Ҳақиқати марг

0
71

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳақиқати марг

Оё марг нестӣ ва нобудӣ аст ё интиқол аз ҷаҳоне ба ҷаҳони дигар?
Ин савол аз асоситарин пурсишҳое аст, ки ҳамеша барои башар матраҳ буд, ҳаст ва хоҳад буд ва ҳар инсоне дар паи ёфтани посухи он аст.

Мутмаинтарин роҳ барои дарёфти посухи ин суол, муроҷиа ба Қуръони Карим аст. Қуръони Карим дар ин маврид вожаи “таваффо”-ро ба кор бурдааст. Дар чандин ояти Қуръони Карим, аз марг ба унвони “таваффо” ёд шудааст. (Нисо, ояти 15, 97; Анъом, ояти 61; Муҳаммад, ояти 27; Моида, ояти 117; Наҳл, ояти 28, 32,70; Юнус, ояти 42, 104; Раъд, ояти 40; Ғофир, ояти 77; Анфол, ояти 50; Зумар, ояти 42; Саҷда, ояти 11; Аъроф, ояти 37.)

Таваффо дар луғат ба маънои “гирифтани чизе, ба таври тамом ва камол” аст. Ҳар гоҳ касе чизеро ба таври тамому комил ва бидуни ҳеҷ каму костӣ дарёфт кунад, дар забони арабӣ калимаи таваффо ба кор бурда мешавад. “Таваффайтул мола” яъне тамоми молро бидуни каму кост дарёфт кардам. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки “таваффо” ва ҳамхонаводааш “вафот” ғайр аз “фавт” аст. Фавт ба маънои нобудӣ ва маҳви мутлақ аст. Аммо вафот ҳамон таслими амонат ба соҳибаш аст:

Ин ҷони орият, ки ба Ҳофиз супурда дӯст
Рӯзе рӯхаш бибинаму таслими вай кунам.  (Девони Ҳофиз, ғазали 351)

Қуръони Карим дар посух ба касоне, ки гумон мекарданд инсон вақте мемирад, дар замин дафн шуда ва мепӯсаду аз байн меравад ва ба ин баҳона маодро инкор мекарданд, чунин посух медиҳад:

قُلْ يَتَوَفَّاكُم مَّلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّكُمْ تُرْجَعُون

Бигӯ: «Фариштаи марг, ки ба шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад; он гоҳ ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед»”. (Саҷда, ояти 11)

Ин ояти шарифа ба равшанӣ баён мекунад, ки ҳар касе мемирад, дар замин дафн намешавад, балки маъмурони илоҳӣ ӯро мегиранд. Ончи дар замин дафн ва пӯсида ва нобуд мешавад, бадани касе аст, ки мурдааст, на худ ӯ.

Аз ин навъ оёте, ки аз марг ба таваффо ёд карда, истинбот мешавад, ки аз назари Қуръони Карим марг таҳвил гирифтан аст; яъне инсон ҳангоми марг ба тамоми шахсият ва воқеияташ дар ихтиёри маъмурони илоҳӣ қарор мегирад ва онҳо инсонро дарёфт мекунанд. Аз ин навъ оёт се нукта ба даст меояд:

  1. Марг нестӣ ва нобудӣ нест, балки интиқол аз оламе ба олами дигар аст ва ҳаёти инсон пас аз марг, ба гунаи дигар идома меёбад.

2 . Ончи шахсияти воқеии инсонро ташкил дода “ман”-и воқеии ӯ маҳсуб мешавад,  на бадан ва аҷзои он. Зеро бадан ва аъзои он ҳангоми марг, ба ҷое дода намешавад ва маъмурони илоҳӣ онро намеситонанд, балки дар ҳамин ҷаҳон мемонад ва ба тадриҷ аз байн меравад. Он чизе, ки шахсияти воқеии инсонро ташкил медиҳад ва “ман”-и воқеии ӯст ҳамон аст, ки Қуръон аз он ба нафс ва гоҳе ба рӯҳ таъбир мекунад.

  1. Рӯҳи инсон аз назари мақом ва мартабаи вуҷудӣ дар сатҳи болотар аз модда ва моддиёт қарор дорад, яъне амри муҷаррад аст. Бо марг, рӯҳ ба оламе, ки аз ҷинси олами рӯҳ аст, мунтақил мешавад, ба баёни дигар, ҳангоми марг, он ҳақиқати мофавқи моддӣ (рӯҳ) бозситонда мешавад.

Робитаи марг бо хоб

Нуктаи шоёни таваҷҷӯҳ он аст, ки дар Қуръони Карим таъбири “таваффо” дар бораи хоб низ ба кор рафтааст:

وَهُوَ الَّذِي يَتَوَفَّاكُم بِاللَّيْلِ وَيَعْلَمُ مَا جَرَحْتُم بِالنَّهَارِ ثُمَّ يَبْعَثُكُمْ فِيهِ لِيُقْضَى أَجَلٌ مُّسَمًّى ثُمَّ إِلَيْهِ مَرْجِعُكُمْ ثُمَّ يُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Ва Ӯ Зотест, ки [рӯҳи] шуморо дар шаб меситонад ва он чиро дар рӯз анҷом додаед медонад, сипас шуморо дар он [рӯз] бармеангезад, то вақти муайян фаро расад, сипас бозгашти шумо ба сӯи Ӯст, он гоҳ шуморо ба он чи анҷом медодед, хабар медиҳад. (Анъом, ояти 60.)

Ба кор бурдани таъбири таваффо дар мавриди хоб, баёнгари шабоҳати нисбии марг бо хоб аст. Ояти зер ба таври равшантаре шабоҳати ин ду ҳолатро баён мекунад:

اللَّهُ يَتَوَفَّى الْأَنفُسَ حِينَ مَوْتِهَا وَالَّتِي لَمْ تَمُتْ فِي مَنَامِهَا فَيُمْسِكُ الَّتِي قَضَى عَلَيْهَا الْمَوْتَ وَيُرْسِلُ الْأُخْرَى إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Худо ҷонҳоро ҳангоми маргашон ба таври комил мегирад ва [низ рӯҳи] касеро, ки дар хобаш намурдааст; пас, [рӯҳи] касеро, ки бар ӯ маргро ҳатмӣ кардааст, нигоҳ медорад ва [рӯҳи шахси хобида] дигариро то муддати муайян, боз мефиристад; ҳамоно дар ин нишонаҳоест барои гурӯҳе ки тафаккур мекунанд. (Зумар, ояти 42.)

Аз маҷмӯи ин оёт дониста мешвад: Марг ҳолати шабеҳи хоб ва зинда шудани баъди марг ҳолате шабеҳи бедорӣ аст. Хоб марги заиф ва кӯчак аст ва марг, хоби шадид ва бузург ва дар ҳар ду марҳала, рӯҳи инсон аз оламе ба олами дигар мунтақил мегардад. Бо ин фарқ, ки дар ҳангоми хоб, инсон ғолибан таваҷҷӯҳ надорад ва ҳангоме, ки бедор мешавад намедонад, ки дар ҳақиқат аз сафаре баргаштааст, бар хилофи марг, ки ҳама чизаш бар ӯ равшан аст ва огоҳии комил доард ва пурра ба олами дигар мунтақил мешавад. (Саҳеҳ шарҳи ақидаи Таҳовия, саҳ. 463).

Натиҷа

Қуръони Карим дар бораи марг вожаи таваффоро, ки ба маънои гирифтани чизе ба таври том ва комил аст, ба кор мебарад. Аз ин нукта дониста мешавад, ҳақиқати марг таҳвил гирифтан аст ва инсон ҳангоми марг ба тамоми воқеияташ дар ихтиёри маъмурони илоҳӣ қарор мегирад ва онон ӯро дарёфт мекунанд.

Корбурди вожаи таваффо дар бораи марг мерасонад, ки инсон болотар аз бадан, аз чизе бархурдор аст, ки “ман”-и воқеии ӯро ташкил медиҳад ва холи аз модда аст.

Қуръони Карим вожаи таваффоро дар бораи хоб низ ба кор бурдааст ва ин амр аз як аслу ҷинс будани марг бо хобро равшан мекунад.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед