Эътидол ва миёнаравӣ дар Қуръон ва ривоёт

0
207

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Эътидол ва миёнаравӣ дар Қуръон ва ривоёт

Эътидол ё миёнаравӣ чист?
Эътидол ба маънои миёнаравӣ ва риояти ҳадди васат дар корҳост ва беҳтарин шева аст, ки фарди мӯъмин барои баҷо овардани воҷиботе, ки дар робита бо Парвардгори хеш, бо нафси худ ва бо дигарон, бар ӯҳда дорад метавонад онҳоро анҷом диҳад.
Паёмбари Акрам(с) Ба миёнаравӣ дар ҳар чизе супориш намудааст, ки дар ҷое, ки мефармояд:

(وَالْقَصْدَ الْقَصْدَ، تَبْلُغُوا (أی الزموا التوسط فی تأدیۀ أعمالکم تحققوا ما تریدونه علی الوجه الأتم

Миёнаравӣ миёнаравӣ, то бирасед. (Яъне дар анҷоми аъмолатон миёнаравӣ пеша кунед, то ба чизе, ки мехоҳед ба беҳтарин ваҷҳ даст ёбед).” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 6098).
Эътидол ё миёнаравӣ ё ҳадди васат, дар ҳар коре фазилате аст писандида. Рафторе аст,  шоиста, ки мусалмон дар зиндагиаш аз ҳар назар ба он ороста гардад, аз ҷумла дар ибодатҳояш, дар корҳо ва харҷу махориҷаш, дар хӯрдан ва нӯшиданаш ва боқии масоили зиндагии худ.
Инсони мусалмон тамоми фароиз ва навофилеро, ки бар уҳда дорад бидуни онки бар нафси худ фишор оварад ва ба сахтӣ биафтад, бо барномарезии муназзам ва дақиқ ба ҷой меоварад. Паёмбар(с) дар ин замина фармудааст:

إنَّ الدِّينَ يُسْرٌ، وَلَنْ يُشادَّ الدِّينَ أَحَدٌ إلا غَلَبَهُ، فَسَدِّدُوا وَقارِبُوا، وَأبْشِرُوا، وَاسْتَعِينُوا بِالغُدوَةِ وَالرَّوْحَةِ، وَشَيءٍ مِنَ الدُّلْجَةِ

Диндорӣ осон аст ва касе онро сахт намегирад, магар он ки ӯро(сахтгирияш) мағлуб созад, пас кирдори некро пеша намуда ва миёнаравӣ намоед ва башорат диҳед ва ёрӣ бигиред аз сайр ва ҳаракате дар бомдодон ва ҳаракате дар пас аз нимрӯзӣ ва андаке ҳаракат дар охири шаб. (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби имон ҳадиси39)
Натиҷа ин ки: Аз баҷоовардани ибодот багӯнаи пайваста ва дар замонҳое, ки сариҳол ва шодоб ҳастед баҳра бигиред.
Эътидоли Расули Худо(с)
Инсони мусалмон сармашқи зиндагии хешро аз Паёмбар(а) мегирад. Он ҳазрат дар тамоми масоили зиндагии инсонӣ миёнарав ва мутаодил буданд, дар намоз, дар хутбаҳояш, ки на тӯлонӣ ва на кӯтоҳ буданд, дар рӯза гирифтан, ки чанд рӯзро рӯза гирифта ва чанд рӯзро рӯза намегирифт, бахше аз шабро бедор мемонд ва бахши дигарро мехобид.
Анвои эътидол ва миёнаравӣ
Эътидол ахлоқе аст, ки дар ҳамаи рафтор ва ҳаракоти инсон таъсир дорад ва ба ҳамин сабаб анвои бисёре дорад:
1 Эътидол дар харҷ ва махориҷ
Эътидол ва миёнаравӣ дар харҷу махориҷ замоне муяссар аст, ки аз исроф ва аз бухлу  хасисбозӣ орӣ бошад. Парвардгори Мутаол мефармояд:

وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَى عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَحْسُورًا

“Ва дастатро ба гарданат баста қарор мадеҳ ва  онро ба таври комил макӯшой, то ин ки маломатзада, дармонда бинишинӣ.” (Сураи Исро, ояти29)
Эътидол дар сарф намудани мол аз сифоти ибодурруаҳмон ва дурусткороне аст, ки Худованди Мутаол дар Қуръон ингуна ононро мадҳ менамояд:

وَ الَّذِينَ إِذا أَنْفَقُوا لَمْ يُسْرِفُوا وَ لَمْ يَقْتُرُوا وَ كانَ بَيْنَ ذلِكَ قَواماً

“Ва касоне, ки ҳар гоҳ инфоқ кунанд, зиёдаравӣ намекунанд ва бухл намеварзанд ва байни ин [ду] мӯътадил ҳастанд.” (Сураи Фурқон, ояти 67)
Паёмбари Худо(с) низ бисёр ба миёнаравӣ дар дахлу харҷ таъкид дошта ва мефармоянд:

الِاقْتِصَادُ فِي النَّفَقَةِ نِصْفُ الْمَعِيشَةِ

“Сарфаҷӯӣ дар харҷу махориҷ нисфи гузарони зиндагӣ аст.” (Шаъбул имон, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусейн ибни Алии Байҳақӣ, ҳадиси 6568)
Сарфаҷӯӣ дар харҷу махориҷ мушкили аз тангдастӣ ва даст дароз кардан пеши дигаронро боз медорад. Боз аз Расули Худо(с) низ ривоят шудааст, ки фармуданд:

مَا عَالَ مَنِ اقْتَصَدَ

Он ки сарфаҷӯӣ кунад, фақир ва туҳидаст намешавад. (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҳадиси 4269)
Мақсад инаст, ки ҳаркас дар харҷу махориҷи худаш эътидолро муроот кунад ба фақр ва туҳидастӣ мубтало намегардад.
2 Эътидол дар хӯрдан ва ошомидан
Мусалмон дар ғизо ва нӯшиданиаш миёнаравӣ ва эътидолро риоят карда ва ба андозаи ниёзаш масраф мекунад ва аз ҳад ва андозаи лозим намегузарад. Паёмбар(с) аз исроф дар хӯрдан ва ошомидан наҳй фармудаанд:

مَا مَلَأَ آدَمِيٌّ وِعَاءً شَرًّا مِنْ بَطْنٍ بِحَسْبِ ابْنِ آدَمَ أُكُلَاتٌ يُقِمْنَ صُلْبَهُ فَإِنْ كَانَ لَا مَحَالَةَ فَثُلُثٌ لِطَعَامِهِ وَثُلُثٌ لِشَرَابِهِ وَثُلُثٌ لِنَفَسِهِ

Ҳеҷ одаме зарфе пур накунад, ки бадтар аз шикам бошад, барои одамӣ басанда аст чанд луқмае, ки қомати ӯро устувор нигаҳ дорад, ки бояд як саввуми он барои таом як саввуми он  барои обаш ва як саввум ҳам барои нафасаш бошад. (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 3349).
3 Эътидол дар пӯшиш
Мусалмонро шоистааст, ки дар пӯшидани либос низ миёнаравиро аз ёд набарад, ончунон зиёдаравӣ накунад, ки ба худ нозида ва фахр бифурӯшад, ва тани хешро намоишгоҳи либос барои фахр фурӯхтан миёни мардум намояд.
Чаро ки Паёмбари бузургвори Ислом аз ин амал наҳй фармудааст:

مَنْ لَبِسَ ثَوْبَ شُهْرَةٍ أَلْبَسَهُ اللَّهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ثَوْبًا مِثْلَهُ، ثُمَّ تُلَهَّبُ فِيهِ النَّارُ

“Ҳаркас либоси шуҳрат ва худнамоӣ бар тан кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат либоси ҳамонанди онро бар тани ӯ намуда ва онгоҳ забонаи оташ аз он бар мехезад.” (Сунани Абу Довуд, ҳадиси 4031)
Ин гуфта ба ин маъне нест, ки мусалмон бояд либосҳои зишт ва порашуда бипӯшад, балки бар ӯ лозим аст, ки дар либос ва пӯшоки хеш низ ҷониби миёнаравӣ ва сарфаҷӯиро, аз бобати қимат, ранг ва андозаи он, нигоҳ дошта ва аз кушодӣ ва часпидагии он бипарҳезад. Чунончи гуфтаанд: «Ҷомаеро бар тан кун, ки бехирадон таҳқират накунанд ва доноён бар ту айб нагиранд».
4 Эътидол дар кор ва дар истироҳат
Мусалмон дар кор кардан низ эътидол ва миёнаравиро пеша мегирад ва тани худро фарсуда ва кӯфта намекунад. Намегузорад кор бар ибодот ва дигар вазоифи заруриаш таъсири номатлуб бигузорад.
Бо эҳсоси хастагии шадид аз кор, даст кашида ва истироҳат намояд, то битавонад корашро ба наҳви матлуб идома диҳад. Расули Худо(с) мефармояд:

إِنَّ لِجَسَدِكَ عَلَيْكَ حَقًّا، وَلِرَبِّكَ عَلَيْكَ حَقًّا، وَلِأَهْلِكَ عَلَيْكَ حَقًّا

Ҳамоно баданат бар ту ҳаққе дорад ва Парвардигорат  бар ту ҳаққе дорад, хонаводаат низ бар ту ҳаққе дорад. (Сунани Дори Қутнӣ, ҳадиси 2235)
Он чи дар ин ҳадиси арзанда қобили таваҷҷӯҳ аст, ин аст, ки Паёмбари бузургвори Ислом, то бадонҷо барои ҷисм ва бадан арзиш ва аҳаммият қоил аст, ки ҳаққи баданро дар радифи ҳаққи Парвардигор зикр мефармояд. Замоне инсон метавонад ҳаққи Парвардигор ва хонаводаи хешро ба беҳтарин наҳв адо кунад, ки аз бадани солим ва нерӯманд бархӯрдор бошад, на бадани фарсӯда ва хаставу кӯфта, бинобар ин эътидол дар кор кардан яке аз вазифаҳои муҳими инсони мусалмон мебошад.
5 Баҳрагирифтан аз вақт ва замон
Мусалмон муроқиби вақташ буда ва аз он дар таҳаққуқи ончи ба нафъи ӯст баҳра гирифта ва онро ба хотири корҳои беҳуда талаф наменамояд. Муҳофизат аз вақт ва замон, муҳофизат аз зиндагӣ аст ва албатта ҳар инсоне масъули умри хеш аст, ки дар чӣ роҳе онро сарф ва харҷ намудааст.
Фарди мусалмон бо танзими вақт ва тақсими муносиби он ба гунае, ки ҳеҷ ҷанбае аз ҷанбаҳои зиндагиаш, аз ҷумла: ибодат, хоб, тафриҳ ва …, аз ҳад ва марзи худ  нагузарад, метавонад ба ҳадафи худ бирасад. Чароки созмондиҳии дурусти корҳо ва танзими вақт замонатест барои  расидан ба ҳадафҳо.

Фавоид ва мазиятҳои эътидол

  • Эътидол ва миёнаравӣ боис мешавад, ки инсон бо иззати нафс зиндагонӣ карда ва маҳбуби Худованд ва мардум бошад.
  • Эътидол ва миёнаравӣ аз ахлоқи Паёмбарон аст, Расули Худо(с) фармудааст:

إِنَّ الْهَدْىَ الصَّالِحَ وَالسَّمْتَ الصَّالِحَ وَالاِقْتِصَادَ جُزْءٌ مِنْ خَمْسَةٍ وَعِشْرِينَ جُزْءًا مِنَ النُّبُوَّةِ

“Сирати некӯ, роҳу равиши некӯ ва эътидолу миёнаравӣ, бахше аз бисту панҷ бахши нубувват аст.” (Сунани Абу Довуд, ҳадиси 4778)

  • Эътидол ва миёнаравӣ мусалмонро дар баровардани ниёзҳои зиндагониаш кӯмак намуда ва дар сурати зиёдаравии ӯ дар расидагӣ ба яке аз ҷавониб ҳатман дар ҷониби дигар кӯтоҳӣ менамояд. Масалан касе, ки дар ибодат зиёдаравӣ мекунад, дар кори худ камкорӣ намуда ва ё касе, ки дар кор кардан зиёдаравӣ менамояд дар осоиши бадани хеш кӯтоҳӣ мекунад.
  • Эътидол ва миёнаравӣ ҳисоби рӯзи ҷазоро сабуктар мекунад. Ба фармудаи Паёмбар(с), ки мефармоянд:

وَأَمَّا الَّذِينَ اقْتَصَدُوا فَأُولَئِكَ يُحَاسَبُونَ حِسَاباً يَسِيراً

“Ва аммо онон, ки миёнарвӣ ва эътидол пеша намуданд, онон ба ҳисоби осон муҳосиба мешаванд. “ (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҳадиси 21775)
Пас натиҷа мегирем, ки инсони мусалмон бояд  бо шиддат ва алоқамандӣ эътидол ва миёнаравиро дар тамоми ҷавониби зиндагии худ риоят кунад, то аз дин, ҷон ва зиндагиаш баҳраманд гардад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед