Ҷаҳонӣ будан ва ҷовидонагии рисолати Паёмбари Акрам(с)

0
292

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҷаҳонӣ будан ва ҷовидонагии рисолати Паёмбари Акрам(с)

Муқаддима:
Яке аз усули яқинӣ дар эътиқодоти исломӣ, ки ҳамаи мусалмонон бар он иттифоқи назар доранд, асли хотамияти Паёмбари Акрам(с) аст. Муҳаммад(с) охирин паёмибари илоҳӣ аст ва пас аз ӯ то рӯзи қиёмат паёмбаре нахоҳад омад. Ин яъне ҷаҳонӣ будан ва ҷовидона будани рисолати Паёмбар(с) аст. Ҷаҳони будани рисолаташ ба ин маъност, ки ихтисос ба ҳеҷ қавм, миллат, нажод ва иқлими хоссе надорад, балки ҳамаи инсонҳоро аз ҳар миллат ва нажоде ки бошанд, дар бар мегирад. Мақсад аз ҷовидонагии рисолати Паёмбар(с) он аст, ки даъват ба Ислом ба аср ва даврони хоссе маҳдуд намегардад, балки то интиҳои таърихи башар идома дорад ва ҳеҷгоҳ дини дигаре онро насх(нобуд) намекунад.

Ҳамчуноне ки Худованд Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

قُلْ يا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْکُمْ جَميعاً

 “Эй Паёмбар(с) бигӯ: Эй мардум! Ман фиристодаи Худо ба сӯи ҳамаи шумо ҳастам.”(Сураи Аъроф, ояти 158)

ما کانَ مُحَمَّدٌ أَبا أَحَدٍ مِنْ رِجالِکُمْ وَ لکِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَ خاتَمَ النَّبِيِّينَ

“Муҳаммад(с) падари ҳеҷ як аз мардумони шумо нест, вале фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон аст.” (Сураи Аҳзоб, ояти 40)

Хотам ба маънои нигини ангуштар аст, ки дар қадим бо ҳак (кандакорӣ) кардани номи худ дар рӯи он, поёни номаҳо ва фармонҳоро бо он мӯҳр мекарданд ва дар инҷо киноя аз охирин паёмбар будан аст. Ин оят танҳо ояте аст, ки ҳам номи Паёмбар(с) ва ҳам рисолати Паёмбар(с)-ро дар қолаби ду унвон (ҷойгоҳ) зикр кардааст; “Муҳаммад”, “Расулуллоҳ” ва “Хотами Набийин”.

Далелҳои зиёде бар ҷаҳонӣ будани ин рислоат вуҷуд дорад, ки ду бахшӣ онҳоро баҳс мекунем.

  • Ҷаҳонӣ ва ҷовидонагии рисолати Паёмбари Акрам(с) дар Қуръон:

Оятҳои зиёде бар ҷаҳони будан ва ҷовидонагии рисолати Паёмбари Акрам(с) ва дини Ислом вуҷуд дорад.

Қисмате аз оятҳо гӯёи он ҳастанд, ки Паёмбари Ислом(с) пайғомоваре барои ҳамаи мардум будааст.

تَبارَکَ الَّذي نَزَّلَ الْفُرْقانَ عَلي‏ عَبْدِهِ لِيَکُونَ لِلْعالَمينَ نَذيراً

“Муборак аст Худованде, ки бар бандаи худ Фурқон (ҷудо кунандаи ҳақ аз ботил)-ро нозил кард, то барои ҷаҳониён ҳушдордиҳанда бошад.” (Сураи Фурқон, ояти 1)

Ҳамҷунин дар ояти дигар омадааст.

وَ أُوحِيَ إِلَيَّ هذَا الْقُرْآنُ لِأُنْذِرَکُمْ بِهِ وَ مَنْ بَلَغَ

“Ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то ба василаи он шумо ва ҳаркасеро ки ба ӯ расад ҳушдор диҳам.” (Сураи Анъом, ояти 19)

Иборати “ман балағ” далели равшан бар умуми будани Рисолати Паёмбар(с) дорад, зеро ба ин маъност, ки ҳар кас дар ҳар замон ва макон ва ё ҳар миллат ва нажоде паёми Қуръонро дарёфт кард вазифа дорад, ки аз он пайравӣ кунад.

Дар бисёре аз оятҳои Қуръон “нос” (мардум), “бани одам” (фарзандони одам) ва … мавриди хитоб қарор гирифтаанд, бидуни онки ба замон ё макон ё қавми хоссе тааллуқ гирифта бошад. Маънои ин даста аз оёт он аст, ки ҳар кас ба Паёмбари Акрам(с) имон оварад, хоҳ араб бошад , хоҳ ғайри араб, ё дар замони Паёмбар(с) бошад ва ё дар замонҳои баъд, мухотаби ин оёт аст. Хитобҳои ом муайиди ҷаҳонӣ будани Ислом ва ҷовидонагии он аст.

Дар қисмате аз оёт гуфта мешавад, ки Қуръони Карим китоби ҳидоят барои “мардум” ва “ҷаҳониён” аст. Ин оятҳо бар умумӣ будани даъвати Қуръон барои ҳамаи замонҳо ва маконҳо мебошад.

شَهْرُ رَمَضانَ الَّذي أُنْزِلَ فيهِ الْقُرْآنُ هُديً لِلنَّاسِ

“Моҳи Рамазон ҳамон моҳе аст, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шудааст, то мардумро ҳидоят кунад.” (Сураи Бақара, ояти 185)

Қуръони Карим аз пирӯзии Ислом бар ҳамаи динҳои пешин сухан мегӯяд:

هُوَ الَّذي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدي‏ وَ دينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَي الدِّينِ کُلِّهِ وَ لَوْ کَرِهَ الْمُشْرِکُونَ

“Худованд касе аст, ки паёмбарашро бо ҳидоят ва дини дуруст фиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад ҳарчанд мушрикон дӯст надоранд.”(Сураи Тавба, ояти 33)

Ин оятҳо гӯёи он аст, ки аввалан тамоми пайравони динҳои пешин вазифа доранд ба дини Ислом имон биёваранд ва аз он пайравӣ кунанд, дуввум инки Ислом дини ҷаҳонӣ ва ҷовидона аст.

  • Шоҳидҳои таърихӣ

Илова бар Қуръон ва ривоятҳо, шоҳидҳои таърихӣ низ бар ҷаҳонӣ будан ва ҷовидонагии рисолати Паёмбар(с) гувоҳӣ медиҳад. Яке аз рӯшантарин шоҳидҳо дар таърих, ки зикр шудааст, ирсоли нома аз сӯи Паёмбари Акрам(с) бар подшоҳҳои кишварҳои ҷаҳон ба хотири расонидани дини Ислом аст ва эълон доштаанд, ки агар Ислом биёваранд, саодатманди дунё ва охират мегарданд. Маълум аст, ки агар Ислом ойини арабӣ ва қавмӣ буд, ҷое барои даъвати сарони дигар ақвом ва миллатҳо ба Ислом вуҷуд надошт.

Номаҳое ки Паёмбар(с) ба подшоҳони ҷаҳон навиштааст:

  1. Нома ба Ҳерқел (подшоҳи Рум)

Ин нома тавассути Деҳяи Калбӣ ба подшоҳи Рум расонида шуд, ки дар қисмате аз нома чунин омадааст. “Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Аз Муҳаммад расули Худо ба қайсари бузӯрги Рум, салом бар касе бод, ки ҳидоятро пайравӣ кунад. Акнун туро ба сӯи Ислом даъват мекунам, дини Исломро бипазир, то саломат бимонӣ ва Худованд дубора ба ту подош диҳад, барои имон ба Исо ва сипас ба Муҳаммад. Бидон агар рӯйгардон шудӣ, гуноҳи пайравонат бар уҳдаи ту хоҳад бӯд. (Ибни Ҳишом, Сираи набавия, ҷ1, саҳ 69 / Таърихи Табарӣ, ҷ1, саҳ 297)

  1. Нома ба Хисрав Парвиз (подшоҳи Эрон)

Мактуби Паёмбар(с) ба подшоҳи Эрон тавассути Абдуллоҳ ибни Ҳузофа расонида шуд. (Таърихи Табарӣ, ҷ1, саҳ 297 / Ибни Асир, ҷ2, саҳ 145)

  1. Нома ба Наҷошӣ (подшоҳи Ҳабаша)

Ин нома бо дасти Амр ибни Замрӣ ба подшоҳи Ҳабаша таҳвил дода шуд. Нома ба подшоҳи Ҳабаша мутафовиттар из дигарон навишта шуда буд, ба иллати ин ки мардуми Ҳабаша пайравони дини тавҳидӣ (Исои Масеҳ) буданд.

Подшоҳи Ҳабаша вақте номаи Паёмбар(с)-ро хонд, онро бар чашми худ гузошт ва ба эҳтироми нома аз тахти худ пойин омада ва бар хок нишаст ва гуфт: То ин нома дар Ҳабаша аст, аҳли он дар саодат хоҳанд буд. Онгоҳ дар ҷавоб ба Расули Худо(с) нома аз сари меҳр ва муҳаббат навишт ва ҳамчунин ҳадоёи зиёде ба Расули Худо(с) фиристод.)Таърихи Яъқубӣ, ҷ1, саҳ 258 / Ибни Саъд табақот-ул-кубро, ҷ2, саҳ 77(

Ҳамчунин номаҳои Паёмбар(с) дар маҷмуъаҳое таҳти унвони “Макотиби–Расул” ҷамъоварӣ шудаанд.

Натиҷа:
Дар ин мақола мо бо баррасии оятҳои Қуръон ва шоҳидҳои таърихӣ ба ин натиҷа мерасем, ки рисолати Паёмбари Акрам(с) ҷаҳонӣ ва ҷовидона, то рӯзи қиёмат мебошад. Пас ба хотири ин ки Худованд итмоми ҳуҷҷат (ҳуҷҷатро тамом) кардааст, ҳар касе кутоҳӣ дар дини Ислом кунад ё ба дини Ислом имон наёварад ё аз дини Ислом хориҷ гардад, дар қиёмат ба азобҳои сахт ва ҳамешагӣ гирифтор мешавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед