Авомили пойдорӣ ва бақои иззат (бахши дуввум)

0
39

Ба номи Худованди башхандаи  меҳрубон

Дар китобҳои мо омилҳои бисёре дар бораи пойдорӣ ва бақои иззат нақл шудааст, ки риояти онҳо дар зиндагӣ инсонро бар тибқи суннати Паёмбари Акрам (с) тарбият карда ва бо такя ба онҳо инсон азиз ва дар натиҷа муҳкаму шикастнопазир мешавад. Дар қисмати пешин аз ин баҳс ду маврид аз авомили пойдории иззат, яъне бандагии Худо ва риояти тақво ва ду навъи тақвои ростин ва дуруғинро баён кардем.

Дар ин навиштор ду навъи дигари тақво, яъне тақвои ҳамроҳ бо дониш ва тақвои аз сари ҷаҳлу нодониро баён хоҳем кард.

Тақвои ҳамроҳ бо дониш на аз сари нодонӣ

Тақвои иззатофарин тақвои аз сари нодонӣ ва ҷаҳолат нест, балки тақвои ҳамроҳ бо донишу илм аст, ки иззат мебахшад; зеро тақвои Худованд дар маънои ҳақиқии он илмовар аст, тавре ки Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّ الَّذِینَ اتَّقَوْا إِذَا مَسَّهُمْ طَائِفٌ مِنَ الشَّیطَانِ تَذَکَّرُوا فَإِذَا هُمْ مُبْصِرُونَ

“Ҳамоно касоне, ки парҳезгорӣ карданд, замоне ки васвасае аз тарафи шайтон ба онҳо бирасад [Худоро] ёд мекунанд, пас, ногаҳон онон бино мешаванд.” (Сураи Аъроф, ояти 201)

Тақво ва парҳезгории ҳақиқӣ чашми инсонро бино мекунад ва дили ӯро огоҳ месозад ва ӯро аз каҷравиву гумроҳӣ наҷот дода ҳифз мекунад. Тақвое ки дин моро ба он супориш мекунад, тақвое нест, ки бар асари одат анҷом медиҳем ва надониста ибодат мекунем, тавре Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

الْمُتَعَبِّدُ بِغَيْرِ فِقْهٍ کَالْحِمَارِ فِي الطَّاحُونَةِ

Ибодаткунандаи бидуни фаҳму дониш (яъне намедонад чӣ касеро ва барои чӣ ибодат) мекунад, ба монанди хари осёб аст, ки гирд мегардад. (Ал-фирдавс, Абушуҷои Деламӣ, ҷ 4, саҳ 197; Ҳиллиятул-авлиё, ҷ 5, саҳ 219)

Дар ҳадиси дигаре Паёмбари Акрам(с) ба мо супориш мекунанд, ки  аз ибодаткунандагони нодон дурӣ кунем:

رُبَّ عَابِدٍ جَاهِلٍ وَ رُبَّ عَالِمٍ فَاجِرٍ فَاحذَرُوا الجُهّالَ مِن العِبَاد وَ الفُجَّار مِن العُلَمَاء

Бисёранд обидоне ки нодон ҳастанд ва бисёранд доноёне ки бадкоранд, ба ҳамин хотир аз ибодаткунандагони нодон ва доноёни бадкор дурӣ кунед. (Ал-фирдавс, ҷ 2, саҳ 268, 3249)

Тақвои аз сари нодонӣ дар таърих бисёреро ба коми гумроҳӣ фиристода ва дин ҳам аз тақвопешагони нодон бузургтрин осебҳоро дидааст. Намунаи ошкори тақво аз сари нодонӣ гурӯҳе ба номи Хавориҷ ҳастанд ва агарчи аз байн рафтаанд, аммо рӯҳашон зинда буда ва дар вуҷуди бисёре ёфт мешавад ва дар вуҷуди бисёри дигар пинҳон аст.

Хавориҷ аҳли ибодат ва зуҳди бидуни дониш буданд ва танҳо зоҳирбину зоҳиргаро ва нодону нофаҳм, мутакаббиру худхоҳ буданд.

Паёмбари Акрам (с) дар бораи Хавориҷ фармуда буданд:

سَیَخْرُجُ مِنْکُمْ قَوْمٌ یَقْرَؤُونَ الْقُرْآنَ لَا یُجَاوِزُ تَرَاقِیَهُمْ، یَمْرُقُونَ مِنَ الْإِسْلَامِ کَمَا یَمْرُقُ السَّهْمُ مِنَ الرَّمِیَّةِ

Аз (миёни) шумо гурӯҳе ба вуҷуд меоянд, ки Қуръон мехонанд, дар ҳоле ки аз гулӯяшон поинтар намеравад ва монанди тире, ки аз камон хориҷ мешавад аз Ислом хориҷ мешаванд. (Муснади Эмом Аҳмади Ҳанбал, ҷ 3, саҳ 33; Саҳеҳ Муслим, ҷ 7, саҳ 171)

Онҳо дар зоҳир сахт ба дин пойбанд буданд, аммо ба сабаби тақвои аз сари ҷаҳлу нодонӣ ва набуди дониши амалӣ ва бовар ба инки таклифҳои Худо амри ибодӣ аст ва бояд кӯркӯрона онҳоро анҷом дод ва ба сабаби онки ақлро канор гузошта буданд, бо тасмими ҷиддӣ ба водии ҳалокат рафтанд.

Онҳо ба сабаби дурӣ аз тақвои ҳамроҳ бо илму дониш дучори тангназарӣ шуда ҷуз худ ҳамаро такфир карда, маҳкум ба фисқ мекарданд, то ҷое ки Ислом ва мусалмониро махсуси худ медонистанд ва дигар мусалмононро, ки ақоиди онҳоро қабул намекарданд, кофир мехонданд. Хавориҷ дар муддати кӯтоҳе тамоми мардуми рӯи заминро кофир хонда ва рехтани хуни онҳоро ҳалол ва мардумро аҳли оташ медонистанд.

Тақвои аз рӯи зоҳир ва нодонии Хавориҷ ҳамроҳ бо донишу биниш набуд, агар чи шабҳо ба ибодат мепардохтанду зуҳдро пешаи худ месохтанд, тиловати Қуръони Карим мекарданд ва аз корҳои ҳаром парҳез, аммо инҳо танҳо зуҳд дар зоҳир буд, фаҳму дониш ҳамроҳаш набуд.

Алӣ (к) дар замони хилофати худ бо чунин обидоне рӯ ба рӯ буд, тавре ки дар бораи онҳо навиштаанд: обидоне ки шабҳоро ибодат мекарданду рӯзҳоро бо рӯза сипарӣ мекарданд. (Ал-милал ва ал-ниҳал, ҷ 1, саҳ 106)

Бале Хавориҷ парҳезкорони бедониш буданд. Дар ҳоле ки Худованди Мутаол ба паёмбараш дастур медод, ки ҳамроҳ бо дониш мардумро даъват кун:

قُلْ هذِهِ سَبِيلِيِ أَدْعُوا إِلَی اللَّهِ عَلَی‏ بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي

“Бигӯ ин аст роҳи ман, ки ман ва ҳар кас маро пайравӣ кард бо дониш ба сӯи Худо даъват мекунем.” (Сураи Юсуф, ояти 108)

Паёмбари Акрам (с) дар бораи аҳаммияти донишу огоҳӣ мефармоянд:

نَوْمٌ عَلَی‏ عِلْمٍ خَیرٌ مِنْ صَلَاةٍ عَلَی‏ جَهْلٍ

Хоби олим аз намози инсони нодон беҳтар аст. (Канзул-уммол, ҷ 10, саҳ 140)

Касе ки ба донишу огоҳӣ даст меёбад ба яқин мерасад ва ба ҳадде арзиш меёбад, ки ҳатто хоби ӯ аз касе ки шабро то субҳ дар шакку дудилӣ ва нодонӣ ибодат мекунад беҳтар аст.

Он тақвое ки инсонро дар муқобили зулм устувор ва шикастнопазир мекунад, то дар муқобили зулм таслим нашавад, тақвои ҳамроҳ бо дониш аст, на тақвои зоҳирие, ки ба инсон биноӣ ва дониш намедиҳад ва танҳо бо тақвои ҳамроҳ бо дониш метавон роҳи ҳақро тай кард.

Идома дорад…

Авомили пойдорӣ ва бақои иззат (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед