Ҳаром будани ҳамкорӣ ва ёрӣ кардани золимон-1

0
207

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳаром будани ҳамкорӣ ва ёрӣ кардани золимон

Қисмати аввал

Муқаддима

Мактаби Ислом  зулм карданро яке аз гуноҳони бузӯрг дониста ва онро ҳаром медонад. Дар Қуръон Карим ва ривоятҳои зиёде  ин корро тавбех карда ва ваъдаи азоби сахт додааст. Достони Фиръавн ва Намрудро барои ибрати уммати Ислом зикр мекунад. Дар ин робита яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар бораи он гуфтугӯ ва назарияпардозӣ шудааст, баҳси ҳамкорӣ бо ситамгарон ва ёрӣ кардани онҳо мебошад. Дар ин масъала олимон ва донишмандони исломӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Гурӯҳе  аз онҳо пуштибонии  ҳокими ситамгаро  ҳаром донистаанд, зеро чунин ақида доранд, ки ҳамкорӣ бо онҳо сабаби  зулми бештар ва бақои ҳукумати золимонаи онҳо аст, ки ин бар хилофи ҳадафи Худо ва  Паёмбарон  мебошад. Ин гурӯҳ ба оятҳое аз Қуръон ва аҳодис истидлол кардаанд.

Аммо бархе аз донишмандони дигар пуштибонӣ аз ҳокими золимро ҷоиз дониста ва ҳамкорӣ бо ӯро муҷоз медонанд. Иллати ҷоиз донистани онҳо баъзе аз ривоятҳо аст, ки мегӯяд агар ҳоким ҳарчанд фосиқу фоҷир ва золим бошад ва бадтарин гуноҳонро ҳам анҷом бидиҳад, ҳақи хуруҷ алайҳи ӯро надоред. Ин гуна ривоятҳо ва бардоштҳо хилофи Қуръони Карим ва риваоятҳое, ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро воҷиб медонанд, мебошад.

Иллати ин ихтилоф  байни донишмандони исломӣ ё таасуби мазҳабӣ ва эътиқод ба ривоятҳои заъиф аст ва ё дарборӣ ва ҳукуматӣ будан ва аз оятҳо ба майл ва рағбати  арбобонашон таҳлил карда ва риваятҳое барои бақои мансаби хеш ва бақои ҳукумати золимон сохта ва хилофи ҳукми Худованд ҳукм содир мекарданд.

Дар ин мақола ба баррасии ин масъала аз нигоҳи Қуръони Карим ва   ривоятҳо  ишора хоҳад шуд.

Ҳамкори ва ёрӣ кардани золимон ҳаром аст

Оятҳо ва аҳодиси зиёде дорем, ки кумак кардан ба золимонро накӯҳиш ва сарзаниш кардааст. Ин сарзанишҳои Худо нишон медиҳад, яке аз бадтарин гуноҳон  ҳамкорӣ бо золимон ва муҷримон мебошад ва ин сабаб мешавад, ки инсон бо сарнавишти бади онҳо дар оташи ҷаҳаннам бо эшон бисӯзад.

Золимон ва шахсони мисли Фиръавн, дар ҳар ҷомеае андак ва маҳдуд ҳастанд  ва агар чоплусон ва тарсӯҳо  бо онҳо ҳамкорӣ накунанд,  бадию зарарашон аз сари мардум дур хоҳад шуд. Аммо мутаассифона шахсони  бечора, заъифунафс ва ё фурсатталабу  дунёпараст ҳастанд, ки атрофи онҳоро гирифта сабабгори зулму ситами золимон хоҳанд шуд.

Далелҳои ҳаром будани ҳамкори бо ҳокимони золим

Оятҳо

Дар Қуръони Карим  руи ин асли исломӣ ва инсонӣ  такроран такя шудааст ва бо сароҳат бар ҳаром будани ҳамкорӣ бо ҳокимони ситамгар  мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُحِلُّوا شَعَائِرَ اللَّهِ وَلَا الشَّهْرَ الْحَرَامَ وَلَا الْهَدْيَ وَلَا الْقَلَائِدَ وَلَا آمِّينَ الْبَيْتَ الْحَرَامَ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنْ رَبِّهِمْ وَرِضْوَانًا ۚ وَإِذَا حَلَلْتُمْ فَاصْطَادُوا ۚ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ أَنْ صَدُّوكُمْ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ أَنْ تَعْتَدُوا ۘ وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

“Эй касоне, ки имон овардаед! [шикастани ҳурмати] нишонаҳои Худо ва на моҳҳои ҳаром ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор ва на қасдкунандагони Байтул-ҳаромро, ки аз Парвардигори худ фазлу хушнудӣ металабанд, ҳалол нашуморед. Ва ҳангоме, ки аз эҳром берун омадед пас, [метавонед] шикор кунед; ва албатта душмании гурӯҳе, барои ин ки шуморо аз Масҷид-ул-ҳаром боздоштанд  водор накунад, ки [бар ҳуқуқи онҳо] таҷовуз кунед. Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар ҳамкорӣ накунед ва аз Худо битарсед; ҳамоно Худованд сахткайфар аст.” (Сураи Моида, ояти 2)

Ин ояти шарифа ба мо мусалмонон як қоидаи куллӣ ва асосии исломиро медиҳад, ки тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ва ҳатто ахлоқиро дар бар мегирад. Бинобар ин асл ва асос мо мусалмонон вазифа дорем дар корҳои нек бо якдигар ҳамкорӣ кунем, на дар кор ва ҳадафҳои ботил ва рафторҳои нодуруст ва зулму ситам, ки аз нигоҳи Қуръони Карим мутлақан манъ ва ҳаром аст. Мо ба баҳонаи ин ки чун кори ботил ва гуноҳро бародарам ва ё писарам анҷом медиҳад, иҷозати ҳимоят ва пуштибониро надорем, балки вазифадор ҳастем, ки аз зулму ситами эшон  пешгирӣ кунем. Ин қоидаи асосии Қуръони Карим  бар зиди қонун ва шиори замони  ҷоҳилияти арабҳо мебошад, ки мегуфтанд: “Бародаратро чӣ золим бошад ва чӣ мазлум кӯмак кун”. Ин шиор бархилофи фармоиши илоҳӣ аст. Ин асл дар ҳар замон ва макон дар равобити байналмилалӣ, кишвардорӣ ва масъалаи диндорӣ ҳоким аст, ки инсон асли адолатро риоят намояд ва золиму мазлумро аз ҳам ҷудо кунад ва пуштибони мазлум бошад.

Худованд  дар ояти дигаре мефармояд:

رَبِّ فَلَا تَجْعَلْنِي فِي الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

“Парвардигоро! Пас  маро дар [миёни] қавми ситамгар қарор мадеҳ” ( Сураи Муъминун, ояти 94)

 Ояти шарифа  ишора ба достони Ҳазрати Мусо(а) дорад, ки аз Худованд тақозо мекунад, ки маро дар миёни касоне, ки ба ҳокимони золим ёрӣ мерасонанд қарор мадеҳ. Ин аҳаммияти масъалаи ҳамкорӣ ва пуштибонӣ аз золимонро мерасонад, ки паёмбарон(а) чунин тақозое аз Худованди Мутаол мекарданд. Аз ин истифода мешавад, ки зулм накардани ба худ ва ҷомеа ва пешгирӣ аз зулм ва гуноҳи дигарон кори поёмбаргуна мебошад.  Худованди Мутаол дар дигар аз оятҳои худ мефаромяд:

قَالَ رَبِّ بِمَا أَنْعَمْتَ عَلَيَّ فَلَنْ أَكُونَ ظَهِيرًا لِلْمُجْرِمِينَ

“Парвардигоро! Ба хотири неъмате, ки ба ман додӣ пас, ҳаргиз пуштибони гуноҳкорон нахоҳам буд”(Сураи Қасас, ояти 17)

Дар ин оят ҳам боз Худованд аз забони мубораки Ҳазрати Мусо(а) нақл мекунад, ки аз ман чунин дархост намуд, ки маро ёру ёвар ва пуштибони гуноҳкорон ва ҳокимони ситамгар қарор мадеҳ.

Ин мантиқи расо ва гӯёи Қуръон Карим ва сираи тамоми Паёмбарон(а) аст, ки ба пайравонашон меомӯзанд, то ҳушёр бошанд ва ба оқибати бади муҷримон дучор нашаванд. Ин ояти муборака ҳам бар ҳаром будани ин гувоҳӣ медиҳад, ки пуштибони аз золимон  ҷурму гуноҳи бузург ва итоат аз онҳо  итоат аз шайтон аст ва пуштибонӣ аз олимони раббонӣ ва муъминон итоат аз Худованди Мутаол мебошад.

وَمَا كُنْتَ تَرْجُو أَنْ يُلْقَىٰ إِلَيْكَ الْكِتَابُ إِلَّا رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ ۖ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِلْكَافِرِينَ

 “Ва ҳаргиз умед надоштӣ, ки китоб (=Қуръон) бар ту фуруд оварда шавад, ҷуз ба раҳмате аз ҷониби Парвардигорат, [ки фуруд омад]; пас, ҳаргиз пуштибони кофирон мабош.”(Сураи Қасас, ояти 86)

Худованд ба Паёамбари азимушшаъни Ислом(с) ин ифтихорро медиҳад, ки ҳаргиз пуштибони кофирон ва ҳокимони фосид мабош, чун онҳо тобеи ҳавову ҳавас буда ва гуноҳро ривоҷ медиҳанд ва паёмбарон дур аз ҳавову ҳавас тобеи фармони илоҳӣ ҳастанд. Бинобар ин  таъкид мекунад, ки итоат аз нафси худ ва дигарон, ки дар шаъни паёмбарон набуда, бо итоати  Худованд ҷамъ намешавад. Дар мантиқи Қуръони Карим ва китобҳои осмонӣ ва сираи паёмбарон(а) он чизе, ки мелоки муборизаашон аст, ин  разилатҳо ва гуноҳон  мебошад, ки инсонро аз фазилатҳо ва камолоти инсонӣ ва саодат боз медорад ва дар ин миён зулм ва пуштибонӣ аз он дар китоби илоҳӣ ҷойгоҳи хос пайдо мекунад, ки парчамдорони ин мубориза дар ҳар ҷомеа паёамбарон(а) ва пайрвони он бузургворон ҳастанд. Дар инҷо ҳам ба Паёмбари Ислом(с) мисли бақияи паёмбарон ва ба уммати исломӣ пуштибонӣ ва ҳамкорӣ бо ҳокимони фосидро ҳаром дониста, балки дастури мубориза бо онҳоро медиҳад. Дар ояти дигар Худованд мефармояд:

وَ لا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَ ما لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِياءَ ثُمَّ لا تُنْصَرُون

“Ва ба сӯи касоне, ки ситам кардаанд, майл накунед, пас оташ ба шумо хоҳад расид. Ва барои шумо ғайр аз Худо дӯстоне нест  онгоҳ, ёрӣ дода намешавед.”(Сураи Ҳуд, ояти113)

Мафҳум ва муҳтавои ин оят яке аз асоситарин барномаҳо ва қонуни иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ақидатиро баён мекунад.  Ҳамаи мусалмононро дар тӯли тарих хитоб карда ва вазифадор карда мегӯяд: Ба касоне, ки зулм ва ситам мекунанд, такя накунед ва ба онҳо эътимод ва бовар надошта бошед.

Такя бар золимон сабаби нерӯмандии онҳо шуда ва чеҳраи бади гуноҳ ва зулмро аз миён мебарад ва фасоду табоҳии ҷомеаро дар пай дошта ва мардумро ба ситамкардан ва ситамгар будан ташвиқ менамояд. Вақте дар мантиқи Қуръони Карим ҳатто такия бар золим ҳаром бошад, ба таври авло ҳамкорӣ ва пуштибонӣ аз онҳо ҳаром аст.

Аз ин оятҳо истифода мешавад, ки ҳар навъ пуштибонӣ ва ҳамкорӣ дар гуноҳ, ки ҳокимони золим бештарин гуноҳонро дар ҷомеа паҳн мекунанд, мутлақан ҳаром аст. Чун Худованд барои пайравӣ накардан аз золимон, ҳеҷ қайди замонӣ, маконӣ ва ҳеҷ шарте зикр нафармудааст ва ҳеҷ мусалмоне ҳаққи ёрӣ кардани  онҳоро надорад. Дар сурати ҳамкории мо бо онҳо дар оташи дузах ҳамроҳи эшон буда ва ба сарнавишти бадӣ онҳо дучор хоҳем шуд.

Идома дорад…

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед