Имон аз назари мотуридиён(бахши дувоздаҳум)

0
17

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дидгоҳи мотуридиён дар мавриди имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда)

Чуноне ки баён кардем, дар масъалаи “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда)” миёни мутакаллимони исломӣ се дидгоҳ вуҷуд дорад. Як гурӯҳ бар ин ақида ҳастанд, ки бояд имон бар асоси далел ва истидлол бошад, лизо имони муқаллид ботил аст ва эътибор надорад. Гурӯҳи дигар асли имони муқаллидро саҳеҳ медонанд, аммо он шахсро ба сабаби тарк кардани далел ва истидлол, гунаҳкор мешуморанд. Гурӯҳи севвум имони шахси тақлидкунандаро саҳеҳ ва муътабар медонанд ва худи ӯро низ гунаҳкор намедонанд.

Дар мақолаи гузашта дидгоҳи ду мактаби каломии Муътазила ва Ашоираро зикр намудем ва дар ин мақолаи қасд дорем дидгоҳи макатаби каломии Мотуридияро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Мотуридиён ҳарчанд дар масъалаҳои эътиқодӣ ва хусусан дар усули дин тақлидро муътабар намедонанд, вале дар ин масъала бар ин ақида ҳастанд, ки “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда)” саҳеҳ ва дуруст ва муътабар аст ва инсоне, ки бар асоси тақлид ва пайравӣ аз дигарон имон меоварад, имони ӯ саҳеҳ аст ва худи ӯ муъмин ба ҳисоб меояд ва аз тариқи ҳамин имони тақлидӣ аз доираи куфр хориҷ шуда ва дар доираи имон дохил мегардад.

Абулясри Баздавӣ дар мавриди имони муқаллид менависад: “Аҳли суннати вал ҷамоат(мотуридиён) бар ин ақида ҳастанд, ки муқаллид ва шахси тақлидкунанда ҳақиқатан мӯъмин аст, зеро ӯ касе аст, ки ба тамоми рукнҳои Ислом эътиқод ва бовар дорад ва ба онҳо иқрор мекунад, аммо бидуни далел ва истидлол. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 155)

Баздавӣ барои исботи дидгоҳи мотуридён дар ин масъала баён медорад, ки далели саҳеҳ ва дуруст будани дидгоҳи Аҳли суннати вал ҷамоат, иҷмои умати исломӣ ва ривоятҳои саҳеҳ аст, ки ба имони умуми мусалмонон иктифо карда ва онро кофӣ медонистаанд. Асҳоби Пайғамбар(с) низ имони умуми мусалмононро муътабар медонистаанд. Пас ҳар кас бар хилофи он амал кунад, бар хилофи иҷмои уммати исломӣ амал кардааст ва бар хилофи иҷмои уммати исломӣ амал кардан низ бидъат ва гумроҳӣ аст.

Вай ҳамчунин истидлол мекунад касе, ки аз рӯи тақлид ва пайравӣ аз дигарон дар роҳи ҳидоят қарор мегирад, (аз назари натиҷа) монанди шахсе аст, ки бо далел ва истидлол дар ин роҳ қадам гузоштааст, зеро ҳамонанди ӯ ба ҳадаф хоҳад расид. Баздавӣ дар ин бора мисоли касеро меоварад, ки аз рӯи тақлид масир ва роҳи Маккаро мепаймояд ва монанди шахсе, ки аз рӯи далел ба сӯи Макка меравад, ба Макка хоҳад расид. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 155)

Мулло Алӣ Қорӣ низ дар ин маврид зикр мекунад, ки бисёре аз олимон аз ҷумла имом Абуҳанифа бар ин ақида буданд, ки “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда)” дуруст ва саҳеҳ аст, ҳарчанд худи ӯ ба сабаби тарк кардани далел ва истидлол гунаҳкор аст. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар), саҳ 403)

Абусанои Ломишӣ, яке дигар аз мотуридиён, баъд аз тавзеҳ дар бораи  кайфият ва чигунагии “имони муқаллид” ва мушахас кардани равиш ва сурати саҳеҳи имони тақлидӣ, дар ин бора менависад: “Аҳли суннат (мотуридиён) бар ин боваранд, ки имони муқаллид(имони шахси тақлидкунанда) саҳеҳ аст, зеро муқаллид ҳарду андоза ва ҳақиқати имонро ба ҷо овардааст, чун имон дар луғат ба маънои тасдиқ аст. Дар (истилоҳ) низ имон аз назари бархе ба маънои тасдиқ мебошад, тасдиқи ҳазрати Муҳаммад(с) ва ончи ӯ аз ҷониби Худованди Мутаол овардааст, аксарият низ имонро ба маънои тасдиқ ва иқрори забонӣ медонанд, дар ҳар сурат муқаллид онро ба ҷо оварда ва анҷом додааст. Пас мӯъмин ба шумор меравад. (Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 136)

Аммо ҳарчанд тамоми мотуридиён имони муқаллидро саҳеҳ ва муътабар медонанд, вале бархе аз онҳо “имони муқаллид (имони шахси тақлидкунанда)”-ро комилан саҳеҳ ва дуруст медонанд ва шахси тақлидкунандаро гунаҳкор намедонанд, аммо бархеи дигар бо вуҷуди онки асли имони муқаллидро саҳеҳ медонанд, худи ӯро ба сабаби тарки далел ва истидлол ва тафаккур гунаҳкор мешуморанд.

Камол ибни Ҳуммом яке аз донишмандони мактаби каломии Мотуридия бо истидлол ба инки, далел ва бурҳон аз шартҳои саҳеҳ будани имон нест, истидлол мекунад, ки шахси тақлидкунанда ба ақл ва шуъури касоне, ки ӯро ба қабул ва пазириши дине даъват мекунанд, эътимод ва яқин дорад ва дар натиҷа ба ҳақоният он дин бовар ва эътиқоди қатъӣ пайдо мекунад ва ҳангоме, ки яқин ва эътиқоди қатъӣ ҳосил гардад, имон ба вуҷуд меояд. Мақсуд аз далел ва истидлол низ расидан ба ҳамин яқин ва эътиқоди қатъӣ аст, ки аз тариқи тақлид ба даст меояд, пас дигар ниёзе ба истидлол ва далел нест. (Камолуддин ибни Ҳуммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ 177 то 178. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 141)

Ба ин хотир Ибни Ҳуммом лозимаи ин истидлолро гуноҳкор набудани муқаллид ба сабаби тарки истидлол медонад.

Аммо Камол ибни Ҳуммом баён медорад, ки бархе аз асҳоби мо (мотуридиён) қоил ба гунаҳкор будани муқаллид (шахси тақлидкунанда) мебошанд. Ибни Ҳуммом гунаҳкор будани шахси тақлид кунандаро ба хотири тарки истидлол, чунин тавзеҳ медиҳад, ки ҳар чанд муқаллид аз тариқи тақлид ва эътимод бар дигарӣ ба яқин ва эътиқоди қатъӣ мерасад ва дар доираи имон дохил мешавад, вале пояҳо ва мабноҳои тақлид суст аст ва дар баробари шубҳаҳо ва тардидҳо истиҳком надорад. Ба ин ҷиҳат аст, ки муқаллид ва тақлидкунанда бо вуҷуди дурустӣ ва саҳеҳ будани имонаш, ба сабаби тарки истидлол ва далел гуноҳкор ба ҳисоб меояд. (Камолуддин ибни Ҳуммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ 177 то 178)

Лозим ба зикр аст, ки яке аз натиҷаҳо ва самараҳои аслӣ ва муҳими муътабар ва саҳеҳ донистани имони тақлидӣ дар мавриди имони умуми мусалмонон аст. Бешак умуми мусалмонон, дар хонаводаи мусалмон ба дунё меоянд ва мусалмонзодаанд ва ҳамон дини хонаводаи худро мепазиранд, ҳеҷ кас низ дар саҳеҳ ва дуруст будани имон онҳо шак надорад, дар ҳоле ки аксарияти онҳо дар мавриди бештари масъалаҳои эътиқодӣ далел ва истидлоли хосе надоранд.

Албата бештари мотуридиён миёни имони тақлидӣ бо имони умуми мусалмонон фарқ қоиланд ва бар ин ақида ҳастанд, ки имони умуми мусалмонон бо имони тақлидӣ тафовут дорад, зеро муқаллид фақат аз рӯи тақлид ва пайравӣ аз дигарон имон меоварад, вале  умуми мусалмонон барои имони худ, далел ва истидлолҳое доранд, ҳар чанд мумкин аст истидлолҳои онҳо содда ва осон ва аввалия бошад. (Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 143)

Вале боз ҳам дар ҳар сурат бо саҳеҳ ва муътабар донистани имони муқаллид, қабул кардан ва пазируфтани имони умуми мусалмонон осонтар мешавад.

Бинобар ин аз ончи баён кардем натиҷа гирифа мешавад, ки аз дидгоҳи мотуридиён “имони муқаллид (имони шахси тақлид кунанда)” саҳеҳ ва дуруст ва муътабар аст ва инсоне, ки бар асоси тақлид ва пайравӣ аз дигарон имон меоварад, муъмин ба ҳисоб меояд ва аз доираи куфр хориҷ мегардад. Аммо бархе аз онҳо имони муқаллидро комилан саҳеҳ ва дуруст медонанд, вале бархеи дигар бо вуҷуди онки асли имони муқаллидро саҳеҳ медонанд, вале худи ӯро ба сабаби тарки далел ва истидлол гуноҳкор мешуморанд.

Имон аз назари мотуридиён(бахши ёздаҳум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед