Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият (қисми сеюм)

0
156

Ба номи Худованди башханди  меҳрубон

Озодӣ ва ҳуррият, ки аз ахлоқи некӯи фардӣ ба ҳисоб меравад, замоне ба иҷро мерасад, ки ҳамаи муқаддамоти он ҳамроҳ бо омилҳояш фароҳам шаванд. Дар баҳсҳои қаблӣ аввалин муқаддимаи озодӣ яъне истиқлолро баён кардем, ҳол дар ин қисмат аз баҳс иззат, яке дигар аз омилҳои озодӣ ва ҳурриятро баён хоҳем кард.

Аз муҳимтарин омилҳои озодӣ ва ҳуррияти инсонҳо иззатхоҳӣ ва дурӣ аз зиллату хорӣ мебошад. Яъне инсони озод ҳаргиз зиллат намепазирад, то ҷое ки марги бо иззатро беҳтар аз зиндагии бо зиллату хорӣ медонад.

Иззат

Иззат аз муҳиртарин усули зиндагии Паёмбари Акрам (с) ва аз асосу решаҳо дар умури динӣ мебошад. Асоси тарбият дар дини Ислом тарбияти ҳамроҳ бо иззат аст ва агар шахс бо иззат тарбият шуда ва рушд ёбад ба вижагие даст ёфтааст, ки дар ҳар вазъият ва аҳволе дар зиндагӣ устувор хоҳад буд.

Ва доштани вижагии иззат фарз аст, зеро Худованди Мутаол дар Қуръони Карим фармудааст:

وَلِلَّهِ العِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِینَ

“Иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст.” (Сураи Мунофиқун, ояти 8)

Решаи тамоми фасодҳо дар хорӣ ва зиллат аст ва ба ҳамин хотир беҳтарин роҳи расидан ба ҷомеаи муътадил иззат бахшӣ ва иззатофаринӣ барои мардум аст. Агар иззат дар миёни мардуми як ҷомеа коҳиш пайдо кунад ё нобуд шавад, корҳои фасод дар он ҷомеа афзоиш хоҳад ёфт.

Агар мардум риёкорӣ мекунанд, агар мутакаббир ҳастанд, агар зулму ситам мекунанд, агар ситам мепазиранд ва дар баробари зулм таслим мешаванд, агар фасод мекунанд ва…. сабаби ҳамааш зиллату хории нафсашон аст.

Агар мардуми ҷомеае ба иззати ҳақиқӣ бирасанд ва аз зиллату хорӣ озод шаванд ба тарбияте, ки ҳадафи паёмбарон (а) будааст мерасанд; тарбияте, ки инсонро дар баробари ғайри Худо сарбаланд ва шикастнопазир ва дар баробари Худо ночизу нотавон месозад. Касе, ки дар бароабри Худо сари бандагӣ фурӯд меорад ва бандагии Ӯро ба ҷо меорад ба иззате, ки Худованди Мутаол хостааст барои мӯъминон даст меёбад.

Маънои иззат

Иззат калимаи арабӣ, ҳолат ва сифатест дар вуҷуди инсон, ки иҷозат намедиҳад инсон мағлуби касе шавад ва шикаст пазирад. (Лисонул-араб, ҷ 9, саҳ 185)

Бинобар ин, иззат маънои шаъну шараф ва қуввату шикастнопазирӣ дорад.

Калимаи иззат дар Қуръони Карим ба маънои ғалаба, сахтиву душворӣ, ғайрат, озодагӣ ва монанди инҳо истифода шудааст. (Сураи Анкабут, ояти 26; сураи Фуссилат, ояти 41; сураи Тавба, ояти 128)

Ҳамчунин луғатшиносон ба касе, ки қаҳрамон аст ва шикаст намехӯрад азиз гуфтаанд. Ҳачунин ҳарчизи ноёб ё камёбро ҳам аз сабаби онки бо машаққат ва сахтӣ ба даст меояд ҳам азиз гуфтаанд. (Лисонул-араб, ҷ 9, саҳ 185 ва 186)

Худованди Мутаол ҳам аз он ҷиҳат азиз хонда мешавад, ки Ӯ зоте аст, ки ҳеҷ чиз аз ҳеҷ ҷиҳат бар Ӯ пирӯз ва ғолиб намешавад, дар ҳоле, ки Ӯ бар ҳама чиз ва аз ҳар ҷиҳат қоҳиру ғолиб аст.

Худованд ба ҳама чиз азиз аст ва ҳар азизи дигаре дар баробари Ӯ залил аст. Ҳамаи мавҷудоти олам фақир ва ба Худованд ниёзманданд дар ҳоле, ки Худо аз ҳама чиз бениёз аст. Худованд ба хотири раҳмате, ки дорад бандагони худро аз раҳмати худ баҳраманд месозад, тавре ки дар ояти мазкур баён шуд.

Бинобар ин, иззат дар асл аз они Худованд аст, ки ба бандагони мӯъмин ҳам дода мешавад.

Қуръони Карим мефармояд:

مَنْ کَانَ یُرِیدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّهِ الْعِزَّةُ جَمِیعًا

“Ҳар кас иззат бихоҳад  пас, ҳамаи иззат аз они Худост.” (Сураи Фотир, ояти 10)

Ба ҳамин хотир мӯъмин бояд бидонад, ки иззат ба сабаби раҳмате, ки Худованди Мутаол дорад, ба вай мерасад ва замоне, ки шоистаи он гардад дигар на сустӣ барои ӯ аст ва на андӯҳ, зеро, ки инсони бо иззат бартарин инсон аст, тавре, ки Қуръони Карим мефармояд:

وَلاَ تَهِنُوا وَلاَ تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ کُنْتُمْ مُؤْمِنِینَ

“Ва суст нагардед ва ғамгин нашавед ва шумо бартаред, агар имон дошта бошед.” (Сураи Оли Имрон, ояти 139)

Зиллатпазирӣ ва хорӣ ҷуз дар баробари азиз бемъност ва ҷуз Худо азизе вуҷуд надорад ва агар ҳам касе ба ҷуз Худо азиз бошад, иззаташро аз Худо гирифтааст.

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

مَن إعتَزَّ بِالعَبِید أذَلَّهُ الله

Ҳар кас иззатро аз бандагони Худо талаб кунад, Худованд хору залилаш мегардонад. (Канзул-уммол, ҷ 9, саҳ 77)

Боз Расули Акрам (с) мефармоняд:

التَّذَلُّلِ لِلحَقِّ أقرَبُ إلی العِزِّ مِن التَّعَزُّز بِالبِاطِلِ

Хорӣ ва таслими Ҳақ Таоло шудан аз иззатталабӣ аз роҳи ботил ба азамат ва бузургӣ наздиктар аст. (Канзул-уммол, ҷ 16, саҳ 114)

Касе, ки аз роҳи бандагии Худо иззатро ҷӯяд, ба иззати ҳақиқӣ мерасад ва Худованд ӯро қоҳир, устувору пойдор ва шикастнопазир месозад, зеро ин суннати Худованд аст, ки касе бо ӯ бошад иззаташ мебахшад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед