшонро аз анҷоми гуноҳ боз медорад.
Далели ақлӣ бар исмати паёмбарон он аст, ки агар аз паёмбарон гуноҳе сар занад, эътимоди мардум аз онон салб мегардад. Дар натиҷа ҳадаф аз беъсати эшон ба таври комил, таҳаққуқ нахоҳад ёфт.
Далели нақлӣ бар исмати паёмбарон он аст, ки: а). Қуръони Карим бисёре аз анбиёро ба унвони бандагони мухлас муаррифӣ кардааст. б). Аз оёти Қуръон ба даст меояд, ки шайтон аз гумроҳ сохтани мухласон нотавон аст.
Рози исмати анбиё дар он аст, ки онҳо аввалан: Илм ва имони комил ба осори бади гуноҳ доранд. Сониян: Аз иродаи нерӯманд дар маҳори тамоюлоти нафсонӣ бархӯрдоранд.

1 ШАРҲ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед