Авомили пойдорӣ ва бақои иззат (бахши севвум)

0
6

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Ҳамаи инсонҳои оқилу хирадманд барои ҳифзи дороиҳои худ онҳоро дар ҷои амн гузошта ва дарашро қуфлу занҷир мекунанд. Мӯъммнон ҳам дар умури маънавӣ ва ибодӣ бояд ба василаи тақво аз дороиҳои худ муҳофизат кунанд. Пас мо бояд ба тақвои худ нигоҳ кунем, ки оё тақвои мо тақвои ҳифзкунанда буда ва оромишу осоишро барои мо дар пай дорад ё не ё тақвоест, ки танҳо моро дар анҷоми корҳо маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ дар ин қисмат аз силсила баҳсҳои авомили пойдорӣ ва бақои иззат дар бораи:

  1. Тақвои ҳифзкунанда, на тақвои маҳдудкунанда

Тақвое ки заминаи пойдорӣ ва бақои иззат хоҳад буд, тақвои маҳдуд нест, балки тақвои ҳифзкунанда аст, тақвои заъф нест, тақвои қувват аст, тақвои заъф хорӣ дар пай дорад, вале тақвои қувват иззатофарин аст.

Тақвои маҳдуд он аст, ки инсон худро аз олудагиҳои гуноҳ ҳифз кунад ва аз муҷиботи он дур бошад, то худро аз муҳити гуноҳ дур нигоҳ дорад, то ба анвои гуноҳ олуда нашавад, ба монанди инсоне, ки беҳдоштро риоят мекунад, то ба анвои вирусҳо гирифтор нашавад.

Аммо тақвои ҳифзкунанда он аст, ки инсон дар рӯҳи худ ҳолат ва қуввате ба вуҷуд оварад, ки ӯро аз осебҳои рӯҳиву ахлоқӣ ҳифз кунад, то агар дар муҳите қарор гирифт, ки васила ва сабаби гуноҳ омода бошад, он ҳолати рӯҳӣ ӯро ҳифз карда ва монеи олуда шудани вай шавад, ба монанди касе, ки бо василае дар бадани худ ҳифзкунандаи тиббӣ (ваксина) эҷод мекунад, то микроб натавонад ба бадани ӯ зарар расонад.

Шояд касе бигӯяд, ки тақвои ҳифзкунанда ҳам маҳдудкунандааст, аммо бояд таваҷҷӯҳ кард, ки тақво замоне маҳдудкунанда аст, ки инсонро аз неъмату саодат маҳрум кунад, вале чизе, ки хатарро аз инсон дур мекунад ба монанди қуфлу занҷире, ки аз дороиҳои мо муҳофизат мекунад, он тақвои ҳифзкунандааст, на тақвои маҳдудкунанда.

Аввалин коре, ки тақво бо инсон анҷом медиҳад ӯро аз банди бардагии дигарон ва ҳавову ҳавас озод мекунад. Банди тамаъ, ҳасад, шаҳват ва хашмро аз гардани вай озод мекунад. Инсонро дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ба озодӣ мерасонад. Шахсе, ки бандаи пул ё мақом аст наметавонад озод зиндагӣ кунад. Дар муқобил тақво анвои озодиро ба инсон меддиҳад. Пас тақво маҳдудкунанда нест, балки беҳтарин ганҷинаест, ки ҳуррияту озодӣ ва иззатро дар пай дорад, тавре ки Алӣ (к) аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунанд:

فَإِنَّ التَّقْوَی‏ أَفْضَلُ کَنْزٍ وأَحْرَزُ حِرْزٍ وَأَعَزُّ عِزٍّ

Тақво бартарин ганҷина ва ҳифзкунандатарин нигаҳбон ва иззатбахштарини иззатҳо аст. (Танбиҳул-хавотир, ҷ 2, саҳ 88)

  1. Тақвои набард (ситез) на тақвои гурез (фирор)

Тақвое ки иззат меофаринад ва омили пойдории иззати инсон мешавад тақвои гурез нест, балки тақвои набард аст, тақвои нишастагону танҳо ибодаткунандагон нест, балки тақвои муҷоҳидон аст.

Тақвои набард дар майдони мубориза ба даст меояд ва ду боли расидан ба камоли инсон ҳиҷрат ва ҷиҳод аст, ҳиҷрат инсонро аз хонаи худ ба хотири Худо хориҷ мекунад ва ҷиҳод инсонро амр ба мубориза дар роҳи ҳақ мекунад.

Тақвои гурезу фирор ҳамроҳ бо зиллату хорӣ мебошад, аммо тақвои набард ҳамроҳ бо иззат аст. Ҷиҳод дар роҳи Худо либоси тақво ва зиреҳи муҳками Худованд аст ва касоне, ки ба ин либос пушт кунанд бояд либоси зиллату хориро бар тан кунанд. Тавре ки дар манобеи динӣ омадааст, ки Алӣ (к) дар бораи ҷиҳод фармуд:

فَإِنَّ الْجِهَادَ بَابٌ مِنْ أَبْوَابِ الْجَنَّةِ فَتَحَهُ اللَّهُ لِخَاصَّةِ أَوْلِیائِهِ وَهُوَ لِبَاسُ التَّقْوَی وَدِرْعُ اللَّهِ الْحَصِینَةُ وَجُنَّتُهُ الْوَثِیقَةُ. فَمَنْ تَرَکَهُ رَغْبَةً عَنْهُ أَلْبَسَهُ اللَّهُ ثَوْبَ الذُّلِ وَشَمِلَهُ الْبَلَاءُ وَدُیِّثَ بالصَّغَارِ وَالْقَمَاءَةِ وَضُرِبَ عَلَی‏ قَلْبِهِ بِالْأَسْدَادِ وَأُدِیلَ الْحَقُّ مِنْهُ بِتَضْییعِ الْجِهَادِ وَسِیمَ الْخَسْفَ وَمُنِعَ النَّصَفَ

Қатъан ҷиҳод дарест аз дарҳои ҷаннат, ки Худованд онро ба рӯи дустони хосси худ кушодааст ва либоси тақвоест, ки бар тани онҳо пӯшондааст ва зиреҳи устувори илоҳӣ мебошад, ки осеб намебинад ва сипари муҳками Ӯ аст. Ҳар кас ҷиҳодро тарк кунад Худованд ҷомаи хорӣ бар тани вай мепӯшонад ва балоҳо бар сараш фурӯд меоянд ва дар пастиву хорӣ мемонад. Дили вай дар пардаҳои гумроҳӣ гум шуда ва ба сабаби тарки ҷиҳод ҳақ аз ӯ рӯйгардон мешавад ва ба хорӣ маҳкум ва аз адолат маҳрум мешавад. (Аттарғиб-ваттарҳиб, ҷ 2, саҳ 341)

Тақвои иззатофарин тақвои гурез  аз майдони мубориза нест, тақвои дурӣ аз ҷомеаву талошу кор ва тарки зиндагӣ ва пушт кардан ба хонавода нест. Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

إِنَّ لِکُلِّ أُمَّةٍ رُهْبَانِیَّةً وَرُهْبَانِیَّةُ هذِهِ الْأُمَّةِ الْجِهَادُ فِي سَبِیلِ اللَّ

Ҳар умматеро раҳбоният (тарки зиндагӣ ва пушт кардан ба ҳама чиз) аст ва раҳбонияти ин уммат ҷиҳод дар роҳи Худо аст. (Канзул-уммол, ҷ 4, саҳ 311)

Паёмбари Акрам (с), ки худашон паёмовари иззат ва роҳу расмашон ҷиҳод дар роҳи Худо буд дар бораи худашон мефармоянд:

الْجِهَادُ خُلُقِي

Ҷиҳод (дар роҳи Худо) ахлоқи ман аст. (Ашшифо-битаърифи ҳуқуқи Мустафо, ҷ 1, саҳ 188)

Абу Саиди Худрӣ (р), саҳобаи гиромии Паёмбари Акрам (с) мегӯянд: Марде ба назди Паёмбар (с) омад ва аз Эшон дархост кард, то ба ӯ супорише кунанд. Паёмбар (с) фармуданд:

أُوصِیكَ بِتَقْوَی اللَّهِ فَإِنَّهُ رَأْسُ کُلِّ‏ شَي‏ءٍ وَعَلَیكَ بِالْجِهَادِ فَإِنَّهُ رُهْبَانِیَّةُ الْإِسْلَامِ

Туро ба тақвои илоҳӣ супориш мекунам, ки он оғози ҳар чизе аст ва бар ту бод ба ҷиҳод, ки он раҳбонияти Ислом аст. (Муснади Имом Аҳмади Ҳанбал, ҷ 3, саҳ 82)

Ба ҳамин хотир дар суннати Паёмбари Акрам (с) ва пайравони Эшон ҷое барои тақвои гурез ва канорагирӣ аз ҷомеа ва гушанишиниву пушт кардан ба халқи Худо вуҷуд надорад.

Натиҷа

Бо таваҷҷӯҳ ба ончи дар ин қисмат ва қисматҳои қабл зикр шуд, маълум мешавад, ки тақвои иззатофарин, тақвои фиребу нодонӣ, маҳдудияту гурез нест, балки тақвои дониш, огоҳӣ, ҳифзкунанда ва набарди иззатофарин аст. Тақвое ки моро ба усули ҳақ пойбанд карда ва дар баробари чизҳое, ки бо усули дин носозгор аст, ҳифз мекунад ва ин ҳифзкунандагии тақво омили бақоъ ва пойдории иззати ҳақиқӣ мебошад.

Авомили пойдорӣ ва бақои иззат (бахши дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед