Ҳиҷрат ва зарурати он дар роҳи Худо (қисмати севум)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима:

Масъалаи ҳиҷрат яке аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар оғози Ислом асоситарин нақшро дар пирӯзии Ислом эҷод кардааст ва дар тамоми замонҳо аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор аст, ки аз як сӯ муъминонро аз таслим шудан дар баробари фишор ва сахтиҳои муҳит боз медорад ва аз сӯи дигар сабаби нашри Ислом ба нуқоти мухталифи ҷаҳон мешавад.

Дар қисмати аввал ва дуввуми ин навиштор дар робита ба аҳаммият ва зарурати ҳиҷрат ва ҳамчунин дар робита ба касоне, ки аз ҳиҷрат кардан ба хотири нотавонии молӣ ва ҷисмӣ маъзур дониста шудаанд, баҳс ва баён шуд. Аммо дар ин қисмат аз навиштор дар робита ба сифатҳои  муҳоҷирони дар роҳи Худо баҳс хоҳад шуд.

Сифоти муҳоҷирони илоҳӣ

Дар таърихи башарият касоне бештарин нақши созандаро доштаанд, ки ҳаракат ва ҳиҷрат кардаанд. Ҳиҷрати ҳазрати Одам(а) таърихи башариятро, ҳиҷрати ҳазрати  Мусо(а) таърихи яҳудиятро,  ҳиҷрати ҳазрати  Исо(а) таърихи масеҳиятро рақам зад ва ҳиҷрати Набии Акрам(с) сароғози таърихи Ислом шудааст.

Бархе аз сифоти муҳоҷирони илоҳӣ

Нияти инсон асоси ҳар хубӣ ва бадӣ аст. Ангезаи инсон барои анҷоми афъоли ихтиёрӣ  гуногӯн аст. Баъзе аз ниёзҳо барои таъмини ниёзҳои моддӣ ва ғароизи инсонӣ аст.

Баъзе аз онҳо барои таъмини отифаҳои иҷтимоӣ ва албатта гоҳе низ ангезаҳо ва фаъолиятҳои инсон сабаби ризои Худо ва хушнудии Ӯст ва  нияти инсон аст, ки ба ҳиҷрат арзиш мебахшад.

Аввалин вежагии муҳоҷирони ростин ихлос ва ангезаи Худоист, ки аз имони онҳо сарчашма мегирад.

1)Ихлос дар роҳи Худо ва умед ба раҳмати Ӯ

إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أُولَئِكَ يَرْجُونَ رَحْمَتَ اللَّهِ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ

Касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намудаанд, онҳо умед ба раҳмати Парвардигор доранд ва Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст(Сураи Бақара, ояти 218)

Муҳимтарин сифат ва вежагии як муҳоҷири роҳи Худо ин аст, ки ҳиҷрату таблиғу талошаш дар роҳи Худо ва барои ризои Ӯ бошад. Ва ҳамеша умед ба Худо дошта бошад

2) Касби  хушнудии илоҳӣ

Муҳоҷирони ҳақиқӣ ҳамвора дар тӯли замони муҳоҷирати худ чӣ як сол бошад ё тамоми умр ба дунболи ризоят ва хушнудии Худованди Мутаол ҳастанд.

Худованд дар Қуръон мефармояд:

لِلْفُقَرَاءِ الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ

 “(Ин амвол) барои фақирон ва муҳоҷироне аст, ки аз хона ва кошонаи  худ берун ронда шуданд, дар ҳоле ки фазли илоҳӣ ва ризои Ӯро металабиданд ва Худову Расулашро ёрӣ мекунанд, онҳо ҳамон ростгӯёнанд”(Сураи Ҳашр, ояти 8)

Ҳамонтавре ки баён шуд дар ин ояти шарифа чор сифат аз сифатҳои муҳоҷиронро баён кардааст;

1)Дар паи касби фазли илоҳӣ будан.

2)Хушнудии Ӯро талаб кардан.

3)Худо ва Расулашро ёрӣ расондан.

4)Ҳифзи имон

Қуръони Карим дар бораи асҳоби Каҳф яъне ҳамон   ҷавонмардони муҳоҷир ва Худоҷӯ мефармояд:

نَحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ نَبَأَهُمْ بِالْحَقِّ إِنَّهُمْ فِتْيَةٌ آمَنُوا بِرَبِّهِمْ وَزِدْنَاهُمْ هُدًى

 “Мо саргузашти онҳоро ба ҳақ барои ту бозгӯ мекунем,  онҳо ҷавононе буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварданд ва Мо ба ҳидояти онҳо афзудем” (Сураи Каҳф, ояти 13)

Ояти шарифа саросар имон, тавҳид ва ангезаи ҷавонони муҳоҷири асҳоби Каҳфро баён мекунад, ки барои ҳифзи имон аз ҳама чизи худ гузаштанд; зан, фарзанд, хона ва мақомҳое, ки дар дарбори имперотурӣ доштанд,  аз ҳамааш гузаштанд. Ин ҷавонони шуҷоъ ва ҷавонмард як улгӯи намуна барои ҷавонони имрӯза ҳастанд, ки таҳти парчами ҳукуматҳои золим ва тоғут зиндагӣ мекунанд ва дину дунёву охирати худро дар маърази хатар қарор дода ва зиндагии абадиро фидои ҳаёти ҷовидона мекунанд.

3)Сабр ва таваккал

Қуръони Карим мефармояд:

فَالَّذِينَ هَاجَرُوا وَأُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأُوذُوا فِي سَبِيلِي وَقَاتَلُوا وَقُتِلُوا لَأُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ

 “Онҳо, ки ҳиҷрат карданд ва аз сарзамини худ ронда шуданд ва дар роҳи ман озор диданду ҷангиданд ва кушта шуданд(ва ҳамаро таҳамул карданд) ба яқин гуноҳонашонро мебахшам.”(Сураи Оли Имрон, ояти 195)

Ва дар ояти дигар мефармояд:

الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

 Онҳо касоне ҳастанд, ки сабр ва истиқомат пеша карданд ва танҳо ба парвардигорашон таваккал карданд(Сураи Наҳл, ояти 42)

Аз ин оёт метавон сахтии амри муҳоҷиратро дарёфт ва дар баробари ин сахтӣ бояд сабру истиқомат кард ва бо таваккал ба Худованд аҳдофи худро пеш бурд.

Натиҷа:

Ҳиҷрат ҳамонанди ҳар коре ниёз ба омодагиҳо ва тавоноиҳо дорад. Ҳамон тавре, ки баён шуд дар ояти 42- юми сураи Наҳл муҳоҷирон бояд ба ду сифати сабр ва таваккал ороста бошанд, ки сабр дар баробари хостаҳои нафсонӣ  дил кандан аз ҳама чиз ва оғози ҳиҷрат аст.

Ҳар касе, ки бихоҳад ҳиҷрат кунад, бояд пеш аз ҳама чиз аз алоқаҳои моддӣ ва дунявӣ дил биканад  ва  бо таваккал ба Худо дар ин масир аз сахтиҳояш ҳарос надошта бошад ва пеш равад. Дар Қуръони Карим мусалмононе, ки дар сафи кофирон боқи мондаанд ва тан ба зиллат додаро мавриди накӯҳиш қарор додааст. Аммо дар бораи муҳоҷироне, ки барои ризои Худо ҳиҷрат кардаанд, зиндагии беҳтар навид додааст.

Идома дорад…..

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед