Имон аз назари мотуридиён(бахши даҳум)

0
7

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мутааллақи имон аз назари мотуридиён

Аз ҷумла баҳсҳое, ки дар мавриди масъалаи имон матраҳ мешавад, баҳси “мутааллақи имон (ончи ки бояд ба он имон овард)” мебошад.

Манзур аз “мутааллақи имон” он аст, ки инсон бояд ба чӣ чизҳое имон биёварад ва онҳоро мавриди қабул ва пазириши қалбӣ қарор диҳад? Ба иборати дигар манзур аз мутааллақи имон ин аст, ки ончи ки бояд инсон ба он тасдиқи қалбӣ ва яқинӣ пайдо кунад, чӣ чизҳое мебошанд? Яъне инсон мӯъмин бояд ба чи чизҳое имон дошта бошад, то сифат ва қайди имон бар ӯ итлоқ гардад ва ба ин сабаб аз доираи куфр хориҷ шавад.

Ҳадафи мо дар ин мақола равшан ва ошкор кардани дидгоҳи мактаби каломии Мотуридия ва мутакаллимони мотуридӣ дар масъала ва баҳси “мутааллақи имон” аст.

Худи Абумансури Мотуридӣ дар мавриди инки манзур аз мутааллақи имон чист, сареҳ ва ошкор сухан нагуфтааст ва сароҳатан мутаъаллақи имонро баён накардааст, аммо дар баҳси ҳақиқат ва моҳияти имон бо рад кардани иқрори забонӣ ба унвони ҳақиқат ва моҳияти имон, ин иборатро овардааст, ки: ”Бар ин асос ончи аз оятҳои Қуръон дар бораи илм ба имон ва амри қалбҳо, тибқи ончи ки дар матнҳои динӣ (нусус) омадааст, баён кардем, баҳси ҳозираи мо низ монанди он аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 474)

Аз ин иборат метавон бардошт намуд, ки имом Мотуридӣ муътақид аст мутааллақи имон, он чизе аст, ки дар “матнҳои динӣ (нусус)” омадааст. Ба эҳтимоли фаровон мақсуд аз “матнҳои динӣ (нусус)”, оятҳои Қуръони Карим ва аҳодиси қатъии Пайғамбари Акрам(с) мебошад. Ба иборати дигар омузаҳое аст, ки тавасути Пайғамбар(с) баён шудааст, чи ба сурати оятҳои Қуръон бошад ва чи ба сурати суннати қатъии Пайғамбар(с).

Абуҳафс Умари Насафӣ аз мутакаллимони барҷастаи Мотуридя дар ин мавриди менависад: “Пас аз онки бо ҳақиқат ва моҳияти маънои тасдиқ ошно шудӣ ва онро шинохтӣ, бидон, ки манзур аз имон дар шариат тасдиқ ба он чизҳое аст, ки тавасути Пайғамбари Акрам(с) за ҷониби Худованди Мутаол оварда шудааст. Яъне тасдиқ кардани Пайғамбар(с) бо қалб дар мавриди тамоми ончи ки инсон илми зарурӣ пайдо кунад, ки он аз тарафи Худованд оварда шудааст, ба сурати имон ва тасдиқоти иҷмолӣ. … Ва мартабаву дараҷаи имон иҷмолӣ аз имони тафсилӣ поинтар нест”. (Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 78)

Лизо манзури мотуридиён аз “мутааллақи имон (ончи ки бояд ба он имон овард)”, “ما جاء به النبی من عند الله (ончи ки Пайғамбар(с) аз ҷониби Худованд овардааст)” мебошад. Яъне инсони мӯъмин бояд ба тамоми ончи ки Пайғамбари Акрам(с) аз ҷониби Худованди Мутаол овардааст, чи дар умури эътиқодӣ ва усулӣ бошад, чи дар умури фиқҳӣ ва амалӣ, имон биёварад ва ҳақоинят ва ҳақ будани онро қабул намояд ва дар мавриди он тасдиқи қалбӣ ва имони яқинӣ пайдо кунад. Ончи ки тавасути Пайғамбари Акрам(с) аз ҷониби Худованд оварда мешавад, гоҳе ба сурати оятҳои Қуръони Карим ва дар қолиби ваҳй аст ва гоҳе ба сурати аҳодиси қатъӣ ва дар қолиби суннат. Бархе аз мисдоқҳои ошкори мутааллақи имон, ки дар оятҳои Қуръон ва ривоятои Пайғамбари Акрам(с) омадааст иборатанд аз: Имон ба Ягонагии Худованд, имон ба рисолати Ҳазрати Муҳаммад(с), имон ба ҷаҳони пас аз марг, имон ба малоика, имон ба олами ғайб, имон ба пайғамбарони гузашта ва китобҳои онҳо.

Масъалаи дигаре, ки дар ин баҳс матраҳ мешавад он аст, ки кайфият ва чигунагӣ ва тафсири имон ва тасдиқ ба “ما جاء به النبی من عند الله (ончи ки Пайғамбар(с) аз ҷониби Худованд овардааст)” бояд чигуна бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба инки мудати рисолат Пайғамбари Акрам(с) 23 сол будааст, он ҳазрат дар ин мудати 23 сол масъалаҳо ва матлабҳои зиёдеро оварда ва баён намудааст, мумин аст ҳар шахси мӯъмине дар ибтидои имон овардани худ ё ҳатто дар умри худ ба ҳамаи онҳо ба сурати комил натавонад огоҳӣ ва илм пайдо кунад.

Мотуридиён дар посух ба ин масъала ва барои ҳалли он, баҳси “иҷмол ва тафсил (мухтасару сарбаста ва комилу муфассал)”-ро матраҳ сохтаанд. Аз назари онҳо инсон барои инки мӯъмин ба ҳисоб ояд ва дар доираи имон қарор гирад, имон ва тасдиқи иҷмолӣ кифоят мекунад. Яъне ҳамин ки инсон ба сурати иҷмол ва сарбаста ва хулоса, ягонагии Худованд ва рисолати Пайғамбари Акрам(с) ва ҳақонияти ончиро, ки  он ҳазрат овардааст тасдиқ кунад, кифоят мекунад ва тасдиқи тафсилӣ лозиму воҷиб нест. Тибқи назари онҳо имони тафсилӣ фақат дар сурате зарурӣ аст, ки таваҷҷӯҳи инсон ба як масъала ва омӯзаи хоссе ҷалб шавад, ки дар ин сурат лозим аст ҳақонияти онро ба сурати тафсилӣ низ тасдиқ кунад ва ба он имони тафсилӣ биёварад. Агар масъалае мавриди ишкол аст, бар инсон лозим аст, ки дар бораи он ба таҳқиқу баррасӣ, ёдгирӣ ва тадаббуру тафаккур бипардозад. Аммо ҳамон имони иҷмолӣ низ кифоят мекунад. (Камолуддин ибни Ҳуммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ а181 то 182. Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 78. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 127 то 128.)

Абулясри Баздавӣ  дар ин маврид менависад: “Аҳли суннати вал ҷамоат муътақиданд, ки имони иҷмолӣ воҷиб аст, аммо имони тафсилӣ воҷиб ва фарз нест, магар инки дар мавриди як масъалае ишкол ба вуҷуд ояд, дар ин сурат бар инсон лозим ва воҷиб аст дар мавриди он масъала ба ёдгирӣ ва тадаббур ва тафаккур бипардозад, то инки тасдиқ кунад, Худованди Мутаол яктост ва шарике надорад ва ҳазрати Муҳаммад(с) банда ва Расули Худо аст ва тамоми ончи Пайғамбари Акрам(с) аз ҷониби Худованд овардааст, ҳақ аст ва ба он эътиқод пайдо кунад. Дар ин сурат Ислом ва имони ӯ саҳеҳ аст. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 154)

Абулясри Баздавӣ аз мутакаллимони барҷастаи Мотуридия барои исботи ин ақидаи мотуридиён, ки фақат имон ва тасдиқи иҷмолӣ воҷиб аст ва имони тафсилӣ воҷиб нест, се далел овардааст:

1- Иҷмоъи умати исломӣ: Тамоми умати исломӣ бар саҳеҳ будани Ислом ва имони омаи мардум ва имони иҷмолӣ иҷмоъ ва иттифоқи назар доранд ва онро кофӣ ва саҳеҳ медонанд, зеро бисёре аз мусалмонон ба тамоми рукнҳои Ислом огоҳии комил ва тафсилӣ надоранд.

2- Ривоятҳои Пайғамбар(с): Бархе аз ривоятҳое аз Пайғамбари Акрам(с) нақл шудааст, ки аз назари Баздавӣ дар онҳо Пайғамбар(с) танҳо имон ва тасдиқи иҷмолиро лозим ва воҷиб донистааст. Аз ҷумла аз Расули Худо(с) ривоят шудааст, ки фармуданд: “Ҳар касе, ки аз рӯи ихлос ва мухлисона “Ло илоҳа иллал-лоҳ” бигӯяд, вориди биҳишт мешавад”. Ҳамчунин Расули Худо(с) дар посухи Ҷабраил, ки аз он ҳазрат дар бораи имон пурсид, фармуданд:  “Имон он аст, ки инсон ба Худо, малоика, китобҳои осмонӣ, пайғамбарони Худо, зиндагии пас аз марг ва аз ҷониби Худованд донистани қазову қадар ва хайру шар (хубӣ ва бадӣ), имон биёварад”.

3- Номумкин будани имони тафсилӣ ба тамоми рукнҳои дин: Яке дигар аз истидлолҳои Абулясри Баздавӣ барои исботи ин дидгоҳи мотуридиён он аст, ки имони тафсилӣ ба тамоми рукнҳои Ислом барои ҳамаи мусалмонон номумкин аст ва имкони таҳаққуқи он вуҷуд надорад, лизо наметавонад лозим ва воҷиб бошад. Пас ба ночор бояд ба имони иҷмолӣ кифоят кард.

Абулясри Баздавӣ ҳамчунин аз имоми Аъзам Абуҳанифа нақл мекунад, ки гуфтааст: “Агар касе ба ҳазрати Муҳаммад(с) имон биёварад ва аслан ба зеҳнаш нагузарад, ки он ҳазрат араб будааст ё аҷам, боз ҳам имони ӯ саҳеҳ аст ва ӯ мӯъмин аст, ё шахсе ба ҳаром будани гушти хук эътиқод дошта бошад, вале надонад, ки хук чи ҳаст, Ислом ва имон ӯ комил аст. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 154

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифа мешавад, ки аз назари мотуридиён “мутааллақи имон (ончи ки бояд ба он имон овард)”, “ما جاء به النبی من عند الله (ончи ки Пайғамбар(с) аз ҷониби Худованд овардааст)” мебошад. Яъне инсони мӯмин бояд ба тамоми ончи ки Пайғамбари Акрам(с) аз ҷониби Худованди Мутаол овардааст, имон биёварад. Онҳо дар мавриди кайфият ва чигунагӣ ва тафсири имон ба “ончи ки Пайғамбар(с) аз ҷониби Худованд овардааст)”, баҳси “иҷмол ва тафсил”-ро матраҳ сохта ва онро ба се далел ба исбот расонидаанд.

Имон аз назари мотуридиён(бахши нуҳум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед