Чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ аз назари мотуридиён

0
199

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сифоти Худо
Бахши чаҳорум

Чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ аз назари мотуридиён

Қабл аз матраҳ кардани баҳс лозим аст ин нуктаро ёдовар шавем, ки дар ин мабҳас дидгоҳ ва назароти пайравони мактаби каломии мотуридия ва на худи Имом Абамансури Мотуридӣ баррасӣ хоҳад шуд ва дар бораи дидгоҳи худи Имом Мотуридӣ дар охаири ин мабҳас сухан хоҳем гуфт.

Мотуридиён дар мавриди чигунагии робитаи сифоти зотии Худованд бо зоти илоҳӣ муътақидан, ки сифоти зотии Худованд азалӣ, зоид бар зот ва қоим бар зот ҳастанд, аммо на айни зот (худи зот) ҳастанд ва на ғайри зот. Онҳо мегӯянд: Худованд олим аст ба воситаи сифати илм, қодир аст ба воситаи сифати қудрат, ҳай(зинда) аст ба воситаи сифати ҳаёт ва бақияи сифоти илоҳӣ низ ингуна аст. Чун маҳол аст, ки Худованд бидуни илм, қудрат, ҳаёт ва … олим, қодир, ҳай ва … бошад. Аз назари онҳо сифоти зотии Худованд қоим бар зоти илоҳӣ ҳастанд, на қоим бар зоти худи сифот, аз ҳамин рӯй, ғайр аз Худованд нестанд, аммо айни зоти Худованд низ нестанд. Хулосаи сухан он аст, ки мотуридиён ва донишмандони мотуридия дар бораи чигунагии робитаи сифоти зотии Худованд бо зот, назарияи зоид ва қадим будани сифоти зотиро қабул доранд.

Ин дидгоҳ дар суханони донишмандон ва мутафаккирони мактаби каломии мотуридия ба равшанӣ ва ошкор баён шудааст.

Абумуъини Насафӣ, аз донишмандони бузурги мотуридия дар китоби ’’Табсират-ул-адилла’’ мегуяд:’’Ҳангоме, ки собит шуд Худованд ҳай, қодир, самиъ (шунаво), басир (бино), олим ва азалӣ аст ва ин сифатҳоро ҳамеша дорост, дар ин сурат агар тааммул ва тафаккур кунем мефаҳмем, ки ба дурустӣ ҳай бидуни сифати ҳаёт ва ҳамчунин қодиру олим бидуни сифати илм ва қудратмаҳол аст, бақияи сифот низ ингуна ҳастанд. Пас фаҳмидем Худованд дорои сифати ҳаёт аст ва он сифат қоим бар зоти Худованд аст, ҳамчунин барои Ӯ сифатҳои илм, қудрат, самъ (шунавоӣ), басар (биноӣ) аст. Гуфта намешавад, ки ин сифот айни зот (худи зот) ҳастанд ва ҳамчунин гуфта намешавад, ки ғайр аз зотанд. Ингуна ҳастанд бақияи сифатҳо бо сифоти ғайри худашон, монанди илм, ки гуфта намешавад ғайр аз қудрат ё айни қудрат’’. (Абӯмуъини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 262)

Абуҳафс Наҷмуддини Насафӣ аз мутакалимони барҷастаи мотуридия низ дар ин маврид мегӯяд: ’’Худованд дорои сифоти азалӣ аст, ки қоим ба зоти Ӯ ҳастанд, ин сифот на айни зотанд ва на ғайри зот’’. (Абдулмалик Ас-саъдӣ, Шарҳи ақоиди аҳли суннат (Шарҳу ақоиди ан-насафия, саҳ 83)

Ончи, ки боис шудааст донишмандон ва пайравони мотуридия дар заминаи сифоти зотӣ, назарияи зоид ва қадим будани сифоти зотии Худовандро баргузинанд, вуҷуди ду масъала аст. Аз як сӯ инкор кардани сифоти Худовандро ҷоиз намедонанд ва лозимаи айнияти сифоти зотӣ бо зотро низ инкор сифот медонанд. Аз суи дигар лозимаи исботи сифотро қоил шудан ба қадимҳои мутааддид мепиндоранд. Ба ҳамин хотир мотуридиён айнияти сифоти зотӣ бо зотро намепазиранд, вале ба сабаби мушкили қадимҳои мутаъаддид, ғайри зот будани сифотро низ намепазиранд, балки муътақиданд, ки сифоти зотии Худованд на айни зотанд ва на ғайри зот.

Онҳо бар инки сифоти зотӣ ғайр аз зот нестанд, чунин истидлол кардаанд: Вуҷуди ду чизро, ки ғайр аз ҳам ҳастанд метавон бидуни дигарӣ тасаввур кард, аммо ин амр дар бораи Худо ва сифоти Худо маҳол аст, зеро зоту сифоти Худованд ҳар ду азалианд ва роҳ ёфтани адам ва нестӣ бар амри азалӣ маҳол аст. Бинобар ин наметавон вуҷуди Худовандро бо набуди сифот ва баръакс, тасаввур кард. Дар натиҷа ғайр аз зот будани сифот нафй мешавад. Мотуридиён барои ин сухани худ ба иртибот миёни адади ’’як’’ бо ’’даҳ’’ мисол меоваранд. ’’Як’’ на айни  ’’даҳ’’ аст ва на ғайр аз ’’даҳ’’, чун боқӣ мондани ’’як’’ бидуни’’даҳ’’ ва баръакси он маҳол аст. Пас он ду ба як вуҷуд мавҷуданд.

Абумуини Насафӣ дар китоби ’’Ат-тамҳид лиқавоиди ат-тавҳид’’ дар ин маврид мегуяд: ’’ Муътазила гумон кардаанд, ки агар Худованд дорои сифот бошад, пас бояд ин сифот ғайр аз зоти Худованд бошад, ки ба маънои ботил кардани тавҳид ва азалӣ донистани ғайри Худо аст. Ин сухани Муътазила ботил аст, зеро сифоти Худованд ғайр аз зоташ нест, балки ҳар сифате на айни зот аст ва на ғайри он, зеро ду чизи мухолиф ду мавҷуде аст, ки тасаввури вуҷуд доштани яке аз он ду мавҷуд бо вуҷуд надоштани дигари мумкин аст. Дар ҳоле, ки дар бораи сифот ва зоти Худованд чунин чизе маҳол аст. Зеро ҳам Худованд ва ҳам сифоташ азалианд ва нобудшудани як мавҷуди азалӣ маҳол аст. Ин амр, монанди иртиботи адади як бо адади даҳ аст, ки адади як на айни даҳ аст ва на ғайри даҳ. Зеро на даҳ бидуни як ва на як бидуни даҳ дар ин мавҷуд шудан вуҷуд пайдо нахоҳанд кард. Пас нобудии ҳар кадом, нобудии дигарӣ ва вуҷуди ҳар кадом вуҷуди дигарӣ аст’’. (Абумуини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоиди ат-тавҳид, саҳ 171 ва 172)

Бинобар ин, аз ончи баён кардем натиҷа гирифта мешавад, ки дидгоҳи мотуридиён ва донишмандони мотуридия дар мавриди чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ назарияи ’’ зоид ва қадим будани сифоти зотӣ’’ мебошад.

Ончи баён кардем дидгоҳи мотуридиён ва донишмандони мотуридия дар бораи робитаи сифоти зотӣ бо зоти Худованд буд, вале худи Имом Абамансури Мотуридӣ дар китобҳои муътабараш ин масъаларо ба рушанӣ ва ошкоро баён накардааст ва аз суханони вай наметавон фаҳмид, ки дидгоҳи ӯ дар мавриди робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ чист.

Имом Мотуридӣ дар китобти ’’Ат-тавҳид’’-и худ дар се фасли ҷудогона дар бораи исмҳо ва сифоти Худованд баҳс кардааст, вале дар ҳеҷ як аз ин фаслҳо дар бораи робитаи сифоти зотӣ бо зот сухани ошкор нагуфтааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед