Интихоби дину мазҳаб иҷборӣ нест

0
205

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Интихоби дину мазҳаб иҷборӣ нест

Худованди Мутаол паёмбарони илоҳиро барои ҳидояти башар фиристодааст ва ин паёмбарони илоҳӣ тамоми саъй ва талоши худро ба кор гиритфанд то қавми худро аз васвасаҳои шаётонӣ боз доранд ва масири саодат ва комёбии бузургро ҳамвор созанд. Паёмбарони илоҳӣ бисёр вазифаҳои сахте дошта, чароки тоғуту шайтонҳои замона ҳеҷгоҳ тамомӣ надоштанд ва ҳамеша саъй дар гумроҳ кардани мардум доштанд, аммо паёмбарони илоҳӣ бар анҷоми итоати илоҳӣ маъмур буда ва дар ин роҳ пойдорӣ карда ва тамоми дарду ранҷ ва озору азиятҳоро ба худ қабул карданд то мардум бо фаҳми дуруст ва озодона тасмим гирифта ва ояндаи худро бисозанд.

لَا إِکرَاهَ فِی الدِّینِ قَد تَّبَیَنَ الرُّشدُ مِنَ الغَیِّ فَمَن یَّکفُر بِالطَّاغُوتِ وَ یُؤمِن بِاللهِ فَقَدِ استَمسَکَ بِالعُروَةِ الوُثقَی لَا انفِصَامَ لَهَا وَاللهُ سَمیعٌ عَلِیمٌ

“Ҳеҷ икроҳ (ва иҷборе) дар дин нест, ба ростӣ ҳидоят аз гумроҳӣ равшан шудааст, пас ҳаркас ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад дар ҳақиқат ба дастовези усутворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест, ва Худованд шунавои доност.” (сураи Бақара, ояти 256)

Дин як даста аз маорифи илмӣ ҳаст, ки муҳимтарин ва асоситарини он маориф “эътиқодот” мебошанд ва ин эътиқоду имон ҳам қалбӣ аст дар натиҷа икроҳу иҷобор дар он роҳ надорад; икроҳ ва иҷбор танҳо дар амалу рафторҳои зоҳирӣ аст, ки ҳаракатҳои моддӣ ва баданиро шомил мешаванд, аммо эътиқоди қалбӣ иллатҳо ва сабабҳои дигаре аз ҷинси худи эътиқод дорад ва номумкин аст, ки масалан ҷаҳлу нодонӣ натиҷааш илм бошад.
Ин ояти шарифаи сураи Бақара далели муносибе бар ин аст, ки асоси дини Ислом шамешру хун нест ва икроҳу зӯр супориши Ислом нест; мумкин аст савол шавад, ки пас чигуна ҷиҳод аз аркони дин аст? Дар посух бояд гуфт он ҷангу ҷиҳоде, ки дини Ислом мусулмононро ба он даъват кардааст бар меҳвари қудрату зӯр нест ва дини Ислом нахостааст, ки бо икроҳу иҷбор динро густаришу тавсеа диҳад ва бо зӯру иҷбор мардумро мусулмон кунад, балки мелоку асос “ҳақ” аст ва Ислом аз ин рӯ ҷиҳодро рукн медонад, ки ҳақро зинда карда ва аз зеботарин сармояҳои фитрат, яъне тавҳид ва яктопарастӣ дифоъ кунад ва ба яқин мусулмон касе, аст ки мардум аз ӯ эмин бошанд ва ин нишонаи барҷастаи як мусулмони ҳақиқӣ аст, ки кӯчактарин озору азият ба ҳамнавъи худро раво намедонад.

عَن أبی الخَیر إِنَّ رَجُلًا سَأَلَ رَسول الله صَلَّی اللهِ عَلَیهِ وَ ءالِهِ وَ سَلَّمَ: أَیُّ المُسلِمین خَیرٌ؟ قالَ: مَن سَلِمَ المُسلِمونَ مِن لِسانِهِ وَ یَدِهِ

Марде аз Расули Худо(с) савол пурсид, ки беҳтарин мусулмон чӣ касе аст? Ҳазрат дар ҷавоб фармуд: “Касе, ки мусулмонон аз забону дасташ дар амон бошанд” (Саҳеҳ Муслим, ҳадиси 41)

Худованди Мутаол аз тариқи паёмбаронаш роҳу равиш ва шакли зиндагии солим ва саодатмандона бар пояи ахлоқу инсоният дар ҷомеаи исломиро барои бандагонаш баён кардааст ва паёмбаронашро беҳтарин намуна барои комёбии инсон ба растгорӣ муаррифӣ намудааст ва яке аз аҳдофи бузурги биъсати анбиё даъвати мардум ба сӯи ҳақ ва масаълаи “ҳидоят” ва ҳидоятгарӣ” аст. Агар шахсе бихоҳад ба як рисмони мустаҳкам чанг андозад ва дар ин роҳ аз газанди васвасаҳои тоғут дар амон бошад муҳимтарин рисмон, ин ҳидоят аст. Ҳоло бояд донист, ки кадом ҳидоят ҳақ аст ва кадом ҳидоят ботил. Ташхис ва таъйини саҳеҳи ин масъала мумкин аст шахсро ба болотарин мартабаи инсоният бирасонад ва ё агар дар роҳи шинохти ҳақ ва ҷудо кардани роҳи ҳақ аз ботил хато кунад гирифтори васвасаҳои тоғут шуда ва ба бероҳа меравад.
Бояд донист, ки дину мазҳаб рӯҳу фикр ва андешаҳои асосии инсонро ҷиҳат мебахшад ва асосаш бар имону яқин устувор аст ва ба яқин роҳе ғайр аз мантиқу истидлол наметавонад бошад ва аз ин ҷиҳат “дар дин иҷборе нест” ба ҳамин ишора дорад.
Дар замони садри Ислом баъзе аз бехабарон аз Расули Худо(с) мехостанд, ки ӯ ҳамчун ҳокимон бо зӯру худкомагӣ иқдом ба тағйири ақида ва боварҳои мардум кунад ва ин ояти шарифаи сураи Бақара ба онҳо посух дод, дину ойин чизе нест, ки бо икроҳу иҷбор таблиғ гардад, ба хусус инки дар партави далелҳои равшан ва муъҷизаҳои ошкор роҳи ҳақ аз ботил ошкор шавад. Ин ояти Қуръони Карим посухи дандоншикане аст ба онҳое, ки тасаввур мекунанд Ислом дар баъзе аз мавқеиятҳо ҷанбаи таҳмилӣ ва иҷборӣ дошта ва бо зӯру шамшер ва қудрати низомӣ пеш рафта ва густариш ёфтааст.
Масъалаи муҳими дигар ин аст, ки аз баррасии ҷангҳои исломӣ ошкор мешавад, ки аксарияти ҷангҳо ҷанбаи дифоӣ дошта ва он бахши дигар, ки ҷанбаи ҷиҳоди ибтидоӣ доштааст, низ барои кишваркушоӣ ва иҷбори мардум барои гаравидан ба Ислом набудааст, балки ҳадафи ҷангҳо сарнагун кардани низомоти ғалати тоғут ва ҳокимони золим будааст ва Ислом дар талош барои додани ҳаққи фикру андеша ва зиндагии саҳеҳи иҷтимоӣ будааст. Таърих ҳам ба ин сухан гувоҳӣ медиҳад, ки ҷону молу номуси мардум барои Ислом арзиши боло дорад ва муҳтарам аст ва ҳатто мусулмонон баъди пирӯзӣ дар як ҷанг мардуми он шаҳрро аз анҷоми маросимҳои ибодӣ манъ намекарданд ва онҳо озодона зиндагӣ мекарданд.
Дини Ислом барои падар ҳам иҷоза надодааст, ки фарзанди худашро барои тағйири ақида зери фишор қарор диҳад. Агар чунин масъалае вуҷуд дошт ҳатман қабл аз ҳар кас ба падар дар бораи фарзандаш иҷоза дода мешуд, аммо чунин ҳаққе ба ӯ дода нашудааст.
Аз нигоҳи Ислом масъалаи интихоби дин, мазҳаб, раъй, ақида ва бовар ҳеҷгоҳ наметавонад аз рӯи иҷбор бошад, ба ду далел:

  1. Зӯру иҷбор аз сӯи касе анҷом меёбад, ки барои ҳарфи худаш далели саҳеҳу мантиқӣ ва муъҷизаи ошкор надорад. Дини Ислом бо ин ҳама далелҳои равшан, ки бузургттарини онҳо Қуръони Карим аст дигар ба иҷбор ниёз надорад. Ислом далелҳои худашро ироа намуда ва роҳи саодатро барои башар баён кардааст ва интихоб ба ӯҳдаи башар аст:

إِنَّا هَدَینَاهُ السَّبِیلَ إِمَّا شَاکِرًا وَ إِمَّا کَفُورًا

“Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ шокир бошад ва (қабул кунад), хоҳ носипосӣ кунад.” (Инсон, 3)

  1. Нигоҳи дигари Ислом ин аст, ки дин як даста эътиқдоти қалбӣ аст ва зӯру қударти низомӣ дар ҳаракоти ҷисмонӣ мумкин аст асари худро боқӣ гузорад, аммо наметавонад дар фикру андеша ва эътиқодоти инсон асарбахш бошад ва Ислом роҳу тариқи саҳеҳро баён кардааст, агар ботил ҳам роҳи дурусти Исломро қабул накунад боз хаёл мекунад, ки дар ҳамон ботили худаш ба ҳақ аст ва ҳақиқатро фаҳмидааст, ҳар чанде, ки роҳу маслакаш ҳам ботил бошад. Ба ин далел, ки интихоб ва қабули дин реша дар бовари қалбӣ дорад.

Гоҳе инсон дар муқобили ҳақ сар хам мекунад барои инки ҳақ ӯро аз азобҳое, ки бо дасти худаш фароҳам овардааст бираҳонад, гоҳе ҳам дар баробари ҳақ сар хам мекунад то аз дигар вобастгиҳои дунявӣ раҳоӣ биёбад, гоҳе ҳам барои инки ба хостаҳои худаш бирасад ва ниёзҳояш рафъ гардад ва гоҳе ҳам хостори биҳишту неъмати илоҳӣ аст, аммо ин тақво ва Худобоварии фитрӣ аст, ки тамоми бандагон онро доранд ва бо “тақво” метавон як интихоби саҳеҳ кард. Зеро ҳадафи аҳли тақво, раҳоӣ аз ҳар навъ вобастагӣ ва гирифторӣ ба дунё ва расидан ба озодие, ки танҳо дар сояи тақарруб ба Парвардигор ва бандаи ростини Худованди Мутаол будан аст.
Вақте, ки саломат ва дармони ҷомеа дар гарави диндорӣ ва боварҳои саҳеҳ аз дин бошад, ҳамин дин ҳамчун як муаллими дилсӯзу меҳрубон ҷомеаро солим мекунад ва асоси ақлу хираду андешаро барқарор месозад ва мардум ба дур аз васвасаҳои шайтонӣ метавонанд тасмимоте барои имрӯзу фардои худ бигиранд ва ризояти Худованди Мутаол зебандаи зиндагии онҳо бошад.
Умед аст, ки бо дарки саҳеҳи дин ва шинохти ҳақ аз ботил бо тавфиқи илоҳӣ, дар роҳи мубориза бо ботил беш аз пеш пойдортар ва дар роҳи дифоъ аз ҳақ собитқадамтар бошем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед