12 Рамазон оини бародарӣ (ақди ухувват)

0
171

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Ақди ухувват ҳамчун  як тарҳ ва равиши зиндагӣ  ва роҳе барои дармони дардҳои ҷомеаи исломӣ аст. Неъмати бузург ва бахшиши илоҳӣ барои мусалмонон аст. Решаи калимаи ухувват аз масдари (اخ) ба маънои бародар ё ба маънои робитаи бародарӣ аст. Ғазолӣ(рҳ) мефармояд: Ақди бародари робитаест миёни ду шахс ҳамчун ақди никоҳ, ҳамон тавре ки никоҳ боис мешавад, ки ҳуқуқе барои ҳар ду тараф ба вуҷуд ояд ва адои он  фарз аст.  Ҳуқуқи  бародарӣ ҳамчунин аст,  бародари туро ба ту ҳақе аст дар мол, нафс, забону дил, авфу гузашт, дуо, ихлос ва вафо. (Эҳёи улуми дин, боби дуввум, Ҳуқуқи бародарӣ).

Ақди ухувват, паймоне аст, ки байни ду нафар баста мешавад. Асли пайдоиши паймони бародарӣ дар замони Паёмбари Акрам(с) иттифоқ афтод, ки соли аввали ҳиҷрӣ ва дар моҳи рамазон  ба воситаи Паёмбар Акрам(с) ин ақд миёни саҳобагони муҳоҷир ва ансор баста шуд.

Ҳадафи ақди ухувват эҷоди робитаи самимӣ миёни мусалмонон аст, ки  аз ду нафар шурӯъ мешавд  ва дар ниҳоят миёни ҳамаи мусалмонон густариш меёбад.

Маъно ва мафҳуми бародарӣ дар Қуръони Карим

Бародар ё ҳамон “اخ” дар Қуръон ба чанд маъно ба кор рафтааст, ки маънои ҳақиқии он ҳамон бародари насабӣ аст. Яъне ду ё чанд писар, ки аз як падар бошанд. (Сураи Моида ояти 30). Вожаи “اخ” дар Қуръон ҳам ба маънои ҳақиқӣ ва ҳам ба маънои эътиборӣ, яъне дар ҳақиқат ду нафар бо ҳам бародар  нестанд, балки боварҳо ва ҳадафҳое, ки онҳоро канори ҳам ҷамъ мекунад, ба онҳо эътиборан бародар гуфта мешавад.

Дар инҷо ду маъно ва мафҳуми вожаи  бародарро меоварем, ки ба ин баҳс иртибот дорад.

1.Касоне, ки дар куфр, нифоқ, гуноҳу маъсият иштирок доранд, Қуръони Карим  инҳоро  ҳамчун бародари якдигар гуфтааст. Қуръони Карим  мефармояд:

وَ إِخْوانُهُمْ يَمُدُّونَهُمْ في‏ الغَيِّ ثُمَّ لا يُقْصِرُونَ

“Ва бародаронашон онҳоро дар гумроҳӣ мекашанд; сипас, кӯтоҳӣ намекунанд”. (Сураи Аъроф, ояти 202)

Ин гурӯҳ касоне ҳастанд, ки дӯстону наздикони худро ба куфр ва гуноҳу маъсият, даъват кардаанд ва Худованд робитаи миёни онҳоро як робитаи бародарӣ гуфтааст.

  1. Касоне бародари динӣ ва имонӣ мебошанд, ки дар инҷо бештар рӯи   ин гурӯҳ матраҳ  аст ва ақди ухуввате, ки дар миёни мусалмонон ҷорӣ мешавад аз ин қисм мебошад.  Дар инҷо маънои бародарӣ танҳо ба маънои луғавӣ нест, балки маънои васеъ ва густарда пайдо кардааст ва онро дар чанд бахш баррасӣ мекунем .

Оини бародарӣ дар Қуръон

Қуръони Карим ақди ухувватро неъмати илоҳӣ барои мусалмонон медонад  ва таъкид мекунад, ки шумо душман будед ва бо неъмати Ислом бо ҳам бародар шудед.

إِذْ كُنْتُمْ أَعْداءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْواناً

“Он гоҳ ки душманон[-и ҳамдигар] будед ва [Ӯ] миёни дилҳои шумо улфат андохт ва ба [баракати] неъмати Ӯ бародарон[-и ҳамдигар] шудед.” (Сураи Оли Имрон, ояти103).

Яке аз омилҳое, ки дар садри Ислом  боиси бақо ва пешрафти Ислом шуд, он аз байн рафтани кинаву адоват миёни Ансор ва Муҳоҷир буд. Бо таваҷҷӯҳ ба авзоъи нобасомоне, ки Ансор ва Муҳоҷирон дошатнд, эҷоди ақди ухувват беҳтарин роҳи ҳал барои поён додан ба мушкилот буд.

Ин неъмате буд, ки ба василаи он Ансор бо вуҷуди он ки худашон ниёзманд буданд, молу мулк ва хонаҳои худро бо Муҳоҷирон тақсим мекарданд. Пешниҳоди эҷоди   ақди ухувват аз тарафи расули Худо(с) он ҷанги 120 солаеро, ки миёни қабилаҳои Авсу Хазраҷ  пеш аз Ислом бударо аз миён бурд ва ба баракати Ислом ин ҷанг хомӯш шуд ва онҳо бародари ҳам гаштанд. (Тафсири Алманнор, Рашид Ризо, зери ояти 103 Оли Имрон)

Худованд дар мавриди мушрикон мефармояд.

فَإِنْ تابُوا وَ أَقامُوا الصَّلاةَ وَ آتَوُا الزَّكاةَ فَإِخْوانُكُمْ فِي الدِّينِ

Ва агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, пас, бародарони динии шумо ҳастанд”. (Сураи Тавба, ояти 11)

Дар ин оят иборати «فَإِخْوانُكُمْ فِي الدِّينِ» дар асл як ҷумлаи исмия аст, яъне оят далолат бар ин мекунад, ки иқтизои имони онҳо аст, ки агар имонашон собит бошад ва идома дошта бошад, онҳо монанди мӯъминони собиқ дар ақди ухуввати динӣ мебошанд. (Ибни Ошур, Атаҳрир ва аттанвир,зери ояти 11сураи Тавба)

Сайд Қутб мегӯяд пайванд бар асоси ақида барқарор мешавад ва тоза мусалмонон бо мусалмонони пешин бародар мешаванд ва тамоми кирдори бади гузаштаи онҳо аз дилҳо пок мешавад. (Физилоли Қуръон, зери ояти 11 сураи Тавба)

Худованд мӯъминонро бародари ҳамдигаранд медонад.

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَ اتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُون‏

“Мӯъминон фақат бародарон[-и якдигар]-анд, пас, миёни ду бародаратон сулҳ барқарор созед; ва аз Худо битарсед, шояд, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 10)

Миёни бародарони динӣ бояд муҳаббату дӯстӣ, сулҳу сафо, итиҳоду иттифоқ ҳоким  бошад. Ихтилоф ва ҷангу даъво як амри истисноӣ ва нодир аст, ки ҳар вақт ба ҳар далеле ба вуҷуд омад, бояд он ҷангу даъворо ба муҳаббату дӯстӣ, сулҳу сафо, иттиҳоду иттифоқ баргардонанд. (Физилолил  Қуръон, зери ояти 10 сураи Ҳуҷурот)

Дар воқеъ Худованд дар инҷо як қонуне ба унвони қонуни бародрӣ  қарор додааст. Ин чизест, ки пеш аз ин набуд ва Худованд ин қонунро эътибор кард ва мусалмонон бародари якдигар гаштанд.

Оини бародарӣ ва иқтисод

Дар баҳси оини бародарӣ таваҷҷӯҳ ба иқтисод ва вазъияти зиндагонӣ яке аз баҳсҳои муҳим аст. Мусалмонон вазифадор ҳастанд, ки ҳамдигарро дастгирию кӯмак кунанд. Қуръони Карим  мефармояд:

وَ الَّذينَ تَبَوَّؤُا الدَّارَ وَ الْإيمانَ مِنْ قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هاجَرَ إِلَيْهِمْ وَ لا يَجِدُونَ في‏ صُدُورِهِمْ حاجَةً مِمَّا أُوتُوا وَ يُؤْثِرُونَ عَلى‏ أَنْفُسِهِمْ وَ لَوْ كانَ بِهِمْ خَصاصَةٌ وَ مَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

“Ва [низ] касоне, ки пеш аз онҳо дар ин саро[-и ҳиҷрат] ва имон (=Мадина) ҷой гирифтанд, касонеро, ки ба сӯи онҳо ҳиҷрат кунанд, дӯст медоранд ва дар дилҳои худ, нисбат ба он чи ба онҳо дода шудааст, ниёзе намеёбанд ва [муҳоҷиронро] бар худашон муқаддам медоранд ва ҳарчанд онҳо худ ниёзманданд; ва ҳар кас аз бухли нафсаш нигоҳ дошта шавад, пас, онон худ растагоронанд.” (Сураи Ҳашр, ояти9)

Ақди ухувват ба ҳадде густариш ёфта буд, ки яке аз муҳимтарин иттифоқоти ҷаҳони  Ислом шуд. Сайд Қутб, дар тафсири он оят овардааст, ки таърихи башарият ҳодисаи монанди истиқболи Ансор аз Муҳоҷиронро надида буд, ин ҳама дӯстии каримона, базлу бахшиши саховатмандона ва мушорикати ҳамагонӣ, ки ба ҳамдигар мусобиқа медоданд ва  Муҳоҷирон ба  хонаи касе аз Ансор намерафтанд, магар бо қуръакашӣ.  Ин ба хотири он буд, ки теъдоди муҳоҷирон кам буд, вале Ансор теъдодашон зиёд буд. (Физилолил   Қуръон, зери ояти 10 сураи Ҳуҷурот)

Дуо ва талаби бахшиш барои бародарон

Бародарони динӣ бо сармашқ қарор додани оёти Қуръон нисбат ба ҳам бетафувут набуда,  барои ҳамдигар дуои хайр ва талаби бахшиш мекунанд. Худованд дар ин робита мефармояд:

وَ الَّذينَ جاؤُ مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنا وَ لِإِخْوانِنَا الَّذينَ سَبَقُونا بِالْإيمانِ…

“Ва касоне, ки баъд аз онҳо омаданд, мегӯянд: «Парвардигори мо! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо пешӣ гирифтанд, биомӯрз”. (Сураи Ҳашр, ояти 10)

Дар ин оят, ки мегӯяд,  касоне, ки баъд аз онҳо меоянд чӣ касоне ҳастанд? Қуртубӣ дар маънои ин оят «… وَ الَّذِينَ جاؤُ مِنْ بَعْدِهِمْ » Ва касоне, ки баъд аз онҳо омаданд. Мефармояд; Тобеин ва касоне, ки то рӯзи қиёмат дохил бар Ислом шударо шомил мешавад.(Ал-ҷомеъул аҳкомил Қуръон зери ояти10 сураи Ҳашр). Касоне ки барои худ танҳо талаби омӯрзиш намекунанд, балки  бародарони худро ҳам барояшон талаби омӯрзиш мекунанад. Аз Худованд мехоҳанд, ки ҳеҷ кинаву адоват дар дилҳояшон нисбат ба бародаронашон қарор надиҳад. Ин меҳру муҳаббат ва алоқамандӣ нисбат ба ҳамдигар дар миёни мусалмонон ба қадре муҳим аст, ки онҳо бояд эҳсоси хешовандӣ кунанд, хешовандие, ки марзҳои замон ва маконро нодида мегирад ва аз рангу пӯст, нажод ва забон фаротар меравад. (Сайд Қутб, Физилолил Қуръон, зери ояти 10 сураи Ҳуҷурот)

Дар китоби Эҳёи улуми дин омадааст, яке аз ҳуқуқи бародарон нисбат ба ҳамдигар дуо кардан барои ҳамдигар аст. Имом Ғазолӣ дар инҷо чанд ривтоятро меовард, ки бародарон нисбат ба ҳамдигар дуо мекунанд. Паёмбар (с) фармуданд:

دعوة الرجل لأخته في ظهر الغيب لا ترد

Дуои бародар барои бародар дар ғиёби ӯ рад нашавад. (Эҳёи улуми дин, Муҳаммади Ғазолӣ, боби дувум, ҳуққуи бародарӣ)

Оини бародари дар ҳадисҳои Паёмбар (с)

Дар ҳадисҳо ба ақди ухувват таъкид шудааст. Дар ин мавзӯъ сухан  зиёд аст,  баъзе ба ҳуқуқ, баъзеи дигар ба аҳаммияти бародарӣ таъкид доранд, ки дар инҷо чанд ҳадис оварда ва хулосавор баҳс мешавад. Паёмбар (с) фармуданд:

«مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ؛ إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى»

Мисоли мӯъминон дар алоқа ва пайвандҳои дӯстона нисбат ба ҳамдиагр, ҳамонанди як пайкаранд, дар ҳамдардӣ ва алоқаманд будан нисбат ба сарнавишти ҳамдигар, мисли пайкари зиндаест, ки агар узви аз аъзои он ба дард ояд аъзои дигар бо он узв ҳамдардӣ мекунанд. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 4685)

Ҳазрати Саъдии бузургвор гуфтааст:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бародарӣ як шиори холӣ аз муҳтаво нест, ҳамон тавре ки дар ин ҳадис омадааст, дӯст доштани бародари динӣ ба ин маъно аст, ки   бояд раҳму меҳрубонӣ ва алоқаву муҳаббатро  дар гуфтору рафтори мӯъмин ба намоиш гузорад.

Паёмбар (с) дар ҳадиси дигаре фармуданд:

«مثل الأخوين مثل اليدين تغسل إحداهما الأخرى»

Ду бародарӣ дини ҳамонанди ду дастанд, ки ҳар кадом дигареро мкшӯяд. (Эҳёи улуми дин, Муҳаммади Ғазолӣ, боби дувум, ҳуқуқи бародарӣ)

Ҳамон таваре ки дастҳо ҳамдигарро мешӯянд, мӯъминон ҳам айбҳои ҳамдигарро поку тамиз мекунанд. Дасти инсон барои  тамиз шудан аз олӯдагиҳо аз дасти дигараш кӯмак мегирад. Мӯъминон ҳам агар бихоҳанд ба камол ва ба покизагӣ бирасанд, ба ҳамдигар ниёзманд ҳастанд ва барои бартараф кардани мушкилоти худ аз якдигар кӯмак гиранд.

Расули Худо (с) фамуданд:

«مَا مِنْ عَبْدٍ مُسْلِمٍ يَدْعُو لأَخِيهِ بِظَهْرِ الْغَيْبِ إِلاَّ قَالَ الْمَلَكُ وَلَكَ بِمِثْلٍ»

Ҳеҷ бандаи мусалмоне нест, ки ошкор кунад аз бародараш чизеро, ки пинҳон аст, магар ин ки Фариштае мегӯяд, барои ту ҳам ҳамонанди ҳамин аст. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси7103 )

Он сиру асроре, ки аз дигарон пинҳон бошад  ва шахсе онҳоро ошкор кунад, агар ҳасана ва корҳои хуб бошад, барои ӯ ҳам ҳамонанди онро менависанд, вале агар амали бад ва зишт бошад, барои он касе, ки онро ошкор кардааст, низ ҳамон гуноҳ навишта мешавад.

Натиҷа

Оини бародарӣ ба қадре таъбири зебост, ки бӯи отифа ва муҳаббат медиҳад ва ҳисси ғарибиро аз байн мебарад  ва боиси оромиш мешавад. Ба ин хотир Қуръони Карим ақди ухувватро неъмат ва қонуни илоҳӣ барои мусалмонон медонад. Ақди ухувват рӯҳияи инсонро аз лиҳози   маънавӣ ва самимият афзоиш медиҳад ва пайванди имонӣ ва мактабиро тақвият мекунад ва боиси иззату эҳтироми мусалмонон мешавад. Қуръони Карим ва   ҳадисҳои Расули Акрам(с) такидҳои фаровоне ба оини бародарӣ доранд. Мусаломононро нисбат ба ҳам вазифадор мекунад, то аз ҳолу рӯзи ҳамдигар огоҳ бошанд ва дар хушию гирифторӣ  дар канори ҳам бошанд. Аммо мутассифона ин суннати исломӣ дар миёни мусалмонон камранг шуда  ва заминаи нуфузи душманон ва эҷоди тафриқаро  фароҳам кардааст, ки танҳо роҳи наҷот аз васвасаҳо ва тафриқаафкании душманони Ислом, амал ба суннати Расули Худо(с) яъне ақди ухувват ва бародарӣ мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед