Имон аз назари мотуридиён(бахши ҳафтум)

0
104

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Зиёдат ва нуқсон дар имон аз назари мотуридиён

Яке аз баҳсҳои дигаре, ки дар зери масъалаи “имон ” матраҳ мешавад, баҳси “зиёдат ва нуқсон дар имон  (зиёдӣ ва камӣ дар имон  ва ё зиёд шудан ва кам шудани имон)”аст.

Баҳс ва сухан дар ин масъала он аст, ки оё ҳақиқат ва асли имон басит (таркиб дар он роҳ надорад)  ё дорои дараҷаҳо ва мартабаҳо аст ва қобили зиёдӣ ва камӣ ва ё зиёд шудан ва кам шудан аст?

Мотуридиён бо таваҷҷӯҳ ба таърифе, ки аз имон баён мекунанд ва ҳақиқату моҳияти имонро тасдиқи қалбӣ ё тасдиқи қалбӣ ва иқрори забонӣ донистаанд ва аъмолро аз доираи имон хориҷ медонанд ва бар ин назаранд, ки аъмол дар имон дахолат надоранд, дар ин баҳс қоил ба адами зиёдат ва нуқсон дар имон (зиёд нашудан ва кам нашудани имон) ҳастанд, зеро  тасдиқи қалбӣ ва иқрори забонӣ як амри басит аст ва дар мавриди он фақат масъалаи вуҷуд доштан ва вуҷуд надоштан матраҳ аст ва зиёдиву камӣ дар он қобили тасавур нест.

Тибқи дидгоҳи мотуридиён агар як инсон имон оварад ва тасдиқи қалбӣ дар ӯ эҷод шавад, пас аз имон овардан, имони ӯ бо итоат кардан ва ибодат кардан зиёд намешавад, чуноне ки бо гуноҳ ва маъсият кардан ҳам имон кам намешавад. Абумуъини Насафӣ ин матлабро бо ин мисол тавзеҳ медиҳад, ки агар даҳ мард дар як хонае бошанд ва як зан вориди он хона шавад, вориди шудани он зан сабаби зиёд шудани мардон намешавад, балки сабаби зиёд шудани инсонҳо дар он хона мешавад. Итоат кардан низ сабаби зиёд шудани имон нест, балки сабаби зиёд шудани некиҳо мешавад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 1089). Бинобар ин, аз назари мотуридиён имон дар асл ва гавҳар ва ҳақиқату моҳияти худ на зиёд мешавад ва на кам мегардад.

Абуҳафс Умари Насафӣ аз мутакаллимони барҷастаи Мотуридя дар киботи “Шарҳул ақоиду ан-насафия” дар мавриди зиёд ва кам нашудани имон менависад: “Имон қобили зиёд шудан ва кам шудан нест. Дар ин баҳс ду масъала матраҳ аст, яке инки аъмол дар имон дохил намешаванд, чун баён гардид, ки ҳақиқат ва асли имон ҳамон тасдиқи қалбӣ аст. Ба ин далел аъмол дар имон дохил намешаванд, ки дар оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои Пайғамбари Акрам(с), аъмол (аз назари адабиётӣ) бар имон атф шудааст, чуноне ки Худованди Мутаол мефраояд: “…إِنَّ الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ ” “Касоне, ки имон оварданд ва амали нек анҷом доданд … ”. (Сураи Бақара, ояти 277”.  Аз тарафи дигар бидуни шак худи атф ғайр аз он чизе аст, ки ба он атф шудааст ва дар он дохил намешавд. (Дар ин ояти Қуръон аъмоли солеҳ бар имон атф шудаасст ва лизо аъмоли солеҳ ғайр аз имон мебошад ва дар имон дохил намешаванд). Ҳамчунин дар оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои Пайғамбари Акрам(с), имон шарти қабулӣ ва пазириши аъмол қарор дода шудааст, чуноне ки Худованди Мутаол мефраояд: “…وَمَن يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتَ مِن ذَكَرٍ أَوْ أُنثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ” “Ва касе, ки чизе аз аъмоли солеҳро анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, дар ҳоле ки имон дошта бошад… ”. (Сураи Нисоъ, ояти 124”.  Бидуни шак чизи шартшуда, дар худи шарт дохил намешавад.(Дар ин ояти Қуръон аъмол, ки шарт шудаанд, дар имон, ки шарт аст, дохил намешаванд). Масъалаи дуввум инки, ҳақиқати имон зиёд ва кам намешавад, зеро имон тасдиқи қалбӣ аст ва тасдиқи қалбӣ чизе аст, ки ба дараҷаи яқин ва итминон бирасад, дар ин сурат зиёдӣ ва камӣ дар он қобили тасавур нест, чун касе, ки барои ӯ яқин ва тасдиқ ҳосил шудааст, чи итоат кунад ва чи муртакиби маъсият шавад, тасдиқ ва яқини ӯ боқӣ аст ва тағйир пайдо намекунад”. (Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 80 то 81)

Мулло Алӣ Қорӣ, яке дигар аз мутакаллимони мотуридӣ дар мавриди зиёд ва кам нашудани имон менависад: ”Асл ва ҳақиқати имон ҳамон тасдиқи қалбӣ аст, ки ба дараҷаи яқин ва итминон расидааст, лизо зиёдат ва нуқсон (зиёд ва кам шудан) дар он қобили тасавур нест, зеро касе, ки барои ӯ ҳақиқати тасдиқ (яқин) ҳосил шудааст, чи итоат кунад ва чи муртакиби маъсият шавад, тасдиқ ва яқини ӯ боқӣ аст ва тағйир пайдо намекунад”. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фи Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар), саҳ 383)

Масъалаи адами зиёдат ва нуқсон (зиёд ва кам нашудан) дар асл ва ҳақиқати имон дар китобҳо ва навиштаҳои дигар мотуридиён низ ба равшанӣ баён шудааст, ки мо ба баёни ҳамин миқдор иктифо менамоем.

Ҳамон гуна ки ба баён гардид, мотуридиён бар ин назаранд, ки имон дар асл ва гавҳар ва ҳақиқати худ зиёд ва кам намешавад ва дар зоти он зиёдат ва нуқсон роҳ надорад, аммо онҳо дар мавриди имон аз ҷиҳатҳои дигар қоил ба зиёд шудан ва кам шудан ҳастанд ва муътақиданд, ки ҳар чанд дар асл ва гавҳари имон зиёдат ва нуқсон роҳ надорад, вале имон аз ҷиҳатҳои дигар монанди дараҷаҳои яқинии имон, васфҳо ва сифоти имон, самараҳо ва нитиҷаҳои имон ва нури имон қобили зиёд шудан ва кам шудан аст.

Нуруддини Собунӣ аз донишмандон ва мутакаллимони мотуридӣ бо баёни инки зиёдӣ ва камӣ дар асл ва ҳақиқати имон роҳ надорад, дар тафсир ва тавзеҳи ояти  “…إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا ” “Муъминон, танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ номи Худо бурда шавад, дилҳояшон тарсон мегардад ва ҳангоме ки оятҳо бар онҳо хонда мешавад, имонашон зиёдтар мегардад… ”(Сураи Анфол, ояти 2), се эҳтимолро матраҳ месозад. Як: Зиёд шудани имон аз назари тафсилӣ ва иҷмолӣ, ба ин маъно, ки дар замони Пайғамбари Акрам(с) ҳар гоҳ ояте нозил мешуд лозим буд мӯъминон ба он имон биёваранд, бо онки пеш аз он ба тамоми ончи Пайғамбари Акрам(с) оварда буд, имон оварда буданд.  Ду: Зиёд шудани ба ин маъно, ки ҳар чанд мартаба ки шахс дар дили худ тасдиқ кунад ва бар забон биёварад, имони у зиёд гардад. Се : Зиёд шудан аз ҷиҳати самараҳо ва натиҷаҳои имон ва тобидани нурҳои имон. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 155)

Абулясри Баздавӣ  низ бо таъкид бар зиёд ва кам нашудани зоти имон, қоил ба зиёдат ва нуқсон дар сифоти имон аст. Вай мегӯяд:” Назди Аҳли суннати вал ҷамоат имон зиёд ва кам намешавад…, аммо ин дар бораи зоти имон аст, вале дар сифот  зиёд ва кам мешавад. Чуноне ки имони бархе аз афрод аз ҷиҳати сифот аз имони бархе дигар комилтар аст ва бар ин асос мӯъминон бархе бар бархеи дигар бартарӣ пайдо мекунанд. Аз Абуҳанифа нақл шудааст, ки гуфт, имони ман аз ҷинси имони Ҷабраил аст(яъне ҳар ду имон дорем), веле нагуфт, ки  имони ман мисли имони Ҷабраил аст, зеро мислу монанд будан лозимааш ин аст, ки сифот баробар ва мусовӣ бошанд, вале аз як ҷинс будна ин лозимаро     надорад.

Ҳамчунин Абумуъини Насафӣ зиёдат ва нуқсонро дар имон бар асоси устуворӣ бар имон ва ҳифз кардани он дар ҳар лаҳза, матраҳ мекунад. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ  386)

Мулло Алӣ Қорӣ  низ зиёдат ва нуқсон дар имонро аз ҷиҳати дараҷаи яқин матраҳ мекунад. Ба эътиқоди ӯ, ҳар чанд асл ва ҳақиқати имон қобили зиёдӣ ва камӣ нест, аммо аҳли имон аз ҷиҳати дараҷаҳои яқин ва эътиқоди яқинӣ бо ҳам тафовут доранд. Ба унвони мисол мартабаи айнуляқин болотар аз мартабаи илмуляқин аст, чуноне ки Қуръон дар мавриди ҳазрати Иброҳим матраҳ кардааст. Ё ба унвони намунаи дигар, тасдиқ нисбат ба ҳодис будани олам бо тасдиқ нисбат ба тулӯи хуршед бо ҳам тафовуд доранд. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар), саҳ 385)

Лизо мотуридиён, ҳар чанд зиёд шудан ва кам шудан дар аслу зот ва гавҳар ва ҳақиқати имонро намепазиранд, аммо зиёд шудан ва кам шудан дар имон аз ҷиҳатҳои дигарро қабул доранд.

Мотуридиён дар тафсир ва тавзеҳи оятҳои Қуръони Карим, ки зоҳири онҳо далолат бар зиёдат ва нуқсон дар имон мекунанд, бо пайравӣ аз имом Абуҳанифа далел ва истидлоли ӯро дар ин мавриди баён медоранд. Имоми Аъзам дар тафсири ин оятҳо мегӯяд, мӯ

ъминон қабл аз нозил шудани аҳком ва фарзҳо ба сурати тафсил ва густарда, ба сурати иҷмол ба онҳо имон оварданд ва чун фарзҳо ба сурати пай дар пай ва яке баъд аз дигарӣ нозил ва муқаррар мешуданд, ба ҳар фарз ба сурати хос ва муфассал ва тафсилӣ имон оварданд. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 1087 то 1088. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 385 то 386. (Шарҳул ақоиду ан-насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ (Ал-ақоиду ан-насафия, Абуҳафс Умари Насафӣ), саҳ 81 то 82 ва …)

Аз ончи дар боло зикр гардид натиҷа гирифта мешавад, ки дар масъалаи “зиёдат ва нуқсон дар имон (зиёд шудан ва кам шудани имон)”, мотуридиён бар ин назаранд, ки имон дар асл ва гавҳар ва ҳақиқати худ зиёд ва кам намешавад ва дар зоти он зиёдат ва нуқсон роҳ надорад, аммо имон аз ҷиҳатҳои дигар монанди дараҷаҳои яқинии имон, васфҳо ва сифоти имон, самараҳо ва нитиҷаҳои имон ва нури имон қобили зиёд шудан ва кам шудан аст.

Имон аз назари мотуридиён(бахши шашум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед