Имон аз назари мотуридиён(бахши дуввум)

0
123

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Моҳият ва ҳақиқати имон аз назари мотуридиён

Чуноне ки баён кардем, масъалаи “имон” ва баҳс дар бораи он, яке аз аввалин чолишҳо ва ихтилофҳо миёни мусалмонон ба ҳисоб меояд. Мо дар ин мақола қасд дорем баҳси моҳият ва ҳақиқат ва чистии имонро аз назари мотуридиён мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор диҳем.

Имон” дар забони арабӣ аз калимаи “амн” гирифта шудааст ва аз назари луғавӣ ба маънои “тасдиқи қалбӣ (қабул кардан ва пазируфтани масъалае бо қалб ва яқин)” мебошад. (Муҳаммадалӣ Ат-Таҳонавӣ, Кашшофу истилоҳотил фунуни вал улум, ҷ 1, саҳ 292).

Ибни Манзур низ имонро дар луғат ба маънои “тасдиқ (қабул ва пазириш ва таъйиди яқинӣ)” маъно кардааст. (Ибни Манзур, Лисонул араб, ҷ 13. Саҳ 21). Лизо фаҳмида мешавад, ки “имон” аз назари луғавӣ ба маънои “тасдиқ ва тасдиқи қалбӣ” мебошад.

Дар истилоҳи дин ва маорифи динӣ, имон ба маънои қабул кардан ва пазируфтани ҳаққонияту ҳақ будани ончи ки пайғамбарони илоҳӣ аз ҷониби Худованди Мутаол барои ҳидояти башар овардаанд, мебошад. Аммо бо ин ҳол дар бораи моҳият ва чистӣ ва чигунагии имон ихтилофоти фаровоне вуҷуд дорад ва мактабҳои фикрӣ ва гурӯҳҳои гуногуне, идеаҳо ва дидгоҳҳои мутафовитеро матраҳ кардаанд.

Дар боби имон махсусан дар бораи моҳияту ҳақиқат ва чистӣ ва чигунагии он, миёни мутакалимони исломӣ низ аз ибтидо, ихтилфи назар дошта ва тафсирҳои гуногуне аз он ироа шудааст. Бархе онро илму маърифат, бархе тасдиқи қалбӣ, бархе тасдиқи қалбӣ ҳамроҳи иқрори забонӣ ва бархе дигар низ тасдиқи қалбӣ ҳамроҳи иқрори забонӣ ва амали аъзои бадан донистаанд. Ҳар кадом аз ин гурӯҳҳо ва дидгоҳҳо низ миёни худ дар ҷузъиёт ихтилоф доранд.

Дар мавриди моҳияту ҳақиқат ва чистӣ ва чигунагии имон, миёни мутакаллимони мотуридӣ низ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аксарияти бештари мотуридиён аз ҷумла худи имом Абумансури Мотуридӣ моҳият ва ҳақиқат ва чистии имонро “тасдиқи қалбӣ” медонад ва иқрори забониро ҷузъи моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон намедонанд. Аммо бархе аз онҳо моҳият ва ҳақиқат ва чистии имонро “тасдиқи қалбӣ” ҳамроҳ бо “иқрори забонӣ” (гуфтан ва ҷорӣ кардан бо забон) медонанд. Яъне ин гурӯҳ бар ин ақида ҳастанд, ки илова бар тасдиқи қалбӣ, иқрори забонӣ низ ҷузъи моҳият ва ҳақиқати имон мебошад.

Гурӯҳи аввал, ки аксарияти бештари мотуридиён аз ҷумла худи имом Мотуридӣ тарафдори он ҳастанд, қоил ба ин ақида ва назаранд, ки имон фақат иборат аз “тасдиқи қалбӣ” аст ва иқрори забонӣ ва ё амал бо ҷавориҳ (аъзои бадан) ҷузъи моҳият ва ҳақиқати имон ба ҳисоб намеояд. Бар асоси дидгоҳ ва назари ин гурӯҳ, моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон “тасдиқи қалбӣ” аст ва иқрори забонӣ ҳеҷ гоҳ ҷойгузини тасдиқи қалбӣ намешавад. Бо ин вуҷуд иқрори забониро барои қарор гирифтан дар таҳти доира ва шумули Ислом ва аҳкоми исломӣ, лозим ва зарурӣ медонанд. Яъне иқрори забонӣ нишона ва аломати имон ва тасдиқи қалбӣ ба шумор меравад.

Ба иборати дигар, “тасдиқи қалбӣ” ба унвони рукни аслӣ ва асосии имон ва иқрори забонӣ ба унвони лозимаи шомил шудан дар доираи Ислом ва бархурдорӣ аз аҳкоми исломӣ дар зиндагии дунёӣ, мавриди таъкиди ин даста аз мутакаллимони Мотуридия қарор гирифтааст. Яъне иқрори забонӣ фақат шарти иҷрои аҳкоми мусалмонӣ ва пазируфтани шахси иқроркунанда дар ҷамъи мӯъминон аст.

Нуруддини Собунӣ аз донишмандон ва мутакаллимони мотуридӣ дар ин маврид мегӯяд: “Муҳаққиқони асҳоби мо бар ин боваранд, ки имон ҳамон тасдиқ ба қалб аст ва иқрор ба забон шарти иҷрои аҳком аст. Абуҳанифа дар китоби “Ал-олиму вал мутааллим” ин амрро ошкор баён кардааст ва назари Абумансури Мотуридӣ низ ҳамин аст… . Далели ин амр он аст, ки имон дар луғат ҳамон тасдиқ аст… Аммо ба сабаби онки тасдиқ амри ботинӣ ва дохилӣ аст ва наметавон аҳкомро бар он мубтанӣ сохт, шариат иқрор ба забонро нишонае бар тасдиқ ва шарти иҷрои аҳком қарор додааст… Бинобар ин иқрор ба забон, хабар додан аз тасдиқи қалбӣ аст. Пас агар касе иқрор ба забон кунад, дар ҳоле ки тасдиқи қалбӣ надошта бошад, назди мо инсонҳо мӯъмин аст, аммо назди Худованд кофир аст ва агар касе, ки тасдиқи қалбӣ дошта бошад, аммо иқрор забонӣ накунад, дар пешгоҳи Худованди Мутаол мӯъмин аст, аммо дар аҳкоми дунё кофир ба ҳисоб меояд”. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 152 то 153)

Абумансури Мотуридӣ дар ин замина мегӯяд: “Гурӯҳе мегӯянд, имон фақат иқрори забонӣ аст ва имон ба ҳеҷ унвон марбут ба қалб нест. Аммо мо бар ин ақида ҳастем, шоистатарин чизе, ки марбут ба имон аст, қалб мебошад ва ин масъала ҳам бо далелҳои нақлӣ ва ҳам бо далелҳои ақлӣ қабили исбот аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 471)

Абумуъини Насафӣ низ дар таъйиди дидгоҳи зикршуда менависад: “Ҳақиқати имон, тасдиқи қалбӣ аст. Бар банда воҷиб аст ва ҳақи Худованд бар банда аст, ки Расули Худо(с) ва ончиро, ки ӯ аз ҷониби Худованд овардааст, тасдиқ кунад. Пас касе, ки ин тасдиқро анҷом диҳад он шахс миёни худ ва Худованд мӯъмин ба ҳисоб меояд. Аммо иқрор ба забон барои ин ниёз аст, ки мардум аз имони ӯ бо хабар бошанд ва аҳкоми Ислом бар ӯ ҷорӣ гардад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 377 то 378)

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар мавриди ин ки моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон фақат тасдиқи қалбӣ аст, ҳам далели ақлӣ баён кардаанд ва ҳам далели нақлӣ. Яке аз далелҳои ақлии онҳо ҳамон далеле аст, ки дар сухани Нуриддини Собунӣ зикр гардид. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 152 то 153)

Далелҳои ақлии дигаре низ худи Абамансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён зикр кардаанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 475 то 477. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 379 то 381)

Аммо асоситарин роҳи исботи ин дидгоҳ далелҳои нақлӣ аст. Абамансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён илова бар далелҳои ақлӣ, далелҳои нақлии фаровоне барои исботи дидгоҳи худ баён кардаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

“… الَّذِينَ قَالُواْ آمَنَّا بِأَفْوَاهِهِمْ وَلَمْ تُؤْمِن قُلُوبُهُمْ …”

“… Онҳое ки бо забони худ гуфтанд: Имон овардаем, дар ҳоле ки қалбҳояшон имон наоварда буд …”. (Сураи Моида, ояти 41)

 

“… قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا قُل لَّمْ تُؤْمِنُوا وَلَكِن قُولُوا أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمَانُ فِي قُلُوبِكُمْ”

“Арабҳои саҳронишин гуфтанд: Имон овардаем, бигу: Шумо имон наовардаед, вале бигӯед Ислом овардаем, аммо ҳануз имон вориди қалби шумо нашудааст …”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 14)

Абумансури Мотуридӣ дар тавзеҳи ин ду ояти Қуръон мегӯяд, ин оятҳо имони забонӣ ва сухани онҳоро рад мекунад, зеро имон дар қалби онҳо вуҷуд надошт ва аз қалб имон наоварда буданд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 471)

“ … مَن كَفَرَ بِاللّهِ مِن بَعْدِ إيمَانِهِ إِلاَّ مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُ مُطْمَئِنٌّ بِالإِيمَانِ”

“Ҳар касе, ки пас аз имон овардани худ, ба Худованд куфр варзад(азоби сахт хоҳад дошт), магар он касе, ки маҷбур шуда ва қалбаш ба имон итминон дорад…”. (Сураи Наҳл, ояти 106)

Дар мақобили ин аксарият, бархе аз мотуридиён бо пазириши тасдиқи қалбӣ ба унвони рукни аслӣ ва асосии имон ва ҳақиқати имон, “иқрори забонӣ”-ро низ рукни дигари имон ва ҷузъи ҳақиқат ва моҳияти имон медонанд. Аз ҷумлаи ин гурӯҳ Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, аз бузургон ва донишмандони Мотуридия аст.

Баздавӣ барои исботи ин назар ва дидгоҳ чунин истидлол мекунад: “Имон ҳамон тасдиқ аст ва тасдиқ ҳамон гуна ки бо қалб таҳаққуқ пайдо мекунад, бо забон низ таҳаққуқ пайдо мекунад, балки тасдиқ бо забон расотар ва беҳтар аст. Бинобар ин ҳар дуи онҳо, рукн ва пояи имон ҳастанд ва бидуни ҳар як аз онҳо имон таҳаққуқ пайдо намекунад, магар дар мавориди зарурат, ки дар ин сурат ба яке аз ду иктифо мешавад, зеро касе, ки нотавон аст дар ҳамон мавриди нотавонӣ таклиф надорад”. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 151)

Муҳаммади Баздавӣ барои исботи ин дидгоҳ ба бархе аз оятҳои Қуръони Карим истинод ва истидлол мекунад. Яке аз ин оятҳо, ояти 14 сураи Ҳуҷурот аст, ки Худованд мефармояд:

“… قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا قُل لَّمْ تُؤْمِنُوا وَلَكِن قُولُوا أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمَانُ فِي قُلُوبِكُمْ”

“Арабҳои саҳронишин гуфтанд: Имон овардаем, бигу: Шумо имон наовардаед, вале бигӯед Ислом овардаем, аммо ҳануз имон вориди қалби шумо нашудааст …”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 14)

Яъне ҳамон ояте, ки гурӯҳи дигари мотаридиён барои исботи дидгоҳи худ роҷеъ ба тасдиқи қалбӣ будани ҳақиқат ва моҳияти имон  ба он истинод кардаанд.

Баздавӣ мегӯяд бар асоси ин ояти Қуръони Карим, Худованд мунофиқонро ҷузъи муъминон ба ҳисоб наовардааст ва ин аввалан, бар ихтиёрӣ будан ва мумкин будани имон ва эътиқод далолат дорад, ки барои инсон дар ин оят таклиф шудааст. Дуввуман далолат бар ин мекунад, ки имон ба забон низ имон аст, зеро Худованд ба онҳо фармудааст ҳамин имоне, ки бар забон ҷорӣ месозед, ҳануз ба қалби шумо роҳ наафтодааст. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 151)

Лизо аз ончи баён гардид ба даст меояд, ки дар баҳси моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон тамоми мотуридиён дар ин масъала иттифоқи назар доранд, ки “тасдиқи қалбӣ” рукни аслӣ ва асосии имон аст. Аммо дар мавриди инки оё иқрори забонӣ ва тасдиқи забонӣ низ дар моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон дохил ҳаст ё на? Ва оё иқрори забонӣ ба унвони рукни имон ба ҳисоб меояд ё на? Бо ҳам ихтилофи назар доранд. Аксарияти бештари онҳо фақат тасдиқи қалбиро тамоми моҳият ва ҳақиқати имон донистаанд ва иқрори забониро фақат нишонае аз имон ва баён кунандаи тасдиқи қалбӣ донистаанд, ки дар миёни мусалмонон шарти иҷрои аҳкоми исломӣ ба шумор меояд. Аммо бархе дигар, илова бар тасдиқи қалбӣ, “иқрори забонӣ”-ро низ ҷузъи моҳият ва ҳақиқати имон ва ба унвони рукни имон донистаанд.

Ҳамчунин мотуридиён бо пайравӣ аз имом Абуҳанифа дар ин масъала низ бо ҳам иттифоқи назар доранд, ки аъмол дар моҳият ва ҳақиқати имон дахолат надорад.

Масъалаи дигаре, ки дар баҳси моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон матраҳ аст ин аст, ки оё имон аз ҷинси илм ва маърифат ҳаст ё на? Дар ин масъала тамоми мотуридиён бар ин боваранд, ки моҳият ва ҳақиқат ва чистии имонро наметавон маърифат ва илм донист. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 478)

Онҳо барои исботи ин амр чунин истидлол мекунанд, ки агар имон аз ҷинси илм ва маърифат бошад аввалан, бояд бисёре аз аҳли китоб, ба пайғамбарии Расули Худо(с) ва дини ӯ илм доранд, мӯъмин бошанд, дар ҳоле ки мо яқин дорем онҳо кофир ҳастанд. Дуввуман дар шариат ва дин, имон мутааллақи таклиф аст ва таклиф ба афъоли ихтиёрӣ тааллуқ мегирад, дар ҳоле ки илм бидуни ихтиёр низ ҳосил мешавад. (Камолуддин ибни Ҳуммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ 178)

Лизо аз назари мотуридиён, имон аз ҷинси илм ва маърифат намебошад, аммо илм ва маърифат заминасоз ва пешшарти таҳаққуқи имон аст.

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки дар баҳси моҳият ва ҳақиқат ва чистии имон, миёни мутакаллимони мотуридӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аксарияти бештари мотуридиён аз ҷумла худи имом Абамансури Мотуридӣ моҳият ва ҳақиқат ва чистии имонро “тасдиқи қалбӣ” медонанд. Аммо бархе аз онҳо моҳият ва ҳақиқат ва чистии имонро “тасдиқи қалбӣ” ҳамроҳ бо “иқрори забонӣ”  медонанд. Ҳамчунин онҳо бар ин боваранд, ки имон аз ҷинси илм ва маърифат намебошад.

Имон аз назари мотуридиён(бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед