Асли қасд ва эътидол(қисмати якум)

0
130

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Қасд ва эътидол ба маънои ҳад ва миёнаравӣ ва парҳез аз ифрот (зиёдаравӣ) ва тафрит (кӯтоҳӣ) дар корҳо аст.

Асли қасд ва эътидол аз ҷумлаи масоиле аст, ки Қуръони Карим ба он аҳаммияти бисёр додааст ва Паёмбари Акрам (с) дар зиндагии муборакашон дар ҳамаи корҳо ва рафторашон миёнаравиро риоя карданд. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти ин мавзӯъ дар зиндагии мо мусалмонон ба унвони пайравони ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) зарурати риояти миёнаравӣ дар зиндагиро аз нигоҳи Қуръон ва суннат баррасӣ мекунем.

Асли қасд ва эътидол

Дар Қръони Карим оятҳои зиёде дар бораи асли эътидол дар ҳамаи корҳои фардӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва… зикр шудааст, ки моро ба риояти миёнаравӣ амр мекунад.

Қуръони Карим ба эътидол ва миёнаравӣ даъват карда ва уммати Исломро уммати миёна ва васат муаррифӣ мекунад:

وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

“Ва инчунин шуморо уммати миёнае қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед; ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад.” (Сураи Бақара, ояти 143)

Дини Ислом моро аз ифрот ва тафрит манъ кардааст ва мусалмонон бар хилофи пайравони адён ва фирқаҳои дигар аз қонунҳое пайравӣ мекунанд, ки қонунгузори он яъне Худованди Мутаол ва Пайғамбараш аз ҳамаи ниёзҳои фитрии инсонҳо огоҳ буда ва ҳамаи ҷиҳатҳои зиндагии ҷисмӣ ва руҳии инсонҳоро дар назар гирифтаанд.

Тарбият дар Ислом тавре аст, ки инсон дар ҳамаи соҳаҳо, роҳу расмаш миёнарав бошад, тавре, ки Луқмони Ҳаким фарзанди худро ба он даъват мекунад:

وَاقْصِدْ فِي مَشْيِكَ وَاغْضُضْ مِنْ صَوْتِكَ إِنَّ أَنْكَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِيرِ

“Ва дар роҳ рафтани худ миёнарав бош; ва овозатро оҳиста бидор, ҳамоно бадтарин овозҳо овози харҳо аст”. (Сураи Луқмон, ояти 19)

Паёмбари Акрам (с) ҳам дар рафтори фардӣ ва ҳам дар рафтор бо хонавода ва иҷтимоъ, дар идораи корҳо ва сиёсат, дар муқобила бо душманон ва ҳатто дар майдонҳои ҷанг эътидолро риоя мекарданд ва аз зиёдаравӣ ва кӯтоҳи дар корҳо парҳез мекарданд, Эшон (с) ҳамеша таъкид доштанд, ки мо пайравашон бошем, ба ҳамин хотир мефармоянд:

یَا أیُّهَا النَّاس عَلَیکُم بِالقَصد، عَلَیکُم بِالقَصد، عَلَیکُم بِالقَصد فَإنَّ اللهَ تَعالی لا یَمَل حَتَّی تَمَلُّوا

“Эй мардум миёнарав бошед, миёнарав бошед, миёнарав бошед. Зеро Худованди Мутаол аз миёнаравӣ дилгир намешавад, магар инки шумо дилгир шавед.” (Сунани ибни Моҷа, ҷ 2, саҳ 1417)

Мутаассифона бештари мардум дар бисёре аз ҷомеаҳо дар зиндагии худ ба ин асл амал намекунанд, ба ҳамин хотир дучори ифрот ва тафрит шуда аз роҳи саҳеҳ ва роҳи камоли инсон хориҷ мешаванд. Метавон гуфт решаи бисёре аз гумроҳиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ риоя накардани қасд ва эътидол аст.

Дар ҳадиси машҳуре аз Ҳусейн ибни Алӣ (рз) чунин нақл шудааст, ки Ҳусейн (рз) мегӯяд, аз падарам амири мӯъминон дар бораи чигунагии зиндагии Паёмбари Акрам (с) дар хориҷ аз хона пурсидам, фармуданд:

کَانَ رَسُولُ اللَّهِ (صلی الله علیه وآله) مُعْتَدِلَ الْأَمْرِ غَیرَ مُخْتَلِفٍ

Паёмбари Акрам (с) дар ҳамаи корҳо миёнарав буданд, гоҳе ифрот ва гоҳе тафрит намекарданд. (Табақотрул-кубро, ҷ 1, саҳ 424; Байҳақӣ, Далоили Нубуват, ҷ 1, саҳ 289)

Бисёре аз сахтиҳо ва гирифториҳо дар ҷомеаи мо ба сабаби риоя накардани асли миёнаравӣ аст, ки ғайри қобили ҳал ҳастанд, аз ҷумла ин масъала мушкилоти бисёре дар равобити хонаводагӣ ба вуҷуд овардааст, ки сарчашмааш эътидол надоштан аст.

Миёнаравӣ дар зиндаги мувофиқ бо ақл ва мақому ҷойгоҳи ақл аст, яъне инсони оқил миёнаравиро дар зиндагӣ риоя карда ва инсони нодон бо ифрот ва тафрит худро ба мушкилоти ғайри қобили ҳал дучор мекунад.

Яке аз соҳаҳое, ки лозим аст инсон дар он миёнарав бошад ва худашро бо дигарон муқоиса накунад соҳаи иқтисодӣ мебошад. Паёмбари Акрам (с) дар ин бора мефармоянд:

مَا عَالَ مَن إقتَصَدَ

Ҳар касе, ки миёнаравӣ кунад фақиру ниёзманд намешавад. (Муснади Имом Аҳмади Ҳанбал, ҷ 1, саҳ 447)

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди фоидаи миёнаравӣ фармуданд:

مَّن قَدَّرَ رَزَقَهُ الله وَ مَن بَذَّرَ حَرَمَهُ الله

Ҳар касе, ки миёнаравӣ кунад, Худованд ризқаш диҳад ва ҳар касе, ки ифрот кунад, Худованд ӯро маҳрум созад. (Канзул-уммол, ҷ 3, саҳ 49)

Чуноне, ки мушоҳида шуд дар Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) ба асли қасду эътидол дар зиндагӣ аҳаммият дода шуда ва ба мо супориш кардаанд, ки миёнаравиро дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ риоя кунем, ба ҳамин хотир қаламрави онро ҳам барои мо мушахас кардаанд, ки дар қисмати баъд ба он мепардозем.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед