Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият(қисми панҷум)

0
40

Ба номи Худованди башхандаи  меҳрубон

Ҳусайн (рз) шогирди мактаби иззатофарини Паёмбар (с)

Бартарин намуна дар ҳифзи иззат ва зиллатнопазирӣ Ҳусайн ибни Алӣ (рз), набераи Паёмбари Акрам (с) аст, дар ин қисмат аз баҳс баён мекунем, ки Ҳусайн чигуна дар Ошуро ба мо нишон дод, ки иззатро аз мактаби иззатофарини ҷаддаш ёд гирифтааст.

Мӯъмин ҳамеша муҳкам ва таслимнашавандааст ва дар ҳар ҳолу вазъияте иззати худро ҳифз мекунад ва агар дар миёни зиндагии бо зиллат ва марги бо иззат қарор гирад, марги бо иззатро интихоб мекунад. Ин гуна зистанро шумо беш аз ҳар ҷои дигар дар набарди ошуроии набераи Паёмбари Акрам (с), Ҳусайн ибни Алӣ мебинед. Шумо дар ин ҳодиса мебинед, ки Ҳусайн чигуна иззатофаринӣ, бо иззат зистан ва интихоб кардану мурданро аз Паёмбар (с) омӯхта буд.

Ҳадафи наҳзати Ҳусайн (рз) бозгашт ба суннати Паёмбар (с) буд. Расули Худо (с) мардумро аз зиллати бутпарастӣ ва таслим шудан дар баробари ғайри Худо ва зиллати ҷаҳлу гумроҳӣ наҷот дод ва қудратмандони куфру ширкро ба поин кашид. Ҳол Ҳусайн ҳам дар Карбало ба ҳамон роҳи ҷаддаш мерафт ва барои расидан ба ҳадафи Расули Худо (с) қиём мекард. Ба Карбало мерафт то суннати фаромуш шудаи Паёмбар (с)-ро ба ёдҳо орад ва роҳу расми он ҳазратро бо иззатофаринӣ зинда кунад.

Ҳусайн (рз) бо набарди худ дар Карбало ба мо меомӯзад, ки бояд дар баробари ғайри Худо азиз ва дар баробари Худо сари таслим фуруд овард. Аз ин сабаб маргро ба ҷои таслим шудан дар баробари ботил интихоб мекунад ва душманони худро даъват мекунад, ки дар баробари ҳақ таслим шаванд ва худро аз оташи дузах наҷот диҳанд. Ҳусайн қиём кард то мардуми замони худ ва ояндаро ба иззат даъват кунад, зеро сарбаландӣ ва хушбахтии ин ҷаҳон ва ҷаҳони охират дар иззат аст. Достони набарди Ҳусайн (рз), достони иззати мӯъминон мебошад, инсонҳое ки дар мактаби Паёмбар (с) омухтаанд, ки саодати ҳақиқӣ ҳамон иззат аст ва зиндагӣ зери бори зулму ситам ва зиндагӣ дар канори ситамгарон ҷуз зиллату хориву нанг нест. Аз ин ҷиҳат шоистааст, ки инсон бимираду таслими зиллат нашавад. Ҳусайн (р) шогирди бузурги мактаби иззат офарири Паёмбари Акрам (с) аст, ки ҳозир мешавад бо тамоми вуҷуд дар Карбало маргро интихоб кунад, аммо таслими зиллат нашавад.

Ҳусайн ибни Алӣ (рз) дар роҳи иззатофаринӣ худро усва ва улгу дониста ва ҳамаро ба сираи зиндагибахи худ ва ҷаддаш хонда мардумро ба пайравӣ аз худ даъват мекунад:

فَلَکُمْ فِيَّ أُسْوَةٌ

Роҳу расми ман барои шумо улгу ва намунааст. (Таърихи Табарӣ, ҷ 5, саҳ 403)

Ҳусайн омухтаҳои худ аз Паёмбари Акрам (с)-ро тавре амалӣ мекунад, ки улгуи ошкор барои ҳамаи озодихоҳон ва суннати идомадор барои муборизони роҳи ҳақ бошад. Иззати ҳақиқие, ки сарчашма гирифта аз бандагии Аллоҳ Ҳақтаоло аст ва инсонро дар роҳи ҳақ пойдор ва шикастнопазир месозад ва наҳзати Ҳусайн болотарин улгу дар расидан ба чунин иззате аст.

Паёми Ошуро паёми иззате аст сарчашма гирифта аз пайвастан ба ҳақ ва ҷудо шудан аз ботил, иззате ки ҳеҷ чиз наметавонад онро нобуд созад, иззате ки ҳатто ғайри мусалмонон ҳам онро эътироф мекунанд.

Наҳзати Ҳусайн инби Алӣ (р) худ мактаби иззат аст ва ин ҳақиқат дар набарди ӯ комилан ошкор аст.

Ҳусайн на танҳо набера балки мазҳари иззати Паёмбар (с) аст ва ҳамеша ин шаъни худро баён мекард то улгу ва намунае бошад барои дарсомӯзӣ ва пайравӣ кардан.

Ҳусайни ибни Алӣ (рз) афроди бисёреро дар ин роҳ бо худ ҳамроҳ кард, яке аз он афрод Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ буд, ки дар Карбало ба ҷабҳаи Набераи Паёмбар (с) пайваст ва марги бо иззатро чун Ҳусайн ба ҷои зиндагии бо зиллат интихоб кард.

Тавре, ки бисёре аз китобҳои таърихӣ нақл кардаанд, Ҳур ибни Язид Риёҳӣ ба даъвати Ҳусайн ибни Алӣ (рз) посухи мусбат дод ва ба иззати ҳақиқӣ расид. Ҳур замоне, ки занҷири бандагии ғайри Худоро аз гардани худ боз кард озоди ҳақиқӣ шуд ва ба мақоми ҳуррият расид.

Дар замоне, ки Ҳусайн (рз) дар сахтӣ қарор дошт, Ҳур бо интихоби душворе рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳур дар байни мардуми шаҳраш далеру натарс буд ва ҳеҷвақт дар ягон майдон натарсида буд, аммо он рӯз дар муқобили Ҳусайн (рз) аз тарс ларза ба андомаш афтода буд ва худро дар партгоҳи дузах медид. Яке аз ёронаш ба ӯ гуфт: ин чӣ ҳолате аст, ки шумо пайдо кардаед дар ҳоле, ки шумо далертарин мардуми Куфа ҳастед? Ҳур ҷавоб дод:

وَالله إِنِّي أُخَیِّرُ نَفْسِي بَینَ الْجَنَّةِ وَالنَّارِ فَوَ الله لَا أَخْتَارُ عَلَی الْجَنَّةِ شَیئاً وَلَوْ قُطِّعْتُ وَحُرِّقْتُ

Ба Худо қасам худамро дар интихоби биҳишт ва дузах озод мебинам, ба Худо савганд агар пора пора шавад ва пайкарам дар оташ сузонда шавад танҳо роҳи биҳиштро интихоб хоҳам кард. Дар ин ҳангом буд, ки ба суи Ҳусайн рафт ва бо ҳоли зор дархости тавба кард.

Ҳусайн (рз) фармуд:

نَعَمْ یتُوبُ الله عَلَیكَ

Бале Худованд тавбаи туро мепазирад. (Таърихи Табарӣ, ҷ 5, саҳ 428)

Ингуна буд, ки Ҳур озода будан, ҳаракат ва ба дӯст пайвастанро интихоб кард. Пас аз онки ҷанг дар Карбало ба авҷи худ расид ва бисёре кушта шуданд, Ҳур дар ҷанги сахту далерона ба шаҳодат расид. Ҳусайн (рз) дар борааш фармуд:

أَنْتَ الْحُرُّ کمَا سَمَّتْكَ أُمُّكَ حُرًّا فِی الدُّنْیا وَالْآخِرَةِ

Тавре, ки модарат туро Ҳур (озод) номид ту дар ҳақиқат дар дунё ва охират озод ҳастӣ. (Ансобул-ашроф, ҷ 3, саҳ 189; Таърихи Табарӣ, ҷ 5, саҳ 429)

Ҳур бо интихоби саҳеҳи худ ингуна озода гашту ба иззати ҳақиқӣ расид ва онҳое, ки дар сафи муқобили Ҳусайн истода буданд аз ҳавои нафси худ пайравӣ карданд худро ба моли дунё фурӯхтанд ва ба ҷои лаббайк гуфтан ба даъвати Набераи Паёмбар (с) роҳи гумроҳиро интихоб карда ба тарбияи Паёмбар пушст намуда ва зиндагии бо зиллатро ба ҷои марги бо иззат интихоб карданд.

Идома дорад…

Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият (қисми чорум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед