Имон аз назари мотуридиён(бахши шашум)

0
118

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ихтиёрӣ ва ё  ихтиёрӣ набудани имон  аз назари мотуридиён

Яке аз баҳсҳое, ки дар зери масъалаи муҳими “имон ” матраҳ мешавад ва мавриди баррасӣ қарор мегирад, баҳси “ихтиёрӣ ва ё  ихтиёрӣ набудани имон ”аст.

Баҳс дар ин масъала он аст, ки оё имон  як амри ихтиёрӣ аст ва бо ихтиёр ва иродаи инсон ҳосил ва касб мешавад ва ба даст меояд? Ё ихтиёрӣ намебошад ва метавонад бидуни ихтиёр ва иродаи инсон ва бидуни касби ӯ ҳосил мешавад ва баст меояд?

Мотуридиён дар масъалаи “ихтиёрӣ ё адами ихтиёрӣ будани имон ” бар ин ақида ҳастанд, ки имон  як амри ихтиёрӣ аст ва бо касбу иктисоб ва ихтиёри инсон ба даст меояд. Мотуридиён имон ро фақат аз ҷинси илму маърифат намедонанд. Улум ва маориф маъмулан беихтиёр ҳосил мешаванд ва танҳо заминаҳо ва муқаддимаҳои касб ва ба даст овардани онҳо дар ихтиёри инсон аст, аммо имон  як амри фаротар ва амиқтар аз илму маърифат аст. Яъне аз назари мотуридиён имонро наметавон фақат илм ва маърифт донист, балки илм ва маърифат заминасоз ва пешшарти имон  мебошад.

Мотуридиён барои исботи инки имон  илму маърифат нест, чунин истидлол мекунанд, ки агар имон  аз ҷинси илм ва маърифат бошад аввалан, бояд бисёре аз аҳли китоб, ки ба пайғамбарии Расули Худо(с) ва дини ӯ илм доранд, мӯъмин бошанд, дар ҳоле ки мо яқин дорем онҳо кофир ҳастанд. Дуввуман дар шариат ва дин, имон  мутааллақи таклиф аст ва таклиф ба афъоли ихтиёрӣ тааллуқ мегирад, дар ҳоле ки илм бидуни ихтиёр низ ҳосил мешавад. (Камолуддин ибни Ҳаммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ 178)

Дар киботи “Шарҳул ақоиду ан-насафия” низ дар ин бора омадааст: “Бархе аз Қадария (Қадария яке аз фирқаҳои каломӣ аст, ки қадар ва тақдири илоҳиро инкор мекунанд ва афъол ва аъмолро фақат ба бандагон нисбат медиҳанд) бар ин бовар ҳастанд, ки имон  ҳамон илм ва маърифат аст, ки олимони мо нодурустии онро ошкор кардаанд, зеро Аҳли китоб (масеҳиён, яҳудиён ва …) нисбат ба рисолати Пайғамбари Акрам(с) илм ва маърифат доштанд ва онро мешинохтанд, чуноне ки фарзандони худро мешинохтанд, бо ин ҳол ҳеҷ шаке дар кофир будани онҳо вуҷуд надорад, чун тасдиқ ва эътиқод надоштанд. Пас ба ночор бояд миёни шинохти аҳком ва имл пайдо кардан ба онҳо , бо тасдиқ онҳо ва эътиқод ба онҳо фарқ қоил шавем, зеро саҳеҳ аст, ки дуввумиро (тасдиқ ва эътиқодро) имон  биномем вале аввлиро (шинохти аҳком ва илм пайдо кардан ба онҳо) саҳеҳ нест имон  биномем”. (Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 82)

Ҳамонгуна ки дар баҳси “моҳият ва ҳақиқати имон ” баён гардид, мотуридиён моҳият ва ҳақиқати имонро тасдиқи қалбӣ ва эътиқоди қалбӣ медонанд, ки як навъ амали қалбӣ ва таслим аст. Бинобар ин, имон  як амри ихтиёрӣ аст, ки бо касбу иктисоб ва ирода ҳосил мешавад. Чуноне ки куфр як ами ихтиёрӣ аст.

Мулло Алӣ Қорӣ, яке аз мутакаллимони мотуридӣ дар мавриди ихтиёрӣ будани имон  менависад: “Худованд махлуқотро аз куфр ва имон  холӣ офарид, …  ва фақат дар онҳо қобилияти некӣ ва гуноҳро (имон  ва куфрро) қарор дод…, сипас ба имон  ва итоъат амрашон кард ва аз куфр ва маъсият манъашон фармуд. Пас онҳое, ки кофир шуданд, бо феъл ва ихтиёр ва инкор ва ҷаҳл ва исрори худ куфр варзиданд… ва онҳое, ки имон  оварданд, бо феъл ва ихтиёр ва хост ва иқрор ва забон ва тасдиқи худ бар асоси дастур ва иродаи Худованд имон  оварданд”. (Мулло Алӣ Қорӣ, Шарҳул фиқҳил акбар, саҳ 108)

Имом Абумансури Мотуридӣ дар китоби тафсири “Таъвилоту аҳли ас-сунна” дар тафсири ояти 71 сураи Моида дар ин маврид менависад: “Имон  аз назари луғат ҳамон тасдиқ аст, зеро зидди он такзиб (инкор кардан) аст. Пас воҷиб аст, ки зидди такзиб (инкор кардан) тасдиқ бошад ва тасдиқ низ бо қалб аст. Чуноне ки Худованди Мутаол мефарояд: ”… وَلَمْ تُؤْمِن قُلُوبُهُمْ…” (Ва қалби онҳо имон  наовардааст) (Сураи Моида, ояти 41). Ҳамчунин ин оят далолат бар он мекунад, ки имон , илм ва маърифт нест, зеро агар имон  илм ва маърифт бошад, воҷиб аст, ки зидди он ҷаҳл бошад, аммо чун зидди имон  такзиб аст, воҷиб аст зидди такзиб  тасдиқ бошад, тасдиқ ва имон  низ аз назари луғавӣ баробар ва ҳаммаъно ҳастанд. Ин масъала ба сабаби он аст, ки мумкин аст гоҳе илм ва маърифат бидуни касбу иктисоб ва анҷоми феъл дар қалб ҳосил шавад, аммо тасдиқ(имон ) ҷуз бо касбу иктисоб ҳосил намешавад.  Ба ин хотир аст, ки мегӯем: Ба дурустӣ имон  ҳамон илм ва маърифат нест, балки тасдиқ аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 3, саҳ 520)

Дар киботи “Шарҳул ақоиду ан-насафия” низ дар бораи ихтиёрӣ будани имон  омадааст: “Дар суханон бузургон зикр шудааст, ки тасдиқ иборат аст аз “таскин ва оромиш пайдо кардани қалб ва нафс” ба сабаби илм ва маърифате, ки аз хабарҳои хабардиҳанда ба даст меояд ва ин як амри касбӣ (амре, ки бо касбу иктисоб ва анҷоми феъл ҳосил мешавад ва ба даст меояд) аст ва бо ихтиёри тасдиқкунанда собит мешавад. Лизо бар он савоб дода мешавад ва дар раъс ва аввали ибодатҳо қарор мегирад. Бар хилофи илм ва маърифат, ки чунин нест, зеро мумкин аст бидуни касбу иктисоб ва анҷоми феъл ҳосил шавад, ҳамонанди инки вақте як ҷисм дар муқобили чашм қарор мегирад нисбат ба маърифат ҳосил мешавад, ки масалан он девор аст ё санг”. (Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 82)

Бинобар ин, аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён дар масъалаи “ихтиёрӣ ё адами ихтиёрӣ будани имон ” бар ин ақида ҳастанд, ки имон  як амри ихтиёрӣ аст ва бо касбу иктисоб ва ихтиёри инсон ба даст меояд. Онҳо барои исботи ин амр, имонро бо илм ва маърифт муқоиса мекунанд ва натиҷа мегиранд, ки имон  илм ва маърифат нест, зеро мумкин аст илм ва маърифат бидуни касбу иктисоб ва анҷоми феъл ҳосил шавад, дар ҳоле ки имон  чунин нест.

Имон аз назари мотуридиён (бахши панҷум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед