Имон аз назари мотуридиён(бахши ёздаҳум)

0
8

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда) аз назари мутакаллимони исломӣ

Аз ҷумла баҳсҳое, ки дар мавриди масъалаи имон матраҳ мешавад, баҳси “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда, имон шахси пайравӣ кунанда)” мебошад.

Манзур аз “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда) имони афроде аст, ки бидуни далел ва истидлол ва бурҳон ба Худованди Мутаол, Пайғамбари Акрам(с), пайғамбарони гузашта, китобҳои осмонӣ, зиндагии пас аз марг ва ғайра имон меоваранд ва ин имони онҳо фақат аз рӯи тақлид ва пайравӣ аз дигарон аст ва барои имони худ далел ва истидлоле надоранд.

Асл дар ақоид ва масъалаҳои эътиқодӣ хусусан усули дин ин аст, ки бояд онҳо бар асоси далелу бурҳон ва истидлол исбот шаванд ва ҳар шахсе барои эътиқод ва имон ба масъалаҳои ақидатӣ ва исботи онҳо, барои худ далел ва истидлол ва бурҳон дошта бошад, ҳар чанд он далел ва бурҳон ва истидлол содда ва осон ва авалия бошад. Бар хилофи масъалаҳои фиқҳӣ, ки дар онҳо лозим нест ҳар шахсе худ барои ҳар масъалаи фиқҳӣ далелу бурҳон ва истидлол дошта бошад, балки метавонад бо тақлид ва пайравӣ аз дигарон онҳоро қабул кунад.

Ҳоло масъала ва сухан дар баҳси “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда) он аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба инки ақоид ва масъалаҳои эътиқодӣ хусусан усули дин бояд бар далелу бурҳон ва истидлол исбот шаванд, оё “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда), ки барои имони худ далел ва истидлоле надорад ва фақат имони худро бар асоси тақлид ва гуфтори дигарон бино кардааст, эътибор дорад ё на? Ба иборати дигар, бо таваҷҷӯҳ ба беэътибории тақлид ва пайравӣ аз дигарон дар масъалаҳои эътиқодӣ ва усули дин, инсоне ки барои имони худ далел ва бурҳоне надорад ва танҳо далел ва истидлоли ӯ тақлид ва пайравӣ аз шахси даъваткунанда аст ва бар асоси тақлид ва бо такия бар гуфтори дигарон як динро қабул мекунад, оё он шахс мӯъмин ба шумор меравад ва дар доираи имон дохил мешавад, ё ҳануз бар куфри худ боқӣ мондааст?

Дар бори инки кайфияти ва чигунагии “имони муқаллид”  ба чи сурат аст, боаяд гуфт, ки он ба ду гуна имконпазир аст.  Равиш ва сурати аввал, ки бо мафҳуми тақлид низ созгор мебошад, ба ин маъно аст, ки муқаллид ва шахси тақлид кунанда динеро, ки ба қабул кардани он даъват шудааст, мепазирад, аммо аз қалб ва аз рӯи яқин ба ҳақонияти он эътиқод пайдо намекунад, балки саҳеҳ ва носаҳеҳ будани он дин ва масъалаҳои онро бар уҳдаи шахси даъваткунанда вогузор мекунад. Яъне бидуни эътиқоди қалбӣ ва яқинӣ он динро мепазирад ва дар бовари ҳақ будани он шакку тардид дорад. Равиш ва сурати дуввуми имони тақлидӣ он аст, ки шахси тақлидкунанда динеро, ки ба қабул кардани он даъват шудааст, мепазирад ва бо яқин ва қатъият ба ҳақонияти он имон меоварад, аммо ҷуз тақлид далел ва истидлоли дагаре бар ҳаққонияти он надорад.

Дар ботил ва нодуруст будани равиш ва сурати аввали имони тақлидӣ ҳеҷ шакке вуҷуд надорад ва тамоми донишмандон исломӣ чунин ақидаеро номуътабар дониста ва онро имон ба шумор намеоваранд, зеро он шахс дар ин ақидаи худ шак дорад ва шак бо имон ва тасдиқ ҷамъ намешавад. Ончи роҷеъ ба имони тақлидӣ миёни мутакаллимони исломӣ мавриди баҳс қарор мегирад, равиш ва сурати дуввуми имони тақлидӣ аст. Лизо баҳси мо дар ин мақола дар бораи равиш ва сурати дуввум аст. (Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 135 то 136)

Дар мавриди масъалаи “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда) миёни мутакаллимони исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад ва дар ин баҳс мутакаллимони исломӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Як гурӯҳ бар ин ақида ҳастанд, ки бояд имон бо далел ва бурҳон ва бар асоси истидлол ва илм бошад, лизо “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда) ботил аст ва эътибор надорад ва касе, ки бо такя ба гуфтори дигарон ва бо тақлид ва пайравӣ аз онҳо ба чизе имон биёварад, мӯъмин ба шумор намеояд. Гурӯҳи дигар асли имони муқаллидро саҳеҳ ва муътабар медонанд ва ӯро дар доираи имон дохил ва мӯъмин ба ҳисоб меоваранд, аммо он шахсро ба сабаби тарк кардани далел ва истидлол ва ба исбот нарасондани имони худ бо бурҳон, гуноҳкор медонанд. Гурӯҳи севвум имони шахси тақлидкунандаро саҳеҳ ва дуруст ва муътабар дониста ва худи ӯро низ гунаҳкор намедонанд. (Аҳмад Ал-Ҳарбӣ, Алмотуридияту даросатан ва тақвиман, саҳ 480)

Мо дар ин мақола дидгоҳи ду мактаби каломӣ, яъне Муътазила ва Ашоираро дар мавриди имони муқаллид ба сурати хулоса баён менамоем ва дар мақолаи баъдӣ, дидгоҳи макатаби каломии Мотуридияро баррасӣ хоҳем кард.

Фирқаи каломии Муътазила “имони муқаллид (имони шахси тақлид кунанда)-ро ботил медонанд ва онро саҳеҳ ва муътабар намедонанд. Онҳо бар ин боваранд, ки имон бояд аз рӯи далел ва истидлол бошад ва шахсе, ки имони худро бо такия бар тақлид ва гуфтори дигарон бино мекунад мӯъмин ба шумор намеояд. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 155)

Қунавӣ дар бораи дидгоҳи Муътазила дар ин маврид мегӯяд: ”Аз назари Муътазила фақат замоне ҳукм ба имони як шахс карда мешавад, ки тамоми ончиро, ки бояд ба онҳо эътиқод дошта бошад, бо далел ва истидлол бишносад ва исбот кунад, ба гунае, ки битавонад дар бораи онҳо бо душман баҳсу муҷодила намояд ва тамоми шубҳаҳоеро бар ӯ ворид мекунанд, ҳал кунад ва ҷавоб диҳад, ҳатто агар ба яке аз онҳо натавонад посух диҳад, бар ӯ ҳукми Ислом карда намешавад. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар, саҳ 403)

Аз назари Абулҳасани Ашъарӣ низ имон бояд бар асоси далел ва истидлол бино шуда бошад ва барои саҳеҳ ва дуруст будани имон, эътиқоди бурҳонӣ ва мубтанӣ бар далел ва истидлол лозим аст. Бар асоси бовари Ашъарӣ касе, ки аз рӯи тақлид ва пайравӣ ва бо такя бар гуфтори дигарон ба чизе имон биёварад, на кофир аст ва на мушрик, аммо мӯъмин ҳам ба шумор намеравад. Лизо онҳоро Ашъарӣ мӯъмин ба ҳисоб намеовард ва аз доираи имон хориҷ медонист ва итлоқи исми мӯъминро бар онҳо ҷоиз намедонист.

Бағдодӣ дар тавзеҳи ақидаи Ашъарӣ навиштааст:”Касе, ки ба ҳақ ақида дошта бошад, бо ҳамин эътиқод аз куфр хориҷ шудааст, зеро куфр ва эътиқод ба ҳақ дар тавҳид ва набувват, ду чизи зидди ҳам ҳастанд, ки бо якдигар ҷамъ намешаванд. Албатта шахси ақида дошта танҳо замоне шоистагии унвони “имон”-ро меёбад, ки ақидаи ҳақ ва дурусти худ дар мавриди ҳодис будани ҷаҳон, ягонагии холиқи ҷаҳон ва низ дар мавриди нубувватро бо истинод ба бархе аз далелҳои он дарк карда ва шинохта бошад, хоҳ онки ба хубӣ батавонад далели худро баён кунад ё натавонад чунин кореро анҷон диҳад. Ин ақидаи хоси Ашъарӣ аст. Ба ақидаи ӯ он касе, ки бар асоси тақлид ба ҳақ муътақид шавад, на мушрик аст ва на кофир, ҳар чанд ба таври мутлақ(комил) мӯъмин номида намешавад. (Абдулқоҳири Бағдодӣ,  Усули дин, саҳ 255)

Бинобар ин Ашъарӣ барои имони тақлидӣ эътиборе қоил нест ва эътиқоди тақлидиро имон наменомад. Аз назари ӯ имон ва тасдиқ бояд бар далелҳои ақлӣ ё нақлӣ бино шуда бошад.

Саъдуддини Тафтозонӣ, ки худ аз донишмандони мактаби Ашоира аст, дар тавзеҳи ақидаи Абулҳасани Ашъарӣ изҳор медорад, манзури Ашаъарӣ ин нест, ки чунин фарде воқеъан мӯъмин нест, балки аз назари ӯ чунин касе имони қавӣ ва комил надорад. Ҳар чанд худи Тафтозонӣ қоил ба ин аст, ки имони муқаллид, ба далели инки воқеъан тасдиқ аст, имон ба шумор меояд. (Саъдуддини Тафтозонӣ, Шарҳул мақосид фи илмил калом, ҷ 5, саҳ 220)

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки дар масъалаи “имони муқаллид” миёни мутакаллимони исломӣ се дидгоҳ вуҷуд дорад. Як гурӯҳ бар ин ақида ҳастанд, ки бояд имон бар асоси далел ва истидлол бошад, лизо имони муқаллид ботил аст ва эътибор надорад. Гурӯҳи дигар асли имони муқаллидро саҳеҳ медонанд, аммо он шахсро ба сабаби тарк кардани далел ва истидлол, гуноҳкор медонанд. Гурӯҳи севвум имони шахси тақлидкунандаро саҳеҳ ва муътабар медонанд ва худи ӯро низ гунаҳкор намедонанд.

Муътазила бар ин боваранд, ки имон бояд аз рӯи далел ва истидлол бошад, лизо имони муқаллидро ботил медонанд. Аз назари Ашъарӣ низ имон бояд бар асоси далел бино шуда бошад ва касе, ки аз рӯи тақлид ба чизе имон биёварад, на кофир аст ва на мушрик, аммо мӯъмин ҳам ба шумор намеравад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед