Асли қасд ва эътидол(қисмати дуюм)

0
77

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Қаламрави эътидол (1)

Дар қисмати қабл гуфтем, ки қасду эътидол ба маънои ҳад ва миёнаравӣ дар корҳо аст ва ҳамчунин баён кардем, ки ин қоида мавриди таваҷҷӯҳи Қуръону Паёмбари Акрам (с) буда ва ба мо ҳам тавсия кардаанд, ки дар тамоми зиндагӣ онро риоят кунем, ҳоло дар ин қисмат мавридҳо ва қаламравӣ эътидол дар зиндагиро баён мекунем.

Қаламрави эътидол

Эътидол бояд ба таври умумӣ ва ҳамаҷониба дар тамоми ҳаёти инфиродӣ ва иҷтимоии инсон риоят гардад ва ҳамеша дар ҳамаи корҳо ба мисли фикр кардан ва гуфтори одам риоят шавад.

  1. Эътидол ва миёнаравӣ дар фикр кардан

Сарчашмаи ҳамаи тасмимҳои инсон андеша ва фикрш аст, агар одам дар фикр кардани худ эътидолро риоят кунад, роҳи дурустро рафтааст ва агар андешаи ӯ аз роҳи миёнаравӣ хориҷ шавад, корҳои ӯ ҳам ба бемориҳои ифроту тафрит дучор мегардад.

Ҳар кас пеш аз коре дар бораи он фикру андеша кунад, эҳтимоли расидан ба натиҷаи дуруст бештар хоҳад буд.

Дар миёни андешаҳои ифротӣ ва тафритӣ ба монанди куфр, ширк, ду худоӣ ва чанд худоӣ ва дигар андешаҳои ботил, андешаи Тавҳид ҳамон миёнарваӣ аст, ки ҳамаи пайравони ҳақталабашро ба мақсад, яъне ризояти Худованди Мутаол мерасонад.

  1. Эътидол дар амал

Миёнаравӣ дар амал ва рафтор натиҷаи эътидол дар фикру андеша аст ва афроди боимон бо дуруст кардани фикру ақидаи худ, дар рафтори худ миёнаравиро ба кор мебаранд ва дар корҳои худ аз ифроту тафрит парҳез мекунанд. Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) ва аҳкоми дин ҳама танзимкунандаи корҳои инфиродӣ ва иҷтимоии мусалмонон бар асоси эътидол ҳастанд. Баъзан, бинобар аҳаммияти мавзӯъ мавридҳое аз он дар Қуръони Карим ё аҳодис муайян мешавад, ки дар инҷо чанд мавридро баён мекунем.

А. Эътидол дар хобу хӯрок

Ақли инсон мегӯяд, ки ҳар кас бояд ба андозаи ниёзи худ аз ғизоҳо истифода кунад ва дар ин замина аз ҳадди миёнравӣ хориҷ нашавад, зеро адами эътидол дар ин замина зараровар ва бехирадӣ мебошад.

Қуръони Карим ҳам ба миёнаравӣ дар ин масъала дастур медиҳад:

كُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ

“Бихӯреду биошомед ва исроф накунед; ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад.” (Сураи Аъроф, ояти 31)

Дар аҳодис пурхӯрӣ мазамат шудааст ва он сабаби беморӣ ва сахтии қалб муаррифӣ шудааст. Паёмбари Акрам (с) дар мавриди андозаи ғизо мефармоянд, ки ба ҳадде бошад, ки инсон битавонад ба корҳояш расидагӣ кунад кофӣ аст.

Ба унвони намуна ба як ҳадис ишора мекунем, Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

مَن تَعَوَّدَ کَثرَةَ الطَّعَام وَ الشَّرَاب قَسا قَلبُهُ

Ҳар кас ба пур хӯрдан ва ошомидан одат дошта бошад дилаш сахт мегардад. (Мустадракул-васоил, ҷ 16, саҳ 213)

Бале миёнаравӣ накардан дар хӯрдану ошомидан сабаби бемориҳои ҷисмӣ ва руҳӣ мешавад, ки ин худ сарчашмаи бемориҳо ва фасодкориҳои инфиродӣ ва иҷтимоии дигар мегардад. Ҳамин тавр хоби беш аз андоза ва ё камхобӣ ҳам бад ва зиёновар аст.

Б. Эътидол дар кор ва ибодати Худованд

Инсон мавҷуде аст, ки илова бар ҷисм, рӯҳ ҳам дорад ва барои ӯ лозим аст, ки ниёзҳои ҷисмӣ ва рӯҳии худро аз роҳи саҳеҳ таъмин кунад. Одам бояд ҳам ба ниёзҳои моддии худ таваҷҷӯҳ кунад ва ҳам барои тарбияи рӯҳаш талош кунад, то ҳам ба дунёи пас аз маргаш таваҷҷӯҳ карда бошад ва ҳам дунёи худро нобуд накарда бошад.

Афроде, ки имони ҳақиқӣ доранд умри худро барои дунё ва охират сарф мекунанд ва барои расидан ба ҳар кадом ба андозаи лозим талош мекунанд, ҳам зиндагии дунёии худро ба шакли сода ва обуруманд контрол мекунанд ва ҳам аз рӯи алоқа ба ибодати Худованди Мутаол барои расидан ба ризояти Ӯ ва ободии охирати худ  мепардозанд.

لَيسَ بِخَيرِكُم مَن تَرَكَ دُنيَاه لِآخِرَتِهِ وَلَا آخِرَتِهِ لِدُنيَاه حَتَّى يُصِيبَ مِنهُمَا جَمِيعًا فَإنَّ الدُّنيَا بَلَاغٌ إلِى الآخِرَةِ وَلَا تَكُونُوا كَلاًّ عَلى النَّاس

Беҳтарини шумо касе нест, ки дунёашро ба хотири охираташ ва охираташро ба хотири дунёаш раҳо кунад, то инки аз ҳар ду баҳраманд шавад, зеро дунё роҳи расидан ба охират аст. Ва шумо вобаста ба мардум набошед. (Ҷомеул-аҳодис, ҷ 18, саҳ 260)

В. Эътидол дар сарф кардан

Инсони боимон вазифа дорад то ҷое, ки метавонад ба гардиши чархи иқтисодии ҷомеа кӯмак кунад ва илова бар таъмини ҳазинаҳои зиндагии худ барои ободӣ ва созандагии кишвараш ҳам талош кунад. Дини Ислом роҳҳои касби даромади ҳалолро ба мо нишон дода ва аз касби ҳаром манъ кардааст.

Қуръони Карим дар ин замина чунин дастур медиҳад:

وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَحْسُورًا

“Ва дастатро ба гарданат баста қарор мадеҳ ва онро ба таври комил магӯшой, то ин ки маломатзада, дармонда бинишинӣ.” (Сураи Исро, ояти 29)

Як зан писарашро назди Паёмбари Акрам (с) фиристод ва аз Эшон либосашро барои табаррук хост, Паёмбар (с) танҳо либоси худро дод ва чун либоси дигаре надошт, барои намоз аз хона берун нарафтанд. Ояти мазкур нозил шуд, то бигӯяд саховат он нест, ки танҳо либоси худро бубахшӣ. (Руҳул-маонӣ, ҷ 8, саҳ 64)

Мусалмонон бояд барномаи инфиродӣ ва иҷтимоии худро бар асоси ин оят танзим кунанд ва дар бахшишҳои худ аз хасисӣ ё зиёдаравӣ парҳез кунанд ва бо барномарезиҳои дақиқу санҷида ҳадди эътидол ва миёнаравиро интихоб кунанд, то дар зиндагии худ ниёзманди касе набошанд ва дар корҳо муваффақ бошанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед