Нақши раҳбарони хубу бад дар шаклгирии одобу ахлоқи мусалмонӣ

0
119

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Нақши раҳбарони хубу бад дар шаклгирии одобу ахлоқи мусалмонӣ

Бо нигоҳи оқилон ва аҳли илму фаҳм ба ҷамъе нигоҳ кунем, ки машғули кор, гуфтугӯ, омӯзиш ва омӯхтан ҳастанд ва ё дар ҳоли сайру сафар ва зиндагӣ дар киштие бошанд; дар он ҷамъ, касонеро ба назар бигирем, ки дучори беморӣ ва ё гумонбар ба беморӣ гаштаанд; беморие, ки эҳтимоли гузаранда будан, зарарнок ва кушандагӣ дар он вуҷуд дорад.

Масалан ғизое фосид гаштааст ва касоне онро ба мардум мефурӯшанд ва ё обе заҳролуд шудааст ва дар косаи мардум рехта мешавад; ва албатта гоҳ ингӯна аст, ки соҳибон ва роҳбарони он ҷамъу гурӯҳ ва ё баъзе аз ҳамсафарони он киштӣ, аз хариду фурӯши таому ғизо ва обу нӯшокӣ ва ғайра, баҳраманд ҳастанд.

Ҳоло як ва ё ду ва ё ҷамъе аз миёни он гурӯҳро дар назар бигерм, ки аз ҳар роҳе, нисбати он бадиҳо огоҳӣ пайдо кардаанд; ва медонанд ҳозирон дучори беморӣ шудаанд ва ё мешаванд; онҳо кушиш мекунанд дигаронро аз наздикӣ ба он чизҳои фосид ва зарарнок ба хотири эҳтимоли гирифторӣ дар он маразу беморӣ, парҳез медиҳанд.

Ҳамзамон, касоне талош мекунанд он иҷтимоъро бо даъват ба бепарвоӣ дар баробари суханои барҳаққи аҳли илм ва ё дурӯғ будани суханони онҳо ва ё ҳатто бо ваъдаҳои моддӣ ва гоҳ таҳдиду шиканҷа ва қатл, гирди худ ҳифз кунанд; то ҷое метавонанд асли хабарро дурӯғ меноманд ва агар касоне бовар карданд, талош мекунанд бо таъмини ниёзҳои зиндагӣ, айшу нӯш ва бозию саргармӣ ва ғайра, ӯро ба фаромӯшӣ бикашонанд.

Ингӯна аст, ки баъзе аз соҳибони бадхоҳи кору корхона, донишу донишгоҳ ва сайру саёҳат, мардумро дар зиндагии ду рӯзаашон машғул мегардонанд; ва аз ин роҳ мутрифони бедард ва золимони бешараф ва сармоядорони беғайрат, ҷайбу киссаи худро пур аз симу зар мекунад.

Худои Мутаол дар ҷой-ҷои Қуръони Карим ҳолати ин навъ аз инсонҳоро баён мекунад ва онҳоро инсонҳои хӯшгузарон, гумроҳ ва ғутавар дар молу сарвати дунёӣ меномад, ки ҳам худ ва ҳам дигаронро ба қаъри бадбахтӣ дар дунё ва оташи ҷаҳаннам дар охират мекашонанд.

Дар сураи Бақара, Луқмон ва Муъминун намунаҳои ошкоре аз навъи рафтори онҳо баён шудааст; дар оятҳои сураи Мӯъминун, дар баёни ҳоли фиристодагони илоҳӣ ва нигоҳи инсонҳои худхоҳ ба онҳо омадааст:  Аз миёни худашон касонеро Паёмбар қарор додем, аммо мутрифон, яъне сарватмандони худхоҳ ва хӯшгузарон, мардумро аз сухани ҳақ дур мекарданд; ба мардум ингӯна мегуфтанд, ки он шахс ҳамчун шумост; ӯ ё дурӯғ мегӯяд ва ё ҷинзадааст; ӯро пайравӣ кунед гумроҳ мешавед; бовар накунед, ки қиёмате ҳаст, балки фақат як зиндагӣ дорем, пас биёед шод ва хӯшҳол бошем!

Ин суханон, ки гоҳ бо хостаҳои нафсонии инсонҳо мутобиқ ва мақбул аст, мавриди писанди бисёре буда ва ҳаст ва дар натиҷа сухани ростгӯёни воқеиро фаромӯш мекунанд ва пайрави сухани шайтонии худхоҳони мутриф ва гумроҳ, мешаванд; ва ингӯна худро гирифтори зиндагии паст ва зудгӯзар мекунанд.

Ҳол, бозгардем ба он киштии ҳаёт, зиндагӣ, кору касб ва ғайра, ки чанд нафаре дар он ба касалӣ ва маразе гирифтор шудаанд, аммо соҳиб ва тавонманди он киштӣ ва ҷомеа, ба аҳли илму огоҳӣ, табибу дармонгар иҷозати гуфтани хабари беморӣ ва ё анҷоми табобатро намедиҳад! Ва ё ин ки зеҳнҳоро аз хабар дур мекунанд, то касе ба сӯи табиб рӯй наёварад!

Ва аммо бадтарин ҳолаташ вақтест, ки бошандагони киштӣ, бо хиёли наҷоти худ аз дасти табиб, бо соҳиби киштӣ ҳамдаст мешаванд ва бо намоишу ҳамоиш, шеъру суруд, доду фиғон ва ҳатто харҷи он чи дар ҷайбу кисаҳо доранд, роҳи табибони хайрхоҳро мебанданд; ва агар лозим бошад чун ҳамсафарони Юнус, табиби худро ба дарё меафкананд ва аз ин кори худ хӯшнуд мегарданд ва худ, ҷомеа ва киштиро дар амну амонӣ ва сулҳу пешрафт мебинанд; чунин ҷомеаро идеол ва ояндасоз мепиндоранд!

Ин гӯна киштисаворон, кормандон, бозориён, аҳли илму адаб ва ҳатто хонанишинон, ғофил аз онанд, ки балои бузург ва азоби дардноке наздикашон мешавад.

Бояд бидонанд, ки агар сарватманди мутриф, молики кишти, ҳокими шаҳр ва ё масъули корхона ва бозор намехоҳад аз ҳақиқат огоҳ шавед, баҳри онаст, ки дигар наметавонанд дастурхони айшу нӯш паҳн кунад; наметавонад киссаи худ пур аз симу зар кунад; наметавонад амру наҳй ва фармон содир кунад!

Агар табибон битавонанд шуморо аз бадиҳои рӯзгоре, ки зери фармони молики худхондаи киштӣ доред, бо хабар кунанд, шумо низ барои наҷоти худ талош хоҳед кард ва он ғизо ва нӯшокӣ ва абзору василаҳои фосид ва заҳролӯдро берун хоҳед рехт, на Юнусҳои замонро.

Ва ин яъне поёни айшу нӯш ва поёни фармонравоии Фиръавн ва Намруд ва Абуҷаҳл; яъне асри эҳёи андеша ва фикр ва пешрафту ободонии маънавӣ; яъне озодии фикру андеша ва таолии нафсу ҷони башар; яъне нобудии зулму беадолатӣ; яъне истиқрори ҳукумати адлу инсоф дар саросари ҳастӣ.

Ҳол, бозгардем ба фармони илоҳӣ дар ҷой-ҷойи каломи барҳаққаш Қуръони Карим, ки мефармояд; агар шодӣ ва хӯрсандӣ мехоҳед, агар ишқу муҳаббат мехоҳед, агар рушду пешрафти моддӣ ва маънавӣ ва адабу ахлоқи инсони илоҳӣ мехоҳед, пас, бояд “худро мутиъ ва фармонбар ва пайрави ҳақиқии Худо, Расул, Қуръон, cуннат ва  авлиёи илҳӣ қарор диҳед”.

Ҳеҷ шахс, роҳ ва гуфторе хориҷ аз фармони илоҳӣ, чӣ дар қолиби башардӯстона бошад ва ё охлоқмадорӣ ва ё фарҳангу одоб ва расму оин ва ё дар қолиби дину мазҳаб, шоистаи пайравӣ нест.

Ҳамеша сухану рафтори аҳли дунё ва мутрифро бо дидаи шак бингарем; некии онҳо низ бар зарари мост!

Онҳо мехоҳанд мо аз динамон як қадам баргардем, то онҳо низ як қадам ба пеш раванд!

Аммо бидонем, ки онҳо ҳеҷгоҳ аз мо розӣ нахоҳанд шуд, магар дину оинамонро тарк кунем; ва ин яъне дар хидмати онҳо қарор гирем; яъне адабу ахлоқи мусалмонӣ ва бовару маърифати диниро фидои зиндагии дунёӣ кунем, то шояд битавонем чанд рӯзе дар айшу нуши онҳо шарик бошем!

Фақат фармони Худованд, ки аз тариқи ҳазрати Муҳаммади Мустафо омадааст; ва сира ва сулуки он ҳазрат ба мо меомӯзад, шоистаи пайравист; ва ӯст, ки улгӯ ва усва ва намунаи беҳтарин зиндагиро барои башар оварда ва омӯхтааст; пас, фикру андеша, гуфтору рафтор ва одобу ахлоқи худро бо Паёмбари Ислом(с) бисанҷем ва аз ӯ ва дини ӯ зиндагиро биомӯзем.

Хоҳар ва бародари азиз! Мо ҳама медонем, ки роҳи зиндагии беҳтар, бандагии Худои Бузург аст; медонем, ки Расули хотам беҳтарин махлуқи Ӯ ва бартарин фиристода ва соҳиби ҷомеътарин динаш аст.

Пас, ҳар ончӣ барои як зиндагии фардӣ, ҷамъӣ ва ҳамагонӣ ниёз бошад, бешак Худованд дар Қуръон ва суннати Паёмбараш онро ҷой додааст; кушиш кунем, худамон касби илму адаб ва ахлоқ кунем; худ шароити маърифати ҳаққро пайдо кунем; агар нотавон будем, онгоҳ ба сухани аҳли илму фаҳм ва солиҳони замонамон руҷуъ намоем ва ончӣ онҳо ба даст овардаандро гӯш кунем ва дар зиндагии худ ҷорӣ намоем, то зиндагии бо саодатеро дошта бошем.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед