Имон аз назари мотуридиён (бахши сездаҳум)

0
8

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Масъалаи имон ва Ислом аз назари мотуридиён

Яке аз баҳсҳое, ки дар миёни мутакаллимони исломӣ матраҳ аст ва иртибот бо масъалаи имон дорад, баҳси “имон ва Ислом” ё ба иборати дақиқтар “як чиз будан ё бо ҳам фарқ доштани имон ва Ислом” мебошад.

Баҳс ва сухан дар масаъалаи “имон ва Ислом” он аст, ки оё имон ва Ислом як чиз ҳастанд ва ба як маъно ба кор мераванд, ё ин ду калима ва истилоҳ аз ҳамдигар фарқ доранд ва ҳар кадом ба маъно ва мисдоқи хоссе далолат доранд? Ба иборати дигар оё мусалмон ва мӯъмин як мисдоқ ва маъно доранд ва ба як ҳақиқату воқеият далолат мекунанд, ё ин ду мафҳум ва истилоҳ дорои ду маъно ва мисдоқи мухталиф ва ҷудои аз ҳам доранд?

Дар масъалаи имон ва Ислом ва инки оё ин ду истилоҳ бо ҳам фарқ доранд ё як чиз ҳастанд, тамоми маотуридиён аз ҷумла худи Абумансури Мотуридӣ бар ин ақида ҳастанд, ки имон ва Ислом аз назари вуҷудӣ ва ҳақиқӣ ва мисдоқӣ ва аз назари динӣ, як чиз ҳастанд ва бо ҳам фарқу тафовут надоранд, ҳар чанд ин ду истилоҳ аз ҷиҳати мафҳумӣ ва луғавӣ бо ҳам фарқ доранд ва дорои ду мафҳуми мутафовит ва мухталиф ҳастанд. Яъне имон ва Ислом аз назари вуҷудӣ ва ҳақиқӣ ва мисдоқӣ як чиз ҳастанд ва ҳар касе, ки мӯъмин бошад мусалмон ҳам ҳаст ва ҳар мусалмоне низ мӯъмин аст. Ҳар чанд имон ва Ислом аз ҷиҳати муфҳум ва луғат, ду мафҳум ва луғати ҷудои аз ҳам ҳастанд ва бо ҳам тафовут доранд.

Имом Абумансури Мотуридӣ дар бораи як чиз будани имон ва Ислом менависад: “Назари мо дар мавриди имон ва Ислом ин аст, ки ин ду истилоҳ  аз назари динӣ ва мисдоқӣ як чиз ҳастанд, ҳар чанд аз назари мафҳуми луғавӣ бо ҳам ихтилоф доранд ва аз ҳамдигар мутафовит ҳастанд”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 492)

Абуляср Муҳаммади Баздавӣ низ дар ин замина мегӯяд: “Аҳли суннати вал ҷамоат(мотуридиён) бар ин ақида ҳастанд, ки имон ҷудо аз Ислом ва ғайр аз Ислом нест ва Ислом низ ҷудо аз имон нест, ҳар кас, ки мӯъмин аст, мусалмон низ ҳаст ва ҳар кас, ки мусалмон аст мӯъмин ҳам мебошад. Ҳар чанд аз назари мафҳумӣ ва луғавӣ имон аз Ислом фарқ дорад, имон ва Ислом монанд ботин ва зоҳир ҳастанд, ки тасаввур кардани ботин бидуни зоҳир ва тасаввур кардани зоҳир бидуни ботин мумкин нест. Лизо имон ва Ислом аз назари луғавӣ ва мафҳумӣ бо ҳам фарқ доранд ва имон ба маънои тасдиқ аст ва Ислом ба маънои таслим шудан. Пас ҳар касе, ки Худо ва Расули Худоро тасдиқ кунад мусалмон мебошад ва таслими Худо гаштааст, ҳамчунин ҳар касе, ки таслими Худо ва Расули Худо гаштааст, Худо ва Расули Худоро тасдиқ кардааст”. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 157)

Ҳамчунин Мулло Алӣ Қорӣ низ дар ин маврид баён мекунад, ки: “Имон ва Ислом як чиз ҳастанд, зеро Ислом ҳамон хузӯъ ва таслим шудан аст, ки ба маънои қабул кардани аҳкоми шариат аст ва ин ҳамон ҳақиқати тасдиқ аст. … Зеро таслим шудани ботинӣ ҳамон тасдиқ аст ва таслим шудани зоҳирӣ ҳамон иқрор мебошад ва тафовуту фарқи имон ва Ислом эътиборӣ ва ғайривоқеъӣ (мафҳумӣ ва луғавӣ) аст”. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар, саҳ 388)

Чуноне ки баён кардем аз дидгоҳи мотуридиён имон ва Ислом аз ҷиҳати мафҳумӣ ва луғавӣ бо ҳам фарқ доранд. Аз назари онҳо тафовут ва фарқи мафҳумӣ ва луғавӣ миёни Ислом ва имон аз ду ҷиҳат аст. Яке аз ҷиҳати худи маъно ва мафҳум аст, ки имон ба маъно ва мафҳуми тасдиқи Худо ва Рсули Худо(с) дар амрҳо ва наҳйҳо (дастурҳо ва манъ карданҳо)-и Худованд аст ва Ислом ба маъно ва мафҳуми таслим шудани инсон дар баробари мақоми улуҳият ва рубубияти Худованд ва дар баробари аҳкоми шаръӣ ва итоат кардан аз фармонҳои Худованд аст. Фарқи дигари имон ва Ислом аз ин ҷиҳат аст, ки “Ислом” унвон ва номи дини Пайғамбари Акрам(с) аст, дар ҳоле ки имон ин вежагӣ ва хусусиятро надорад.

Бо ин вуҷуд вақте имон ва Исломро аз ҷиҳати мисдоқӣ ва ҳақиқӣ ва вуҷудӣ баррасӣ мекунем, ба ин натиҷа мерасем, ки миёни он ду ҳеҷ гуна фарқ ва тафовуте вуҷуд надорад ва тасдиқи Худо ва Расули Худо(с) дар амрҳо ва наҳйҳои Ӯ бо таслим шудан дар баробари мақоми улуҳият ва рубубияти Худованд ва дар баробари аҳкоми шаръӣ як чиз ҳастанд ва аз ҳам қобили ҷудо шудан нестанд. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 157. Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар), саҳ 388 то 390.

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар бораи яу чиз будани имон ва Ислом аз назари мисдоқ ва ҳақиқат ва фақат аз назари мафҳум ва луғат мутафовит будани онҳо ба бархе аз оятҳои Қаръони Карим ва ривоятҳои Пайғамбари Акрам(с) истидлол кардаанд ва ё ин оятҳо ва ривоятҳоро бар асоси дидгоҳи худ тафсир кардаанд.

Аз ҷумла худи имом Мотуридӣ бар хилофи бисёре аз муфассирон ва донишмандони илми калом, ки аз ояти 14 сураи Ҳуҷурот:

“…  قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا قُل لَّمْ تُؤْمِنُوا وَلَكِن قُولُوا أَسْلَمْنَا ”

 “Арабҳои саҳронишин гуфтанд: Имон овардааем, бигу, шумо имон наёвардаед, вале бигӯед Ислом овардаем … ”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 14”

Ду чиз будан ва фарқу тафовути ҳақиқӣ ва мисдоқӣ миёни имон ва Исломро истифода кардаанд, Абумансури Мотуридӣ аз ин ояти Қуръон фақат фарқ ва тафовути мафҳумӣ ва луғавиро истифода мекунад ва бар ин назар аст, ки ҳамин оят далолат бар як чиз будани имон ва Ислом мекунад. Вай бар ин назар аст, ки чун вожа ва калимаи “Ислом” дар он замон дарбардорандаи маъно ва вежагии хос ва шояд дорои як бори маъноии сиёсӣ будааст, кофироне, ки имон меоврданд ҳаросе надошта, ки худро мӯъмин биноманд, аммо барои онҳо сангин буд, ки худро мусалмон биноманд. Ба ҳамин хотир, Худованд ба онҳо дастур медиҳад, ки бигӯянд: “Ислом оавардем ва мусалмон шудем”, то имони онҳо пазируфта шавад. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 492 то 493)

Абумансури Мотуридӣ дар китоби тафсири худ “Таъвилоту аҳли ас-сунна” дар тафсири ояти14 сураи Ҳуҷурот менависад: “Истидлол кардан ба ин ояти Қуръон барои ин ки Ислом ва имон бо ҳам фарқ доранд ва ду чиз ҳастанд, саҳеҳ нест. Ин гурӯҳ ба истидлол ба ин оят миёни Ислом ва имон фарқ мегузоранд, ба ин далел, ки Худованд кофиронро манъ кардааст, ки бигӯянд “имон овардаем”, веле ба онҳо дастур додааст, ки бигӯянд “Ислом овардем”. Агар Ислом ва имон як чиз буданд ин кор саҳеҳ набуд. Дар посухи онҳо мегӯем: Манзур аз “Ислом” дар ин оят Ислом ба маънои имон нест, балки манзур аз Ислом, таслим шудани зоҳирӣ аст ва ин ҳамон чизе аст, ки ҳам Ислом номида мешавад ва ҳам имон аз ҷиҳати зоҳирӣ. Аммо ҳақиқати имон ва Ислом ба як чиз бар мегардад, зеро имон ба маънои тасдиқи ин аст, ки ҳамаи олам таҳти рубубият ва ягонагии Худованд аст ва Ислом ба маънои ин аст, ки ҳамаи олам дар таслими Худованд қарор дорад ва ҳеҷ шарике барои Худованд вуҷуд надорад”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 9, саҳ 338)

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавд, ки мотуридиён дар масъалаи имон ва Ислом ва инки оё ин ду истилоҳ бо ҳам фарқ доранд ё як чиз ҳастанд, бар ин ақида ҳастанд, ки имон ва Ислом аз назари вуҷудӣ ва ҳақиқӣ ва мисдоқӣ ва аз назари динӣ, як чиз ҳастанд ва бо ҳам фарқу тафовут надоранд, яъне ҳар касе, ки мӯъмин бошад мусалмон ҳам ҳаст ва ҳар мусалмоне низ мӯъмин аст.  Ҳар чанд ин ду истилоҳ аз ҷиҳати мафҳумӣ ва луғавӣ бо ҳам фарқ доранд ва дорои ду мафҳуми мутафовит ва мухталиф ҳастанд.

Имон аз назари мотуридиён(бахши дувоздаҳум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед