Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият (қисми чорум)

0
312

Ба номи Худованди башхандаи  меҳрубон

Паёмбари Акрам (с) паёмовари иззат

Дар идомаи силсила баҳсҳои авомил ва муқаддамоти озодиву ҳуррият дар ин қисмат аз баҳс дар бораи паёмовари иззат яъне Паёмбари Акрам (с) ва ҷойгоҳи иззат дар зиндагии мубораки он ҳазрат суҳбат хоҳем кард.

Паёмбари Акрам (с) паёмовари иззат

Паёмбари Акрам (с), ки дар бандагии Худованди Мутаол ба болотарин дараҷа расида буданд, бузургтарин намунаи иззати илоҳӣ мебошанд. Эшон (с) паёмовари иззат барои мо буданд ва асоси вазифа ва рисолати хешро иззату иззатхоҳӣ қарор доданд.

Яке аз нишонаҳои шинохти наҳзатҳои ислоҳгари ҳақиқӣ иззатбахшии онҳо аст ва мизони қудрати онҳо дар андозаи иззате мебошад, ки он наҳзат ба дигарон мебахшад ва роҳе аст, ки барои иззатофаринӣ мекӯшояд. Он наҳзате, ки иззат наорад ё мардуми худро ба зиллату хорӣ мекашонад асос ва воқеият надошта наметавон онро ислоҳгар донист. Дар миёни наҳзатҳои илоҳӣ ҳеҷ наҳзате ба андозаи наҳзати Паёмбари Акрам (с) мардумро ба иззат нарасонда ва роҳи иззатро барои онҳо накӯшодааст.

Паёмбари Акрам (с) азизтарини азизон буданд ва хориву бечорагии мӯъминонро ба иззату сарварӣ, бузургӣ ва такаббури кофиронро ба зиллату хорӣ табдил карданд. Вазифа ва рисолати Эшон (с) ин буд, ки ба мӯъминон иззати ҳақиқӣ бибахшанд ва онҳоеро, ки бо зулм барои худ иззати дуруғин эҷод карда буданд ба поин кашиданд. Дар ҳақиқат Расули Худо (с) мардуми уфтода дар хорро ба умматӣ сарбаланд ва арҷманд табил карданд ва пайваста онҳоро ба иззат даъват карданд.

Расули Худо (с) авомил ва сабабҳои зиллату хории фардӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро аз байн буданд ва заминаи расидан ба иззати фардӣ ва иҷтимоиро фароҳам карднд. Паёмбари Акрам (с) пайравони худро ба иззати ҳақиқӣ расонданд ва мусалмононро даъват карданд, ки пайваста ва дар ҳама ҳол иззати худро ҳифз кунанд. Тавре, ки нақл шудааст он ҳазрат (с) мефармуданд:

اطْلُبُوا الْحَوَائِجَ بِعِزَّةِ الْأَنْفُسِ

Ниёзҳо ва хостаҳои худро бо иззати нафс бихоҳед (дар роҳи расидан ба хостаҳои худ зиллату хорӣ напазиред). (Ҷомеъ-ассағир, ҷ 1, саҳ 168)

Инсон ҷудо аз дигарон ва ҷомеа нест, аммо дар ин иртибот ва барои расидан ба хостаҳои худ ҳаргиз набояд худро ҳақир созад ва ҳаргиз набояд ниёзи худро бо шикастани иззаташ ва пазириши хорӣ таъмин кунад, зеро агар иззати мӯъмин аз байн биравад, ҳама чизи ӯ аз байн меравад; асоси мӯъмин иззати вай аст ва бо аз байн рафтани иззат деворҳои амнияти эътиқодии мӯъмин ҳам аз байн меравад, дигар барои вай ҳақиқате боқӣ нахоҳад монд. Ба ҳамин сабаб ҷоиз нест, ки мӯъмин худро хор созад. Тавре, ки нақл шудааст, Расули Худо фармуданд:

اَ یَحِلُّ لِمُؤْمِنٍ أَنْ یُذِلَّ نَفْسَهُ

Барои мӯъмин ҷоиз нест, ки худро хору залил созад.

Гуфтанд, эй Паёмбар мӯъмин чигуна худро хор месозад?

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

یَعْرِضُهَا لِمَا لَا یُطِیقُ مِنَ الْبَلَاءِ

Худро дар баробари балое қарор медиҳад, ки тоқати онро надорад. (Танбиҳул-хавотир, ҷ 2, саҳ 32)

Яке аз мушкилоте, ки имрӯза дар давлатҳои исломӣ мушоҳида мешавад ҳукумати ҳокимони золимест, ки дастуроти илоҳиро нодида гирифта ба мардуми худ зулм мекунанд ва мусалмонон ҳам ба хотири онки ҷону молу номусашон ба хатар наафтад зулми золимонро пазируфта дар баробари қонуншиканиҳои ҳокимони худ сукут карда аз худ ғайрати динӣ нишон намедиҳанд, дар ҳоле ки Паёмбари Акрам (с) мефармоняд, ки иззати ҳақиқӣ дар иҷрои дастурот ва фармони Худванд аст:

 أعِزَّ أمرَ الله یُعِزُّکَ الله

Фармон ва дастурҳои илоҳиро азиз дор то Худованд туро азиз гардонад. (Ҷомеъ-ассағир, ҷ 1, саҳ 174)

Бидуни шак ҷомеае, ки иззат дорад афроди он ҷемеа тасвири хубу мусбат аз худ доранд ва ҷомеае, ки хорӣ мепазирад аз бисёр ҷиҳатҳо бо ҷомеае, ки иззат дорад мутафовит аст. Ҷомеае ки иззат дорад аҳдофи болотареро барои худ интихоб мекунад, изтироб ва ташвиши камтаре дорад, фишорҳои равонии камтареро таҷриба мекунад, шикаст намепазирад, камтар эҳсоси пучӣ ва бесамар будан мекунад, камтар ранҷ мебарад, дар баробари мушкилот муваффақтар аст, аҳли илму ҷустуҷӯи бештаре аст, аз назари ахлоқӣ афроди он ҷомеа шоистатар ва назари мусбате нисбат ба худ доранд.

Нафси инсон монанди санг сахт аст. Набуди иззат бадтарин заминаро барои нобудии инсон фароҳам мекунад. Зеро замоне, ки зиллату хорӣ дар вуҷуди фард ҳоким шуд вайро омодаи пазириши ҳар навъ хориву пастӣ  ва ба гуфтаи Иқболи Лоҳурӣ, “бандагии одам” мекунад; коре, ки ҳатто ҳайвонот ҳам дар муқобили ҳамнавъи худ намекунанд. Бинобар ин, решаи ҳамаи инҳирофҳо ва нобудиҳо дар зиллату хории инсон аст; ҳатто мубтало шудан ба такаббур, худписандӣ ва гарданкашӣ ба сабаби пастӣ ва хорие аст, ки инсони мутакаббир дар худ эҳсос мекунад.

Натиҷа

Мӯъмин набояд кореро анҷом диҳад, ки сабаби хорӣ ва зиллаташ мешавад. Ҳақ надорад вазифаеро қабул кунад, ки тоқат ва тавони анҷоми онро надорад ва ба ин хотир ба зиллат кашида мешавад. Ҳақ надорад хостаҳоеро бипазирад, ки сабаби хору ҳақир шуданаш мешавад.

Агар инсон решаи зиллату хориро қатъ кунад, аз ҳамаи сифатҳои бад дур шуда ва заминаи ба даст овардани иззати Худованӣ дар арсаҳои фардӣ, хонаводагӣ, иҷтисоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро фароҳам мекунад ва дар баробари ботил сари таслим фуруд наоварда дар сироти ҳақ мустаҳкам ва устувор хоҳад буд.

Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият (қисми сеюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед