12 рамазон рӯзи ухувват ва бардарии исломӣ

0
148

Дар Ислом моҳи рамазон фурсатҳои бисёр муҳим ва асосӣ дорад, ки яке аз онҳо ухуввати исломӣ аст. Ухувват муштақ аз (ах) (бародар) ба маънои робитаи бародарӣ аст, ки дар баҳси ақди ухувват дар ибтидои ҳукумати исломӣ дар замони Паёмбар (с) дар миёни мусалмонон баста шуд ва ақди мувохот ҳам номида шуд, ки маслиҳат, саодат ва растагории дину дунёро дар пай хоҳад дошат. Ақди бародарӣ дар ҳақиқат як неъмати бузург ва муҳибати иллоҳӣ барои мусалмонон аст. Ҳадафи ақди ухувват дар дини Ислом эҷоди робитаи хубу самимӣ миёни мусалмонон аст. Ин ақд аз ду нафар шурӯъ мешавд ва дар ниҳоят миёни ҳамаи мусалмонон густариш пайдо мекунад. Ақди ухувват дар миёни мусалмонон рӯҳияи бародарӣ, маънавият ва самимиятро афзоиш медиҳад.

Ҳадафи ин навиштор барангехтани рӯҳияи ухувват ва бародарӣ дар миёни мусалмонон ва уммати исломӣ аст, ки нисбат ба ҳамдигар бетафовут набошанд ва мухотабаш дар марҳалаи аввал олимони динӣ ва дар марҳалаи баъд ҳамаи мусалмонон ҳастанд.

Аҳаммият ва зарурати ақди ухувват

Яке аз таълимҳои бисёр муҳим ва шиорҳои асосӣ ва решаӣ дар дини Ислом ақди ухувват ва ё ҳамон оини бародарӣ аст, ки дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад. Ин таълим ва шиор бисёр амиқ, комил ва ҷаззоб аст, ки дар дигар адён ва мактабҳо намуна надорад. Агар онҳо бихоҳанд бо ҳамдигар изҳори алоқа кунанд, ба ҳамдигар рафиқ ва дӯст мегӯянд, вале пайванди дӯстӣ дар Ислом ба андозае муҳим аст, ки дар қолаби наздиктарин пайванди ду инсон яъне бародарӣ ва баробарӣ матраҳ мешавад. Ин аз таълимҳои Ислом аст, ки мусалмонон бо ҳар забон, нажод, қавм, миллат ва дар ҳар сину сол, дар ҳар замону маконе аз шарқу ғарб, ки бошанд бояд эҳсоси амиқи бардариро нисбат ба ҳамдигар дошта бошанд. Дар ақди бародарӣ марзҳои бародарӣ густраиш пайдо мекунад, замону макон намешиносад, балки бар аососи имон ва ишқу алоқа ба Худованди Мутаол ба вуҷуд меояд.

Аҳаммият ва зарурати оини бародарӣ дар ҷаҳони муосир

Дар ҷаҳони муосир бародарӣ ва ҳамбастагӣ ва дар канори ҳам будан бештар аз ҳар замони дигар зурурат дорад. Оини бародарӣ ба қадре муҳим аст, ки ҳеҷ ҷои шаку шубҳа дар он вуҷуд надорад, ки миёни гурӯҳои исломӣ тақвият ва густариш пайдо кунад. Имрӯз набояд танҳо қавм ва мазҳаби худро дид, муслмонон имрӯз бешатр аз ҳар замони дигар ба ҳамдигар ниёз доранд ва оини бародарӣ як баҳси ҳаётӣ барои онҳо ва ҷаҳони Ислом аст. Душманони дини Ислом дар ҳар замоне фурсат пайдо кунанд, муслмононро бо тафриқаандозӣ аз ҳам ҷудо мекунанд ва  имрӯз онҳо шамшерро аз ғелоф дароврада ва  мехоҳанд динро зибҳ кунанд ва ё дини Исломро таҳрифшуда ва инҳирофӣ ба  мусалмонон арза кунанд.

Имрӯз замони он расидааст, ки бояд салиқаҳои шахсӣ ва хоҳишҳои қавмӣ ва гурӯҳиро канор гузошта ва ба Ислом ба унвони дини наҷотбахш фикр шавад. Маслиҳати ҳамагии мусалмононро дар назар гирифтан лозим ва зарурӣ аст, на маслиҳати худ ва қавми худро. Мусаломнон имрӯз шалоқи ғафлат аз ҳамидигар дар даваронҳои гузаштаро мехӯранд ва зарбаашро дар зиндагӣ ва кишварҳои худ мебинанд. Оини бародарӣ ба мусалонон меомӯзад, ки ба бародарат эътимод кун, на ба душмани дини Ислом. Душманони дин ҷуз бадбахтӣ ва сардаргум кардини шумо чизи дигаре намехоҳанд, онҳо манфиати худро аз ихтилофи мусалмонон мебаранд. Пас лозим аст, ки ба нидои рӯҳбахш ва ҳаётофрини Қуръон Карим гӯши ҷон биспорем ва аз сари сидқу ростӣ онро иҷро кунем.

«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَ اتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُون»‏

“Мӯъминон фақат бародарон[-и якдигар]-анд, пас, миёни ду бародаратон сулҳ барқарор созед; ва аз Худо битарсед, шояд, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред”. (Ҳуҷурот, ояти10).

Дар даврони муосир душман танҳо ва танҳо рӯи ихтилофу ҷангу даъвои мусалмонон барнома дорад, танҳо аз ин роҳ метавонад онҳоро дар ихтиёри худ бигирад ва ҳадафи палиди худро бар сари онҳо иҷро кунад.

Маъно ва мафҳуми бародар дар Қуръон

Бародар ё ҳамон “ах” дар Қуръон ба чанд маъно ба кор рафтааст, ки дар маънои ҳақиқии он ҳамон бародари насабӣ ва фарзанди падар аст. Дар сураҳои Нисо ояти 11; Моида ояти 30; Мӯъминун ояти 45 ба маънои бародари аз як падар аст. Вожаи “ах” дар Қуръон ҳам ба маънои ҳақиқии он омадааст ва ҳам ба маънои  истиора ва эътиборӣ, ки боварҳо ва ҳадафҳои динӣ онҳоро дар канори ҳам ҷамъ мекунад, ба онҳо эътиборан бародар гуфта мешавад, ки дар Қуръон борҳо ба кор рафтааст. Дар инҷо маънои бародарро меоварем, ки ба ин баҳс иртибот дорад.

  1. Касоне, ки дар куфру ширк, нифоқ ва гуноҳу маъсият иштирок доранд ва шарики ҳам ҳастанд, инҳо бародари якдигар ҳастанд. Барои мисол Қуръон дар мавриди ин гурӯҳ мефармояд:

«وَ إِخْوانُهُمْ يَمُدُّونَهُمْ في‏ الغَيِّ ثُمَّ لا يُقْصِرُونَ»

“Ва бародаронашон онҳоро дар гумроҳӣ мекашанд; сипас, кутоҳӣ намекунанд.” (Аъроф, ояти 202).

«إِنَّ الْمُبَذِّرينَ كانُوا إِخْوانَ الشَّياطينِ وَ كانَ الشَّيْطانُ لِرَبِّهِ كَفُوراً »

 “Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд; ва шайтон ба Парвардигораш бисёр носипос буд”. (Исро, ояти 27).

Ин гурӯҳ касоне ҳастанд, ки дӯстону наздикон ва ҳамфикрони худро ба куфру ширк, маъсият, исрофу носипосӣ даъват мекунанд, ба ин хотир Худованд онҳоро бародарони шайтон гуфтааст.

  1. Гурӯҳи дуввум, касоне ҳастанд, ки дар сифатҳои хубу накӯ ва покию таҳорат муштараканд ва ҳеҷ ихтилофе миёнашон нест.

« وَ نَزَعْنا ما في‏ صُدُورِهِمْ مِنْ غِلٍّ إِخْواناً عَلى‏ سُرُرٍ مُتَقابِلين‏»

“…Ва он чи аз кина дар дилҳояшон аст, барканем; бародарона бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳам, нишастаанд;” (Ҳиҷр, ояти 47).

 Ин оят дар барои биҳиштиён аст.

  1. Касоне, ки бародари дини ва имони ҳастанд, ки баҳс дар инҷо дар бораи ин гуруҳ аст, ва ақди ухуват ҳам барои ин гурӯҳ аст. Дар инҷо маънои бародаӣ танҳо дар маънои луғат нест, балки маънои васеъ ва густарда пайдо кардааст. Ҳамон тарве ки дар гурӯҳи дувум чунин буд. Баҳси ин мақола дар бораи ақди ухувват аст, ки аз дидгои Қуръон ва ҳадис, мавриди баҳс қарор мегирад, ва аҳаммияти ақди ухувват аз дидгоҳи донишмандон ҳам хулоса баҳс мешавад.

Паёмадҳои оини бародари дар садри Ислом

Паёмҳо ва фоидаҳои паймони бародари дар садри Ислмо бисёр бо аҳаммият буд ва имрӯз низ дар ҷаҳони ислом лозим ҳастанд. Ба назар мерасад Расули Худо (с) дар ин паймон се матлаби муҳимро дунбол мекард, ки аз муҳимтарин ҳадафҳои ин паймон буд.

  1. Паёми сиёсӣ; Расули Худо (с) баъд аз ҳиҷрат ба Мадина мехост бо ин паймон ба душманонаш бифаҳмонад, ки ҳиҷрат поёни кори мо нест ва мушрикони Макка ва душманон бидонанд, ки мо таслими зулму ситами онҳо нахоҳем шуд ва дар ҷои дигар бардароне дорем, ки моро бо оғӯши боз истиқбол мекунанд ва тоза пояҳои ҳукумати исломӣ шакл гирифтааст ва мо дигар ҳамонанди шаҳри Макка дар ақаллият нестем. Муҳоҷирон бо Ансор имрӯз ақди бародарӣ бастаанд ва дар канори ҳам бар зидди шумо душманони дину башарият меистанд. Аз тарфе ҳам ба Яҳуд ва Насоро паём дошт, ки онҳо ҳам бидонанд ва огоҳ бошанд, ки имрӯз на қабилаҳои Мадина танҳоянд ва на муҳоҷироне ки аз Макка ҳиҷрат кардаанд. Имрӯз онҳо ҳамагӣ бародар ва дар канори ҳам ва барои тақвияти ҷомеаи исломӣ истодаанд.
  2. Паёми иқтисодӣ; Мусалмонони муҳоҷир ва Паёмбари Ислом (с) вақте ба Мадина муҳоҷират карданд, камтарин молу сарвати худро овардаанд ва дороияшон дар дасти мушрикони Қурайш монда буд. Ба ин хотир аз назари иқтисодӣ дасти холӣ ва фақир буданд, ҳамон тавре, ки дар таърих сабт шудааст. Паёмони бародарӣ миёни Муҳоҷирон ва Ансор метавонист, то ҳадди зиёде ин мушкилро ҳал кунад, ҳамон тавре ки баъзе аз муҳаққиқон чуни гуфтаанд: Фалсафа ва ҳадафи паймони бародарӣ ба хотири мушкили иқтисодӣ ва фақри муҳҷирон буд, ба ин хотир миёни Ансор ва Муҳоҷирон баъд аз паймон дар ирс аз ҳамдигар шарик шуданд, аммо пас аз он ки дар ҷанги бадр Муҳоҷирон ғаниматҳои фаровоне ба даст оварданд, ин мушкил ҳал шуд ва ирс за ҳамдигар лағв шуд. (Анназмул исломия, саҳ 20)
  3. Паёми иҷтимоӣ; муҳимтар аз он ду паёми иҷтимоӣ буд, ки ҳамешагӣ ва дар ҳар ҳолате вуҷуд дорад. Ин паём чанд бахш дорад, ки ниёзи асосии як ҷомеа аст, барои тақвият ва пешрафту тарақӣ, ки яке аз онҳо эҷоди улфат ва дӯсти миёни мусалмонон аст. Душманӣ ва кина дар миёни арабҳои он рӯз ба хусус миёни Ансор, як ҳақиқати ғайри қобили инкор буд, онҳо бар аоси таърих 120 сол бо ҳам ҷангу даъво доаштанд ва ҳар чанд вақте бо ҳам даргир мешуданд. (Тафсири Алманнор, зери ояти 103 Оли Имрон) Қуръон ҳам ба ин матлаб ишора кардааст, ки шумо бо ҳам душман будед:

«…إِذْ كُنْتُمْ أَعْداءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْواناً…»

“Он гоҳ ки душманон[-и ҳамдигар] будед ва [Ӯ] миёни дилҳои шумо улфат андохт ва ба [баракати] неъмати Ӯ бародарон[-и ҳамдигар] шудед.” (Оли Имрон, ояти 103).

Ба неъмати Ислом шумо бо ҳам бародар шудед, дар дилҳоятон нисбат ба ҳамдигар муҳаббат пайдо шуд ва барои ҳамеша бо ҳам бародар шудед.

Дилҳоро бо ҳам наздик кардан ба андозае арзиш дошт, ки бо ҳеҷ роҳи дигар намешуд онҳоро бо ҳам наздик кард, 120 сол миёни Авсу Хазраҷ (ду қабиала аз қабилаҳои Мадина) душманӣ буд ва ин душманӣ андак набуд, ки бо миёнҷигарии чанд нафар ҳалу фасл шавад. Яҳудиён ва масеҳиёни Мадина борҳо мехостанд ин душманиро ба сулҳу оштӣ табдил кунанд, аммо нашуд, вале Худованд ин душманиро бо дастони Расули Худо (с) ва паёмони бародарӣ барои ҳамеша аз байн бурд. Худованд дар Қуръон бар умқи ин душманӣ ишора кардааст ва мефаромяд Худо буд, ки ин улфату бародариро дар дилҳи онҳо андохт:

«وَ أَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ لَوْ أَنْفَقْتَ ما فِي الْأَرْضِ جَميعاً ما أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَ لكِنَّ اللَّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ إِنَّهُ عَزيزٌ حَكيمٌ»

“Ва байни дилҳояшон улфат дод; агар ҳамаи он чиро, ки дар замин аст харҷ мекардӣ наметавонистӣ байни дилҳояшон улфат диҳӣ, валекин Худо дар миёни онҳо улфат эҷод кард; ба дурустӣ ки Ӯ пирӯзманди ҳаким аст.”(Анфол, ояти 63).

Натиҷа

Дар воқеъ ақди ухувват яке аз муҳимтарин баҳсҳо  дар Ислом аст, ки дар оинҳои дигар нест. Аҳаммият ва зарурати ақди ухувват бо таваҷҷӯҳ ба шароити имрӯзи ҷаҳони Ислом ва мусалмонон зарураташ аз ҳар замони дигаре бештар аст. Бародар дар Қуръон чандин маъно дорад, ки дар маънои ҳақиқӣ бародари насабӣ ва фарзанди падар аст. Манзури ин мақола баёни ҷойгоҳи ақди ухувват аст, бар ин асос бародари динӣ ва имониро шомил мешавад. Бародари динӣ ва ақди ухувват, таъбирҳои ҳастанд, ки бӯи отифа ва ҳисси оромиш ба инсон медиҳанд ва ҳисси ғарибӣ ва бегонагиро аз инсон дур мекунанд. Ақди ухувват паёмҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мусалмонон ва ҷаҳони Ислом дорад ва ниёз аст, ки таваҷҷӯҳи асосӣ ба он шавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед