Эълони хатар ба пайравони ситамгарон

0
99

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Яке аз масъалаҳое, ки дар Қуръони Карим баён шудааст ва мо мусалмононро нисбат ба он ҳушдор дода ва ба ҳокимони ситамгар ва пайравонашон эълони хатар мекунад, ибратгирӣ аз саргузашти умматҳои пешин мебошад. Худованди Мутаол дар оятҳои гуногун ба пайровонӣ ростини худ хабар дода,  достонҳои паёмбарон, ҳокимони ситамгар ва пайравонашонро ёдоварӣ мекунад, ки аз ситамгарон итоат накунед.  Зеро агар аз онҳо пайравӣ кунед, ба сарнавишти онҳо дучор мешавед.

Худованд  баъзе аз ин қавмҳоро, ки ба ғазаб ва азоби Ӯ гирифтор шуданд ба унвони достон баён мекунад. Монанди достони қавми Од ва Самуд ва дигар қавмҳои пешин, то мо аз хоби ғафлат бедор шавем ва вазифаи худро нисбат ба ҳокимони фосид ва ситампеша бидонем. Ҳадафи  Қуръони Карим аз зикри  достонҳо  барои ҳар уммати мусалмон  пандгирӣ ва ибратомӯзӣ мебошад.

Бинобар ин дар ин мақола ба оятҳое аз сураи Фаҷр, ки ишора ба саргузашти қавмҳои Од, Самуд ва Фиръавн дорад,  ишора мекунем.

Саргузашти қавм ва умматҳои ситамгар дар Қуръон

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар оятҳои зиёде саргузашти ҳокимон ва қавмҳои ситамгарро баён мекунад, ки гирифтори қаҳр ва ғазаби илоҳӣ шуданд.  Дар оятҳои гуногун Худованд ба чанд қавми қудратманд аз қавмҳои пешин, ки ҳар кадом барои худ қудрати бузург доштанд, ки  дучори кибру  ғурур  шуданд ва роҳи саркашӣ ва куфру зулмро пеш гирифтанд, ишора мекунад.  Инчунин  сарнавишти дардноки онҳоро равшан месозад, то мушрикони Макка ва ояндагон  аз хоби ғафлат бедор шаванд ва  ба сарнавишти онҳо ва азоби илоҳӣ дучор нашаванд.

Қавми Од: Од ҳамон қавми Паёмбари бузургӣ Худо ҳазрати Ҳуд(а) аст.  Ин ки  онҳо  дар чи замоне зиндагӣ мекарданд ихтилоф аст. Тарихнависон Одро ду қабила медонанд.

  1. Қабилае, ки дар гузаштаи бисёр дур пеш аз тарихи инсон зиндагӣ мекарданд ва Қуръон аз онҳо ба( عادٌ الاولى) ёд кардааст.
  2. Қабилае, ки аз замони тарихи инсон ҳудуди 700 сол пеш аз таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ(а) вуҷуд доштанд. (Ибни Асир,  Алкомилу фи торих,  ҷ 1. саҳ 98)

Азоби сахт ва ҳалокати қавми Од

Худованд дар Сураи Фаҷр ба аввалин қавми ситамгар аз қавмҳои пешин  мефармояд:

أَ لَمْ تَرَ کَیْفَ فَعَلَ رَبُّکَ بِعاد

“Оё надиди Парвардигорат бо қавми Од чӣ кард?” (Сураи Фаҷр, ояти 6)

Достони ҳалокати қавми Од дар бархе аз тафсирҳо ин тавр омадааст: Сарзамини қавми  Од бисёр сарсабзу хуррам ва ҳосилхез буд.  Вақте аз даъвати ҳазрати Ҳуд(а) сарпечӣ  карданд Худованд борони  раҳматашро ҳафт сол аз онҳо гирифт. Хушксолӣ  ва қаҳтӣ  ҳама ҷоро фаро гирифт. Ҳаво хушк ва гарму кушанда шуда буд. Ҳазрати Ҳуд(а) ба онҳо фармуд: Тавба ва истиғфор кунед, то Худованд борони раҳматашро ба сӯи шумо бифиристад. Вале онҳо бар душманӣ ва саркашии худ истода  даъвати ҳазрати Ҳудро  ба масхара гирифтанд. Худованд ба Ҳуд(а) ваҳй кард, ки дар як замони муайян  азоби дардноке ба сурати боди тунд ва кубанда бар онҳо мефиристам. Он вақт фаро расид,  вақте миллати гунаҳкори Од ба осмон нигаристанд, абреро диданд, ки ба сӯи сарзамини онҳо ҳаракат мекунад.  Пиндоштанд, ки абр нишонаи борон аст.  Аз ин рӯ  шодмон шуданд ва гуфтанд: Ин абрест боронзо, ки сел меоварад, ба сӯи дарраҳо омаданд, то манзараи нозил шудани борони пурбаракатро бингаранд ва шодмонӣ кунанд. Вале ба онҳо гуфта шуд; ин абри боронзо нест.  Ин ҳамон азоби даҳшатнокест, ки барои омаданаш шитоб мекардед.  Ин боди тез ва сахт аст, ки ҳамроҳи худаш азобӣ дарднокеро дорад.  Замоне нагузашт он боди сахт ва вайронгар фаро расид.  Ин азоб ба қадре сахт буд, ки ҳайвонот  ва чупонҳои онҳоро аз замин бардошта ба ҳаво бурд. Хаймаҳоро аз ҷо меканд ва чунон боло мебурд, ки ба сурати малахе дида мешуданд.  Вақте  он саҳнаи даҳшатборро диданд,  гурехтанд ва ба хонаҳои худ паноҳ бурданд ва дарҳоро  бастанд.  Аммо  бод чунон даҳшатнок буд, ки дарҳоро аз ҷо меканд  ва онҳоро бар замин мекубид ва бо худ мебурд ва тани беҷони онҳоро зери  шинҳои зиёд пинҳон месохт. (Тафсири Фахри Розӣ, ҷ 28, саҳ 28)

Қавми Самуд

Қавми  Самуд  аз қадимитарин қавмҳо аст  ва 26 бор дар Қуръон ба ин қавм ишора шудааст. Пайғамбарашон ҳазрати Солеҳ(а) буд. Дар сарзамини ба номи “Водилқуро” миёни Макка ва Шом зиндагӣ доштанд.  Тамадуни пешрафта ва зиндагии бо рифоҳ ва соҳиби хонаҳо ва иморатҳои бузургу пешрафта буданд  ва боғҳову кишоварзии фаровон доштанд. (Масъудӣ, Али ибни Ҳусейн, Мураввиҷузаҳаб, ҷ 1, саҳ 33)

Азоби сахт ва ҳалокати қавми Самуд

Худованд баъд  аз қавми Од ба  дуввумин гурӯҳе аз ситамгарон ва  қавмҳои пешин ишора намуда мефармояд:

 وَ ثَمُودَ الَّذِینَ جابُوا الصَّخْرَ بِالْواد

“ Ва қавми “Самуд,” ки сахраҳоро дар сарзамини худ буриданд.” (Сураи Фаҷр, ояти 9)

Худованд дар ин ояти шарифа аз ин қавм ёдоварӣ карда ва ба мо ва ояндагон ҳушодор медиҳад, ки дар сурати пайравӣ аз ҳокимони ситамгар ба сарнавишти инҳо дучор мешавед. Ҳалок шудани ин қавм дар Қуръон бо роҳҳои гуногун баён шудааст.  Монанди  сайҳаи осмонӣ  ва заминларза ва ғайра.   Саргузашти ин қавм, ки аз ҳокими ситамгари замони худ пайравӣ  карданд ва бо паёмбари худ ва сухани Худованд зиддият карданд, гирифтори азоби илоҳӣ шуданд.

Қавми Самуд вақте аз ҳазрати Солеҳ(а) муъҷиза хостанд, ба фармони  Худованд ногаҳон шутури модае аз дили сангҳои кӯҳ берун омад. Ҳамагӣ  ин саҳнаро диданд,  гурӯҳе имон оварданд ва гурӯҳи  дигар инкор карда ва роҳи саркаширо  пеш гирифтанд. Ҳазрати Солеҳ(а) фармуд;  ба ин шутур камтарин зулмро  раво надоред, ки азоби илоҳӣ ба суроғи шумо меояд. Онҳо ба ин сухан эътино накарданд ва он шутурро  куштанд. Бад аз ин ҷиноят бо камоли бешармӣ  назди ҳазрати Солеҳ(а) омаданд ва гуфтанд: он азоберо, ки ваъда медиҳӣ бар мо бифирист. Худованд ба ҳазрати Солеҳ(а) ваҳй кард ва гуфт  ба онҳо бигӯ  азоби ман то се рӯзи дигар ба суроғи шумо меояд.  Агар дар ин се рӯз тавба кардед,  азобамро аз шумо бармедорам, вагарна ҳатман азоб шуморо фаро мегирад. Бад аз расондани паёми Худованд  онҳо гуфтанд;  агар рост мегӯи он азобро барои мо биёвар. Ҳазрати Солеҳ(а) ба онҳо фармуд: Эй қавм! Нишонаи азоб ин аст, ки чеҳраи шумо дар рӯзи аввал  зард мешавад.  Дар рӯзи дуюм сурх мегардад ва  рӯзи сеюм сиёҳ мешавад. Ин нишонаҳо дар рӯзи аввал, дуюм ва сеюм ошкор шуд.  Саранҷом нимаи шаб Ҷабраили Амин(а) бар онҳо фурӯд омада  сайҳа зад.  Ин сайҳа бақадре баланд буд, ки ба сабаби он пардаҳои гӯшашон дарида шуд  ва қалбҳояшон шикофта гардид  ва ҷигарҳояшон пора пора шуд. Ҳамаи онҳо дар як лаҳза ба хок афтода  мурданд.  Вақте  ки он шаб ба субҳ расид  Худованд соиқаи оташин ва фарогир аз осмон ба сӯи онҳо фиристод.  Он соиқа онҳоро сӯзонда  аз саҳифаи рузгор нобудашон кард. Достон и ин паёмбари илоҳӣ дар сураҳо ва оятҳои гуногун  монанди  сураҳои Аъроф ояти  78, сураи  Ҳуд ояти  65_67, сураи  Шуъаро 157_158, сураи  Намл  49_52 зикр шудааст ва ба хотири зиёд шудани саҳифаҳои мақола онҳоро зикр накардем.

Худованд  баъд аз зикри достони Од, Самуд ва Фиръавн  дар сураи Фаҷр ба амалҳои ин қавми сегона ишора карда ва сабаби нобудии онҳоро  саркашӣ, фасод, зулм ва ҳавасронию шаҳватпарастӣ  дониста дар як каломи кӯтоҳ  мефармояд:

الَّذِینَ طَغَوْا فِی الْبِلادِ

“Ҳамонҳо, ки дар шаҳрҳо туғён карданд”(Сураи Фаҷр, ояти 11)

Натиҷа

Достонҳои қуръонӣ ба мо миллатҳои мусаломон ин паём ва  ибратро медиҳад, ки Қуръонро сарлавҳаи зиндагии худ қарор диҳем ва аз ҳокимони ситамгар ва фосиди замони худ на фақат  пайрави накунем, балки  сукутро ҳам бар мо ҷоиз намедонад. Зеро  бисёре аз  ин қавмҳо ба хотири  сукут дар баробари ҳокимони золими замони худ амали онҳоро таъйид  карда ва иҷозаи зулм доданд, бинобар ин гирифтори азоби илоҳӣ шуданд.

Ҳақиқатан паёми чунин достонҳо барои  мо уммати исломӣ ин аст, ки аз хоби ғафлат бедор шавем ва роҳу равиши  худро бо Худо  равшан кунем ва бубинем оё аз ҳокимоне, ки тамоми ҷиноят ва фисқу фуҷур ва фасодро анҷом медиҳанд пайравӣ мекунем  ё аз аҳком ва қонуни илоҳӣ?.  Фармонбардори суханони   Худои Мутаол ҳастем ё фармонбардори ҳокимони фиръавнсифат?.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед