Имон аз назари мотуридиён(бахши чаҳорум)

0
171

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳукми муртакиби гуноҳи кабира аз назари мотуридиён

Яке за баҳсҳои аслӣ ва асосӣ, ки дар масъалаи имон  дар миёни фирқаҳои исломӣ ва мутакаллимони мусалмон матраҳ мешавад, баҳси “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира (ҳукми касе, ки гуноҳи кабира анҷом додааст)” мебошад. Аввалин баҳсе, ки дар миёни мутакаллимони мусалмон роҷеъ ба масъалаи имон  матраҳ шудааст ва баҳсҳо ва шохаҳои зиёдеро дар илми каломи исломӣ ба вуҷуд оварда ва сабаби ба вуҷуд омадани мактабҳо ва фирқаҳои каломӣ шудааст, ҳамин масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” мебошад.

Дар таърихи Ислом ва таърихи илми каломи исломӣ, таваҷҷӯҳи вежае ба нисбат ва робитаи миёни имон  ва амал, бо муноқишаҳо ва даргириҳои марбут ба “гуноҳи кабира” ва натиҷаҳои ҳосилшуда аз он, ба миён омадааст. Лозим ба зикр аст, ки бахши зиёде аз ихтилофоти таърихӣ ва кунунӣ дар бораи “имон  ва куфр” ва “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира”, аз масъалаи “робитаи миёни имон  ва амал” маншаъ ва сарчашма мегирад.

Бар ин асос ва бо таваҷҷӯҳ ба нигоҳи мутафовити мактабҳои каломӣ ва эътиқодии мухталиф ба масъалаи имону амал, қазоват ва дидгоҳи онҳо  дар хусуси ҳукми муртакиби гуноҳи кабира ва натиҷаҳои он низ мутафовит будааст.

Баҳс ва сухан дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” ин аст, ки оё касе, ки гуноҳи кабира аз ӯ сар задааст ва гуноҳи кабира анҷом додааст ҳукми ӯ чист? Оё инсон ба сабаби иртикоби гуноҳи кабирае (анҷом додани гуноҳи кабирае) монанди қатл, зино, дуздӣ ва ғайра кофир шуда ва аз имон  хориҷ мешавад? Ё бо вуҷуди иртикоби гуноҳи кабира, аз доираи имон  хориҷ намешавад ва мӯъмин ба шумор меояд?

Дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” ҳар як аз фирқаҳои каломӣ дидгоҳ ва назарияи хоси худро доранд. “Хавориҷ” муртакиби гуноҳи кабираро кофир медонад, “Мурҷиа” бар ин назар аст, ки гуноҳи кабира ҳеҷ таъсире дар имон  надорад, “Муътазила” муътақид аст, ки муртакиби гуноҳи кабира на мӯъмин аст ва на кофир, балки дар ҷойгоҳи миёни он ду қарор дорад яъне “манзалату байнал манзалатайн- ҷойгоҳе миёни он ду ҷойгоҳ (куфр ва имон )”.

Ҳадафи мо дар ин мақола он аст, ки дидгоҳ ва назари мактаби каломии Мотуридия  ва мутакаллимони мотуридиро дар бораи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор диҳем. Дар мақолаи баъд низ далелҳои мотуридиён дар ин масъаларо баён хоҳем намуд.

Масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” баҳси бисёр муҳиме дар илми каломи исломӣ ва каломи           Мотуридия ба шумор меравад. Ба ин хотир тамоми мотуридиён дар ин бора сухан гуфтаанд ва баҳсҳои зиёдеро зери он матраҳ намудаанд.

Чуноне ки ишора кардем, баҳси масъалаи ҳукми муртакиби гуноҳи кабираро, метавон зершохае аз масъалаи  баҳси “нисбат ва робитаи миёни имон  ва амал” ба шумор овард. Лизо  бар асоси дидгоҳи мотуридён дар масъалаи нисбат ва робитаи миёни имон  ва амал ва дахолат надоштани аъмол дар моҳият ва ҳақиқати имон, онҳо дар масъалаи ҳукми муртакиби гуноҳи кабира низ бар ин ақида ва назар ҳастанд, ки инсон фақат ба хотири муртакиб шудани гуноҳи кабира ва сар задани гуноҳи кабира аз ӯ, дар сурате ки он гуноҳи кабираро аз рӯи душманӣ ва куфр анҷом надода бошад ва онро ҳалолу ҷоиз нашуморида бошад, аз имон  хориҷ намешавад ва мӯъмин мебошад ва дар дузах ҳам ҳамешагӣ ва ҷовидон нахоҳад монд.

Аз назари онҳо шахсе, ки муртакиби гуноҳи кабира шудааст, ба андозаи гуноҳе, ки аз ӯ сар задааст, гирифтори азоби илоҳӣ мешавад ва сипас ба биҳишт меравад ва ё мумкин аст ба сабаби фазлу раҳмат ва бузургавории илоҳӣ ва шафоати анбиё ва авлиёи Худо, гуноҳони ӯ бахшида шавад ва вориди биҳишт гардад. Бинобар ин замоне ки иртикоби гуноҳи кабира аз рӯи душманӣ ва хусумат ва куфр набошад, мукин аст сабаби азоби ухравӣ шавад, аммо сабаби мондани ҳамешагӣ ва ҷовидон дар  ҷаҳаннам намешавад. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 135. Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 140 то 142)

Имом Абумансури Мотуридӣ баҳси бисёр муфассалеро дар китоби “Ат-тавҳид”-и худ дар мавриди масъалаи ҳукми муртакиби гуноҳи кабира матраҳ кардааст. Вай нахуст ба ихтилофи фирқаҳои исломӣ дар ин масъала ишора намуда мегӯяд: “Гурӯҳе муртакибони гуноҳи кабираро кофир ва мушрик медонанд (Хавориҷ) ва гурӯҳе онҳоро мунофиқ медонанд (Ҳасани Басрӣ ва …) ва гурӯҳи дигар онҳоро мӯъмини фосиқ муаррифӣ мекунанд (Ашоира ва …) ва ҷамъе низ онҳоро на мӯъмин медонанд ва на кофир (Муътазила). (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 422)

Имом Мотуридӣ сипас ба нақд ва радди ақидаи Хавориҷ ва Муътазила дар ин замина пардохта ва бо далелҳои гуногун онро рад мекунад. Аз ҷумла вай бо истинод ба бархе аз оятҳои Қуръони Карим монанди ояти  “… هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ فَمِنكُمْ كَافِرٌ وَمِنكُم مُّؤْمِنٌ ” “У касе аст, ки шуморо офарид, гурӯҳе аз шумо кофир ҳастед ва гурӯҳе мӯъмин … ”. (Сураи Тағобун, ояти 2”. Ва ояти “…فَمَن شَاءَ فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاءَ فَلْيَكْفُرْ… ” “…Пас ҳар кас мехоҳад имон  биёварад ва ҳар кас мехоҳад кофир гардад… ”. (Сураи Каҳф, ояти 29”.  ва ғайра, истидлол мекунад, ки Худованди Мутаол инсонро ба ду гурӯҳи кофир ва мӯъмин тақсим кардааст ва гурӯҳи севвуме вуҷуд надорад. Бар ин асос дидгоҳҳое монанади дидгоҳи Муътазила (назарияи манзалату байнал манзалатайн) ботил мебошад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 422 то 423)

Абумӯъини Насафӣ дар мавриди ҳукми муртакиби гуноҳи кабира менависад:“Аҳли ҳақ(Мотуридия) бар ин назаранд, ки касе, ки муртакиби гуноҳи кабира мешавад,  дар ҳоле ки онро ҳалол намедонад ва манъи онро сабук намешуморад, балки ба хотири ғалабаи шаҳват ё ба хотири бузургӣ ва раҳмати Худованд, ки умед дорад ӯро мебахшад ва аз азоби илоҳӣ дар хавфу тарс аст, бар ин шахс унвони мӯъмин сидқ мекунад ва дар доираи имон  боқӣ мемонад ва имони ӯ аз байн намеравад ва ноқис ҳам намешавад ва ӯ аз доираи имон  хориҷ намешавад.

Ҳукми ӯ (шахсе, ки муртакиби гуноҳи кабира шудааст) ин аст, ки агар бидуни тавба кардан аз дунё биравад, амри ӯ дар дасти Худованди Мутаол аст, агар бихоҳад бо фазлу карами худ ё ба баракати имон  ва корҳои неки ӯ, ё ба сабаби шафоати афроди нек, вайро мебахшад. Агар ҳам Худованд бихоҳад, ӯро ба андозаи гуноҳаш азоб мекунад, сипас дар охир вай ба биҳишт меравад ва ҳамешагӣ ва ҷовидон дар оташ боқӣ намемонад. (Абумӯъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 359 то 360)

Абуҳафс Умари Насафӣ, яке аз донишмандони машҳури мотуридӣ низ дар ин маврид менвисад: “Ба таҳқиқ ҳақиқати имон  ҳамон “тасдиқи қалбӣ” аст, пас мӯъмин аз васф шудан ба имон  хориҷ намешавад, магар ба воситаи чизе, ки он тасдиқи қалбиро нафй кунад. Пас фақат бо анҷом додани гуноҳи кабира, ба сабаби ғалабаи шаҳват ё ба умеди бузургӣ ва бузургвории (Худованд) ё ба хотири танбалӣ, хусусан замоне ки аз азоби илоҳӣ хавфу тарс дошта ва умед ба бахшиши Худованд ба воситаи тавба дошта бошад, он “тасдиқи қалбӣ” нафй намешавад. Бале, замоне ки он гуноҳи кабира ҳалол шуморида шавад ва манъи он сабук гирифта шавад, дар ин сурат мунҷар ба куфр мешавад, зеро нишонаи такзиб кардани (дин) аст. (Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 72)

Муҳаммади Баздавӣ низ дар мавриди ҳукми муртакиби гуноҳи кабира мегуяд:”Аҳлми суннати валҷамоат(Мотуридия) бар ин ақида ҳастанд, ки аҳли гуноҳони кабира барои ҳамеша ва ҷовидон дар оташи ҷаҳаннам  боқӣ намемонанд, ҳар чанд бидуни тавба кардан аз дунё рафта бошанд. Дар ин сурат амри онҳо дар дасти Худованди Мутаол аст, агар бихоҳад онҳоро ба воситаи шафоати афроди нек мебахшад ва вориди оташи ҷаҳаннам намекунад ва вориди биҳишт мекунад, ё бидуни шафоати афроди нек онҳоро мебахшад ва вориди оташи ҷаҳаннам намекунад. Агар ҳам бихоҳад онҳоро вориди оташи ҷаҳаннам мекунад ва то замоне ки бихоҳад дар онҷо мемонанд, сипас онҳоро аз оташи ҷаҳаннам хориҷ ва вориди биҳишт мекунад, бо шафоати некон ё бидуни шафоати некон. Аммо ҳатман дар оташи ҷаҳаннам ҳамешагӣ ва ҷовидон боқӣ намемонанд. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 135)

Ончи баён гардид бахше аз суханон ва навиштаҳои чанд нафар аз донишмандон ва бузургони мактаби каломии Мотуридия дар мавриди масъалаи ҳукми муртакиби гуноҳи кабира мебошад. Суханон ва навиштаҳои онҳо дар масъалаи мазкур бисёр баштар аз ин аст ва мо ба ҳамин миқдор иктифо менаоем.

Дар охир натиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” ба ин ақида ва назар ҳастанд, ки инсон фақат ба хотири муртакиб шудани гуноҳи кабира, дар сурате ки он гуноҳи кабира аз рӯи душманӣ ва куфр анҷом нашуда ва  ҳалолу ҷоиз шуморида нашуда бошад, шахси гунаҳкор аз имон  хориҷ намешавад ва мӯъмин мебошад ва дар дузах ҳам ҳамешгӣ ва ҷовидон нахоҳад монд. Аз назари онҳо шахсе, ки муртакиби гуноҳи кабира шудааст, ба андозаи гуноҳе, ки анҷом додааст гирифтори азоби илоҳӣ мешавад ва сипас ба биҳишт меравад ва ё мумкин аст ба сабаби раҳмату базургавории илоҳӣ ва шафоати некон, гуноҳони ӯ бахшида шавад ва вориди биҳишт гардад.

Имон аз назари мотуридиён(бахши севвум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед