Баррасии назарияи ’’таквин’’ аз нигоҳи мухолифони он

0
165

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сифоти Худо
Бахши шашум

Баррасии назарияи ’’таквин’’ аз нигоҳи мухолифони он
Чунон ки баён кардем мотуридиён дар мавриди ин ки метавон сифоти феълиро ба Худованд нисбат дод, бо дигар мутакалимони мусалмон ҳамақидаанд, аммо матлабе, ки мотуридиёнро аз дигар фирқаҳои каломӣ ҷудо мекунад, эътиқоди онҳо ба қадиму азалӣ будани сифоти феълӣ ва қоим будани онҳо ба зоти Худованд аст. Онҳо муътақиданд, ки тамоми сифоти феълии Худованд ба сифате ба номи ’’таквин’’, бозмегардад ва таквин ҳам сифати азалӣ ва қоим ба зоти Худованд аст, вале натиҷаи он яъне ’’мукавван’’ ҳодис аст.

Масъалае, ки мухолифони назарияи ’’таквин’’ дар мавриди ин ақида ва дидгоҳи мотуридиён зикр мекунанд ин аст, ки мегӯянд, дар ин калом ва ақидаи онҳо, иштибоҳе байни сифоти феълия ва ’’сифоти зотияи зотул изофа’’, монанди илм ва қудрат, сурат гирифтааст. (сифоти зотияи зотул изофа сифоте ҳастанд, ки таҳаққуқашон ниёз ба фарзи амри хориҷӣ надошта бошад, вале тааққулашон дошта бошад. Монанди олим, ки тааққули он эҳтиёҷ ба тасаввури маълум дорад).

Мулло Алӣ Қорӣ, аз бузургони мотуридиён дар тавзеҳи назарияи ’’таквин’’ мегуяд: ’’Ҳақиқат ин аст, ки ’’таквин’’, сифати азалӣ Худо аст, зеро аз тариқи ақлу нақл барои мо собит шудааст, ки Худованд холиқ ва мукаввини ҷаҳон аст. … пас таквин аз азал то абад барои Худованд собит аст. Мукавван ҳам ҳодис аст ба сабаби ҳодис будани мутааллақи таквин, ҳамон гуна, ки илм ва қудрат ва дигар сифоти қадими илоҳӣ инчунин аст, ки қадим будани онҳо лозимааш қадим будани мутааллиқоташон нест, зеро мутааллиқоташон ҳодис ҳастанд ’’. (Мулло Алӣ Қорӣ, шарҳи Фиқҳи Акбар саҳ 44)

Ба ақидаи мотуридиён сифоти феълии Худованд, монанди “сифоти зотияи зотул изофа чун илм ва қудрат ҳастанд. Ҳамонгуна ки дар ин гуна сифот, илм ғайр аз маълум ва қудрат ғайр аз мақдур аст ва ҳодис будани маълум ва мақдур сабаби нақс ва камбуде дар вуҷуди Худованд намешавад. Дар сифоти феълӣ низ таквин ғайр аз мукавван аст ва ҳодис будани махлуқот сабаби эҷоди ҳодис дар вуҷуди Худованд намегардад.

Аммо аз назари мухолифони назарияи ’’таквин’’, муқоиса кардани сифоти феълия ва ’’сифоти зотияи зотул изофа (сифоти зотияи дорои изофа)’’ монанди илм ва қудрат, муқоисаи дуруст нест, зеро сифоти зотӣ- чӣ сифоти зотияи зотул изофа ва чӣ сифоти зотияи ҳақиқии маҳз монанди ҳаёт- дорои мисдоқҳои айнӣ ва хориҷӣ аст. Ба унвони мисол мафҳуми илм мисдоқи айнӣ ва мушаххасе дорад, ки ҷудо аз зот ва маълум қобили тасаввур аст ва ингуна нест, ки ғайр аз олим ва маълум чизи дигаре вуҷуд надошта бошад, ки мафҳуми илм бар он иҷро шавад. Ин бар хилофи сифоти феълӣ аст, ки ғайр аз анҷом диҳанда ва анҷомшуда (худи феъл) чизи дигаре, ки мисдоқ барои ин мафҳумҳо бошад, вуҷуд надорад.

Мотуридиён барои азалӣ ва қадим будани сифати ’’таквин’’, ки дар воқеъ маншаъ ва сарчашмаи тамоми сифоти феъл аст, далелҳое овардаанд. Яке аз он далелҳо ин аст, ки “Таквин аз ду ҳол хориҷ нест, ё азалӣ аст ё ҳодис. Агар ҳодис бошад, ё ҳодис буданаш бидуни маҳал будааст, ки дар ин сурат вҷуди сифат, бидуни қоим будан ба маҳал, маҳол аст. Агар дар маҳале ҳодис шуда бошад, ин маҳал ё чизе ғайр аз зоти Худованд аст, ки дар ин сурат ’’таквин’’ қоим ба он маҳал аст ва мукаввану холиқ, ҳамон маҳали ’’таквин’’ аст, на Худованд ва ин бар хилофи фарз аст. Ё ин ки маҳали ҳодис шудани ’’таквин’’ зоти Худованд аст, ки ин низ маҳол аст, чун лозим меояд, ки Худованд маҳали эҷоди ҳодисҳо бошад ва маҳали ҳодисҳо худ низ бояд ҳодис бошад. Пас натиҷа мегирем, ки ’’таквин’’ сифати азалӣ, қадим ва ғайри ҳодис аст’’. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 197 то 202)

Аммо мухолифони ин назария мегуянд, ишколи ин дидгоҳ он аст, ки ’’таквин’’ айни мукавван аст, ҳамонгуна, ки ризқ айни ризқ додан аст, ва агар қарор бошад ’’таквин’’ ё сифати феълии дигаре қадим ва азалӣ бошад, лозми меояд тамоми падидаҳо ва мавҷудоти ҷаҳон, ки аз феъли Худованд гирифта мешавнд, қадим ва азалӣ бошанд. Ва ин бар хилофи назари мотуридиён аст, ки бар ҳодис будани ҷаҳон ва тамоми  падидаҳо ва мавҷудоти он таъкид мекунанд.

Мотуридиён барои посух додан ба ин ишкол, ба ҷудоӣ миёни таквин ва мукавван ва феълу мафъул (натиҷаи феъл) қоил шуда, муътақиданд ҳамон гуна, ки ирода, илм, қудрат ва … сифоти зотии азалӣ ҳастанд ва мутааллақи онҳо метавонад умури ҳодис бошад, таквин ва дигар сифоти феълии Худованд низ метавонан азалӣ ва қоим ба зоти Худованд буда, дар айни ҳол мутааллақи онҳо умури ҳодис бошад. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули Дин, саҳ 81 ва 82)

Бинобар ин, аз матолиби баён шуда чунин натиҷа гирифта мешавад, ки беъзе аз мутакаллимон ғайримотуридӣ бар дидгоҳи мотуридиён дар бораи сифоти феълӣ яъне назарияи “таквин”, ки мавриди пазириши тамоми мотуридиён аст, бархе ишколотеро ворид кардаанд, махсусан дар мавриди қадим, азалӣ ва қоим ба зоти Худованд будани онҳо.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед