Диққати мухтасаре ба мафҳуми вожаи куфр аз як ояти Қуръони Карим

0
91

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Қуръони Карим барои мо  мусалмонон ҳамчун сармашқ ва улгӯ  дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ новобаста аз буъди иҷтимоӣ ва фардиро дар бар мегирад. Ба эътқоди мо Қуръони Карим ба унвони охирин китоби осмонӣ,  ба воситаи  ҳазрати Муҳаммад(с) аз ҷониби Худо барои ҳидояти башарият фиристода шудааст. Вақте ки Он ба унвони охирин китоби осмонӣ бошад, табиатан бояд дар Он ҳамаи барномаҳои зиндагӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳама дар асоси фармоишоти Қуръон зиндагии худро сомон диҳанд, то ба саодату растагории дунё ва охират бирасанд.

Бадеҳӣ аст, ки ба кор гирифтани чунин зиндагии мавриди назар дар сояи Қуръони Карим бо ташкили як ҷомеае дар чаҳорчуби қавонини Ислом тавассути роҳбарони одил ва мусалмон ба даст меояд ва ин роҳбарон ҳастанд, ки бо дар назар гирифтани усули куллӣ ва асосии Ислом  қонунҳоеро эҷод мекунанд, ки мухолиф ва зидди дастуроти Худо набошад. Аммо мутассифона имрӯзҳо  роҳбарони ҷомеаи мусалмонӣ на танҳо барои эҷод қонунҳои шаҳрвандӣ усули куллӣ ва асосии қонунҳои Исломро дар назар намегиранд, балки қонунҳоеро эҷод мекунанд, ки  мухолиф ва зидди дастурот ва фармоишоти Ислом ҳастанд. Дар чунин шароит бояд бубинем, ки Қуръони Карим бо чунин роҳбарони ба ном мусалмон чигуна бархурд мекунад. Оё онҳоро аз ҷумлаи мусалмонон медонад ё эшонро ба куфр ҳукм мекунад.?

Дар ин навиштор қарор аст ба таври мухтасар танҳо ба як  ояте аз Қуръони Карим ояти 44 сураи Моида ишора кунем ва назари муфассиронро дар мавриди ояти мадди назар баён кунем.

Маънои луғавӣ ва истилоҳии куфр

Куфр дар луғат ба маънои :

الکفر فی اللغه سِترُ الشیِ، و وُصِفَ اللیل بالکافر لِسِترِه الاَشخاصَ، والزارعُ لِسِترِه البَذرَ فی الاَرض

Куфр  дар луғат иборат аст аз чизеро пинҳон кардан. Ба шаб кофир гуфта мешавад барои ин ки он  ашёро дар торикии худ мепӯшонад. Ба кишоварз низ кофир мегӯянд ба ин хотир аст, ки ӯ донаро дар замин зери хок  пинҳон мекунад. (Муфрадоти Қуръони Карим, Роғиби Исфаҳонӣ, ҷ 4, саҳ 714)

Ҳамчунин ибни Асир дар китоби Анниҳоя куфро чунин таъриф мекунад:

اصل الکفر تغطیةُ الشیِ تغطیةً تَستَهلِکُهُ

Асли  решаи калимаи куфр иборат аст аз пӯшондани чизе ба тавре ки ҳамаи онро ба таври комил пӯшонад.( Анниҳояи ибни Асир, ҷ4, саҳ 187)

Аз он чӣ дар таърифи калимаи куфр омадааст чунин натиҷа ба даст меояд, ки куфр яъне чизеро аз чашми мардум ба таври комил  дур нигоҳ доштан мебошад ва ин пинҳон кардан ба ду шакл метавонад бошад, яъне пинҳон кардани моддӣ ва маънавӣ, ба иборати дигар пинҳон кардани айнӣ ва эътиборӣ. Дар миёни арабҳо ба касе, ки донаро зери хок пинҳон мекунад, кофир мегӯянд ва ҳамчунин ба касе, ки сухани ҳақеро бо сухани ботиле мепӯшонад низ кофир мегӯянд.

 Куфр дар истилоҳ

Куфр дар истилоҳ иборат аст аз надоштани имон ба он чӣ  ки дар шаъни Худост. Қози Иҷӣ дар таърифи истилоҳии куфр мегӯяд:  Куфр хилофи имон  ва он назди мо иборат аст аз тасдиқ накардани чизҳое, ки аз тарафи  Паёмбар(с) ба таври яқинӣ ҳосил шудааст.( Алмавоқифи Қози Иҷӣ, саҳ 388) Ибни Майсами Баҳронӣ мегӯяд: Куфр иборат аст аз инкори садоқати Паёмбар(с) ва инкори чизе, ки яқинан илм дорем, ки он аз ҷониби эшон аст.( Қавоидулмароми Баҳронӣ, саҳ 171)

Назари муфасирон ба ояти 44 сураи Моида

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар мавриди касоне, ки аз дастуроти Ӯ сарпечӣ мекунанд ва монеъи иҷрои  он дастурот шудаанд   мефармояд:

وَمَنْ لَمْ يَحْكُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأُولَئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ

Ҳар касе ки бар хилофи он чӣ Худо фиристодааст ҳукм кунад, чунин кас аз зумраи кофирон хоҳад буд(Сураи Моида, ояти 44)

Дар тафсири ояти шарифа муфассирони аҳли суннат ва ҷамоат алалхусус олимони ҳанафӣ тафсирҳо ва назари худашонро баён кардаанд, ки дар ин ҷо ба таври мухтасар ба онҳо ишра мешавад.

Ҷаноби Самарқандӣ дар зайли ҳамин оят назари худаш ва  қавли ибни Аббос ва Ҳузайфаро зикр намуда мефармояд:

{ وَمَن لَّمْ يَحْكُم بِمَا أَنزَلَ الله } يعني : إذا لم يقر ، ولم يبيّن ، { فَأُوْلَئِكَ هُمُ الكافرون } قال ابن عباس : من يجحد شيئاً من حدود الله فقد كفر ، ومن أقر ولم يحكم بها فهو فاسق . روى وكيع عن سفيان قال : قيل لحذيفة : {وَمَن لَّمْ يَحْكُم بِمَا أَنزَلَ الله فَأُوْلَئِكَ هُمُ الكافرون } : هذه الآية عامة فمن جحد حكم الله فهو من الكافرين

  “Касе, ки бар асоси дастуроти Худо ҳукм накунад” яъне дастуроти Худоро иқрор ва табйин накунад аз зумраи кофирон хоҳад шуд. Ҳамчунин аз қавли  Ибни Аббос мегӯяд: Касе ки ҳудуди илоҳиро пинҳон ва инкор кунад кофир аст. Ва аммо касе, ки ҳудуди илоҳиро иқрор кунад, вале бар асоси он ҳукмро иҷро накунад фосиқ аст. Эшон дар идома мефармояд  ин оят ом мебошад, пас ҳар кас ҳудуд ва қонуни илоҳиро пинҳон кунанд, онҳо  аз зумраи кофирон хоҳанд шуд. (Тафсири Самарқандӣ, ҷ1 саҳ 417)

Шайх Муҳаммад Саноуллоҳи Усмонии Ҳанафӣ яке аз муфассирони бузурги ҳанафимазҳаб  дар тафсири ин оят мефармояд:

إن لم یحکم بلإستهانة، و قیل: المراد بالکفر الفسق و جاز أن یکون المراد بالکفر ستر الحق، قال بن عباس و طاوس: لیس بکفر ینقل عن الملة بل إذا فعل فهو به کفر یعنی ستر الحق و لیس کمن کفر بالله و الیوم الآخر

Агар  аҳкоми Худоро аз рӯи сустӣ ҳукм накунад(кофир аст). Шайх Муҳаммад аз қавли саҳоба мегӯяд мақсад аз куфр пӯшондани ҳақ мебошад ва мегӯяд ибни Аббос ва Товус гуфтаанд: Ба сабаби ин куфр аз миллати Ислом хориҷ намешавад, балки агар он корро кард ба маънои пӯшондани як ҳақиқат аст, на монанди касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат кофир шуда бошад. (Тафсирулмазҳарӣ, Муҳаммад ибни Саноуллоҳи Усмонии Ҳанафӣ, ҷ 3 саҳ 355)

Айнан дар ҷомеаи имрӯзаи мо мусалмонон ҳокимони ба ном мусалмон  дастурот ва аҳкоми  Худоро ба баҳонаи танзим ва пешгирӣ аз ифротгароӣ нодида гирифта, намегузоранд, ки мардум мутобиқи оин ва эътиқодоти динии худашон дар диёру сарзаминашон зиндагӣ кунанд. Оё чунин ҳокимоне, ки иддиои мусалмонӣ доранд мутобиқи ин ояти шарифа дар доираи мусалмонон ба ҳисоб меоянд?

Абу Мансури Мотуридӣ низ  дар мавриди ин оят мегӯяд:

هکذا من جهد الحکم بما أنزل الله فأولئک هم الکافرون

Инчунин ҳар касе ҳукмеро, ки он  бар асоси оятҳои нозилшудаи Худо бошад  инкор кунад ва онро ҳақ набинад ӯ кофир аст. (Таъвилоти аҳли суннат, тафсири Мотуридӣ, ҷ2, саҳ 527). Дар ин ҷо бояд ишора кунем роҳбароне, ки намегузоранд занҳои мусалмон ҳиҷоби Исломиро, ки ҳукми Худо ва зарурати дин ба ҳисоб меояд иҷро кунанд, ба онҳо мусалмон гуфта мешавад ва эшон ҳаққи ҳокимият бар болои мусалмононро доранд?

Ҳофизуддини Насафӣ  қавли Ибни Аббос ва Ибни Масъудро низ зикр карда мегӯяд:

{وَمَن لَّمْ يَحْكُم بِمَا أَنزَلَ الله} مستهيناً به {فأولئك هم الكافرون} قال ابن عباس رضى الله عنهما من لم يحكم جاحداً فهو كافر وإن لم يكن جاحداً فهو فاسق ظالم وقال ابن مسعود رضى الله عنه هو عام في اليهود وغيرهم

Ва ҳар кас дастуроти Худоро суст пиндорад ва мутобиқи аҳкоми Худо ҳукм накунад кофир аст. Эшон назари Ибни Аббос ва Ибни Масъудро, ки аз саҳобагон ва муфассирини ҷалилулқадр ҳастанд дар зайли тафсири ҳамин оят баён мекунад, ки ибни Аббос мегӯяд; ва касе, ки ҳукми Худоро пинҳон мекунад ва бар асоси он ҳукм намекунад кофир аст. Ибни Масъуд мегӯяд мақсади ин оят ом буда шомили яҳуд ва ғайри яҳуд мешавад. (Тафсири Насафӣ, Аҳмад ибни Маҳмуди Насафӣ, ҷ 1, саҳ 323)    Муҳаммад Рашид Ризо, ки яке аз муфассирони муосири мисрӣ дар тафсири ин оят мегӯяд:

أی و کل رغب عن الحکم بما أنزل الله من أحکام الحق و العدل، فلم یحکم بها لمخالفتها لهواه أو لمنفعته الدنیویة، فأولئک هم الکافرون بهذه الآیات، لأن الإیمان الصحیح یستلزم الإذعان والأذعان یستلزم العمل، و ینافی الأستباح و الترک

 Яъне ҳар кас аз ҳукме, ки  бар асоси ончи Худо нозил кардааст, ки аҳкоми ҳақ ва одилона аст, рӯй гардонад ва ба он аҳком  ҳукм накунад, ба ин хотир, ки мухолифи хостаҳо ва манфиъатҳои дунёияш аст, бар асоси ин оёт кофир аст. Чаро ки имони комил ва саҳеҳ лозимааш таслим шудан аст ва лозимаи таслим шудан амал кардан аст ва ингуна имон бояд ҳамаи аҳкоми Худоро қабул кунад. (Тафсири Алманор, ҷ6, саҳ 343)

Натиҷа

Баъд аз баёни назароти муфассирони Қуръони Карим дар мавриди ояти зикршуда чунин натиҷа ба даст меояд, аз доираи мусалмонӣ хориҷ шудан танҳо бо инкори вуҷуди Худо ва инкори рӯзи қиёмат намебошад, балки инкори яке аз заруратҳои динӣ монанди намоз, закот,  ҳаҷ ва ҳиҷоб боис мешавад, ки ба шахси мункиршаванда мусалмон нагӯем. Ҳамчунин бояд бидонем, ки роҳбароне, ки намегузоранд аҳкоми исломӣ дар миён мусалмонон ба иҷро дарояд, ба ин сабаб аст, ки агар аҳкоми Ислом  ба таври  комил амалӣ шавад, манфиати чунин раҳбарони фосиқ ба хатар меафтад. Яъне агар дар ҷомеа ҳама озодона битавонанд  ҳиҷоб ва ё риш гузоранд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста дигар аҳкоми Ислом монанди иҷрои  адолат ва талаби ҳақу ҳуқуқ амалӣ мешавад ва дар натиҷа ингуна пешравиҳо сабаб мешавад, ки роҳбарони дузд ва фосиқ дигар наметавонанд ба дуздиву тору мор кардани ҳаққи мардум бирасанд. Бинобар ин душманони дин ё аҳкоми динро ба майлу хости худашон тафсиру таҳлил мекунанд ва ё аз реша онро инкор мекунанд ва намегузоранд, он дар ҷомеа амалӣ шавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед