Имон аз назари мотуридиён(бахши нуҳум)

0
16

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Истисно дар имон аз назари мотуридиён

Яке аз баҳсҳои дигаре, ки дар зери масъалаи муҳими “имон” матраҳ мешавад, баҳси “истисно дар имон“ аст. Истисно дар имон он аст, ки инсон бигӯяд “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ (ман мӯъмин ҳастам, агар Худо бихоҳад)”.

Дар масъалаи “истисно дар имон“ миёни мактаби каломии Мотуридия ва мактаби каломии Ашоира ихтилофи назар вуҷуд дорад ва яке аз масъалаҳои ихфтилофӣ миёни ин ду мактаби каломӣ ҳамин масъала аст. Ашоира истисно дар имонро ҷоиз медонанд. Яъне аз назари онҳо инсон бигӯяд “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ (ман мӯъмин ҳастам, агар Худо бихоҳад)”, ҷоиз ва саҳеҳ аст.

Мулло Алӣ Қорӣ дар мавриди ҷоиз будани истисно дар имон аз назари Ашоира менависад: “Ончи ки аз бархе аз Ашоира нақл шудааст ин аст, ки: Саҳеҳ аст гуфта шавад “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ”, зеро ончи ки мабно ва мелоки имону куфр ва саодату шақоват аст, поёни умри инсон ва замони мурдани ӯст. Чи басо як инсоне, ки тӯли умри худро бо куфру исён гузаронидааст, вале дар охири умри худ ва ҳангоми мурдан мӯъмин ва саодатманд аз дунё меравад ва чи басо як инсоне, ки тӯли умри худро бо имон ва шукргузорӣ сипарӣ кардааст, аммо дар поёни умр ва ҳангоми мурдан кофир ва шаққӣ аз дунё меравд”. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар , саҳ 397)

Аммо Мотуридиён истисно дар имонро ҷоиз ва саҳеҳ намедонанд ва муътақиданд, ки истисно дар имон нишонаи шакку тардид ва аз байн барандаи тасдиқ ва яқин аст. Ба ин хотир аз назари мотудирён ҷоиз ва саҳеҳ нест, ки шахс бигӯяд “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ”, балки саҳеҳ ва дуруст он аст, ки бигӯяд “ ман ҳақан мӯъмин ҳастам”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 486 то 491. Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 1, саҳ 577. Ҳамон,  ҷ 2, саҳ 290. Камолуддини Байёзӣ, Ишоротул маром мин иборотил имом, саҳ 56. Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 155. Ва …)

Имом Мотуридӣ дар китоби Ат-тавҳид мегӯяд: Истисно дар имон ҷоиз нест, зеро истисно дар мавриди шак ва тардид ба кор меравад ва Худованди Мутаол дар бораи имон, инсонро аз шаку тардид барҳазар доштааст ва манъ кардааст, чуноне ки мефармояд: “… إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا ”Мӯъминони воқеӣ танҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо ва Расулаш имон овардаанд, сипас ҳаргиз шаку тардид ба роҳ надодаанд … ”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 15), дар ҳоле ки аҳли нифоқ ҳамеша ба шаку тардид тавсиф шудаанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 487)

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар бораи ҷоиз набудани истисно дар имон аз ду навъ далел истифода мекунанд ва назари худро ба исбот мерасонанд.

Далели аввали онҳо барои ҷоиз набудани истисно дар имон он аст, ки лозимаи имон тасдиқи қалбӣ ва яқинӣ аст, аммо истисно нишона ва баёнгари шак ва тардид дар вуҷуди имон ва зидди қатъ ва яқин аст, лизо истисно дар имон ҷоиз нест.

Далели дигари мотуридиён дар ин бора бархе аз оятҳои Қуръони Карим аст, ки аз онҳо ҷоиз набудани истисно дар имон бардошт мешавад. Аз ҷумлаи инки Худованди Мутаол фармудааст:

“…أُولَـئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا… ”

“…Онҳо ҳамон мӯъминони ҳақиқӣ ҳастанд… ”. (Сураи Анфол, ояти 74)

Ин ояти Қуръон бо таъкиди фаровон, бар таҳаққуқи имон далолат дорад ва шаку тардид дар имонро, ки лозимаи истисно аст, рад мекунад.

“…آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللّهِ وَمَلآئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ”

“Пайғамбар, ба ончи аз суи Парвардигораш бар Ӯ нозил шуда, имон овардааст ва ҳамаи мӯъминон низ ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва фиристодагонаш, имон овардаанд… ”. (Сураи Бақара, ояти 285)

Дар ин ояти Қуръон, Худованд гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад ба имони касоне, ки ба Худо ва Расулаш ва рӯзи қиёмат имон овардаанд.

“قُولُواْ آمَنَّا بِاللّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيْنَا وَمَا أُنزِلَ إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَقَ وَيَعْقُوبَ وَالأسْبَاطِ وَمَا أُوتِيَ مُوسَى وَعِيسَى وَمَا أُوتِيَ النَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمْ ”

“Бигуед, мо ба Худо имон овардаем ва ба ончи бар мо нозил шудааст, ва ончи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва пайғамброн аз фарзандони ӯ нозил гардид ва (ҳамчунин) ончи бар Мусо ва Исо ва пайғамбарони дигар, аз тарафи Парвардигор дода шудааст  … ”. (Сураи Бақара, ояти 136)

Худованд дар ин ояти Қуръон ошкоро ба афрод дарстур медиҳад, ки ба равшанӣ ва қатъият имони худро эълон доранд. Мотуридиён бо иборати “قُولُواْ آمَنَّا بِاللّهِ”, қатъияти имон ва холӣ будани имон аз шаку тардидро лозим шуморидаанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 487)

Абумансури Мотуридӣ дар китоби тафсири “Таъвилоту аҳли ас-сунна” дар тафсири ояти 136 сураи Бақара (… قُولُواْ آمَنَّا بِاللّهِ) менависад: “Ин ояти Қуръони Карим дидгоҳи касонеро, ки қоил ба истисно дар имон ҳастанд, рад мекунад, зеро Худованди Мутаол ба онҳо дастур медиҳад, ки бо сухани қатъӣ ва яқинӣ бигӯянд “ба Худо имон овардаем” ва ҳеҷ истисно ва шаку тардиде дар он вуҷуд надорад”.  (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 1, саҳ 577)

Вай ҳамчунин дар тафсири ояти 285 сураи Бақара (…آمَنَ الرَّسُولُ) менависад: “Дар ин ояти Қуръон нишонае ҳаст, ки сухани касонеро, ки муътақид ба шак ва истисно дар имон ҳастанд, рад мекунад, зеро Худованди Мутаол ба имони онҳо гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад. Пас истисно дар ин инҷо аз ду ҳолат холӣ нест, ё ба сабаби шаку тардиди онҳо дар омадани ончи ки амр шудаанд, мебошад, ё дар бораи касе аст, ки Худованд аз ӯ хабар медиҳад ва дар ҳар ду ҳолат истисно ва шак саҳеҳ нест”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 2, саҳ 290)

Имом Мотуридӣ дар инҷо ин матлабро баён менамояд, ки дар ин ояти Қуръон, Худованди Мутаол ба имони Пайғамбари Аакрам(с) дар бораи ончи аз ҷониби Паравардигор бар ӯ нозил шудааст ва имони мӯъминон ба Худо, фариштагон, китобҳои осмонӣ ва пайғамбарон  гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад. Пас ба хотири ин гувоҳӣ ва шаҳодати Худованд, саҳеҳ нест, ки истисно ва шаку тардидро дар имони Пайғамбари Аакрам(с) ва мӯъминон ҷорӣ бидонем. Бинобр ин шаку тардид ва истисно дар имон ҷоиз ва саҳеҳ нест.

Аммо чуноне ки баён намудем, Ашоира дар ин масъала бо Мотуридиён ихтилофи назар доранд ва истисно дар имонро ҷоиз ва саҳеҳ медонанд. Далели аслии Ашоира барои ҷоиз будани истисно дар имон он аст, ки онҳо мегӯянд: Мабно ва мелоки растагорӣ ва саодат дар имон, имон доштан ва мӯъмин будан дар охири умр ва дар ҳангоми мурдан аст. Яъне асл ин аст, ки инсон мӯъмин аз дунё биравад, чун инсон намедонад, ки дар он ҳангом мӯъмин хоҳад буд ё кофир, ба ин сабаб истисно дар имон меоварад ва имони худро ба ирода ва хости илоҳӣ вогузор мекунад, лизо мегӯяд, “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ”.

Абумуъини Насафӣ дар ради дидгоҳи Ашоира мегӯяд: Сухани Ашоира, ки мегӯянд, “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ” ботил аст, зеро ин қавл монанди сухани ҷавоне аст, ки мегӯяд “ман ҷавон ҳастам, иншоАллоҳ” ё монанди сухани инсони баландқад аст, ки мегӯяд “ман баландқад ҳастам, иншоАллоҳ”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 393 то 394)

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки  дар масъалаи “истисно дар имон“, мотуридиён истисно дар имонро ҷоиз ва саҳеҳ намедонанд ва муътақиданд, ки истисно дар имон нишонаи шаку тардид ва аз байн барандаи тасдиқ ва яқин аст. Ба ин хотир аз назари мотудирён ҷоиз ва саҳеҳ нест, ки шахс бигӯяд “ман мӯъмин ҳастам, иншоАллоҳ”.

Имон аз назари мотуридиён (бахши ҳаштум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед