Авомили пойдорӣ ва бақои иззат (бахши аввал)

0
158

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Дар китобҳои мо омилҳои бисёре дар бораи пойдорӣ ва бақои иззат нақл шудааст, ки риояти онҳо дар зиндагӣ инсонро бар тибқи суннати Паёмбари Акрам (с) тарбия карда ва бо такя ба онҳо инсон азиз ва дар натиҷа маҳкаму шикастнопазир мешавад. Дар ин навиштор муҳимтарини ин авомилро баён хоҳем кард.

  1. Бандагии Худо

Ҳеҷ чиз ба монанди бандагӣ ва итоат аз Худо ба инсон иззат намебахшад.

Аз паёмовари иззат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) нақл шудааст, ки фармуданд:

إِنَّ اللّه َ تَعالى يَقولُ كُلَّ يَوْمٍ: أَنَا رَبُّكُمُ الْعَزيزُ، فَمَنْ أَرادَ عِزَّ الدّارَيْنِ فَلْيُطِعِ الْعَزيزَ

Худои Таоло ҳар рӯз мефармояд: Ман Парвардигори Азизи шумо ҳастам, пас ҳар кас хоҳони иззати ду ҷаҳон аст, бояд ки аз Худои Азиз итоат кунад. (Канзул-уммол, ҳадиси 43101)

Итоати Худо бандаи кучакро ба бениҳоят азизу қавӣ мекунад ва бандаро ба мавҷуди сарафрозу сарбаланд табдил медиҳад. Ҳақиқати иззат аз они Худо аст ва танҳо бо такя ба Худост, ки иззат ба даст меояд, касе ки ба азамати Худо такя мекунад, ба бузургие хоҳад расид, ки ҳеҷ чиз онро аз байн намебарад ва ҳама чиз дар муқобили он кучак хоҳад буд, тавре ки Худои Мутаол мефармояд:

قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقى‏ لَا انْفِصامَ لَها‏

“Ба ростӣ, ҳидоят аз гумроҳӣ равшан шудааст, пас  ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат, ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест.” (Сураи Бақара, ояти 256)

Касе, ки ба Худо такя мекунад дар баробари зулми дигарон таслим намешавад ва ҳаргиз хориву зиллатро намепазирад, инсоне ки ба Худо имон надошта бошад ва ба ресмони Ӯ такя накунад дунё дар назараш бузург хоҳад буд ва дар баробари ҳаркас ва ҳар чиз худро хору барда хоҳад кард.

Сарчашмаи ҳамаи иззатҳо ва зиллатҳо дар он аст, ки ҳақ дар вуҷуди инсон ҷилва кунад ё дунё дар назараш бузург шавад.

Имону такя ба Худо аз сифатҳо ва вижагиҳои инсони боиззат аст, иззате ки бо такя ба Худо ва итоат аз Ӯ ба даст меояд. Инсоне ки хоҳони иззат аст, бояд онро аз Худо ба василаи итоат кардан аз Ӯ бихоҳад.

Инсон бо итоат аз амри Худо фармони Худоро азиз медорад ва аз ин роҳ ба камоли иззат мерасад, тавре ки Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

أعِزَّ أمرَ الله یُعِزُّکَ الله

Фармони Худоро (ба василаи пайравӣ кардан) азиз бидор, то Худованд тӯро азиз гардонад. (Ҷомеъ-ассағир, ҷ 1, саҳ 174)

То замоне ки робитаи холиқу махлуқӣ вуҷуд дошта бошад ва инсон аз итоати Худои худ хориҷ нашавад, иззати вай ҳам по бар ҷо ва замоне ки аз итоати Худо хориҷ шавад ҷуз зиллат чизи дигаре ба ӯ нахоҳад расид. Ба ҳамин хотир тамоми иззат аз они Худо аст:

الَّذينَ يَتَّخِذُونَ الْكافِرينَ أَوْلِياءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنينَ أَ يَبْتَغُونَ عِنْدَهُمُ الْعِزَّةَ فَإِنَّ الْعِزَّةَ لِلَّهِ جَميعا

“Касоне, ки кофиронро ба ҷои мӯъминон дӯстон [-и худ] мегиранд, оё иззатро назди онҳо меҷӯянд? Пас, қатъан иззат ҳама аз они Худост.” (Сураи Нисо, ояти 139)

Ин оят ба ҳамаи мусалмонон ҳушдор медиҳад, ки иззати худро дар ҳар бахшу соҳаи зиндагӣ чи иқтисодиву фарҳангӣ бошад ва чи сиёсӣ аз роҳи дӯстӣ бо душманони Ислом ба даст наоранд, балки такягоҳи худро Зоти Поки Худованд қарор диҳанд, ки сарчашмаи ҳамаи иззатҳост ва ғайри Худо аз душманони Ислом на иззате доранд, ки ба касе бахшанд ва агар ҳам медоштанд ғайри қобили эътимод буданд.

Камтарин самара ва фоидае, ки ба василаи итоати Худо, ба фард ва ҷомеа мерасад иззат аст. Ин суннати Худованд аст, ки ҳаркас бандагии Ӯро пазирад ва дар ҷиҳати пайравӣ аз Ӯ талош кунаду парҳезкор шавад, Худованд ӯро ба арҷмандӣ ва иззати ҳақиқӣ мерасонад.

2.Тақво доштан

Тақвои илоҳӣ доштан инсонро ҳифзу муҳкам карда ӯро устувор месозад ва фардро аз осебҳову сустиҳову нодурустиҳо маҳфуз медорад.

Вожашиносон тақворо ба чизе ки аз расидани зарару зиёну осеб ба инсон муҳофизат мекунад, маъно кардаанд.

مَنْ أَرَادَ أَنْ یَکُونَ أَعَزَّ النَّاسِ فَلْیَتَّقِ اللَّهَ

Касе ки дӯст дорад бо иззаттарин дар миёни мардум бошад, пас тақвои илоҳиро риоя кунад. (Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 98)

Тақвои илоҳӣ дар арҷумандии инсон нақши асосӣ дорад ва дар ҳақиқат беҳтарин роҳ барои расидан ба иззати ҳақиқӣ риояти тақво аст.

Тақво сарбаландӣ меовараду пастиро аз инсон дур мекунад, тақво роҳро бар инсон рӯшан карда вайро аз гумроҳӣ ҳифз мекунад; тақво инсонро арҷуманд месозад, дар ҳоле ки гуноҳ исонро хор месозад; тақво инсонро озод мекунад, аммо сарпечӣ фардро ба асорат мекашонад; тақво устувор месозаду пайравӣ аз ҳавои нафс ба нобудӣ мекашонад.

Ба ҳамин хотир аст, ки миёни тақво ва иззат иртиботи пайваста вуҷуд дорад ва ҳар андозае ки тақво бештар шавад иззати инсон ҳам рушд мекунад.

Анвои тақво

Тақвое ки дар бораи он суҳбат мекунем, осори бисёре барои он зикр кардем ва омили бақоъ ва пойдории иззат аст, тақвои ҳақиқӣ мебошад на тақвои дуруғӣ ва риёӣ.

Тақвое ки оятҳои Қуръони Карим ва Паёмбари Акрам(с) онро тамҷид кардаанд ва онро омили бақои иззат донистаанд, тақвои риёӣ ё фиребкорӣ нест, балки тақвои ҳақиқӣ мебошад.

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِنْ تَتَّقُوا اللَّهَ یَجْعَلْ لَکُمْ فُرْقَاناً

“Эй касоне, ки имон овардаед! Агар аз Худо битарсед, барои шумо ҷудокунанда[-и ҳақ аз ботил] қарор медиҳад.” (Сураи Анфол, ояти 29)

Тақвои фиребкорӣ ва риёӣ он тақвое аст, ки худкомагон ва дунёталабону ситамгарон муддаии иҷрои он ҳастанд ва худро тавассути он писандида ҷилва медиҳанд. Онҳо бо таҳрифи дин ва ба кор гирифтани тақвои фиреб дар ҷиҳати манофеи худ мардумонро ба гумроҳӣ мекашонанд. Дин дар назди онҳо бозичае беш нест ва ҳар навъе ки бихоҳанд бо он бозӣ мекунанд.

Албатта дар канори ситамгарон ва золимон, олимони бепарво ҳам иҷрокунандаи тақвое ҳастанд, ки амал ва рафторҳои худро тавассути он тавҷеҳ карда омили он мешаванд, ки золимон мазлумон ва заъифонро ба харият бигиранд.

Тақвои фиреб ва риё омили нобудии дин аст ва ҳеҷ чиз ба мисли олими бепарво ва риёкор ба дин осеб намезанад. Худованди Мутаол дар мавриди чунин олимоне, ки тақворо ниқобе барои пӯшондани дунёдӯстии худ қарор медиҳанд, мефармояд:

الَّذِینَ یَسْتَحِبُّونَ الْحَیاةَ الدُّنْیا عَلَی الْآخِرَةِ وَیَصُدُّونَ عَنْ سَبِیلِ اللَّهِ وَیَبْغُونَهَا عِوَجًا أُولئِكَ فِي ضَلَالٍ بَعِیدٍ

“Касоне, ки зиндагии дунёро бар охират бартарӣ медиҳанд ва [мардумро] аз роҳи Худо боз медоранд ва мехоҳанд онро мунҳариф намоянд; онҳо дар гумроҳии дуре ҳастанд.” (Сураи Иброҳим, ояти 3)

Шинохти ин гурӯҳ аз худкомагон, золимон ва олимони риёкор ва дурӣ аз онҳо барои ҳифзи дин аз муҳимтарин корҳо мебошад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед