Асли маод дар маорифи исломӣ

0
61

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Муқаддима

Яке аз усули эътиқодии дини Ислом, асли маод аст. Маод дар луғат масдари мимӣ ва исми замон ва макон, аз модаи “ъуд” ба маънои бозгаштан аст. Дар Қуръони Карим вожаи “маод” танҳо як бор ба кор рафта аст:

إِنَّ الَّذِي فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لَرَادُّكَ إِلَى مَعَاد

Ҳамоно Зоте, ки Қуръонро бар ту фарз кард, қатъан туро ба маҳали бозгашт (=Макка), бозмегардонад. (Қасас, ояти 85)

Дар ин оят низ маод дар маънои луғавии он истеъмол шудааст. Дар идомаи баҳс ба номҳои дигари маод дар Қуръон ишора мешавад.

Бинобар ин, ҳамаи инсонҳое, ки дар ин олам ба дунё омада ва даргузаштанд ва аз ин пас меоянд ва муддате зиндагӣ мекунанд ва мераванд, ҳама ва ҳама дар ҷаҳони дигаре зинда шуда дар додгоҳи адли Илоҳӣ ҳозир мешаванд ва ба подош ё ҷазои аъмоли худ мерасанд: ё ба биҳишт мераванд ва ё равонаи дузах хоҳанд шуд ва дар ҳар ҳол, аз як ҳаёти абадӣ бархурдоранд.

Имон ба ин асл шарти мусулмонӣ аст ва агар касе ин имонро аз даст бидиҳад ва олами охиратро инкор кунад, аз зумраи мусулмонон берун аст.

Ҳамаи паёмбарони Илоҳӣ- аз Одам то Хотам- пас аз асли тавҳид, асли маодро баён намуда, мардумро ба имон ва эътиқод ба ҳаёти ухравӣ мехонданд.

Имон ба маод пас аз имон ба Худо

Дар Қуръони Карим оёти бисёре аст, ки ба гунае дар бораи олами пас марг, рӯзи қиёмат, чигунагии зинда шудани мурдагон, мизон, ҳисоб ва дигар масоиле, ки ба олами пас аз марг марбут мешавад, сухан гуфтааст. Бисёре аз ин оёт нишондиҳандаи ҷойгоҳи балани эътиқод ба маод дар Ислом ва нақши созандаи он дар саодати башар аст. Аз ҳамин рӯст, ки дар чандин мавзеъ аз Қуръони Карим било фосила пас аз имон ба Худо, «имон ба рӯзи охират» матраҳ шудааст, аз ҷумла:

إِنَّ الَّذِينَ آَمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالنَّصَارَى وَالصَّابِئِينَ مَنْ آَمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآَخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُون

Дар ҳақиқат, касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки яҳудӣ шуданд ва масеҳиён ва собион, ҳар касе [аз онон] ба Худо ва рӯзи охират имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас барои онон аҷрашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд. (Бақара, ояти 62.)

Дар баъзе аз оёт, натоиҷи шуми инкори маод баён шуда1 ва дар порае аз оёт, неъматҳои абадӣ2 ва азобҳои ҷовидонӣ3 зикр шудааст. Ҳамчунин Қуръони Карим дар мавориди фаровоне робитаи миёни аъмоли нек ва бадро бо натоиҷи ухравии онҳо баён карда, бо шеваҳои гуногуне ин ҳақиқатро равшан мекунад, ки вуқуи қиёмат амри мумкин ва воқеаи зарурӣ аст. ( Исро, ояти 10; Фурқон, ояти 11; Саба, ояти 8; Мӯъминун, ояти 74. 2. Ар-раҳмон, ояти 46 ба баъд; Воқеа, ояти 15-38; Даҳр, ояти 11-21. 3. Ҳоққа, ояти 20-27; Мулк, ояти 6-11; Воқиа, ояти 42-56. 4. : Аҳқоф, ояти 33; Исро, ояти 49-50. 5. Ҳаҷ, ояти 6-7.)

Далоили зарурати маод

Қуръони Карим дар оёти гуногуне бар зарурати маод, далелҳои равшан овардааст. Барои ошноӣ бо ин далелҳо, бархе аз онҳоро ба сурати кӯтоҳ баён мекунем:

а: Беҳуда будани дунё бидуни маод

Зиндагии дунё наметавонад ҳадафи ниҳоии офариниши инсон бошад. Зеро ҳаёте аст мувақат, кӯтоҳ ва пур аз мушкилот ва сахтиҳо ва саранҷоми он нестӣ ва нобудӣ аст. Бинобар ин, агар маоде дар кор набуд, ҳаёти инсон маҳдуд дар зиндагонии дунявӣ бошад, хилқати инсон абасу беҳуда ва бидуни ҳадаф хоҳад буд:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

Ва оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ин ки шумо ба сӯи мо бозгардонида намешавед?”. (Мӯъминун, ояти 115.)

б: Маод лозимаи адли илоҳӣ

Дар ин дунё маъмулан некӯкорон ва табаҳкорон дар як саф қарор гирифта, яксон аз моли дунё баҳраманд мешаванд, балки гоҳе насиби табаҳкорон бештар аст. Адли илоҳӣ иҷоб мекунад инон аз ҳам ҷудо шуда, ҳар як аз онҳо ба сазои аъмолашон бирасанд. Ва чун ин амр дар дунё ба зуҳур намерасад, бояд дар ҷаҳони дигар воқеъ шавад:

أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ نَجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آَمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ

Оё касоне, ки бадиҳоро анҷом доданд, гумон карданд, ки онҳоро ҳамонанди касоне қарор медиҳем, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки зиндагиашон ва маргашон яксон бошад? Бад аст он чӣ ҳукм мекунанд.”. (Ҷосия, ояти 21.)

в: Маод лозимаи раҳмати илоҳӣ

Худои Мутаол дорои раҳмати бепоён  ва густардааст ва ин раҳмати бекарон металабад, ки  файзи илоҳӣ бо марги инсон поён напазирад ва баҳрамандии инсонҳои солеҳ ва мӯъмин аз неъматҳои илоҳӣ ҳамчунон идома ёбад:

كَتَبَ عَلَى نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ لاَ رَيْبَ فِيه

Ӯ раҳматро бар Худаш муқаррар доштааст, қатъан шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест, ҷамъ хоҳад кард.” (Анъом, ояти 12)

Ангезаҳо ва шубаҳоти мункирони маод

Инсонҳо ғолибан мехоҳанд дар ин дунё бе ҳеҷ қайду банде озод ва раҳо бошанд то ҳарчи мехоҳанд бишнаванд, бигӯянд, бубинанд ва анҷом диҳанд. Аз тарафе, эътиқод ба маод ва ҳузур дар маҳкамаи адли илоҳӣ ва расидагӣ ба аъмол, роҳи инсонро баста қонунҳоеро бар аъмоли ӯ бор мекунад. Аз ин рӯст, ки мардум дар муқобили ахбори паёмбарон ба вуҷуди маод, муқовимат ва инкор мекарданд:

أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَنْ لَن نَجْمَعَ عِظَامَهُ. َلَى قَادِرِينَ عَلَى أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَه. بَلْ يُرِيدُ الْإِنسَانُ لِيَفْجُرَ أَمَامَه

“Оё инсон мепиндорад, ки ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ намекунем? Оре; бар мураттаб кардани сари ангуштонаш тавоноем. Балки инсон мехоҳад пеши рӯи худ нофармонӣ кунад. (Қиёмат, ояти 3-5.)

Пайравӣ аз ҳавову ҳавас заминаи инкори маод ва дур донистани вуқуи онро дар зеҳни мункирон фароҳам месозад ва бо баҳонаҳои гуногӯн, аз пазириши он худдорӣ мекунанд. Бинобар фармудаҳои оёти Қуръони Карим, ин муқовимат ба шаклҳои мухталиф воқеъ шудаст; аз ҷумла мегуфтанд:

  1. Далеле бар таҳаққуқи маод нест;

“Ва замоне, ки гуфта шуд: «Ба яқин ваъдаи Худо ҳақ аст ва қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест», гуфтед: «Намедонем қиёмат чист; ҷуз гумоне намепиндорем ва мо яқин надорем».” (Ҷосия, ояти 32.)

  1. Маод аз афсонаҳои пешиниён аст;

Гуфтанд: «Оё, ҳангоме, ки мурдем ва хок ва устухонҳо[-ипӯсида] шудем, оё мо ҳатман барангехта мешавем? Ба таҳқиқ, мо ва ниёгонамон аз пеш ба ин ваъда дода шудаем; ин ҷуз афсонаҳои пешиниён нест».(Мӯъминун, ояти 82-83.)

  1. Маоди дуруғе бар Худованд ва ё сухани аз сари ҷунун аст;

Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Оё шуморо ба марде роҳнамоӣ кунем, ки ба шумо хабар медиҳад, ҳангоме, ки комилан пора-пора шудед, ҳатман шумо дар офариниши ҷадиде хоҳед буд? Оё бар Худо дурӯғ бастааст ва ё дар ӯ ҷунунест? Балки касоне,ки ба охират имон намеоваранд, дар азоб ва гумроҳии дуре ҳастанд.(Сабо, ояти 7-8.)

 Гоҳе мегуфтанд: бозгардондани мурдагон ҷодуст;

“Ва Ӯ Зотест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; ва“Арши” Ӯ бар об буд; то шуморо биозмояд, ки кадоми шумо некӯкортар аст; ва агар бигӯӣ: «Қатъан шумо баъд аз маргбарангехта мешавед», ҳатман касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Ин [сухан] ҷуз ҷодуи ошкоре нест».”( Ҳуд, ояти 7.)

  1. Агар маод рост аст, ниёгони моро зинда кунед;

“Ва замоне, ки оятҳои Мо, дар ҳоле ки равшан аст, бар онҳо тиловат шавад, далели онҳо ҷуз ин набуд, ки гӯянд: «Ниёгони моро биёред, агар ростгӯ ҳастед».” (Ҷосия, ояти 25.)

  1. Зинда кардани дубораи инсон коре бас душвор аст;

Аз ин эътироз ба таври сареҳ дар Қуръони Карим ёд нашудааст, аммо дар оёти фаровоне осон будани барпо сохтани қиёмат барои Худованд, мавриди таъкид қарор гирифтааст, ки ҳикоят аз вуҷуди ин шубҳа дар зеҳнҳои мардум аст. (монанди: сураҳои Қоф, ояти 44; Тағобун, ояти 7; Рум, ояти 27.)

  1. Эҳёи мурдагон берун аз қудрати Худост;

“Ва барои Мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш кард, гуфт: «Чӣ касе устухонҳоро, дар ҳоле ки он пӯсидааст, зинда мекунад?»” (Ёсин, ояти 78.)

  1. Худо бар аҷзои парокандаи одамӣ огоҳ нест ва аз ин рӯ наметавонад онҳоро дубора ҷамъоварӣ кунад.

Аз ин шубҳа дар Қуръони Карим ба сораҳат ёд нашудааст, аммо посухи он омадааст:

 “Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Қиёмат ба суроғи мо намеояд». Бигӯ: «Оре, қасам ба Парвардигорам, ки ҳатман ба суроғи шумо хоҳад омад, [ҳамон Парвардигори]донои ғайб, ки дар осмонҳо ва дар замин ҳамвазни заррае ва

на кучактар аз он ва на бузургтар, аз Ӯ пинҳон намемонад, магар ин ки дар китоби равшан [сабт] аст»(Саба, ояти 3)

Қуръони Карим дар посух ба ин шубаҳот, қудрати мутлақ ва фарогири илоҳиро ёдовар шуда мегӯяд:

  1. Инҳо Худоро он гуна, ки шоистааст, нашинохтаанд;

Ва Худоро чунонки сазовори манзалати Ӯст, нашинохтанд ва рӯзи қиёмат ҳамаи замин дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо печидашуда ба дасти рости Ӯст. Ӯ муназзаҳ ва бартар аст, азон чи ширк меварзанд!( умар, ояти 67)

  1. Он ки қудрати офариниши осмонҳоро дорад, бар зинда сохтани мурдагон низ қодир аст;

Ва оё надиданд, ҳамоно Худое, ки осмонҳо ва заминроофарид ва дар офариниши онҳо дармонда нашуд, барзинда кардани мурдагон тавоност? Оре, қатъан Ӯ бар ҳарчизе тавоност.( Аҳқоф, ояти 33.)

  1. Он ки бар эҳёи нахустин қодир аст, тавони эҳёи дубораро низ дорад;

Ё офаридае аз он чи дар дилҳои шумо бузург менамояд,[боз ҳам барангехта мешавед]»; пас, ба зудӣ хоҳанд гуфт: «Чӣ касе моро боз мегардонад?»  Бигӯ: «Зоте, ки нахустинбор шуморо офарид». Пас ба зудӣ сарҳояшонро ба сӯи ту меҷунбонанд ва мегӯянд: «Он чӣ замонест?» Бигӯ: «Шояд,ки наздик бошад;  ( Исро, ояти 51)

  1. Худованд ба ончи замин аз мурдагон мекоҳад, огоҳ аст.

Ба таҳқиқ он чиро замин аз [бадани] онҳо кам мекунад,медонем; ва дар назди Мо китобе нигоҳдорандааст.”( Қоф, ояти 4.)

Натиҷа

Асли маод гӯёи он аст, ки инсонҳо, пас аз зиндагонии дунявӣ, дар ҷаҳони дигаре занда шуда ва ба подош ё ҷазои аъмоли худ мерасанд ва аз ҳаёти абадӣ бархӯрдоранд.

Дар оёти фаровоне имон ба рӯзи охират, билофосила пас аз имон ба Худо зикр шудааст ва ин баёнгари ҷойгоҳи муҳими ин асли эътиқодӣ аст.

Агар маод набошад, хилқати инсон беҳуда ва беҳадаф хоҳад буд, зеро зиндагонии дунё, ҳадафи ниҳоии офариниши инсон наметавонад бошад.

Адли илоҳӣ иҷоб мекунад некӯкорон аз табаҳкорон ҷудо шуда, ҳар як ба сазои аъмоли худ бирасанд. Ва чун ин амр дар дунё ба зуҳур намерасад, бояд дар ҷаҳони дигар воқеъ шавад.

Раҳмати бекарони илоҳӣ металабад, ки баҳрамандии инсонҳои солеҳ ва мӯъмин аз неъматҳои илоҳӣ пас аз зиндагонии дунявӣ низ идома ёбад.

Аз онҷо ки эътиқод ба маод, монеи ҳавопарастӣ ва лаззатҷӯии инсон аст, бисёре онро инкор карданд, то роҳи ҳавопарастӣ ба рӯяшон боз шавад.

 

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед