Имон аз назари мотуридиён (бахши панҷум)

0
52

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Далелҳои мотуридиён бар мӯъмин будани муртакиби гуноҳи кабира

Чуноне ки дар мақолаи қалб баён ва исбот намудем,  мотуридиён дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира” ба ин ақида ҳастанд, ки инсон фақат ба хотири муртакиб шудани гуноҳи кабира, дар сурате, ки он гуноҳи кабира аз рӯи душманӣ ва куфр анҷом нашуда ва  ҳалолу ҷоиз шуморида нашуда бошад, шахси гунаҳкор аз имон хориҷ намешавад ва мӯъмин мебошад ва дар дузах ҳам ҳамешгӣ ва ҷовидон нахоҳад монд.

Мо дар ин мақола қасд дорем, далелҳои мотуридиёнро дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира”, мабнӣ бар инки “муртакиби гуноҳи кабира мӯъмин аст ва кофир намешавад”,  баён намоем.

Дидгоҳи мотуридиён дар масъалаи ҳукми муртакиби гуноҳи кабира, ки анҷомдиҳандаи гуноҳи кабираро мӯъмин медонанд ва онро аз доираи имон  хориҷ намедонанд, бар мабнои дидгоҳо ва назарияи онҳо дар масъалаи моҳият ва ҳақиқати имон  бано шудааст. Зеро аз назари онҳо моҳият ва ҳақиқати имон  иборат аст аз “тасдиқ ва эътиқоди қалбӣ”  ва аъмол дахолате дар моҳият ва ҳақиқати имон надоранд ва рукну асоси имон ба ҳисоб намеоянд. Пас инсон фақат бо “тасдиқи қалбӣ” дар доираи имон дохил мешавад ва мӯъмин ба ҳисоб меояд ва мӯъмин низ ба биҳишт меравад. Ба ин хотир инсоне, ки фақат муртакиби гуноҳи кабира шуда ва ҳукми илоҳиро инкор накардааст, балки таҳти таъсири ҳавои нафси худ қарор гирифта ва фиреби шайтонро хурда ва кори ҳаром анҷом додааст, имони ӯ ҳануз аз байн нарафта ва ӯ аз доираи имон хориҷ нашудааст, балки мӯъмин аст ва аҳкоми зоҳирии имон бар ӯ ҷорӣ мегардад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 426)

Абумуъини Насафӣ дар ин маврид мегӯяд:” Касе, ки муртакиби гуноҳи кабира шудааст, исм ва унвони мӯъмин ба ӯ сидқ мекунад, зеро имон ҳамон “тасдиқи қалбӣ” аст, аммо куфр ба маънои такзиб ва рад кардан аст. Касе, ки ба сабаби танбалӣ ё бузургиву бузургавории Худованд ё ғалабаи шаҳват ба ӯ ё ба сабаби умед доштан ба афву бахшиш Худованд, муртакиби гуноҳи кабира мешавад, тасдиқ ва имони ӯ боқӣ аст ва то замоне ки тасдиқ вуҷуд дошта бошад, такзиб (куфр) наметавонад мавҷуд бошад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 360)

Матлабе, ки дар боло баён гардид, метавон ба унвони як далели мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира”, зикр кард. Аммо далелҳои аслии мотуридиён барои исботи дидгоҳ ва назари худ дар ин масъала, оятҳои фаровони Қуръони Карим аст.

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар мавриди инки муртакиби гуноҳи кабира мӯъмин аст ва кофир намебошад, ба оятҳои мухталифе аз Қуръон Карим истинод кардаанд, ки дар онҳо унвони “мӯъмин” бар афроде, ки муртакиби гуноҳи кабира шудаанд, итлоқ шудааст. Ба унвони намуна Худованди Мутаол мефармояд:

“…يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِصَاصُ فِي الْقَتْلَى”

“Эй касоне, ки имон овардаед, ҳукми қасос дар мавриди кушташудагон, бар шумо фарз гардида аст … ”. (Сураи Бақара, ояти 178)

Ҳамчунин Худованди Мутаол мефармояд:

“…يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَقْرَبُواْ الصّلوةَ وَأَنتُمْ سُكَارَى”

“Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳолати мастӣ ба намоз наздик нашавед…”. (Сураи Нисоъ, ояти 43)

Худованди Мутаол дар ин ду ояти Қуръони Карим, афродеро, ки муртакиби гуноҳи кабирае ҳамчун қатли амд ва хурдани шароб шудаанд, мӯъмин ба шумор оварда ва онҳоро бо иборати ”يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ” (Эй касоне, ки имон овардаед) хитоб қарор додааст.

Имом Мотуридӣ дар ин маврид мегӯяд:

Худованди Мутаол увони имонро бар касоне, ки муртакиби гуноҳи кабира шудаанд ва он гуноҳ дорои азоб аст, итлоқ кардааст. Худованди Мутаол мефармояд: “…وَإِن طَائِفَتَانِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اقْتَتَلُوا” “Ва ҳар гоҳ ду гурӯҳ аз мӯъминон бо ҳам ба ҷанг  ва низоъ бипардозанд …”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 9).  Дар ин оят унвони имон барои ин ду гурӯҳ собит шудааст, дар ҳоле ки бар яке аз ин ду гурӯҳ унвони “бағй” (саркаш, гунаҳкор, туғёнгар) ба сабаби ҷанг ва қатли якдигар сидқ мекунад. Агар онҳо бо ин кор ва гуноҳ аз имон хориҷ мешуданд, саҳеҳ он буд, ки дар мавриди онҳо унвони имон зикр намешуд. Ҳамчунин Худованди Мутаол мефармояд: “…يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِصَاصُ فِي الْقَتْلَى” “Эй касоне, ки имон овардаед, ҳукми қасос дар мавриди кушташудагон, бар шумо фарз гардида аст … ”. (Сураи Бақара, ояти 178). Маълум аст, ки дар ин оят манзур қатли амд аст. Бо ин ҳол дар аввали оят унвони имон барои онҳо собит шудааст. Ҳамчунин миёни онҳо ухувват ва бародарии имонӣ низ вуҷуд дорад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 426 то 427)

Абумуъини Насафӣ баъд аз зикри оятҳои дар боло зикршуда ( яъне ояти 43 сураи Нисоъ, ояти 9 сураи Ҳуҷурот ва ояти 178 сураи Бақара) ба унвони далел барои исботи дидгоҳи мактаби каломии Мотуридия дар мавриди мӯъмин будани муртакиби гуноҳи кабира, ба истидлол тавасути ояти 178 сураи Бақара мепардозад ва менависад:

Аз ин оят ба се тариқ мешавад истидлол кард. Аввал инки дар ин оят унвони имон барои онҳо (анҷом диаҳандаи гуноҳи кабира) боқӣ монда ва ҷорӣ аст, бо вуҷуд онки қасоси онҳо ба сабаби қатли амде, ки анҷом додаанд, лозим ва воҷиб аст. Дуввум инки унвони ухувват ва бародарӣ, ки ба воситаи имон собит мешавад, чуноне ки Худованд мефармояд: Мӯъминон бародари якдигаранд (Сураи Ҳуҷурот, ояти 9), миёни кушанда ва соҳибони кушта шуда, боқӣ монда ва ҷорӣ аст. Чуноне ки Худованд мефармояд: Пас агар касе аз сӯи бародари (динии) худ, чизе бахшида шавад (ҳукми қасос ба чизи сабуктар табдил шавад) (Сураи Бақара, ояти 178). Севвум инки ин гуноҳи кабира шахси гунаҳкорро аз шомил шудани тахфиф ва раҳмати илоҳӣ хориҷ намекунад, чуноне ки Худованд мефармояд: Ин тахфиф ва раҳмате аст аз ҷониби Парвардигоратон(Сураи Бақара, ояти 178). (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 363 то 364)

Ҳамчунин Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар масъалаи “ҳукми муртакиби гуноҳи кабира”, ба бархе аз оятҳое истинод мекунад, ки дар онҳо Худованди Мутаол афродеро, ки муртакиби гуноҳи кабира шудаанд ва он гуноҳи онҳо фақат ба воситаи тавба кардан бахшида ва пок мешаванд, бо ин вуҷуд Худованд онҳоро ба унвони мӯъмин хитоб қарор додааст. Чуноне ки Худованди Мутаол мефармояд: “…يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَّصُوحًا” “Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯи Худо тавба кунед, тавбае холис… ”. (Сураи Таҳрим, ояти 8). Дар ҳоле ки бар асоси дидгоҳи касоне, ки муртакиби гуноҳи кабираро кофир медонанд, ин таъбир ҷоиз намебошад. Пас собит мешавад, ки назарияи саҳеҳ назарияи касоне аст, ки муътақиданд гуноҳи кабира имонро аз байн намебарад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 427 то 428)

Дигар мутакаллимону донишмандони мотуридия низ оятҳои зикршуда ва оятҳои дигаре аз Қуръони Карим ва ҳамчунин далелеҳоеро барои исботи дидгоҳи худ баён кардаанд, ки мо ба ҳамин миқдор иктифо мекунем. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 426 то 436. Абусанои Ломишӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 121 то 123.  Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 13. Мулло Алӣ Қорӣ, Шарҳи фиқҳул акбар, саҳ 164 то 165)

Масъалаи дигаре, ки дар ин замина бояд тавзеҳ дода шавад, масъалаи чистии гуноҳи кабира аст. Яъне манзур аз гуноҳи кабира чист ва чӣ гуноҳҳое гуноҳи кабира ҳастанд?

Дар мавриди чистии гуноҳи кабира мутакаллимони қадими мотуридӣ сухане нагуфтаанд ва онро ошкору равшан донистаанд. Аммо бархе аз мотуридиён таърифҳоеро аз гуноҳи кабира баён кардаанд, аз ҷумла: Ҳар маъсияте гуноҳи кабира аст. Гуноҳе, ки бар он исрор варзида шавад, гуноҳи кабира аст. Ҳар гуноҳе, ки бо гуноҳи качактар аз худ муқоиса шавад, гуноҳи кабира аст ва ҳар гуноҳе, ки бо гуноҳи бузургтар аз худ муқоиса шавад, гуноҳи сағира аст. Гуноҳи кабира гуноҳе аст, ки сабаби ҳадди шаръӣ бошад. (Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 147. Муслиҳиддни Касталӣ, Ҳошиятул Касталӣ ало шарҳил ақоиди ан-насафия, саҳ 141)

Лизо таърифи дақиқ ва комиле аз гуноҳи кабира дар китобҳои мутуридён вуҷуд надорад. Аммо ончи мусаллам ва яқинӣ аст он аст, ки теъдоде аз гуноҳон ҳастанд, ки дар кабира будани онҳо ҳеҷ шаке вуҷуд надорад, монанди қатли амд, зино, хурдани шароб ва ғайра.

Бинобар ин, аз ончи баён гардид, равшан мешавад, ки аз назари мотуридиён инсон бо анҷоми гуноҳи кабира аз доираи имон хориҷ намешавад ва ҳангоме ки дар доираи мӯъминон бошад, дар ниҳоят ба биҳишт меравад. Яъне шахси муртакиби кабира ҳар чанд гунаҳкор аст, аммо мӯъмин аст. Тамоми мотуридиён дар инки муртакиби гуноҳи кабира мӯъмин аст, иттифоқи назар доранд.

Мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар мавриди инки муртакиби гуноҳи кабира мӯъмин аст ва кофир намебошад, ба оятҳои мухталифе аз Қуръон Карим истинод мекунанд. Аз ҷумлаи инҳо, оятҳои фаровоне аст, ки дар онҳо унвони “мӯъмин” бар афроде, ки муртакиби гуноҳи кабира шудаанд, итлоқ шудааст.

Имон аз назари мотуридиён(бахши чаҳорум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед