Имон аз назари мотуридиён(бахши аввал)

0
204

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Масъалаи имон ва аввалин фирқаҳои баҳскунанда дар мавриди он

Масъалаи “имон” ва баҳс дар бораи он, яке аз аввалин чолишҳо ва ихтилофҳо миёни мусалмонон ба ҳисоб меояд. Масъалаи имон ва куфр ва натиҷаи онҳо, яъне муъмин ва кофир, аз ҷумла масъалаҳо ва баҳсҳое аст, ки сабаби пайдоиш ва ба вуҷуд омадани мазҳабҳо ва фирқаҳои исломӣ шудааст.

Баҳс дар масъалаи имон ва куфр муртабит бо масъалаи “гуноҳи кабира” аст. Дар ин маврид баҳс ва сухан ин аст, ки оё муртакиби гуноҳи кабира яъне касе, ки гуноҳи кабира анҷом додааст, муъмин аст ё кофир? Ба иборати дигар оё як шахси муъмин, ки мартакиби гуноҳи кабира шудааст ва гуноҳи кабира аз ӯ сар задааст, боз ҳам имон дорад ва муъмин ба ҳисоб меояд? Ё имони ӯ аз байн рафта ва ӯ кофир шудааст?

Қабл аз инки ба баррасии масъала имон ва куфр аз назари мотуридён ба сурати муфассал бипардозем, таърихи ин масъала ва аввалин фирқаҳову гуруҳҳои матраҳшуда ва баҳскунанда дар мавриди масъалаи имон ва куфрро ба сурати мухтасар баён хоҳем кард.

Пешина ва таърихчаи масъалаи имон

Дар замони Пайғамбари Акрам(с) ва дар замони се халифаи аввал,(ҳазрати Абубакр, Умар ва Усмон (рз) ) баҳс ва суҳбат ва ихтилофи хосе дар робита бо имон ва инки муртакиби кабира ва касе, ки гуноҳи кабира анҷом додааст оё муъмин аст ё на, матраҳ набудааст. Ҳар чанд худи масъалаи имон аз замони беъсат ва шурӯи даъвати Пайғамбари Акрам(с) матраҳ будааст.

Баҳси имон ва куфр ва инки оё анҷомдиҳандаи гуноҳи кабира мӯъмин аст ё на, аввлин мартаба дар замони халифаи чаҳоруми мусалмонон ҳазрати Алӣ(рз) ва дар миёнаи ҷанги Сиффайн, ки миёни халифаи бар ҳаққи мусалмонон ҳазрати Алӣ(рз) ва Муъовия дар гирифт, матраҳ шуд. Ихтилофе, ки дар натиҷаи ҳилаву найранги Муъовия дар лашкари ҳазрати Алӣ(к) ба вуҷуд омад, сабаби пайдоиши фирқае ба номи “Хавориҷ” гардид.

Муҳимтарин ва асоситарин эътиқод ва тафаккури фирқаи “Хавориҷ” ин буд, ки муртакиби гуноҳи кабира кофир аст. Яъне бар асоси дидгоҳи онҳо ҳар кас, ки як гуноҳи кабира анҷом диҳад кофир мешавад ва агар бихоҳад дар доираи имон қарор гирад ва муъмин шавад, бояд тавба кунад, дар ғайри ин сурат дар куфри худ боқӣ мемонад.

Дар вокуниш ба ин назарияи Хавориҷ ва дар муқобили он, гурӯҳи дигаре ба вуҷуд омад, ки ба таври куллӣ нақши амал, чи амали солеҳ ва чи гуноҳро дар имон мункир шуданд ва муътақид шуданд, ки амали солеҳ ё гуноҳ ҳеҷ таъсире дар имон надорад. Ин гуруҳ ба номи “Мурҷиа” маъруф шуданд.

Дар муқобили ин ду гурӯҳ ва назарияҳои ифротӣ ва тафритии онҳо, фирқаи Муътазила ба вуҷуд омад, ки дар мавриди масъалаи имон ва куфр ва муртакиби гуноҳи кабира, назарияе миёни дидгоҳи Хавориҷ ва Мурҷиаро баргузид. Муътазила муътақиданд, ки муртакиби гуноҳи кабира на муъмин аст ва на кофир, балки дар ҷойгоҳи миёни он ду қарор дорад.

Аммо дар муқобили ин се фирқаи зикршуда, гурӯҳҳо ва мактабҳои каломии дегаре монанди Аҳли ҳадис, Ашоира, Мотуридия ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки назарияи ҳар се фирқаи Хавориҷ, Мурҷиа ва Муътазиларо дар мавриди имон ва куфр рад карданд.

Хавориҷ

Фирқаи Хавориҷ дар натиҷаи қазияи ҳакамият дар замони хилофати ҳазрати Алӣ(к) ва дар ҷанги Сиффайн ба вуҷуд омаданд. (Манзур аз қазияи ҳакамият ин аст, ки дар ҷанги Сиффайн барои хотима додан ба ҷанг ду тарафи даргирӣ як нафариро ба унвони намоянда ва довар ва ҳакам муаррифӣ карданд, то бо музокира ба ҷангу ихтилоф хотима диҳанд). Онҳо ба сабаби канорагирӣ аз лашкари ҳазрати Алӣ(а) ва хориҷ шудан аз он “Хавориҷ(хориҷшудагон)” унвон гирифтанд.

Хавориҷ қазияи ҳакамиятро, ки сабаби пайдоиши он худи онҳо буданд, гуноҳи кабира медонистанд ва муртакиби гуноҳи кабираро низ кофир муаррифӣ мекарданд.

Ҳар чанд дар ибтидо ба назар мерасид, ки фирқаи Хавориҷ фақат як фирқаи сиёсӣ ва низомӣ ҳастанд, аммо дар идома ба як фирқаи эътиқодӣ ва каломӣ табдил шуданд. Далели дигаргунӣ он буд, ки онҳо талош карданд то барои кори худ истидлоли динӣ биёваранд.

Бо баррасии таърихи илми каломи исломӣ ба даст меояд, ки рафтору амал ва назарияи Хавориҷ дар мавриди имон ва куфр, сабаби пайдоиши баҳсҳо ва суханони зиёде дар ин замина гардид. Онҳо бар ин ақида ҳастанд касе, ки гуноҳи кабира анҷом медиҳад кофир ва аз доираи мӯъминон хориҷ аст. Бар асоси дидгоҳи онҳо тамоми мусамонон ғайр аз Хавориҷ кофир ҳастанд.

Ба иборати дигар, Хавориҷ эътиқод ба робитаи миёни амал ва имон доранд. Аз назари онҳо ҳар кас гуноҳи кабира муртакиб шавад аз итоати  илоҳӣ хориҷ шудааст ва лизо кофир аст ва агар тавба накунад азоби абадии ҷаҳаннам дар интизори ӯ хоҳад буд.

Ин эътиқоди онҳо ҳар чанд дар марҳалаи нахуст ба сурати ибтидоӣ ва бидуни далел матраҳ шуд, аммо ба тадриҷ ва ҳамчунин хавориҷи баъдӣ, бо истидлол ба оятҳои Қуръон ва ривоятҳои исломӣ, ваҷҳаи комилан динӣ ва каломӣ ба он доданд. Ин кор боис шуд, ки Хавориҷ ба унвони як фирқаи динӣ ва каломӣ дарояд.

Мурҷиа

Дар муқобили назарияи Хавориҷ, гурӯҳи дигаре ба вуҷуд омаданд, ки нақш ва таъсири амал, чи амали нек ва чи гуноҳро дар имон мункир шуданд ва рад карданд. Ин гуруҳ ба номи “Мурҷиа” маъруф шуданд.

“Мурҷиа” аз калимаи “ирҷоъ” гирифта шудааст. Калимаи ирҷоъ дар луғати араб ба ду маъно ба кор меравад, яке ба маънои “таъхир андохтанд” ва дигарӣ ба маънои “умед додан”. Шаҳристонӣ ҳар ду маънои калимаи “ирҷоъ”-ро овардааст, аммо дар мавриди Мурҷиа маънои аввалро интихоб кардааст. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ 1, саҳ 161). Бештари мутакаллимони исломӣ низ дар ин маврид маънои аввалро беҳтар донистаанд.

Аммо мурҷиа аз назари истилоҳӣ ба гуруҳ ва фирқае аз мусалмонон ва мутакаллимон итлоқ мегардад, ки дар масъалаи имон ва куфр дидгоҳ ва назари хосе доранд. Ин гуруҳ ва фирқаро аз он ҷиҳат “мурҷиа” меноманд, ки онҳо амал ва корро аз имон муаххар ва баъд медонанд ва маътақиданд, ки амал ва кор аз ҷиҳати робита ва ҷойгоҳ баъд аз имон буда ва дар аслу ҳақиқати имон дохил намешавад.

Ин гурӯҳ ва фирқа ният ва ақидаро асл шумурда ва амалу кирдорро беаҳаммият медонанд. Онҳо бар ин ақида ҳастанд, ки ҳамон гуна ки ибодат кардан дар ҳолати куфр суд ва фоидае надорад, гуноҳ кардан низ чизе аз имон кам намекунад.

Дар бораи  андешаҳо ва дидгоҳҳои фирқаи Мурҷиа миёни таърихдонони илми каломи исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Мутакаллимон фирқаи Мурҷиаро ба чандин фирқа ва гурӯҳ тақсим кардаанд, ки бархе ҷанбаи сиёсӣ доштаанд ва бархе ҷанбаи динӣ ва каломӣ. Шаҳристонӣ Мурҷиаро ба чаҳор тоифа тақсим мекунад.  (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ 1, саҳ 161 от 163). Абулҳасани Ашъарӣ низ онҳоро ба дувоздаҳ тоифа тақсим мекунад. (Абулҳасани Ашъарӣ, Мақолотул исломиййин, саҳ 132 то 133)

Аммо нуқтаи муштараки тамоми фирқаҳо ва тоифаҳои Мурҷиа ҳамин масълаи “таъхири амал аз асли имон” аст. Ҳар чанд онҳо дар асли моҳият ва чистии имон ихтилоф доштаанд.

Муътазила

Аз ҷумла фирқаҳои дигаре, ки пайдоиши он бо баҳс ва масъалаи имон ва куфр ҳамроҳ будааст, мактаби каломии Муътазила аст. Аввалин масъалае, ки сабаби пайдош ва фарқи Муътазила шуд, ҳамин масъалаи имон ва куфр будааст. Ихтилофи Муътазила бо дигар мазҳабҳои каломӣ монанди Хавориҷ, Мурҷиа, Аҳли ҳадис ва ғайра аз ин масъала оғоз шудааст.

Восил ибни Ато, муассиси мактаби каломии Муътазила, ки худ аз шогирдони Ҳасани Басрӣ буд, бо устодаш дар мавриди муртакиби гуноҳи кабира баҳсу мунозира намуд ва дар натиҷа бо рад кардани назари усдотадаш, назари худро ба ин маъно, ки муртакиби гуноҳи кабира на муъмин аст ва на кофир, иброз намуд ва аз дарси устодаш канорагирӣ кард.

Бинобар ин Муътазила дар мавриди имон ва куфр бар ин ақида ҳастанд, ки муртакиби гуноҳи кабира на муъмин аст ва на кофир, балки дар ҷойгоҳи миёни куфр ва имон қарор дорад. Назарияи Муътазила дар ин маврид “манзалату байнал манзалатайн- ҷойгоҳе миёни он ду ҷойгоҳ(куфр ва имон)” номида мешавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед