Илму дониш лозимаи ахлоқи исломӣ

0
71

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Илму дониш лозимаи ахлоқи исломӣ

Аз Расули мукаррами Ислом(с) ривоят аст, ки фармуд; “Илм асл ва асоси ҳамаи хайрот ва тайибот аст – онро биҷӯед ва аз худ кунед, ҳар чанд дар Чин (дуртарин макон) бошад. (Алфақиҳ вал мутафаққиҳ; Хатиби Бағдодӣ, ҷ.1 с.55)

Илм аз  неъматҳои бузурги Аллоҳ бар инсон аст, ки ҳамаи динҳои осмонӣ бар арзиш ва аҳаммияти илму дониш таъкид доштаанд. Илму дониш назди ҳамаи башар   ҷойгоҳи бо арзиш дорад ва олимро мавриди эҳтиром ва муаззам медоранд.

Ислом онро арзиши дучандон дода, мабно ва асос ва сароғози китобашро низ бо амри ба хондан ва навиштан оғоз намудааст. Касби илму донишро таъкид карда, онро дорои савоб ва подоши илоҳӣ донистааст. Зарурати  касби илму донишро таҳти унвони тафаққуҳ ва тааққул ва таълиму тарбият дар оят ва ривоятҳои зиёде барои башар ёдовар шудааст; Қуръони Карим дар сураи Тавба мефармояд:

وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ

 “Гурӯҳе аз муъминон барои касби илму дониш ва тафаққуҳ сафар кунанд; ва ҳангоме, ки боз мегарданд, қавми худро низ огоҳ ва инзор намоянд” (сураи Тавба, ояти 122).

Дар ҷои дигар мефармояд:

هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ

 “Оё аҳли илм бо касоне, ки илм надоранд баробаранд?”. (сураи Зумар, ояти 9)

Ҳазрати Муҳаммад(с) мефармояд: “Илмро талаб кунед, ҳарчанд дар Чин бошад, чун талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст”. (Ҷомиул баён лил илми ва фазлиҳи, ҷ.1 саҳ25)

Ва дар ҳадиси дигаре низ мефармояд:

“Илм аз мол беҳтар аст; илм аз ту ҳимоят мекунад ва ту аз мол ҳимоят мекуни; илм ҳоким аст ва мол маҳкум!”. (Адабуд-дунё вад-дин, Мовардӣ, с.55)

Шакке нест, ки дониш ва илм азизтарин дороии инсон аст ва метавонад бар ҳар ҳоким ва ҳукумате фармон диҳад; чунон ки Абул-Асвад мегӯяд: «Шоҳон бар мардум ҳукумат мекунанд ва олимон бар шоҳон.»

Илм дарёест беҳадду канор,           толиби илм аст ғаввоси биҳор
Гар ҳазорон сол бошад умри ӯ,       намегардад ӯ сер аз ҷустуҷӯ.(Маснавии маънавӣ; Мавлавӣ, дафтари дуюм, с.324)

 Дар баҳси дониши калом, ақида ва имон ин масъала матраҳ аст, ки бовар ва ақида бояд бо илму дониш ҳамроҳ бошад; имон ва ақидае, ки аз рӯи илм набошад, кам арзиш аст; илм аст, ки имонро эҷод, тақвият ва мустадал мегардонад. Аз тарафи дигар, илми ҷудои аз бовар ва имон зарарнок буда, заминаи гумроҳӣ ва зулми ба дигаронро муҳайё мекунад; имон ба илм ва илм ба имон муҳтоҷ аст ва дар як нигоҳи хӯшбинона, ҳар кадом аз онҳо ҷудои аз дигарӣ асар ва арзиши ҳақиқии худро аз даст хоҳанд дод.

Дар мабҳаси одоб ва ахлоқи мусалмонӣ низ ҷойгоҳи илм бисёр муҳим ва асаргӯзор аст; чунон ки имон ва илм ба ҳамдигар вобастагӣ доранд ва расидан ба ҳақиқати ҳаркадом бидуни дигарӣ мутасаввир нест, одоби мусалмонӣ низ ҳамин робитаро бо илму дониш дорад.

Одобу ахлоқе, ки аз рӯи илму дониш набошад ва илму донише, ки дар чорчубаи хос, яъне одобу ахлоқи мусалмонӣ набошад, имкони гирифторӣ дар залолат ва гумроҳиро ба вуҷуд меоварад; ва ё дар як нигоҳи хӯшбинона, онҳоро кам асар ва кам арзиш мегардонад.

Он чурчуба ва қоидае, ки илм ва имони башарро тадбир ва танзим мекунад ва аз гирифторӣ дар ифрот ва тафрит маҳфуз медорад, одоб ва ахлоқи мусалмонӣ аст; ва ончи инсони дорои одоб ва ахлоқи мусалмониро аз хамудагӣ ва дурӣ аз зиндагии носолим наҷот медиҳад, илму дониш аст.

Зарурати ҳамроҳии илм бо ахлоқ ва ахлоқ бо илмро аз ин сухани гавҳарбор ки фармуд: “Илм султон аст, ҳар кас онро ёфт бар онҳое, ки надоранд салтанат хоҳад дошт” метавон дарк кард.

Он касе ки илм дорад ва ба мувҷиби он илму донишаш бар дигарон ҳукумат пайдо мекунад ва шароит ва имконияти доду ситад ва маҳкум кардани дигаронро пайдо мекунад, агар одоб ва ахлоқ надошта бошад, пурсиш ва ё норозигии дигарон дар баробари камкорӣ ва ё ноадолатии ҳукуматашро, бо қудрат ва зуру зулм посӯх медиҳад; аз он илме, ки дорад барои саркуби дигарон истифода мекунад ва гоҳ шароити гуноҳ ва фасодро эҷод мекунад, то дигаронро машғӯл намояд ва салтанати худро идома диҳад.

Аз тарафи дигар, агар инсон бидуни илму огоҳӣ нисбати ҳақиқати одобу ахлоқ, муқайяд ба он шавад, дар ҳақиқат худро маҳбус дар боғи пурмевае намудааст, ки аз ҳақиқату моҳият ва андоза ва маҳдудаи он огоҳӣ надорад. Инсони муқайяд ба одобу ахлоқи дур аз илму дониш, ба ночор худро аз бисёре аз вазифаҳои инсонӣ ва мусалмонӣ ҷудо мегардонад; одоб ва ахлоқе, ки ҳамроҳи илму дониш нест, сабаб мешавад бисёре аз масъалаҳои рӯз ва ниёзи башарро беодобӣ ва беахлоқӣ пиндорад; ва гоҳ гирифтори ҷумуди фикрӣ, дурӣ аз масъалаҳои рӯз, танбалии имон, таҳаҷҷур ва гушанишинӣ гардад.

Ва дар натиҷа ионсоҳои дорои одоб ва ахлоқи мусалмонӣ, дар ҳоле ки илму огоҳии лозимро надоранд, зери сулати аҳли илму дониш қарор мегиранд; ҳамон олимоне, ки одобу ахлоқи мусалмонӣ надоранд ва бо истифода аз илму пешрафти моддиашон бар сари инсонҳои ба зоҳир ахлоқӣ, вале дур аз илму дониш, ҳукумат мекунанд.

Ингӯна аст, ки ҷомеаи мусалмон гоҳ дучори бесаводӣ, танбалии зеҳнӣ, бекорӣ, узлатгузинӣ ва бадбахтии моддӣ ва маънавӣ мегардад. Ин ҳама дар ҳолест, ки ҷомеаи ғайри мусалмон, бар асари илму донише, ки касб намудааст, дучори пуркорӣ, пешрафти санъатӣ, таъмини ниёзҳои моддӣ ва дар натиҷа фасод ва гоҳ зулм бар дигарон мегардад, то битавонад илму дониш ва пешрафти худро ҳифз кунад.

Аммо, агар ҷомеа дар ҳоле, ки илму дониш дорад ва дар ҷиҳати рушду шукуфоии шахсӣ ва ҷамъии башар ҳаракат мекунад, одоб ва ахлоқи мусалмониро низ дошта бошад, аз танбалӣ ва узлатгузинӣ наҷот пайдо мекунад ва дигар фасод ва зулмро низ таҳаммул намекунад. Ҷомеаи бо илму ахлоқ ба инсонҳои бесавод ва ё беодоб иҷозаи ҳукумат ва дахолат дар сарнавишти дигаронро намедаҳад.

Дар ин ҷомеаи маъқул ва машруъ, аҳли илму одоб ва донишу ахлоқ метавонанд ҳокимият бар дигаронро бар дӯш бигиранд; чун ингӯна инсонҳо ҳақиқат ва ҷойгоҳ масъулият ва ҳокимиятро аз Аллоҳ, Анбиё ва Авлиё медонанд ва агар онро қабул кунанд, ба унвони як фурсат барои хидмат ба дигарон ва ҳамчун ибодат қабул анҷом медиҳанд. Лизо барои пешбурди он аҳдофи инсонӣ ва илоҳӣ, аз аҳли илму донише, ки дорои одобу ахлоқи мусалмонӣ бошанд, баҳра мегиранд.

Ташкили ин навъ аз ҷомеаи башарӣ, ки уммати исломӣ низ номида мешавад, дар асари рушди илму дониш дар канори одобу ахлоқ ва маорифи илоҳӣ, рушд ва густариш хоҳад дошт ва оромишу амнияти моддӣ ва маънавӣ саросари онро фаро мегирад; дар андози риояти аҳком ва ахлоқи исломӣ саодати дунё ва охиратро низ касб мекунанд ва чунон, ки аз мазмуни оёти қуръонӣ истифода мешавад, “онҳо аз неъматҳои илоҳӣ баҳра мебаранд ва дар натиҷа бандаи неки Ӯ ҳастанд; онҳо аз Худо розӣ ва Худо аз онҳо розӣ аст; онҳо дар дунё ва охират бандагони олим, солиҳ, муҳсин ва муттақӣ ҳастанд, ки дар неъматҳои бемонанд ворид мегарданд”.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед