Асли қасд ва эътидол(қисмати дуюм)

0
91

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Қаламрави эътидол 3

Муқаддима

Баҳси мо дар мавриди қаламрави эътидол (миёнаравӣ дар корҳо) буд, ки дар ду қисмати қабл теъдоде аз қаламравҳои эътидол ба монанди эътидол дар роҳ рафтану сухан гуфтан, эътидол дар хашму ғазаб, эътидол дар қаноатмандӣ аз ғаризаи ҷинсиро зикр кардем. Дар ин бахш қаламрави эътидол дар умури иҷтимоӣ яъне эътидол дар дӯстӣ ва душманиро баён мекунем.

Умедворем, ки Худои Қодир ба мову шумо хонандагони азизи сайти Аҳноф тавфиқи баҳрамандӣ аз сифати камоли эътидолро дар тамоми зиндагӣ иноят кунад.

Эътидол дар дӯстӣ ва душманӣ

Гарчанде ки дини Ислом пайвандҳои дӯстиро, ки миёни афроди мусалмон барқарор карда мешавад, ҷонибдорӣ мекунад ва ин дӯстиро сарвати арзишманд ва гаронбаҳо мешуморад, аммо бо ифроткорӣ дар рафоқату дӯстӣ мухолифат мекунад ва хоҳони муносибати мӯътадил дар робитаҳои дӯстона мебошад. Зеро мумкин аст, ки дӯст рӯзе табдил ба душман ва душман рӯзе табдил ба дӯст шавад.

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди миёнаравӣ дар дӯстӣ ва душманӣ мефармоянд:

اَحْبِبْ حَبیبَک هونا ما، عَسی اَنْ یکونَ بَغیضَک یوْما ما و اَبْغِضْ بَغیضَک هَوْنا ما، عَسی اَنْ یکونَ حبیبَک یوْما ما

Дар дӯстӣ ва душманӣ миёнарав ва муътадил бош (на ифрот кун ва на тафрит), мумкин аст рӯзе дӯст ба душман ва душман ба дӯст табдил шавад. (Сунани Термизӣ, ҷ 3, саҳ 243)

Ҳақиқатан ҳам риояти эътидол дар дӯстӣ як равиши ҳакимона аст, ки бояд ҳамеша ба он таваҷҷӯҳ кард. Як тавсияи муҳим, ки дар робита бо миёнаравӣ дар дустӣ шудааст, ин роздорӣ мебошад ба ин маъно, ки роз ва асрори худро бо эҳтиёт ва эътидол дар ихтиёри дӯсти худ бигузоред, то агар рӯзе пайванди дӯстии шумо қатъ шуд, зараре ба шумо нарасад.

Бархе аз афрод ба тавсияи боло дар дӯстӣ таваҷҷӯҳ накарда дар дӯстии худ ифрот мекунанд ва ҳамаи асрори худ ҳатто масъалаҳои хусусии зиндагии худро ба дӯсти худ мегӯянд; дар ҳоле, ки мумкин аст ҳамин дӯст рӯзе душмани ӯ шавад. Бархе дигар ҳам замоне ки бо касе душман мешаванд, дар душманӣ ифрот мекунанд ва роҳи бозгаштро ба рӯи худ мебанданд.

Тавре ки қайд карда шуд, бояд ҳамеша эътидолро дар дӯстӣ риоят кард, то дӯстӣ идома дошта бошад.

Яке аз мушкилоте, ки мумкин аст дар сурати риоят накардани эътидол дар дӯстӣ рӯй диҳад, қатъи иртибот ва қаҳр кардан ва дар натиҷа нобуд сохтани дӯстӣ аст.

Паёмбари Акрам (с) қаҳр карданро нораво ва сабаби азоб ва баробар бо рехтани хуни бародари мусалмони худ дониста мефармоянд:

قِتالُ المُسلِم کُفر و سِبابُه فُسُوقٌ و لا تَحِلُّ لِمُسلِم أن یَهجُرَ أخاه فَوقَ ثَلاثَةِ أیّام

Ҷанг бо мусалмон баробар бо куфр ва дашноми ӯ гуноҳ аст. Ва раво нест, ки мусалмоне беш аз се рӯз бо бародари (динӣ)-и худ қаҳр бошад. (Сунани ибни Моҷа, ҷ 1, саҳ 18)

Ҳамчунин дар ҷои дигар қаҳри беш аз се рӯз бо бародари мусалмони худро боиси сухтан дар оташ дониста мефармоянд:

مَن هَجَرَ أخاه فَوقَ ثَلاثَةِ أیّام

Ҳар кас беш аз се рӯз бо бародараш қаҳр бошад ва бимирад, ба дузах меравад. (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ 2, саҳ 392)

Ҳамчунин Ҳазрат (с) фармуданд:

مَن هَجَرَ أخاه سَنَةً فَهُو کَسَفک دَمِه

Ҳар кас як сол аз бародараш қаҳр кунад, ин кор ба монанди рехтани хуни ӯ аст. (Сунани абӣ Довуд, ҷ 2, саҳ 459)

Аммо нуктае, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ шавад ин аст, ки дар замони қаҳр бояд ҷониби ақлу маслиҳатро риоят кард ва ҳаргиз дар изҳори шикоят аз дӯсти дирӯз зиёдаравӣ нашавад ва бо суханони нодуруст ва корҳои носанҷида роҳи оштӣ набояд баста шавад, зеро ин нукта, ки мумкин аст рӯзе робитаҳо дуруст шавад ва дӯстӣ дубора ҷараён ёбадро ҳам бояд дар назар гирифта шавад.

Пас беҳтар аст инсон замоне, ки аз дӯсташ ҷудо мешавад пушти сараш бадгӯӣ ё ғайбат накунад, ки ин кор роҳи бозгашт ба дӯстии дубораро мебандад ва шояд таҷрибаи зиндагӣ онҳоро ба роҳи оштӣ ва дӯстии дубора бикашонад.

Саъдии Шерозӣ дар ин маврид мегӯяд:

Ҳар он сирре, ки дорӣ бо дӯст дар миён манеҳ, чӣ донӣ, ки вақте душман гардад ва ҳар газанде, ки тавонӣ ба душман марасон, ки вақте дӯст шавад.

Ҳофиз ҳам мегӯяд:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст, бо дӯстон мурувват бо душманон мудоро.

Натиҷа

Эътидол ва миёнаравӣ дар ҳар коре хуб аст, ҳатто дар дӯстӣ, ифрот дар дӯстӣ ва душманӣ боиси пушаймонӣ мешавад. Мумкин аст гоҳе ду дӯст ба ҳадде аз вижагиҳои ахлоқӣ, асрор ва корҳои маҳрамонаи зиндагии шахсии ҳамдигар бохабар шаванд, ки дар сурати табдили дӯстии онҳо ба душманӣ зиёну зарарҳои бисёр ва ҷуброннопазире ба онҳо бирасад. Дар дӯшманӣ бо дигарон ҳам набояд ифрот кард, ки агар рӯзе душманиҳо ба дӯстӣ табдил шуд, рафтори нописанди гузашта сабаби шарм ва пушаймонии инсон нашавад.

Асли қасд ва эътидол(қисмати дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед