Далелҳои нақлии мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолӣ

0
216

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавҳиди афъолӣ
Бахши чаҳорум

Далелҳои нақлии мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолӣ
Дар бахши пешин баён гардид, ки мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон ва мунҳасир кардани хилқат дар Худованд, далелҳои ақлӣ ва нақлии фаровоне зикр кардаанд. Яъне онҳо барои исботи ин амр, ҳам аз равиши ақлӣ истифода мекунанд ва ҳам аз роҳи нақл. Мо дар бахши гузашта чанд далели ақлии мотуридиёнро баён ва тавзеҳ додем. Дар ин бахш мехоҳем ба баррасии далелҳои нақлии мотуридиён бипардозем.

Б: Далелҳои нақлӣ
Мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ба оятҳои зиёде истидлол кардаанд, мо дар инҷо чанд мавриди онро баён мекунем.

1- Ояти 12 ва 13 сураи Мулк:

وَأَسِرُّوا قَوْلَكُمْ أَوِ اجْهَرُوا بِهِ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ /أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

“Гуфтори худро пинҳон кунед ё ошкор (фарқ намекунад), Ӯ ба ончи дар синаҳо ҳаст огоҳ аст оё он касе, ки мавҷудотро офаридааст аз ҳоли онҳо огоҳ нест? Дар ҳоле, ки Ӯ бохабар ва огоҳ аст”.

Яке аз оятҳои Қуръони Карим, ки мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон, ба он истидлол мекунанд ҳамин оят зикр шудааст.

Имом Мотуридӣ бо зикри ин ояти Қуръон ба унвони яке аз делелҳои нақлӣ ва қуръонӣ барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ва зарурати шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон, дар равиш ва чигунагии истидлол ба ин ояти Қуръон мегӯяд: Худованд дар ин оят баён медорад, ки гуфтори худро пинҳон кунед ё ошкор Худованд ба он огоҳ аст. Пас агар Худованди Мутаол халқкунанда ва офаринандаи ошкор ва пинҳон набуд (манзур тамоми ашёъ аст), саҳеҳ набуд, ки ба василаи он бар илми худ истидлол кунад. Зеро ҷаҳл ва нодонии касе, ки ошкор ва пинҳонро халқ накарда ва наёфаридааст, нисбат ба онҳо ҷоиз ва мумкин аст ва як амри маҳол нест. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 340. Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 10, саҳ 114 )

Истидлоле, ки Имом Мотуридӣ аз ин оят истифода кардааст, ба ин сурат аст, ки далел ва илати донистан ва илм доштани Худованд нисбат ба ошкор ва пинҳон (манзур тамоми ашёъ аст), холиқ ва офаринанда будани Худованд нисбат ба онҳо аст. Яъне чун Худованд холиқ ва офаринандаи ошкор ва пинҳон аст, лизо ба тамоми онҳо илм ва огоҳии комил дорад, зеро илм ва огоҳии комил надоштани холиқ ва офаринанда нисбат ба махлуқи худ маҳол аст.

2- Ояти 16 сураи Раъд:

اللّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ

”Худованд холиқи ҳамаи чиз аст”.

Муҳаммади Баздавӣ, аз мутакаллимони мотуридия дар ин замина баён медорад, ки аз далелҳои аҳли суннати валҷамоъат (мотуридиён) барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон, сухани Худованди Мутаол аст, ки мефармояд: “Худованд холиқи ҳамаи чиз аст”. Афъол ва корҳои ихтиёрии инсон низ “шайъ”(чиз) ҳастанд, пас Худованди Мутаол холиқ ва офаринандаи онҳо аст. (Муҳммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 106)

Яъне Худованд дар ин ояти Қурон мефармояд, ки Худованд холиқи ҳамаи “ашёъ” аст, аз тарафи дигар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон “шайъ”(чиз) ҳастанд, бинобар ин натиҷа гирифа мешавад, ки Худованди Мутаол холиқ ва офаринандаи аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон аст.

3- Ояти 96 сураи Соффот:

وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ

” Худованд ҳам шуморо офаридааст ва ҳам ончиро, ки анҷом медиҳед”.

Худованди Мутаол дар ин оят нисбат ба инсонҳо баён медорад, ки ҳам худи шумо ва ҳам ончи, ки амал мекунед ва анҷом медиҳед, махлуқ ва офаридаи Худованд аст. Аз тарафи дигар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон ҷузъи чизоҳое ба ҳисоб меоянд, ки инсон амал мекунад ва анҷом медиҳад, пас натиҷа гирифта мешавад, ки аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон махлуқ ва офаридаи Худованд аст. (Муҳммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 106)

4- Ояти 22 сураи Юнус:

هُوَ الَّذِي يُسَيِّرُكُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ

” Ӯ (Худованд) касе аст, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё сайр медиҳад”.

Дар ин оят “сайр додан”-ро ба маънои эҷоди сайр ва халқ кардани сайр гирифтаанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 340)

Аз ончи зикр кардем, натиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон ва мунҳасир кардани хилқат дар Худованд, илова бар далелҳои ақлӣ, аз далелҳои нақлии фаровон ва оятҳои Қуръони Карим низ баҳра мегиранд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед