Имон аз назари мотуридиён(бахши севвум)

0
104

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Нисбат ва робитаи миёни амал ва имон аз дидгоҳи мотуридиён

Чуноне ки баён кардем, масъалаи “имон” яке аз масъалаҳои муҳим дар таърихи тамоми адён ба шумор меравад ва аз ҷойгоҳ ва нақши асосӣ дар омӯзаҳои адён бархӯрдор аст. Масъалаи имон дар дини мубини Ислом низ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти зиёде, ки ин масъала дар илми каломи исломӣ дорад, мутакаллимони мусалмон баҳсҳо ва шохаҳои гуногунеро зери масъалаи имон матраҳ ва баҳс кардаанд.

Яке аз ин баҳсҳои асосӣ ва аслӣ зери масъалаи имон, баҳси нисбат ва робитаи миёни амал ва имон аст. Саволи аслӣ дар ин баҳс он аст, ки нисбат ва робитаи миёни амал ва имон чӣ гӯна аст ва нақши аъмол дар имон чист ва чӣ таъсире доранд? Яъне оё амал ва феъл дар имон дахолат доранд ва дар он тағйир эҷод мекунанд ё на? Ё ба таъбири дигар оё амал ҷузъи имон ҳаст ё на?

Мо дар ин мақола қасд дорем нисбат ва робитаи миёни амал ва имонро аз назари мотуридиён мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор диҳем.

Мотуридиён бо пайравӣ аз имом Абуҳанифа дар ин масъала, ки аъмол дар моҳият ва ҳақиқати имон дахолат надоранд ва аъмол ҷузъи имон ба ҳисоб намеоянд, бо ҳам иттифоқи назар доранд. Имом Абумансури Мотуридӣ амалро шарте аз шартҳои имон намедонад, аммо барои мавриди қабул воқеъ шудани амали солеҳ, имонро шарти асосӣ медонад. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 7, саҳ 375, сураи Анбиё, ояти 94) Ба иборати дигар аз назари Мотуридӣ амал шарти имон нест, аммо имон шарти амал аст.

Ҳар ду мактаби каломии Аҳли суннат яъне Мотуридия ва Ашоира, амалро ҷузъи имон намедонанд ва бар ин ақидаанд, ки аъмол дар имон дахолат надоранд. Дар ҳоле ки бархе аз фирқаҳои каломӣ аз ҷумла Хавориҷ ва Муътазила аъмолро ҷузъи имон ба ҳисоб меоваранд, ки ҳар кадом аз ин дидгоҳҳо натиҷаҳои мутафовитеро дар пай доранд.

Мотуридиён барои исботи ин дидгоҳ ва назари худ роҷеъ ба ин ки аъмол ва афъол дар имон дахолат надоранд, бархе аз далелҳоро зиркр мекунанд. Аз ҷумла мегӯянд: Гоҳе як шахс имон меоварад, аммо фурсати амал кардан ба дастуроти Худовандро пайдо намекунад ва қабл аз амал кардан ва итоат кардан аз Худованд аз дунё меравад, ё гоҳе инсон ба сабаби иштибоҳ ва хато бархе аз аъмолро аз даст дедиҳад, ҳоло дар ин вақт, агар касе қоил ба ин бошад, ки аъмол ҷузъи имон аст ва дар имон дахолат доранд ва имон шомили амал низ мешавад, бояд ба хотири набуди амал ё кутоҳӣ дар амал, имони инсон низ аз байн биравад.

Абумуъини Насафӣ дар ин маврид мегӯяд: “Ба таҳқиқ касе ки имон меоварад ва тасдиқи қалбӣ мекунад, вале қабл аз анҷом додани ҳеҷ аҳкоме аз шариат ва ҳеҷ ибодате аз ибодатҳо ва қабл аз анҷод додани ҳеҷ аъмоле, аз дунё меравад, ин шахс муъмин аз дунё рафтааст. Вале агар бар асоси дидгоҳи онҳо (касоне, ки амалро ҷузъи имон медонанд) бошад, ин шахс мӯъмин аз дунё нарафтааст, зеро аъмоле анҷом надодааст, аммо ин сухан бо иҷмоъи тамоми мусалмонон, ботил аст”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 382)

Насафӣ ҳамчунин мегӯяд: “Агар онҳо (касоне, ки амалро ҷузъи имон медонанд) чунин ақида дошта бошанд, ки моҳият ва ҳақиқати имон бар маҷмуъи тамоми тасдиқи ва иқрори забонӣ ва аъмол сидқ мекунад, лозимаи ин сухан он аст, ки бо аз байн рафтани бархе аз онҳо ё тамоми онҳо, имон низ аз байн биравад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоиди ат-тавҳид, саҳ 381)

Насафӣ ҳамчунин дар китоби “Табсиратул адилла”- и худ менависад: Тамоми мусалмонон иттифақи назар доранд, ки имон фақат ба маҳзи эътиқод ва пеш аз анҷоми додани ҳар гуна амал ва ибодате таҳаққуқ мепазирад, аз ин рӯ ворид кардани аъмол дар доираи имон сабаби аз байн рафтани ин иҷмоъ мешавад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ  1080)

Аммо аслитарин далелҳои мотуридиён барои исботи ҷудоӣ ва тафкики амал аз имон ва мутааххир будани амал аз имон, истидлол ба оятҳои Қуръони Карим аст. Онҳо ба оятҳои зиёде аз Қуръони Карим истидлол ва истинод мекунанд, ки амалро дар канори имон ва ҷудо аз имон ва пас аз он овардаанд, ё имонро шарти пазируфтани амали солеҳ донистаанд.

Абусанои Ломишӣ, яке аз донишмандони мактаби Мотуридия дар ин бора менависад:

“Наметавон амалро ҷузъе аз имон донист, зеро Худованд миёни аъмол ва имон фарқ гузошта ва фармудааст:  “…وَمَن يُؤْمِن بِاللَّهِ وَيَعْمَلْ صَالِحًا …” “… Ва ҳар касе бар Худо имон оварда ва амали солеҳ анаҷом диҳад …”. (Сураи Талоқ, ояти 11) ва низ фармудааст: “يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ ” “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардидааст, чуноне ки бар касоне, ки қабл аз шумо буданд фарз шуда буд, шояд парҳезкор шавед ”. (Сураи Бақара, ояти 183) ки дар ин ояти Қуръон Худованд онҳоро бидуни амал “мӯъмин” номидааст.  Ҳамчунин Худованд фармудааст: “… وَالَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ ” “Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд … ”. (Сураи Бақара, ояти 82) ки дар ин оят аъмоли солеҳро бар имон атф кардааст ва ошкор аст, ки миёни ду чизе, ки яке бар дигарӣ атф шудааст, фарқ вуҷуд дорад. … Ҳачунин мо иттифоқи назар дорем бар инки агар касе тасдиқ ва иқрор дошта бошад ва пеш аз инки амал ва итоате ба ҷо оварад, билофосила марг домангири ӯ шавад, ӯ муъмин аз дунё меравад. Пас маълум мегардад, ки аъмол ҷузъи имон нестанд”. (Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 131)

Ин истидлолҳо ва истинодҳои Абусанои Ломишӣ бар оятҳои Қуръони Карим дар навишатҳои дигар мотуридиён низ вуҷуд дорад. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 381 то 382)

Лизо аз ончи баён гардид фаҳмида мешавад, ки аз назари мотуридиён аъмол дахолате дар имон надоранд ва аъмол ҷузъи имон ба ҳисоб намеоянд. Ба ин сабаб касе, ки имон дорад, яъне тасдиқи қалбӣ дорад, ҳар чанд ҳеҷ амале анҷом надода бошад ва ё ҳатто аз ӯ гуноҳе сар зада бошад, боз ҳам муъмин аст ва дар ниҳоят ба растгорӣ хоҳад расид ва ба биҳишт ворид хоҳад шуд.

Аммо инҷо як саволи асосӣ ба вуҷуд меояд ва он ин аст, ки пас нисбат ва робита миёни аъмол ва имон чист? Ва ё нақш ва таъсири аъмол дар имон чист? Ё ба таъбири дигар оё аъмол дар растгорӣ ё адами растгории инсон нақш ва таъсире доранд ё на?

Дар посух ба ин савол бояд гуфт, мотуридиён ҳар чанд амалро дар моҳият ва ҳақиқати имон дахолат намедиҳанд ва бар ин ақидаанд, ки мумкин аст шахс бидуни амал низ муъмин ба шумор ояд ва вориди биҳишт шавад, аммо чунин назар ҳам надоранд, ки аъмоли хубу бад дар растгорӣ ё адами растгории инсон ҳеҷ таъсир ва нақше надоранд. Аз назари онҳо шахси гунаҳкор ба андозаи гуноҳе, ки аз ӯ сар задааст, гирифтори азоби илоҳӣ мешавад ва сипас ба биҳишт меравад ва ё мумкин аст ба сабаби раҳмати илоҳӣ ва шафоати анбиё ва авлиёи Худо, гуноҳони ӯ бахшида шавад ва вориди биҳишт гардад. Бинобар ин замоне ки гуноҳ аз рӯи душманӣ ва хусумат ва куфр набошад, мункин аст сабаби азоб ухравӣ шавад, аммо сабаби мондани ҳамешагӣ ва ҷовидон дар  ҷаҳаннам намешавад. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 135. Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 140 то 142)

Аз назари онҳо аъмоли солеҳ ва нек низ дар растгории инсон нақш ва таъсири асосӣ ва муҳим доранд. Аз ҷумла нақши аъмоли солеҳ ва нек ин аст, ки аввалан шахс бар асоси ҳамон аъмоле, ки анҷом додааст подош мегирад ва натиҷаи ин подош аз ҳамон замони мурдани инсон ва ворид шудани ӯ ба қабр оғоз мегардад. Нақши дигари аъмоли солеҳ ва нек аз назари онҳо нақши ҷубронӣ аст, яъне аъмоли солеҳ ва нек метавонанд бархе аз гуноҳонро ҷуброн кунанд ва азоб онҳоро аз байн бибаранд ва инсон ба хотири онҳо азоб нашавад. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 135. Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 140 то 142)

Натиҷа

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён муътақиданд, аъмол дахолате дар имон надоранд ва аъмол ҷузъи имон ба ҳисоб намеоянд. Ба ин сабаб касе, ки имон дорад, ҳар чанд ҳеҷ амале анҷод надода бошад ва ё ҳатто аз ӯ гуноҳе ҳам сар зада бошад, боз ҳам муъмин аст ва дар наҳоят ба растгорӣ хоҳад расид ва ба биҳишт ворид хоҳад шуд. Яъне онҳо фақат имонро мелоки растгории инсон медонанд, аммо ин гуна нест, ки онҳо барои аъмол, чи аъмоли солеҳ ва нек ва чи аъмоли бад ва гуноҳ, нақш ва таъсире қоил набошанд, балки аз назари онҳо аъмол дорои нақш ва таъсири асосӣ ва муҳим дар растгорӣ ва адами растгории инсон мебошанд. Ончи онҳо дар ин маврид бар он таъкид доранд ин аст, ки инсон бо муртакиб шудани гуноҳ ва амали бад, дар ҳоле ки ин амали ӯ аз рӯи душманӣ ва куфр набошад, аз имон хориҷ намешавад ва дар дузах ҳам ҷовидон нахоҳад монд.

Имон аз назари мотуридиён(бахши аввал)

Имон аз назари мотуридиён(бахши дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед