Худопарастӣ ва парҳез аз тоғут ҳадафи ирсоли пайғамбарон

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ин навиштор талош бар ин аст, ки худопарастӣ ва парҳез аз тоғут, дар Қуръони Карим баҳс ва гуфтугӯ шавад. Худопарастӣ ва парҳез аз тоғут, аз аҳдофи муҳимми омадани ҳамаи пайғамбарони илоҳӣ дар рӯи замин мебошад. Ба ҳамон андоза, ки худопарастӣ дар Ислом муҳим аст, ба ҳамон андоза парҳез аз тоғут ҳам муҳим ва зарурӣ мебошад. Ин ҳама таъкид, баёнкунандаи ин аст, ки тоғут дар муқобили Худо қарор дорад. Яъне агар дар ҷое тоғут бошад Худо наметавонад бошад ва ҷое, ки Худо бошад, набояд тоғут дар онҷо бошад.

Худопарастӣ ва парҳез аз тоғут

Аз аҳдофи муҳим ва аслии омадани пайғамбарон даъвати мардум ба парастиши Худои ягона ва дурӣ аз итоати тоғутҳо мебошад.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَ لَقَدْ بَعَثْنا فيکُلِّ أُمَّةٍ رَسُولاً أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَ اجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ

“Дар ҳар уммат ва қавме пайғамбаре фиристодем, то мардумро ба парастиши Худо ва парҳез аз тоғут даъват намоянд.”(Сураи Наҳл, ояти 36)

Тоғут сифате аст, ки барои муболиға ва бузургнамоӣ, туғён ва саркашӣ ба кор меравад. Дар Қуръон ба ситамгарон, ҳокимони золим ва мустакбирон ва бутҳо, ки мояи туғёну саркашӣ ва нофармонбарии Худо ҳастанд “тоғут” гуфта мешавад.

Дар ин ояти Қуръон, худопарастӣ ва парҳез аз тоғут асли ҳадафи омадани пайғамбарон номида мешавад. Анбиё аввалин касоне ҳастанд, ки баъд аз парастиши Худованд бо тоғутҳо ва фиръавнҳо менҷангиданд.

Тамоми анбиё дар замони рисолаташон бо тоғутҳо ва фиръавнҳои замони худ мубориза кардаанд ва нобудашон кардаанд. Қуръон рафтори анбиё ва сарнавишти золимонро барои баъдиҳо ёдоварӣ ва гушзад мекунад, ки ба сарнавишти онҳо фикр кунед ва оқибати онҳоро бингаред, ки чигуна ҳалок ва нобудашон кардаем. Паёми ин оёт ба ҳокимон ин аст, ки ҳар вақт ва ҳар замон золимон бихоҳанд бо дин муқобила кунанд сарнавишташон ҳамин аст. Сарнавиште, ки ба Намруд, Фиръавн ва дигар ҳокимони золим омад. (Сураи Наҳл, ояти35)

Ин барои мо мусалмонҳо мушахас мекунад, ки баъд аз парастиши Худо ҷанг бо тоғутҳо ва фиръавнҳоро дар пеши рӯйи худ дорем. То тоғутҳо маҳв ва нобуд нашаванд тавҳид ва худопарастӣ ҷилвагар наметавонад бошад. Аввал куфри ба тоғутҳо баъд имон ба Худо. Яъне муқаддимаи тавҳид нафӣ ва парҳезу такфир кардани тоғутҳо аст. То тоғутҳо ба кулли маҳв ва нобуд нашаванд, тавҳид таҳаққуқ намеёбад. Агар мехоҳем мизони тавҳиди худро бидонем бояд нигоҳ кунем мизони нафрат ва безории мо нисбат ба тоғутҳо ба кадом андоза аст. Мелоки шинохти тавҳид, куфри ба тоғутҳо аст. Ҳар андоза, ки аз тоғут безор ва нафрат дошта бошем ба ҳамон андоза тавҳиди мо қавӣ ва маҳкам мебошад.

Куфри ба тоғут танҳо бо қалб ҳосил намешавад, балки истодагарӣ ва мубориза бо тоғут мебошад. Мақсади иҷтиноб аз тоғут он аст, ки мусалмон мавқеъият, тасмимҳо ва ҳаракати хешро аз тоғут ҷудо карда ва ҷудоӣ ва безории худро ошкор созад.

Ибодати тоғут ба маънои итоат аз он аст. Касе ки аз тоғут итоат кунад, ӯро ибодат карда аст.(Сураи Зумар, ояти 17)

Як рӯз ҳазрати Исо (а) аз канори рустое мегузашт, ки аҳолии он мурда буданд, яке аз ононро зинда кард ва фармуд: Вой бар шумо! Чи  гуноҳе аз шумо сар зада буд? Ҷавоб дод: ибодати тоғут ва дунёпарастӣ мекардем. Ҳазрати Исо (а) пурсид: Чигуна ибодати тоғут мекардед? Ҷавоб дод аз гунаҳкорон пайравӣ ва итоат мекардем. (Тафсири Нуру-Сақалайн, ҷ 5, саҳ 531).

 

Худованд дар ҷои дигари Қуръон мефармояд:

وَ ما أَرْسَلْنا مِنْ قَبْلِکَ مِنْ رَسُولٍ إِلاَّ نُوحيإِلَيْهِ أَنَّهُ لا إِلهَ إِلاَّ أَنَا فَاعْبُدُونِ

“Пеш аз ту ҳеҷ паёмбаре нафиристодем ҷуз ин ки ба ӯ ваҳӣ мекардем, ки худое ҷуз Худои якто нест ва фақат Ӯ-ро бипарастед.”(Сураи Анбиё, ояти 25)

Худованд дар ин оят бо қатъӣ ва ҷидият мефармояд: Эй Паёмбар (с) парастиши Худои ягона поёни роҳ барои мо мебошад. Мо ҳар пайғамбареро, ки фиристодем ба онҳо ваҳй мекардем, ки Худои Ягонаро бипарастанд ва маъбуди ҷуз Худо вуҷуд надорад. Ҳар тоғуте, ки мардумро аз парастиши Худо маън мекунад дар ҷанг бо Худованд ва бандагонаш аст. Ҳеҷ тоғуте дар ин роҳ муваффақ нашуда ва ба ҳадафи ботили худ нарасидаанд. Фиръавнҳо дар ин роҳ нобуд гаштаанд. Ҳеҷ ҳокими золиме аз Фиръавн қудратмандтар набуда ва намебошад. Қудрати Фиръавн ғайри одӣ ва бузургтар аз қудратҳои  заминӣ буд. Ӯ дарёҳоро дар тасхири қудраташ дошт. Вале ба мақсадаш нарасиду нобуд гашт. Ин метавонад сармашқи ҳокимони золими ҳар замон бошад ва аз ӯ ибрат гирифта худро ислоҳ кунанд.

Наҳй аз сукут дар баробари ситамгарон

Худованди Мутаол дар Қуръон аз сукут ва рукун дар баробари ситамгарон наҳй кардааст.

Худованд мефармояд:

وَ لا تَرْکَنُوا إِلَي الَّذينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّکُمُ النَّارُ وَ ما لَکُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِياءَ ثُمَّ لا تُنْصَرُونَ

“Ба ситамгарон тамоюл ва такя накунед, ки оташи азоб шуморо фаро мегирад ва дар ин сурат барои шумо дар баробари Худованд ҳеҷ дусту сарпарсте нест ва ҳеҷ кумаккунандае нахоҳед ёфт.”(Сураи Ҳуд, ояти 113)

Дар луғат калимаи “Рукунро” ба дустӣ, маваддат, итоат ва фармонбарӣ, ризоят ва хушнудӣ, майл ва рағбат, кӯмак хостан ва наздикӣ ва чоплусӣ маъно кардаанд.

Замахшарӣ дар тафсири ин оят мефармояд:

Рукун, яъне мутамойл шудан, наҳй дар ин оят шомили ҳаводорӣ, тамойл ва ҳамроҳӣ, ҳамнишинӣ, боздид, чоплусӣ ва ризоят ба корҳои ситамгарон, худро шабеҳи онҳо кардан, ҳамонанди онҳо либос пӯшидан, чашм ба инояти онҳо доштан ва онҳоро ба азамат ёд кардан мебошад. (Тафсири Замахшарӣ, сураи Ҳуд ояти 17)

Қуртубӣ дар тафсири ин оят менависад:

Рукун, иттико ва эътимод ва тамоюл ва ризоят нисбат ба як чизро гӯянд.

Ибни Касир дар тафсираш менависад:

Ибни Аббос (р) Рукунро ба чоплусӣ ва тамаллуқ маъно кардааст.

Боз ибни Ҷарир (р) ба нақл аз ибни Аббос (р) менависад: Рукун ба маънои мутамойл шудан нисбат ба ситамгарон аст. Ин қавли хуб ва муносибтар аст ва мешавад оятро ба ин сурат маъно кард. Яъне ин ки ситамгаронро ёрӣ накунед. Чун дар сурати ёрии онҳо ҳамонанди касоне хоҳед  шуд, ки ба рафтор ва корҳояшон розӣ ҳастанд. (Тафсири ибни Касир, ҷ2, саҳ 461)

Сайид Қутб дар тафсираш мегӯяд:

Ин оят ба ин маъно аст, ки ба ситамгарон иттико ва итминон накунед. Ситамгарони саркаш ва соҳиби қудрате, ки бар бандагони Худо чира шуда ва онҳоро бар бардагӣ ва бандагии хеш даровардаанд. Зери султаи онҳо наравед, чаро ки зери султаи ситамгарон рафтан ба маънои иқрор ва қабули ин мункари бузург хоҳад буд, дар ҳоле ки мушорикат бо онҳо ҳаром аст. (Тафсири Физзилоли Қуръон, ҷ12, саҳ147)

Ривоят аст, ки яке аз халифаҳои Суфёнӣ як амри мункаро муртакиб шуд. Марде баланд шуд ва ба ӯ гуфт: Шумо бар хилофи суннати Расули Худо(с) рафтор кардӣ ва бо ӯ мухолифат кард. Сипас Абу Саъид(рз) гуфт: Ин мард ба вазифаи хеш амал кард. Чаро ки аз Расули Худо (с) шунидам ки фармуд: Ҳар касе, ки мункареро мушоҳида кунад, бояд бо дасти хеш аз он пешгирӣ кунад (бо амалаш) ва агар натавонист, бо забони хеш ба муқобила бо он бархезад ва агар натавонист, бо қалби худ аз он амал нафрат ва безорӣ ҷӯяд, ки ин намуна аз мухолифат заъифтарин маротиби имон аст. (Саҳеҳ Муслим, ҷ1, саҳ 50)

Натиҷа

Бо шинохти ҳадафи муҳимми анбиё, ки парастиши Худованди Мутаол ва парҳез аз тоғутҳо аст, фаҳмидем, ки тавҳид аз асли ҳадафи анбиё ва аз усули дини мо аст. Аҳаммияти парҳез аз тоғут ҳам муҳим ва лозим аст. Чун дар ояти Қуръон парҳез аз тоғут дар канори тавҳид қарор дода шудааст.

Аз суханони муфассирон дар наҳй аз рукун дар муқобили ситамгарон чунин бардошт мешавад, ки иҷтиноб аз тамоюл ба онҳо, сукут дар баробари онҳо, кӯмак хостан аз онон, ризоят ба амалашон, чоплусӣ, муҳаббат, итоат, зери бори ҳукумати онҳо рафтан ва қабули ҳокимони золим раво нест.

Куфри ба тоғут танҳо бо қалб ҳосил намешавад, балки истодагарӣ ва мубориза бо тоғут мебошад. Мақсад аз иҷтиноб аз тоғут он аст, ки мусалмон мавқеъият, тасмимҳо ва ҳаракати хешро аз тоғут ҷудо карда ва ҷудоӣ ва безории хешро ошкор созад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед