Ҳаром будани ҳамкорӣ ва ёрӣ кардани золимон-2

0
178

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳаром будани ҳамкорӣ ва ёрӣ кардани золимон

Қисми  дуюм

Муқаддима

Баҳси ҷоиз набудани ҳамкорӣ бо золимон илова бар оятҳои Қуръони Карим  дар ривоятҳои зиёде низ  матраҳ шуда  ва пайравони онҳоро маломату накӯҳиш мекунад. Ин ривоёт  ҷойгоҳи мусалмононеро, ки ҳамчун сиёҳии лашкари онҳо шуда  бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, дар пастарин табақаи дӯзах бо пешвоёни худ дониста, бо онҳо маҳшуршуда медонад.

Дар ин мақола ба баррасии ривоятҳо дар боби ҳаром будани ҳамкорӣ бо золимон мепардозем.

Ривоятҳо

 Дастае аз ривоятҳо  ҳар навъ ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ  бо ҳокими золимро ҳаром медонад ва бар ҳаром будани ин ҳамкорӣ  таъкиди фаровон мекунад. Дар муқоисаи  ин гурӯҳ аз ривоятҳо бо ривоятҳое, ки далолат бар сукут кардан дар баробари золимро дорад ва ҳамчунин  ҳамкорӣ бо ӯро ҷоиз медонад, дар чунин ҳолат  ба Қуръони Карим муроҷиат мекунем ва шакке боқӣ намемонад, ки Қуръони Карим мардумро ҳатто аз майлу рағбат ба ситамгарон барҳазар кардааст, чӣ расад ба ҳамкорӣ кардан бо онҳоро, ки дар натиҷаи муқоиса, чунин ривоятҳо аз назари Қуръони Карим ғайри қобили қабул ба ҳисоб меояд.

 Имом Тирмизӣ дар китоби Алфитан ба санади худ аз Паёмбар(с) ривоят мекунад:

سيكون بعدي أمراءُ فمن دخل عليهم فصدَّقهم بكذبِهم وأعانهم على ظُلمهم فليس مني ولستُ منه وليس بواردٍ عليَّ الحوضَ ومن لم يدخلْ عليهم ولم يعنْهم على ظلمِهم ولم يصدِّقْهم بكذبهم فهو مني وأنا منه، وهو واردٌ عليَّ الحوضَ

“Пас аз ман фармонравоёне меоянд, ки ҳар кас бо онҳо ҳамроҳ шавад ва онҳро дар дуруғашон тасдиқ кунад ва бар ситамгарӣ ёрияшон диҳад, аз ман нест ва ман аз ӯ нестам ва канори ҳавзи Кавсар бар ман ворид намешавад. Ва ҳаркас бар онҳо дохил нашавад ва онҳоро бар зулмашон ҳамроҳӣ накунад, дуруғи онҳоро тасдиқ накунад аз ман аст ва ман аз ӯ ҳастам ва ӯ дар ҳавзи Кавсар бар ман ворид мешавад” (Сунани Тирмизӣ, ҷ3, саҳ358)

Аз ин ривоят истифода мешавад ҳамкорӣ бо золим ва ёрӣ намудани ӯ манъ аст.  Чун Паёмбар(с) ба мусалмонон ва  миллатҳои адолатхоҳ ишора мекунад, ки онҳо агар ҳокими ситамгарро ёрӣ намоянд аз Ӯ нестанд ва он ҳазрат  ҳам аз онҳо намебошад ва дар сурати ҳамкорӣ бо онҳо бо ман дар ҳавзи Кавсар ворид намешаванд. Ин ривояти шарифа таклифро бар мо равшан кардааст. То он ҷое, ки ҳатто ҳақ надорем гарчанде, ки бар зарари мо бошад  дуруғгӯӣ ва фасодкории ҳокимони золимро тасдиқ кунем.

 Аҳмад ибни Ҳанбал(рҳ)  бо санади  худаш аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ(рз) ривоятеро оварда аст, ки Паёмбар(с) ба Каъб(рз)  фармуд:

أعاذك الله مِن إمارة السُّفَهاء. قال: وما إمارة السُّفَهاء؟ قال: أمراء يكونون بعدي، لا يقتدون بهديي، ولا يستنُّون بسنَّتي، فمَن صدَّقهم بكذبهم، وأعانهم على ظلمهم، فأولئك ليسوا منِّي ولست منهم، ولا يردوا على حوضي، ومَن لم يصدِّقهم بكذبهم ولم يعنهم على ظلمهم، فأولئك منِّي وأنا منهم، وسيردوا على حوضي..

“Худованд туро аз ҳукумати  фармонравоёни камхирад ҳифз кунад. Гуфт; иморати камхирадон чист? Фармуд: фармонравоёне, ки пас аз ман меоянд ба ҳидояти ман иқтидо намекунанд ва ба суннати ман худро намеороянд,  пас касоне, ки онҳоро дар дуруғашон тасдиқ кунанд ва бар ситамгарияшон  ёрӣ диҳанд  аз ман нестанд ва ман ҳам  аз онҳо нестам ва канори ҳавзи Кавсар бар ман ворид намешаванд. Касоне, ки онҳоро дар дуруғашон такзиб накунанд ва бар ситамгарӣ  ёрияшон надиҳанд аз ман ҳастанд ва ман аз онҳо ҳастам ва ба зудӣ канори ҳавзи Кавсар бар ман ворид мешаванд” (Муснади Аҳмад, ҷ3, саҳ321)

Тибқи фармоиши Расули Худо(с)  мусалмоне, ки подшоҳ ва ҳокими золимро ёрӣ кунад камхирад, аблаҳ ва аҳмақ хонда шудааст. Чун Паёмбар(с) ҳокимони ситамгарро муаррифӣ карда ва мегӯяд;  ба суннати ман амал намекунанд ва касоне ҳам, ки ба онҳо иқтидо кунанд мисли онҳо камхирад ҳастанд ва ман ин мусалмонро аз худам меронам ва аз ӯ  дурӣ ва безорӣ меҷӯям. Ҷойгоҳи ин тавр мусалмон ҳаргиз канори ҳавз намебошад,  балки эшон рӯзи қимёмат  бо пешвои золими худ маҳшур хоҳад шуд. Ин ривоят низ мисли ривояти пешин ҳато иҷозати бовар кардани  сухани онҳоро намедиҳад, чӣ расад ба ин ки мусалмонон сиёҳии лашкари ҳокимони золим  бошанд.

Ибни Ҳаҷар дар китоби Аззавоҷир дар боби ситами салотин ва подшоҳон ва қозиҳо нақл мекунад;  Рӯзе дузандае назди Суфёни Саврӣ омада  гуфт;  либосҳои султон ва ҳокимро медӯзам, оё аз назари шумо ман аз ҳамкорон ва ёварони ситамгарон ба шумор меравам? Суфёни Саврӣ ба ӯ гуфт;  ту худ аз ситамгарон мебошӣ ва ҳатто  касоне, ки сӯзан ва нахҳоро низ  ба ту мефурӯшанд ёварони ситамгарон ҳастанд. (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аззавоҷир ҷ1, саҳ13)

Ин достон илова бар инки ҳамкорони золимро золим медонад ва корашонро ҳаром, балки  касоне, ки  бо ҳамкорони онҳо ҳамкорӣ мекунад ва ёрияшон медиҳанд, золим дониста ва аз зумраи онҳо ба шумор меоварад.

 Расули Худо(с) мефармоянд:

مَنْ اَعَانَ ظَالِماً سَلَّطَهُ اللهُ عَلَیه

 “Касе, ки  золимеро ёрӣ кунад  Худованд он золимро бар ёрикунандаи ӯ ғолиб мегардонад” (Канзулуммол, Муттақии ҳиндӣ, ҷ3, саҳ500, ҳадиси 7593)

Касе, ки золимеро ёрӣ кунад аввалин қадами хориву зиллати худро дар пешгоҳи илоҳӣ ва авлиёи Ӯ бардоштааст  ва дар ҳамин дунё Худованд ба хотири ҳамкорӣ бо золим ӯро асиру ғуломи ӯ қарор дода ва хиффату пастӣ ва дур шудан аз раҳмати Худовандро дар охират дар пай дорад. Бинобар ин миллате, ки бихоҳад дар дунё ва охират назди Худованд сарбаланду боиззат  бошад,  бояд зери бори инсонҳои золим нараванд ва ба онҳо хидмат накунанд.

  Ҳамин тавр дар дигар аз ҳадисҳои Расули Худо(с) ҳокимони ситамгар ва золимро маҳкум мекунад ва ҳамчунин касоне, ки ба хотири чоплусӣ бо сукут зулми эшонро тасдиқ мекунанд, мавриди мазаммат ва накӯҳиш қарор додааст.

 Расули Худо(с) мефармонд:

مَنْ اَعَانَ ظَالِماً لِیدْحِضَ بِبَاطِلِهِ حَقّاً فَقَدْ بَرَئَتْ مِنْهُ ذِمَّةُ اللهِ وَ رَسُولِهِ

“Касе, ки золимеро ёрӣ кунад, то  ба сабаби он кори ботилаш ҳақро аз байн бибарад  ба ростӣ, ки зимма ва аҳди Худо ва Расулаш аз ӯ барӣ ва безор аст”(Нуруддини Ҳайсамӣ, Маҷмауззавоид, ҷ4, саҳ117. Ҷалолудмни Суюти, Аддурул Мансур, ҷ2, саҳ 256)

 Дар ҳақиқат ин ривоят бо ин баёни сангинаш шабоҳат ва монандии зиёде ба баъзе оятҳо дорад, ки Худованд дар бисёре аз оятҳои худаш барои нишон додани нафрату норизоятӣ бар мушрикон аз лафзи бароат истифода кардааст. Яъне чи гунае ки Худо аз мушрикон ва кофирон безорӣ меҷӯяд, ҳамонгуна Расули Худо(с) низ аз касоне, ки бо ҳокимони золим ҳамкорӣ ва ҳамнишинӣ мекунанд, безорӣ ва нафрат доранд.  Монанди ин ояти муборка

أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ

“Худо ва расулаш аз мушрикон безоранд” (Сураи Тавба, ояти 3)

 Ва дар  ояти дигаре низ мефармояд:

فَلَمَّا تَبَینَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلَّهِ تَبَرَّأَ مِنْه

“Ҳангоме, ки барои Иброҳим(а) равшан шуд, ки ӯ (Озар) душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст”. (Сураи Тавба, ояти114)

 Ингуна  нафратҳо нишондиҳандаи бадии ҳамкорӣ ва ёри расондан ба золимро мерасонд, ки чӣ қадар  бад мебошад, ки дар ин ривоятҳои зикршуда Паёмбар(с) монанди оятҳои Куръон аз лафзи бароат истифода карда, ақидаашро нисбат ба касоне, ки бо золимон ҳамкорӣ доранд иброз мекунад. Бо диққати бештар дар ривоятҳо ва оятҳои зикршуда сабаби безорӣ ҷӯстани Худованд ва Расулонаш(а) равшан мешавад. Яъне  ҳамон тавре, ки мушрикон ва кофирон ҳақро мепӯшонанд ва зери убудият ва бандагии  фармони илоҳӣ намераванд  ва тобеи нафс ва шаҳватҳои ҳайваонии худ ҳастанд, золимон  ва пайравони онҳо низ, ки дар ривоёт ба сароҳат зикр шуд,
ҳақро мепӯшонанд ва миллатҳоро ба фасоду табоҳӣ ва бадбахтӣ кашонда ва аз ҳадафи хилқат  ва ҳадафи омадани Паёмбарони илоҳӣ, ки расондани инсон ба камол ва хушиву саодат аст, боз медоранд. Бинобар ин чун душманони Худо дар муқобили фармонҳои  Ӯ меистанд. Аз ҳамин сабаб Худованд ва бандагони солеҳи  Ӯ аз онҳо ва касоне, ки бо эшон ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ мекунанд безор аст.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед