Имон ва ёди Худованд асли оромиш

0
146

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Имон ва ёди Худованд асли оромиш

Муқаддима
Инсон дар зиндагии моддӣ ва маънавие, ки дорад, гоҳ оромиш дорад ва гоҳ дучори нооромиҳое мегардад, ки изтироб номида мешавад.
Шакке нест, ки ҳар кадом аз ин ду ҳолат, ки як унсури рӯҳӣ ва маънавӣ ҳастанд, дар зиндагии моддии инсон низ таъсир мегӯзоранд, аз ин ҷиҳат ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва тафаккур ва тааммули инсонҳои аҳли илму дониш қарор дошта ва доранд.
Равоншиносон ва ҷомеашиносон, ҳамеша назарияҳое барои ёрӣ ба инсонҳои гирифтори дарди нооромӣ ироа намудаанд ва албатта ҳамчун дигар мавридҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ, дар мавридҳое тавонистаанд ба роҳкорҳои асаргӯзоре бирасанд.
Аммо, бо нигоҳ ба маорифи Қуръони Карим ва сираи набавӣ, ки ду манбаи асосии мусалмонон мебошанд, ба ин натиҷа мерасем, ки бисёре аз сабабҳои расидан ба оромиш, дар ин ду манбаи динӣ вуҷуд доранд ва балки роҳкорҳои асоситареро мешавад аз он ду ба даст овард, ки гоҳ аз диди инсонҳо ба дур мондаанд.
Ва гоҳ баъзе аз онҳо бо инҳирофе дар равиш ва ё аҳдоф, мавриди истифода қарор гирифтаанд, аз ин ру инсонҳоро дучори тазод дар зиндагӣ ва ё инҳироф дар бовар ва имон намудаанд.
Яке аз мавридҳои асосӣ, ки сабаби бероҳа рафтани инсонҳо мешавад ва онҳоро гирифтори тазоди зиндагии маънавӣ ва моддӣ мекунад, беэътиқодӣ нисбати масъалаи “тавҳид” аст.
Чун ба ҷойгоҳи Худованд, он гуна, ки лозим аст, бовар надоранд, дар бисёре аз мавридҳо гирифтори масъалаҳои хурду калон ва ё ночиз мегарданд ва зиндагии динмадоронаро, бо лаззатҳои мавҷуд дар дунё зид мепиндоранд.
Ин гуна аст, ки рӯҳияи ноором, бар рӯҳияи ороми онҳо бартарӣ пайдо мекунад ва дар дуроҳаи ғалати “диндорӣ ва ё дунёдорӣ” қарор мегиранд.
Асл ин аст, ки инсон дар ҳама ҳолатҳо, амри худро ба пешгоҳи Худованд ва Паёмбараш(с) ироа намояд, то роҳи ҳалли асосиро аз онҳо касб кунад ва худро аз дуроҳаҳои хайру шар, бо саломат бираҳонад.
Чунон, ки Худованди Таоло фармуд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللّهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا

“Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва Паёмбарро итоат кунед ва Улу-л-амри худро. Ва агар дар чизе низоъ намудед, пас, онро ба Худо ва Расулаш бозгардонед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред. Ин барои шумо беҳтар ва хушоқибаттар аст.” (Сураи Нисо, ояти 59)

Худованд  дар ин оят ба бандагони мӯъмин мефаҳмонад, ки вақте дар коре ихтилоф кардед ва роҳи расидан ба ҳаққро хостед, бидонед, ки беҳтарин ва бартарини он дар Қуръон ва Суннат аст.(Тафсири Табарӣ, саҳ 87, сураи Нисо, ояти 59)
Худованд медонад шумо чигуна ба оромиш мерасед ва чигуна аз он дӯр мегардед ва паёмбарони илоҳӣ беҳтарин ва бартарин улгӯҳои оромишбахшро мешиносанд ва ба инсонҳо меомӯзанд.
Пас, беҳтар ин аст, ки ба онҳо рӯҷуъ кунем ва аз онҳо бипурсем, кадом роҳҳо барои касби оромиш беҳтар ҳастанд.
Дар ин гуфтор, бо тамассук ба ҳамин маъно, нигоҳе хоҳем дошт ба оятҳо ва маорифи қуръонӣ, дар бораи роҳҳои касби оромиш дар ҳаёти моддӣ ва маънавии инсонҳо.

  1. Имон ба Худованди Мутаол

Имон аввалин ва асоситарин унсури оромишбахш барои инсонҳо аст.
Дар як нигоҳи ҷомеъ, метавон инро ба даст овард, ки бештарин норомиҳо дар натиҷаи надоштани имон ва умед ба як манбаи бартар ва тавонотар эҷод мегардад.
Вақте инсон нисбати корҳое, ки мекунад ва ё камбудӣ ва мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ мебинад, ноумед мегардад ва ҳеҷ манбаъ ва маншаи хайреро, ки битавонад онҳоро бартараф намояд, намешиносад, оромиш аз ӯ дур мегардад ва изтироб ва тарси лаҳзаӣ, ӯро фаро мегирад.
Ин ҳолат, ӯро нотавонтар, заифтар ва шиканандатар мегардонад  ва дар натиҷа, дар сахтиҳои рӯҳӣ ва ҷисмии бештар  гирифтораш мегардонад. Аммо вақте ба Худованд имон дошт, Ӯ низ ӯро ҳидоят ва ёрӣ мекунад, то аз сахтиҳо, бо оромиш берун равад.
Чунон, ки Қуръони Карим  фармудааст:

هُوَ الَّذِي أَنزَلَ السَّكِينَةَ فِي قُلُوبِ الْمُؤْمِنِينَ لِيَزْدَادُوا إِيمَانًا مَّعَ إِيمَانِهِمْ وَلِلَّهِ جُنُودُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا

“Ӯ Зотест, ки оромишро дар дилҳои мӯъминон фурӯ фиристод, то имоне бар имонашон биафзоянд; ва лашкарҳои осмонҳо ва замин аз они Худост; ва Худованд донои ҳаким аст.” (Сураи Фатҳ, ояти7)

Худованд мефармояд, Мо сакина ва оромишро дар қалби инсонҳои бо имон, зиёд мекунем ва имонашонро низ бештар мегардонем. Онҳо ҳамеша бо лашкарҳои илоҳӣ пуштибонӣ мешаванд, то ба оромиши бештар бирасанд. Ҳамчунин мефармояд, агар касе имон биёварад ва имонашро бо зулм олуда накунад, Худованд оромиши беназире барояшон эҷод мекунад.

الَّذِينَ آمَنُوا وَ لَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُمْ بِظُلْمٍ أولئِکَ لَهُمُ الْأمْنُ وَ هُمْ مُهْتَدُونَ

“Касоне, ки имон оварданд ва имонашонро ба зулме олуда накарданд, онҳоянд ки барояшон эминӣ аст; ва онҳо ҳидоятёфтагонанд.” (Сураи Анъом, ояти82)

Аммо вақте инсоне ба Худованд имон надошт ва бар Ӯ куфр варзид, дучори гирифторӣ мешавад ва тарсу нооромиҳо, зиндагиашро фаро мегирад.
Чунон, ки Худованд  фармудааст:

سَنُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُواْ الرُّعْبَ بِمَا أَشْرَكُواْ بِاللّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَمَأْوَاهُمُ النَّارُ وَبِئْسَ مَثْوَى الظَّالِمِينَ

“Ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд ваҳшат меафканем, ба хотири ин ки чизеро бо Худо шарик қарор додаанд, ки далеле бар он нафиристодааст; ва ҷояшон оташ аст ва чи бад аст ҷойгоҳи ситамгарон.” (Сураи Оли-Имрон, ояти151)

  1. Зикру ёди Худованди Мутаол

Яке дигар аз унсурҳои асосии эҷод ва ҳифзи оромиш дар қулуби мӯъминон, зикри Худованд аст.
Худованди Мутаол мефармояд:

الَّذِينَ آمَنُوا وَ تَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِکْرِ اللَّهِ ألاَ بِذِکْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

“[Ҳамон] касоне, ки имон оварданд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад. Огоҳ бошед! Фақат бо ёди Худо дилҳо ором мегирад.” (Сураи Раъд, ояти28)

Касе ба манбаи аслии ҳастӣ, яъне Худованди Ҳаким имон дорад, Ӯро ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунад,  балки дар ҳама ҳол, зикри Ӯро меҳвар қарор медиҳад. Зикри Худованд, ҳамфикрӣ, ҳамзабонӣ ва ҳамрафторӣ аст.(Ибни Умар, Сиратус-соликин)
Инсони мӯъмин, чунон ки дар фикру эътиқодаш Худоро меҳвар қарор додааст, ҳамаи корҳоро бо ному ёди Ӯ оғоз мекунад ва дар рафтораш низ, он гуна аст, ки Ӯ мехоҳад.(Тафсири Сирот, сураи Мӯъминун)
Ин гуна ёди Худованд, сабаби оромиши фикрӣ, гуфторӣ ва рафторӣ мегардад ва мӯъминро дорои эътимод дар ҳама ҳолатҳо мегардонад.
Ҳамон чизе, ки равоншиносон ва ҷомеашиносон дар талошанд онро барои кӯдакон, ҷавонон ва мардону занони ҷомеа илқо(фаҳмондеҳӣ) намоянд, то ҷомеаи солим, фаол ва пурталоше дошта бошанд, аммо гоҳ ба сабаби беимонӣ ва дурӣ аз манбаи аслии ҳастӣ, дучори дугонагӣ ва тазоди диндорию дунёдорӣ мегарданд ва дар натиҷа оромиши ҳақиқӣ аз онҳо дур мегардад.
Ҷамъбандӣ
Инсон аз аввали хилқат, аз назари рӯҳӣ ва ҷисмӣ, ду ҳолати изтироб ва оромишро таҷриба кардааст ва ҳамеша барои наҷот аз изтироб ва расидан ба оромиш, талош намудааст. Ақлу таҷрибаҳо, барои онҳо роҳкорҳоеро омӯхтааст, то худро ором гардонад. Аммо, чун гоҳе бо имон ва тавҳид ҳамроҳ набудааст, дучори инҳироф ва пучӣ ва дар натиҷа, он чиро унсури оромишбахш донистаанд, худ барояшон заминаи нооромиҳо мегардад.
Қуръони Карим, китоби ҳидоятбахши илоҳӣ, инсонҳоро барои касби ҳидоят ба беҳтарин равишҳо роҳнамоӣ кардааст. Худованд дар оятҳои зиёде роҳи касби оромишро баён намудааст, ки яке аз асоситарини онҳо, доштани имон ба Худованди Қодири Ҳаким мебошад.
Агар инсон ба Худованд имон дошт ва худро ба Ӯ васл намуд, Ӯ низ ҳидояташ мекунад ва дар дилаш оромише меандозад, ки ҳеҷ чиз онро аз ӯ намегирад. Магар ин ки имонашро аз даст бидиҳад ва нисбати Худованд куфр варзад, ки онгоҳ, Худованд тарсу ваҳшат ва изтиробро дар қалбаш ҷой мекунад ва зиндагиаш ноором мегардад.
Пас, инсони мӯъмин, ғайр аз имон, бояд ёди Худовандашро низ дар ҳама ҳолатҳо дошта бошад. Агар ба ёдаш буд, ҳамеша дар амният қарор мегирад ва ин амнияти фикрӣ ва гуфторӣ ва рафтории ӯ, дигаронро низ дар амният қарор медиҳад ва ингуна аст, ки ҷомеаи амн ва ором эҷод мегардад. Худоё! Моро аз мӯъминони зокир бигардон ва андеша, гуфтор ва рафторамонро мояи оромиши худ ва дигарон, қарор бидеҳ.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед