Далелҳои ақлии мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолӣ

1
263

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавҳиди афъолӣ
Бахши севвум

Далелҳои ақлии мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолӣ
Чунон ки баён гардид, тамоми мотуридиён аз ҷумла худи имом Мотуридӣ, бар тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон таъкиди фаровон доранд ва хилқат ва офаринишро махсуси Худованди Мутаол медонанд.

Мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолии Худованд ва шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон ва мунҳасир кардани хилқат дар Худованд, далелҳои ақлӣ ва нақлии фаровоне зикр кардаанд. Мо дар ин бахш чанд далели ақлии мотуридиёнро баён ва тавзеҳ медиҳем ва дар бахши баъдӣ низ ба баррасии далелҳои нақлии онҳо мепардозем.

А: Далелҳои ақлӣ
1- Яке аз далелҳои ақлии мотуридиён барои мунҳасир кардани хилқат ва офариниш дар Худованд, истидлоле аст, ки мегуяд агар холиқиятро мунҳасир дар Худованд надонем, моликият ва холиқияти Худованд дучори нақс ва камбуд мешавад. Ин истидлол дар ҳақиқат бар “бурҳони тамонуъ” боз мегардад ва бар он бино шудааст.

Абумуъини Насафӣ дар ин бора чунин истидлол мекунад, ки агар инсонҳо қудрат бар халқ кардан дошта бошанд, Худованди Мутаол дар анҷоми феъл оҷиз ва нотавон хоҳад буд, зеро Худованд қодир аст ҳаракатро дар дасти як шахс эҷод кунад, ҳоло агар он шахс дар дасти худ сокин буданро (набуди ҳаракатро) халқ кунад, дар ин сурат дигар Худованд бар халқ кардани ҳаракат дар дасти он шахс қудрат нахоҳад дошт. Дар натиҷа агар холиқ буданро мунҳасир ва махсус ба Худованди Мутаол надонем, лозим меояд, ки қудрати Худованд ба шарте собит аст ва вуҷуд дорад, ки инсон бо офариниши феъли мухолиф, Худоро оҷизу нотавон ё мамнуъ насозад. Аммо аҷзу нотавонӣ ва манъ кардан дар бораи Худованди Мутаол маҳол аст. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 284. Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 312 )

’’Бурҳони тамонуъ’’(манъ кардани ҳамдигар)-ро  дар баҳсои пеш ба тафсил баён кардем, хулосаи он ин аст, ки бар асоси ин бурҳон, ҳаргиз тадбири ду ё чанд Худо ва мудаббир ба сурати муназзам ва устувор бар як низоми ҳамоҳанг иҷро намешавад ва ба ночор бояд яке аз онҳоро нотавон донист, зеро иҷро шудани беш аз як тадбир дар олам, лозимааш баҳам задан ва нобудӣ аст. Бинобар ин фақат як Худо ва мудаббир дар олам аст.

Дар бораи татбиқсозии ’’бурҳони тамонуъ’’ дар исботи мунҳасир будани холиқият дар Худованди Мутаол бояд гуфт, агар офариниш ва холиқиятро мунҳасир ба Худованд надонем, дар мавриди афъол ва корҳои ихтиёрии инсон бояд қоил ба ин шавем, ки аъмоли инсон дорои ду холиқ ва офаринанда ҳастанд, яке Худованд ва дигарӣ худи инсон. Дар ҳоле, ки бар асоси ’’бурҳони тамонуъ’’ вуҷуди ду холиқ ва офаринанда маҳол аст ва лозимааш баҳам хурдан ва нобудии феъл аст. Лизо бояд яке аз онҳо оҷиз ва нотавон бошад ва фақат тадбир ва офариниши яке аз онҳо иҷро ва анҷом шавад. Аммо аҷз ва нотавонӣ дар бораи Худованд маҳол аст. Бинобар ин офариниш ва холиқият мунҳасир ба Худованд аст. Ҳарчанд онҳо инсон ва қудрати вайро низ дар содир кардани афъол ва корҳои ихтиёрии худ бетаъсир намедонанд, вале муътақиданд нақши  инсон дар ин замина “касб кардан” ва анҷом додан аст, на халқ кардан (офариниш), эҷод кардан ва монанди онҳо.

2- Яке дигар аз истидолоҳои ақлии мотуридиён барои исботи тавҳиди афъолӣ ин аст, ки ҳар холиқ ва офаринандае, дӯст дорад корҳои худро ба беҳтарини шакл падид оварад. Барои ин дар зеҳни худ барномае мерезад, ки кореро бо васфҳо ва вежагиҳои мушаххас ва дар замону макони хос, бо муносибтарин махориҷи молӣ ва монанди он анҷом диҳад, аммо дар амал ва дар замони иҷро мефаҳмад, ки кор ба шакли дигар ва бо васфҳо ва вежагиҳои дигаре падид омадааст ва он гуна, ки ӯ барномарезӣ карда буд, анҷом нашудааст. Пас маълум мешавад, дасти дигаре дар кор аст, ки ӯ ҳамон холиқи тамоми ҷаҳони ҳастӣ ва холиқу офаринандаи аслии ин аъмолу афъол аст. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 283- 284. Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 311 )

3- Аз дигар далелҳои ақлии мотуридиён бар тавҳиди афъолии Худованд ва маҳдуд кардани холиқят ва офариниш дар Худованди Мутаол ин аст, ки агар инсон холиқу офаринандаи феъли худ бошад, миёни феъли ӯ ва феъли Худованд мушобиҳат падид хоҳад омад,  зеро халқ кардан ва офариниши ҳар ду ба маънои хориҷ кардани феъл аз адаму нестӣ ба қаламрави вуҷуд аст. Дар ҳоле, ки Худованд мушобиҳат дар  халқ кардан ва офаринишро бо бандагон дар ояти

أَمْ جَعَلُواْ لِلّهِ شُرَكَاءَ خَلَقُواْ كَخَلْقِهِ فَتَشَابَهَ الْخَلْقُ عَلَيْهِمْ

“оё онҳо ҳамтоёне барои Худо қарор доданд, ба хотири инки онҳо ҳамонанди Худованд офаринише доштанд ва ин офаринишҳо бар онҳо мушобеҳ шудааст?”(Сураи Раъд, ояти 16) нафй ва рад кардааст. ((Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 288. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 6, саҳ 325)

Ин истидлол, ки яке аз муҳимтарин истидлолҳои мотридиён бар инҳисори холиқият дар Худованд аст , ба масаълаи ширк ва тавҳид дар холиқият боз мегардад. Ба ин маъно, ки агар инсонро холиқи феъли худ бидонем, ӯ низ холиқе дар баробари Худованд ва мушобиҳи Ӯ хоҳад буд, дар ҳоле, ки ин матлаб бо асли тавҳид носозгор аст.

Аз ончи дар боло зикр шуд, натиҷа мегирем, ки мотуридиён барои исботи “тавҳиди афъолӣ” ва мунҳасир донистани холиқият ва офариниш дар Худованд далелҳои ақлии фаровоне зикр кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо далеле аст, ки бар “бурҳони тамонуъ” бино шудааст.

1 ШАРҲ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед