Асли қасд ва эътидол(қисмати дуюм)

0
11

Ба номи Худованди башхандаи  меҳрубон

Қаламрави эътидол 4

Дар идомаи қаламрави эътидол ва миёнаравӣ дар умури зиндагӣ дар ин қисмат чанд мавриди дигар аз эътидол дар умури иҷтимоиро ба хости Худованди Мутаол баён мекунем.

Эътидол дар эътимод ва бовар кардан

Эътимод ба маънои бовар ва такя кардан ба дигарон аст, замоне  ки ба касе эътимод мекунем дар ҳақиқат ба ӯ такя кардаем.

Дуруст аст, ки эътимод ва бовар ба дигарон яке аз асоситарин усули ҳаёти иҷтимоӣ мебошад ва дини Ислом ва Қуръони Камим онро таъйид кардаанд, аммо эътимоди беш аз андоза ба дигарон махсусан дар масоили муҳим ва сарнавиштсоз бо меъёри ақл ва шариат созгор нест. Пас инсон бояд дар интихоби такягоҳи худ диққат кунад.

Яке аз масоили бисёр муҳимме, ки инсон барои баёни он набояд ба ҳар кас эътимод кунад, ин баёни розу асрор аст, яъне набояд инсон дар ҳангоми дарди дил бо дигарон розҳо ва асрори худро барои касе, ки амин ва амонатдор нест бозгӯ кунад, зеро мумкин аст рози инсон фош шавад ва мушкилоташ чанд баробар шавад.

Аз ҷумла розҳое, ки наметавон ба касе гуфт, гуноҳоне аст, ки инсон анҷом доддааст, зеро ошкор кардани гуноҳ барои дигарон худ гуноҳи дигар аст ва танҳо бояд дар пешгоҳи Худованд банда ба гуноҳони худ эътироф карда ва тавба кунад.

Бинобар ин,  инсон набояд дар эътимод ва бовар ба дигарон зиёдаравӣ кунад, зеро мумкин аст зарарҳоеро ба бор орад, ки ҷуброннопазир бошад.

Эътидол дар дифоъ кардан

Шубҳае, нест, ки дар низоми ҳуқуқӣ ҳаққи дифоъ ва ҳимоят аз худ, ошкор ва ҳамтӣ аст. Дар манобеи динии мо муборизаи инсон бо касоне, ки ба ҷону моли ӯ таҷовуз мекунанд, кори пок ҳисоб шуда ва ҷон додан барои он баробар бо шаҳодат аст. Аммо бояд таваҷҷӯҳ кард, ки ин дифоъ аз ҳақ набояд аз ҳад таҷовуз кунад.

Ба унвони намуна Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд:

فَمَنِ اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ

“Ва ҳар кас бар шумо таҷовуз намояд, пас  ҳамонанди таҷовузе, ки бар шумо раво доштааст  ба ӯ посух диҳед.” (Сураи Бақара, ояти 194)

Дар сурати мушоҳидаи рафтори бад аз дигарон дастури дини Ислом ибтидо бахшиш ва гузашт аст (Дар сурати шоистагии бахшишро доштан) ва дар марҳилаи баъд талаби ҳақ дар қолиби инсоф ва адолат буда ва таҷовуз аз он манъ шудааст.

Эътидол дар рафтор бо дигарон

Дар рафтор ва муошират бо дигарон ҳам бояд ҳадди эътидол ва миёнравиро риоя кард, зеро эътидол дар рафтор дар ҳақиқат ҳамон тавозуъ аст, ки инсонро аз ифроту тафрит ё такаббуру хорӣ манъ мекунад.

Тавозуъ дар рафтор яъне инсон дар муомила бо мардум рафтори бад надошта бошад, ки мардум дуст надошта бошанд бо ӯ муомила кунанд ё тавре рафтор накунад, ки худро паст нишон диҳад ва мавриди таҳқири дигарон қарор гирад.

Дар муомила бо мардум, илова бар эҳтироми дигарон бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки он эҳтиром сабаби пастӣ ва хории инсон нашавад.

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

تَوَاضَع لِلمُحسِن إلَیک وَ إن کان عَبداً حَبَشِیّاً وَ انتَصِف مِمَّن أساءَ إلَیک وَ إن کان حُرّاً قُرَشِیّاً

Бо касе, ки ба ту некӣ кардааст бо тавозуъ рафтор кун гарчанде, ки ғуломи ҳабашӣ бошад. Ва аз касе, ки ба ту бадӣ кардааст ҳаққатро талаб кун, ҳатто агар он шахси озода қурашӣ бошад.

Эътидол дар таҳсин ё сарзаниши дигарон

Агар инсон дар таъриф ва таҳсини дигарон аз ҳадди эътидол хориҷ шавад дар ҳақиқат аз ҳақ хориҷ шуда ва дучори мушкилоти зиёде ҳамчун  чоплусӣ мешавад, ки сабаби кина ва ҳасодат хоҳад шуд. Ва тарки таҳсин ҳам реша дар ҳасодат дошта сабаби нороҳатӣ ва ба вуҷуд оварандаи кина аст.

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди касоне, ки дар таҳсин кардан зиёдаравӣ мекунанд мефармоянд:

أحثُوا التُّرَاب فِی وُجُوهِ المَدَّاحِینَ

Бар чеҳраи ситоишгарон хок бишошед. (Муъҷамул-кабири Табаронӣ, ҷ 20, саҳ 239)

Дар ҳақиқат Паёмбари Акрам (с) бо ин дастур хостаанд аз паёмадҳои ситоиши беш аз ҳад ҳамчун ҳасад ҷилавгирӣ кунанд.

Аммо дар ин маврид истисно ҳам вуҷуд дорад, Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

لَا یَصلُحُ المَلَقُ إلَّا لِلوالِدَین وَ الإمام العَادِل، لَا تَصلحُ الصَّنِیعَةُ إلّا عِندَ ذِی حَسَبٍ أو دینٍ

Чоплусӣ ҷуз  барои падару модар ва пешвои одил ҷоиз нест. Некуӣ ҷуз назди шарофатманд ва боимон ҷоиз нест. (Канзул-уммол, ҷ 4, саҳ 233)

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди сарзаниш кардани дигарон ҳам мефармоянд:

لَا تُظهِر الشَّماتَةَ لأخِیک فَیُعافِیه الله وَ یَبتَلِیکَ

Бародари (мӯъмини) худро (ба хотири айбе) мазаммат накун, зеро Худованд ӯро (аз он айб) раҳонида туро ба он мубтало мекунад. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 2, саҳ 6289)

Пас ҳам чоплусӣ мамнуъ аст ва ҳам кутоҳӣ дар таҳсини дигарон ва шоиста он аст, ки роҳи эътидол дар ин замина риоят шавад, то инсон дар ҳаққи бародаи мӯъмин на дучори зулм шавад ва на дучори хиёнат.

Натиҷа

Барои инсон лозим аст дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худ роҳи эътидолро пеш бигирад. Эътидол ва миёнаравӣ дар эътимод ва бовар кардан ба дигарон, дар дифоъ кардан аз ҳаққи худ, дар рафтор бо дигарон, дар таҳсин ё сарзаниши дигарон аз қаламрави эътидол дар умури иҷтимоӣ мебошанд, ки  амал накардан ба онҳо инсонро ба зарарҳои мухталиф чун фош шудани розҳо, зулм, кина ва ҳасад рӯбарӯ мекунад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед